Таҳти ҳамин унвон 12-13 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе Форуми панҷуми байнипарламентӣ баргузор гардид. Барои иштирок дар он шаби 12 октябр ҳайати парламентии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия бо роҳбарии Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ба шаҳри Душанбе омад.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Валентина Матвиенко ва ҳайати ҳамроҳонашро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев истиқбол гирифт.
Барномаи сафари Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко субҳи 13 октябр аз гулгузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдгории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ва ҳайкали Исмоили Сомонӣ дар майдони «Дӯстӣ» оғоз ёфт.
Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар қисмати дуюми рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко Форуми панҷуми байнипарламентии «Тоҷикистон – Россия: неруи ҳамкориҳои минтақавӣ»-ро ифтитоҳ бахшида, ба кори он муваффақият таманно карданд.
Сипас, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамраиси Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абураҳмон Қодирӣ ва муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия, ҳамраиси Комиссияи ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия бо Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Бушмин роҷеъ ба фаъолияти Комиссияи ҳамкорӣ гузориш доданд.
Баъдан, иштирокчиён ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар мавзӯъҳои «Рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаҳои тиҷорат ва иқтисодиёт байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия», «Танзими ҳуқуқии равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, таъмини фиристодани муташаккилонаи захираҳои меҳнатӣ аз Тоҷикистон ба Федератсияи Россия», «Мусоидат ба рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар соҳаҳои гуманитарӣ, фарҳанг ва иҷтимоиёт» мубодилаи афкор намуда, роҷеъ ба рушди ҳамкориҳо, захираҳои мавҷудаи истифоданашуда ва як қатор масъалаҳои дигар пешниҳодоти муфид иброз доштанд.
Дар қисмати ҷамъбастӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ва Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федеролии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко аз натиҷаҳои ҳамоиш изҳори қаноатмандӣ намуда, бобати ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳои ҷолиб баён доштанд.
Гузориши муфассал роҷеъ ба ин масъаларо дар шумораи баъдӣ мутолиа хоҳед кард.
«Садои мардум»