6 ноябр - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қутбнамои давлат ва миллат

№136 (3616) 03.11.2016

АЗИЗИҚабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун Бахтномаи миллат ва раҳнамои давлат ба сӯи музаффариятҳои навин маънидод мешавад, барҳақ яке аз дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии мамлакат ба шумор меравад. Метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати қабули ин қутбнамо маҷмӯи рӯйдодҳои навин дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ оғоз гардиданд.

Ҳарчанд  Қонуни асосии мамлакат соли 1994 қабул гардид, аммо аз минбари Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо пешниҳод ва зери роҳнамоии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва баррасии он оғоз ёфта, муҳимтарин нуктаҳои оини давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол тарҳрезӣ шуданд. Натиҷаи омӯзиш аз таҷрибаи давлатдории ниёгони шарафманд ва корномаҳои мамлакатҳои пешқадами ҷаҳон, талошҳои пайваста, ғояҳои пешқадам ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки маҷмӯи онҳо дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфта, роҳи дурахшони миллати моро зери ҳидоятномаҳои Роҳбари дурандешу хирадманди кишвар муқаррар намуд. Мо аз он изҳори қаноатмандӣ мекунем, ки дар зиёда аз бист соли охир Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моро ба рӯзу рӯзгори босаодат ҳидоят намуда, сарсабзиву шукуфоиҳои фаровонро ато намуд.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми неруҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд».

Таҳияи Конститутсия  аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар шароите ҷараён гирифт, ки вазъияти муташанниҷ дар кишвар ҳукмфармо буд.

6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Он ҳамчун санади воқеан таърихиву муқаддаси давлату миллати тоҷик ва танзимкунандаи  муносибатҳои муҳими ҷомеа дар таҳкими сохти нави давлатдорӣ нақши муҳим бозид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба ифтихори 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин баён доштанд: «Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ба шарафи ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид».

Бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз вазъи номуътадил  ва номуайяни ҳуқуқие, ки ҷомеаро фаро гирифта буд, бартараф гардида, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тавассути он аз лиҳози  ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шуд. Конститутсия ҷомеаро муттаҳид сохт ва ин сарҷамъӣ таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падидаи арзишманду нодири охири асри ХХ — фарҳанги сулҳи тоҷиконро эҷод ва ба амал татбиқ намуд. Ин таҷрибаи нодир оламиёнро дар ҳайрат гузошта, мавриди омӯзишу татбиқ дар арсаи байналмилалӣ қарор гирифтааст.

Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол шакли идоракунии давлат, сохти давлатӣ, моҳияти демократӣ ва муносибат бо динро муайян намуда, тағйирнопазирии онҳоро таъкид менамояд.

Мувофиқи таҳлилҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар қатори панҷ конститутсияи беҳтарини аъзои ин созмон эътироф шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳамчун падидаи давлатӣ — ҳуқуқӣ мақсади асосӣ қарор дода, дар меъёрҳои худ волотарин идеяҳои инсондӯстонаро инъикос ва мустаҳкам намудааст. Вобаста ба он ки Конститутсия дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи роҳбарикунандаро ишғол менамояд ва меъёрҳои он хусусияти амали бевоситаро доро мебошанд, муқаррароти он оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон низ асосҳои бунёдии дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар кишвар ташкил медиҳанд.

Агар меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намоем, қариб  дар ҳамаи онҳо идеяҳои инсондӯстона таҷассуми худро ёфтаанд. Ҳатто дебочаи Конститутсия, ки қисмати муқаддимавии он ҳисоб мешавад, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳуқуқи инсон муносибати хоса пешбинӣ шуда, озодиҳои он арзиши олӣ эътироф шудаанд. Ҳамрадиф бо ин, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро  дахлнопазир  эълон кардааст. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътирофу риоя ва ҳифз намудани давлат ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян шудааст. Аз ин ҷост, ки калонтарин боби Конститутсия ба масъалаи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Он 34 моддаро дар бар гирифта, зиёда аз сеяки ҳаҷми умумии Конститутсияро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки дар замони муосир ҳангоми таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи инсон, пеш аз ҳама, қонунгузории кишвар таҳлил мегардад. Обрӯю мартабаи давлатҳо дар муносибатҳои байналмилалӣ бештар вақт ба он вобаста мебошад, ки онҳо то кадом дараҷа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро бо қонунҳои миллӣ эътироф, риоя ва кафолат медиҳанд. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи конститутсионӣ мустаҳкам намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти махсуси ҳуқуқӣ дорад.

Чуноне Сарвари давлат таъкид намуданд, муҳимтар аз ҳама, Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имконият дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид шавем ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф гардем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз беҳтарин падидаҳои конститутсияҳои мамолики мутамаддин бархӯрдор буда, таҷассуми давлату давлатдории мардуми куҳанбунёди тоҷик ва меъёрҳои эътирофгардидаи байналмилалӣ мебошад.

Бо мақсади таъмини ваҳдати миллӣ ва сулҳу оромӣ, такмили давлатдории навини тоҷикон тасмим гирифта шуд, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи бунёди низоми ҳуқуқии ба арзишҳои миллӣ асосёфтаро пеша кардааст, бо дарназардошти пешрафту нумуи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ ва мутобиқгардонии Конститутсия ба талаботи навини давлатдорӣ ба он бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид намуд.

26 сентябри соли 1999 тариқи раъй- пурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд, ки омили асосии таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ ба шумор рафта, чанд падидаи муҳими давлативу ҳуқуқӣ ва сиёсиро ба хотири пешрафти кишвар рӯи кор овард. Яке аз падидаҳои муҳимтарин дар давлатдории навини мо — Парламенти касбӣ дар кишвар маҳз дар натиҷаи ҳамин тағйиру иловаҳо ба Конститутсия рӯи кор омад, ки таҷрибаи шонздаҳсолаи фаъолияти пурсамари ин мақом далели дурустии ин ислоҳоти конститутсионӣ  мебошад.

Дигаргуниву иловаҳои саривақтӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси тағйир ёфтани мақоми конститутсионии парламенти Тоҷикистон гардида, дар таърихи сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба Парламенти думаҷлисаи касбӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Парламенти касбӣ аз як тараф барои инкишофи андешаи парламентаризми миллии давлати соҳибистиқлоли мо ва аз тарафи дигар барои амалияи демократии давлату давлатдорӣ мусоидат намуд. Ҳамчунин, бо мақсади ба талаботи замон мутобиқ намудани  кишвар 22 июни соли 2003 оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид.

Аҳамияти сиёсии  такмилдиҳии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мегардад, ки Тоҷикистон ба қатори он мамлакатҳое дохил шуд, ки дар бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Имсол низ, бо назардошти ба миён омадани зарурати таърихӣ ва ба вуқӯъ пайвастани бархе аз тағйироти сиёсӣ дар ҷаҳони муосир, 22 майи соли 2016 раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат баргузор гардид, ки пеш аз ҳама, манфиатҳои ҷавонони Тоҷикистонро ифода намуда, аз ҷумла фароҳам шудани ҳуқуқи ширкат дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳо, пеш аз ҳама, ифодагари он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳнамоии Пешвои миллат барои дастгирии ҷавонон, ки ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд ва ҷалби бештари онҳо ба мақомоти давлатӣ роҳи бебозгаштро пеша кардааст.

Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба раванди ислоҳоти конститутсионӣ баҳои сазовор дода, зикр намуда буданд, ки: «Такмили Конститутсия ба мо имкон дод, ки дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардонидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Бо боварӣ метавон зикр намуд, ки алҳол дар кишвар барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароит мувофиқу созгор  буда, марҳилаи тозаи пайкорҳои наҷиб, офарандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳақиқии тамаддуни миллӣ бо рӯҳияи баланди ватандорӣ идома доранд.

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осуда ва тантанаи суботу оромиш дар партави нишондодҳои ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ва Бахтномаи Давлату миллат Тоҷикистон бисту ду сол аст, ки ба сӯи музаффариятҳои бузург ва дастовардҳои беназир қадам зада, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мавқеъ ва мақоми арзандаро дарёфтааст.

Боварии комил дорем, ки ин Бахтномаи миллат солҳои тӯлонӣ баҳри шукуфоии аз ин ҳам бештари Тоҷикистони соҳибистиқлол ва равнақи ҳамешагии бахшҳои  мухталифи он хидматгузорӣ хоҳад намуд.

Азизӣ  Абдуҷаббор АБДУҚАҲҲОР, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон