Ҳуқуқи инсон ва манфиатҳои миллӣ

№58 (3852) 12.05.2018

DSC_0375Яке аз вижагиҳои рушди ҷомеа дар марҳилаи навин раванди ҷаҳонишавӣ мебошад, ки кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта, қолаб ва намунаи ҳамгунсозӣ ва стандартизатсияи сартосариро дар ҳама паҳлуи ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ тавлид карда истодааст. Ин раванд равияи нисбатан нав дар илми ҳуқуқшиносиро, ки «ҳуқуқи инсон» ном дорад, бетаъсир намондааст, ки аллакай стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ташаккул ёфтаанд.

Ҳуқуқи инсон ва эътирофу эҳтироми он дастовард ва арзиши умумибашарӣ аст. Эҳтироми ҳуқуқу озодии инсон ҳамчун принсипи асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва муносибати байналмилалӣ эътироф шудааст ва ягон давлати мутамаддин онҳоро истисно карда наметавонад.

Ковлер Анатолий Иванович дар асари «Антропология права» менигорад: «Қабули шумораи зиёди санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон баъд аз анҷоми ҷанги дуюми ҷаҳон инқилобе дар ҳаёти ҳуқуқии инсон ба шумор меравад, ки бори нахуст дар таърих ӯро мавҷуди универсалӣ эълон намуд. Акнун шахсияти инсон бо сарҳадҳои давлат маҳдуд намешавад. Инсон аз нигоҳи ҳуқуқӣ занҷирҳои давлатро канд. Чуноне ки қаблан занҷирҳо ҷамъияти ибтидоӣ, авлод ва қабиларо канда буданд. Акнун ҳуқуқҳои инсон ченаки ҷаҳонӣ шуданд. Ченаке, ки арзишмандии ҳуқуқ бояд дар бастагӣ ба он баҳо дода шавад».

Дар ҳақиқат, имрӯз ҳуқуқи инсон ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар ­доираи санадҳои зиёди ҳуқуқии байналмилалӣ нисбат ба кишварҳои аъзо ё ҳамроҳшуда як қатор уҳдадориро пешбинӣ менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон дар Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кардааст. Қисми 1 моддаи 14 Конститутсия муқаррар менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.

Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро ­эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.

Аз рӯзҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ Тоҷикистон ба як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ расман ҳамроҳ шуд ва баъзе аз онҳо дар раванди омӯзиш қарор дорад. Масалан, дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи оламафрӯз Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид зери Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон имзо гузоштанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамроҳ шудан ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва эътирофи стандартҳои байналмилалӣ дар ин соҳа иҷрои як қатор уҳдадории байналмилалиро ба зимма гирифта, қонунгузории миллиро ба онҳо ҳамгун сохтааст. Меъёрҳои зиёди қонунгузории миллии кишварро дар соҳаҳои гуногун мисол оварда метавонем, ки маҳз бо таъсири стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон ё мувофиқи иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон вориди низоми ҳуқуқии кишвар шудаанд.

Ин раванд паҳлуҳои зиёди мусбат дорад. Аз ҷумла, қонунгузории миллии кишварро бо стандартҳои байналмилалӣ ҳамгун месозад, қонунгузории кишварҳои алоҳидаро яксон мекунад ва ғайра. Аммо ин раванд аз олимон, пажӯҳишгарон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ зиракии хоса ва ҳушмандии даҳчандро талаб мекунад. Чунки, новобаста аз таъкидоти пайваста дар бораи он ки инсонҳо дар ҷаҳон як хел ҳуқуқ доранд, таҷриба нишон медиҳад, ки одамон, арзишҳо ва фарҳангҳо гуногунанд. Гузашта аз ин, арзишҳое мавҷуданд, ки дар як фарҳанг, қариб ки муқаддас ҳисобида мешаванд, фарҳанги дигар бошад, онҳоро на арзиш, балки антипод ё зиддиарзиш мешуморад. Ин аксиома аст, ниёз ба исбот надорад ва онро дар илми ҷомеашиносӣ «релятивизми фарҳангӣ» меноманд. Аммо аз ин ҷо зиддияти асосӣ сар мезанад. Сухан дар бораи он меравад, ки гуногунфаҳмии арзишҳо ҳамчун василаи нав дар ҷангҳои фарҳангӣ корбурд шуда истодааст. Таҳлили қиссаҳои алоҳидаи политтехно­логҳо оид ба «дастовард»-ҳо далолат аз он медиҳад, ки арзишҳои фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун «дом» истифода мешаванд. Доме, ки халқияту миллат ва давлатҳои алоҳидаро ба коми нобудӣ кашида, миллионҳо одамро қурбон намуд. Онҳо бар он ақидаанд, ки таблиғи арзишҳои фарҳангиву ҳуқуқие, ки ба бунёди миллат, мағзи устухони халқ хос нест, метавонад мардумро ба шӯр хезонад, балво барпо кунад. Арзишҳо дар ин маврид ҳамчун армони дастнорас истифода шуда, дар ҷомеа хаосро ба вуҷуд меорад. Хаосе, ки идора мешавад. Хаосе, ки тарҳ дорад. Дар силсилаинқилобҳои «Баҳори араб» маҳз ҳамин тарҳҳо мавриди истифода қарор гирифтанд. Вобаста ба фарҳанги мардуми алоҳида тарҳҳо аз чанд марҳила иборат буда метавонанд.

Марҳилаи якум – «Inflation of cultural values» ё «Inflation of legal values», ки тавре аз номаш бармеояд, инфлятсия ё беқурб­шавии арзишҳои фарҳангӣ ё ҳуқуқиро дар назар дорад. Яъне, дастандаркорон арзишҳои побарҷои фарҳангиву ҳуқуқии мардумро бояд беқурб кунанд. Бояд гуфт, ки дар ин марҳила вобаста ба вижагии мардум ва ҷамъият арзишҳои гуногун мавриди нишон қарор мегиранд. Дар мавриди арабҳо аз беқурбкунии се арзиш кор гирифтаанд: серфарзандӣ, побанди андешаҳои динӣ будани ҷомеаю давлат ва озодии шахсӣ.

Беқурбкунии арзишҳои дар боло зикршуда то андозае густурда ва тарҳрезишуда амалӣ гардид, ки дар чанд сол серфарзандӣ дар бисёре аз кишварҳо сарчашмаи бадбахтии оила ва камбизоатии онҳо баҳо дода шуд. Ҳатто дар Миср лоиҳаи қонун дар бораи маҳрум кардани оилаҳои серфарзанд аз таъминоти иҷтимоии давлатӣ дар сатҳи парламент масъалагузорӣ шуд. Андешаҳои динӣ ва дингаро будани давлату ҷамъият низ мавриди нишон қарор гирифтанд. Баъзе маҳдудиятҳо дар озодии бемаҳдуди шахсии инсонҳо, ки ба анъанавӣ будани ҷомеа бастагӣ дошт, маҳаки асосии расидан ба мағзи ҷавонон шуморида шуд ва он «самара» низ дод.

Марҳилаи дуюм – «Change of cultural values» ё «Change of legal values». Дар ин марҳила, аллакай ивази арзишҳои фарҳангӣ ё ҳуқуқӣ пешниҳод гардида, арзишҳо чунон бозтоб гардиданд, ки мояи ихтилоф шуданд. Масалан, пешниҳоди варианти зиндагии камфарзанд ё бефарзанд дар оилаи арабӣ мояи ихтилоф миёни миллионҳо оилаи серфарзанд гардид. Пиёда кардани андешаҳои динситезӣ дар ҷомеаи анъанавии динӣ бошад, ба Худову банда маълум. Дар ин раванд нишони сеюм самараи бештар дод. Яъне, озодиҳои шахсӣ. Маълум аст, ки дар дунёи араб озодиҳои шахсӣ бинобар суннатӣ будани ҷомеа ба маҳдудиятҳо гирифтор буданд. Аммо онҳо мақсаднок, баҳри ҳимояи зиндагии анъанавӣ ва ҳифзи ахлоқ ва образи рафтору кирдор ҷорӣ гардиданд. Онҳо, гуфтан мумкин аст, ки кафили суботу осоиштагии ҷомеа ва давлат баромад мекарданд. Аммо пешниҳодҳои алтернативӣ дар намуди озодиҳои шахсии навъи аврупоиву амрикоӣ ба ҷавонони сершумори араб (аудиторияи мақсаднок маҳз ҷавонон буданд) бисёр ҷолиб бозтоб гардид. Таблиғи ҳаёти шабонаи «ҷавонӣ» аз рӯйи стандартҳои Аврупо ва Амрико, дискоклубҳо, пешкаши образи алтернативии зиндагии оилавӣ, воситаҳои машруботӣ ва сафобахши кимиёвӣ, муносибатҳои бетартиби ҷинсӣ бидуни побандӣ бар никоҳ, ҳатто ҳамҷинсгароӣ намунае аз шумораи зиёди арзишҳои пешкашшуда буданд.

Ниҳоят, марҳилаи сеюм – Revolution, ки он аллакай инқилоб буд. Инқилоби «Баҳори араб», ки миллионҳо гули баҳории мардуми арабро хазон ва решакан кард.

Дар бораи истифодаи арзишҳои фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, дастовардҳои демократӣ ҳамчун василаи асосии барангехтани низоъ дар ҷомеа ва давлатҳои гуногун дар таърихи навини ҷаҳон (ду даҳсолаи охир) аз ҷониби ҳуқуқшиносон, фарҳангшиносон, ҷомеашиносон, сиёсатшиносон ва муҳаққиқони дигар асарҳо офарида шуданд ва табиист, ки дар онҳо баҳс зиёд аст.

Имрӯз таблиғу ташвиқи баъзе аз арзишҳои бегона ҳамчун воситаи таъмини озодии мутлақи шахс дар ҷомеаи Тоҷикистон низ ба назар мерасанд. Аммо таҷрибаи талхи таърихи навини давлатҳо кифоя аст, ки ба ҳар банди ало чун мор назар кунем. Ҳол он ки «захми бадани моргазидаи» миллат то ҳол нишонаш боқӣ мондааст.

Дар ин бобат, мебояд ҳар як «арзиш»-и таблиғшавандаро дар ғалбери манфиатҳои миллӣ ва андешаҳои пазиро бехта, аз гуфтаҳои назарфиребона пок карда, созгор будани онро дар мағзу устухони мардум омӯхта, баъд пешкаш намоем. Дар ин кор меъёри Конститутсияи ҷумҳурӣ, ки дар моддаи 14 сарҳади ҳуқуқу озодии инсонро муайян кардааст, дастёр ва раҳнамо хоҳад буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши олӣ эълон намуда, ҳамзамон дар доираи ҳамон стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон сарҳади паҳншавии онҳоро муқаррар менамояд, ки чунинанд: таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ.

Бо истифода аз ду нишондиҳандаи Конститутсия, яъне ахлоқи ҷомеа ва сиҳатии аҳолӣ метавон пеши роҳи кӯчиши арзишҳои бегонаи беарзиш, ҳуқуқу озодии бебаркаш, индивидуализми зоологӣ, гардишҳои 180-дараҷагӣ дар аксиология, таҳаммулпазирии ифротӣ ва дигар зуҳуроти навбофтаро гирифт.

Бахтовар САФАРЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ,

доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор