Ҷумҳурии Тоҷикистон — бунёдгузори «Дипломатияи об»

№3 (3640) 12.01.2017

2Рӯйдоди таърихие, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро бори дигар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд, қабули қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Ин хушхабар 22 декабри соли 2016 паҳн шуд, ки ташаббуси Тоҷикистонро зиёда аз 193 кишвар   ҷонибдорӣ намуданд. Дар номаи табрикотии худ котиби генералии СММ  Пан Ги Мун ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки даҳсолаи нав дар таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об қадами муҳим мебошад.  Даҳсолаи нав дар татбиқи иқдомҳои дигари марбут ба захираҳои об мусоидат карда, дар ҳалли мушкилоти имрӯза ва оянда метавонад нақши назаррас бозад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 декабри соли 2016 иброз доштанд, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикис­тон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии «Об — барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд. Дар ин ҷода мусоидат ба татбиқи фарогири Даҳсолаи мазкур, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо иттифоқи оро чанд лаҳза пеш аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид, яке аз вазифаҳои муҳими давраи наздик ба шумор меравад.  Бо ин мақсад барои татбиқи Даҳсолаи нав Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фаъолияти сохторҳои марбути минтақавӣ ва байналмилалии соҳаи обро фаъол гардонида, шарикӣ ва ҳамгироии онҳоро ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои Даҳсолаи дигар тақвият бахшад».

Афзоиши аҳолӣ, тавсеаи масоҳати заминҳои кишоварзӣ, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, норасоии оби тоза, баҳрабардорӣ аз рӯдҳои хурду бузурги фаромарзӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об ба омилҳои таъсиргузор ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Тоҷикистон, чун кишвари дорои захираҳои фаровони об, ҷонибдори истифодаи одилона ва оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад. Бахусус, дар сатҳи минтақавӣ идомаи ҳамкориҳои созанда дар доираи Бунёди байналмилалии наҷоти Арал муҳим арзёбӣ гашта, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипҳои накуҳамсоягӣ, эҳтиром ва дарки воқеии манфиатҳои мутақобила, муколама ва ҳамкорӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷуда дар ин самт, сиёсати худро ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ  амалӣ менамояд.

Бо амалӣ гардидани ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои  2018 – 2028» чандин ҳамоиши байналмилалӣ баргузор шуда, ҷиҳати амалӣ шудани даҳҳо лоиҳаву барномаҳои бузург замина фароҳам меояд.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» барҳақ иброз доштааст, ки: «Дар пайи ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об батадриҷ  мафҳуми дипломатияи об ба сатҳи амалӣ баромад. Ин нукта ба ҷаҳониён собит шуд, ки ғояи дипломатияи об аз фаҳмиши анъанавӣ ё классикии он фарқ дошта, роҳандозии технологияҳои нави гуфтушунидеро тақозо мекунад, ки ба анҷоми муваффақонаи ихтилофу муноқишаҳо оид ба идора ва истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромиллӣ мусоидат намоянд. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст».

Рӯйдоди мавриди назар бори дигар собит намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Пешвои миллати моро ҳамчун  сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намуда, ба муҳимияти ташаббусҳояшон эътимод доранд.

 Наҷибулло Оқилзода, сармутахассиси Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон