Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қонуни мукаммал қабул намуданд

№168-170 (3469-3471) 10.12.2015

DSC_00089 декабри соли 2015 таҳти Раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред!

Ҳоло дар толор 63 нафар вакилон ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ» пешниҳод мегардад.

Лоиҳаи Қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст.

Чӣ гуна таклиф доред? Ба овоз монда шавад? Хоҳиш менамоям, ки нисбати лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Доир ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, ки иборат аз як масъала -  «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» мебошад, Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор:

- Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сухан ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад. Марҳамат.  (Матни суханронӣ таври алоҳида дар сомона ҷойгир мешавад)

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Холиқзода Абдураҳим Ғафор дода мешавад.

Абдураҳим Холиқзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва меҳмонони азиз!

Бо риояи талаботи моддаҳои 6, 27, 31, 58- уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо эътирофи талаботи моддаи 21- уми Эъломияи ҳуқуқи башар, мувофиқ ба муқаррароти моддаҳои 1, 19 ва 25- уми ПБҲШС бо арзи эҳтиром ба талабу дархости шаҳрвандони ҷумҳурӣ, дар такя ба таҷрибаи мусбати давлатҳои демократӣ,

- ҷиҳати ҳимоя ва тавсеаи шоҳроҳи сиёсии халқ ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявӣ;

- бо арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи фарзанди таърихии халқ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Абдуллозода И.Ғ. — ҳавзаи интихоботии Истаравшан №23, узви Ҳизби коммунисти Тоҷикистон; Авзалшоева Б.А. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон; Бобоев О. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон; Бухориев Т.А. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби аграрии Тоҷикистон; Ғаффоров А. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон; Исмонов С. И. – ҳавзаи интихоботии Фархор, № 34 узви Ҳизби демократии Тоҷикистон; Қаландарзода М. С. – ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров №14, ғайриҳизбӣ; Сафаров О.Ҷ. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон; Тағоймуродов А. Ҳ. – ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26, ғайриҳизбӣ; Холиқзода А. Ғ. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон; Ҳакимов О. М. – ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, узви Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон,

бо дастгирии роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва машваратҳои судманду ҳамдилии шумо — вакилони муҳтарам,

лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» омода гардид.

Лоиҳа аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 23- юми ноябри соли 2015 таҳти №359  ҷиҳати баррасӣ ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқ  пешниҳод шуд.

Лоиҳа бо дарназардошти пешниҳоди Ҳукумат, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқ такмил ёфта, дар таърихи 2 декабр дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ бо иштироки корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон, аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, фраксияҳои ҳизбӣ, вакилони ғайриҳизбӣ ва вакилони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дошта, ҳамаҷониба баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни баррасии лоиҳаи Қонун 100 таклифу пешниҳод ирсол гардид, ки аз он 60 адад қабул, 14 адад қисман қабул ва 26 адад қабул нагардид. Аз фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ба ҳамаи вакилоне, ки нисбати лоиҳаи Қонуни мазкур фикру дархост пешниҳод намуда, дар такмили он саҳмугзорӣ намуданд, изҳори миннатдорӣ менамоям.

Лоиҳаи Қонуни мазкур 7 декабри соли 2015 дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гашт.

Лоиҳаи Қонуни мазкур аз дебоча ва 16 модда иборат аст. Моддаҳо, қисмҳо  ва сархатҳо дар асоси мазмун, мантиқ ва самтҳои объекти танзими ҳуқуқӣ, бо риояи техникаи қонунгузорӣ, имлои забони тоҷикӣ тақсимбандӣ ва бандубаст шудаанд.

Дар дебоча мақсад ва муҳтавои лоиҳаи Қонун оварда шудааст, ки муфассал аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров  шарҳ дода шуданд. Нуктаи муҳим ва марказии ин ҳадаф, пойдорӣ ва бардавомии Давлати мустақил ва демократии Тоҷикистон  аст, ки бо роҳи қадршиносӣ аз заҳматҳои фарзанди содиқу вафодори халқ ифода ёфтааст.  

Моддаҳои лоиҳаи Қонунро аз назари мазмун ва муҳтаво мумкин аст шартан ба чор гурӯҳ тақсим кард:

Моддаҳои дорои мазмуни муқаррароти умумӣ;

Моддаҳои муайянкунандаи мақоми ҳуқуқӣ ва рамзҳои тарбиявии Пешвои миллат;

Моддаҳои бахшида ба дахлнопазирӣ ва амният;

Моддаҳои ташкилӣ ва таъминотии фаъолияти муътадили Пешвои миллат.

I. Моддаҳои дорои муқар­рар­оти умумӣ модда­ҳои 1, 2, 14, 15 ва 16 мебошанд.

Дар моддаи 1 масъалаҳои назариявии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, мафҳум, аломатҳои сиёсӣ, вазифаҳо ва корҳои таърихии ба анҷомрасонидаи ӯ муайян шудааст.

Аз ҷумла дар моддаи 1 гуфта мешавад: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».

Дар ин модда Эмомалӣ Раҳмон бо арҷгузорӣ аз хизматҳои таърихиаш дар назди халқу Ватан  ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шинохта шудааст.

Дар қисми 2-юми моддаи мазкур Пешвои миллат ҳамчун падидаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ ва кафили рушди босуботи ҷомеаи Тоҷикистон шинохта шудааст, ки ин яке аз нуктаҳои калидии Қонун маҳсуб мегардад. 

Моддаи 2 ба сифати мавзӯи танзими қонун маҷмӯи масъалаҳоеро, ки бо Қонуни мазкур танзим карда мешаванд, муайян менамояд.

Дар моддаи 14, ки аз ду қисм иборат аст, сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва масъалаҳои таъмини фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муқаррар шудааст. Тибқи қонунгузорӣ хароҷотҳое, ки барои фаъолияти густурда ва ҷамъиятии Пешвои миллат зарур аст, аз ҳисоби Буҷети ҷумҳуриявӣ ва хароҷотҳои хусусияти инфиродидошта, аз ҷониби мақомоти ваколатдор таъмин мегарданд.

Моддаи 15 ҷавобгарии шахсони   воқеӣ ва ҳуқуқиро барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур  ва моддаи 16 тартиби мавриди  амал қарор додани Қонунро  муқаррар кардааст.

II. Моддаҳои 3, 4 ва 11 дорои меъёрҳое ҳастанд, ки ба мақоми ҳуқуқӣ ва рамзҳои тарбиявии Пешвои миллат бахшида шудаанд.

Дар ин моддаҳо ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат дар назди халқу Ватан ба он кас салоҳиятҳои муайян дода,  ҳамчун рамзи сиёсӣ ҷиҳати идомаи амалҳои  нек орден, ҷоизаи давлатӣ ва ба хотири ҳифзи хотираи арзишманди давлатдории Пешвои миллат ҳамчун манбаи тарбияи насли оянда таъсиси  китобхона, бойгонӣ ва осорхонааш пешбинӣ шудааст.

Қисми 1 моддаи 3 муайян менамояд, ки вобаста ба хизматҳои бузурги таърихиаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат чунин салоҳиятҳоро доро мебошад:  

- ба халқи Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои муҳими сохтори давлатӣ, амнияти кишвар, сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ муроҷиат намояд, ки ба инобат гирифтани онҳо барои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори давлатӣ ҳатмӣ мебошанд;

- дар  ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаҳои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, оид ба масъалаҳои  баррасишаванда суханронӣ намояд;

- дар ҳолати ба вуҷуд омадани буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ҳалли онҳо мусоидат намуда, машварату маслиҳат диҳад.

Дар моддаи 4 ба хотири арҷгузорӣ аз хизматҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат дар назди Ватан таъсиси орден ва ҷоизаи давлатӣ бо номи Пешвои миллат пешбинӣ шудааст, ки орден барои хизматҳои шоён дар як сол як маротиба ва ҷоизаи давлатӣ дар се сол як маротиба барои ҳиссаи арзанда дар рушди демократия, таҳкими сулҳу суботи ҷомеа ва дӯстии байни халқҳо аз ҷониби Президент сарфароз гардонида мешавад.

Дар моддаи 11 таъсиси осорхона, китобхона ва бойгонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ҳамчун сарвати миллӣ пешбинӣ шудааст. Орден, ҷоиза, осорхона, китобхона ва бойгонии Пешвои миллат воситаи муассири тарбияи маънавӣ ва сиёсӣ, хотираи таърихии бунёди давлатдорӣ ва роҳи ноҳамвори сулҳи тоҷикон аст, ки гиромидошт ва эҳтироми арзиши созандагию бунёдкориро барои наслҳои оянда тарғиб менамоянд.   

III. Моддаҳои бахшида ба дахлнопазирӣ ва амният.

 Моддаҳои 5 ва 8 ба дахлнопазирӣ ва амнияти  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат бахшида шудаанд. Мавҷудияти чунин меъёрҳо  дар ҳама қонунҳои давлатҳои демократӣ нисбати собиқ Роҳбарони давлат, яъне, Президентҳо дида мешавад, ҳатто дар баъзе аз кишварҳо бо чунин дахлнопазирӣ ва ҳимояи амниятӣ дигар категорияҳои хизматчиёни олии давлатӣ, ки барои халқу миллатҳо хизмати арзанда кардаанд, баъди ба итмом расидани вазифаҳои давлатиашон таъмин карда мешаванд. Пешвои миллат, мутобиқи моддаи 5 барои амалҳояш дар давраи иҷрои ваколатҳои хизматиаш ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.

IУ. Моддаҳои хусусияти ташкилӣ ва таъминотии фаъолияти муътадили Пешвои миллат.

Моддаҳои 6, 7, 9, 12 ва 13 ба корҳои ташкилӣ ва таъмини фаъолияти муътадили Пешвои миллат бахшида шудаанд. Дар ин моддаҳо таъмини фаъолияти Пешвои миллат ва таъсиси дафтардорӣ (моддаи 6), таъминоти алоқа (моддаи 7), вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ (моддаи 9),  хизматрасониҳои нақлиётӣ (моддаи 10), тиббӣ, табобатию истироҳатӣ (моддаи 12), нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ (моддаи 13) муайян шудаанд.

Аввал ин ки чунин намуди хизматрасониҳо дар таҷрибаи қонунгзории давлатҳои демократӣ нисбати категорияҳои муайян ва олии хизматчиёни давлатӣ, бахусус нисбати президентҳои собиқ васеъ татбиқ мешаванд. Мо мебинем, ки маҳз тавассути чунин дастгириҳо таҷриба ва малакаи касбии онҳо дар кори идора ва муназзамии сиёсии ин кишварҳо мавриди истифода қарор мегиранд. Сониян, маҳз дар чунин намудҳои хизматрасонӣ шароити кории Пешвои миллат ташкил ва истифодаи таҷрибаю дониш ва малакаи касбии шахсияти таърихӣ  дуруст роҳандозӣ мегардад.

Лоиҳаи Қонуни пешниҳодшаванда, дар маҷмӯъ, шинохти падидаи нави сиёсӣ ва ҳуқуқиеро мемонад, ки халқи Тоҷикистон дар хизматҳои таърихии фарзанди содиқу қаҳрамонаш, эътироф кардааст.  Бо баррасӣ ва қабули Қонуни мазкур мо таҷрибаи нек, хирадмандона ва пешқадами халқиятҳои соҳибдавлатро дар раванди қонунгузорӣ ворид менамоем, зеро ҳама гуна қонун, ҳама гуна низом ва ҳама гуна даъват ва васоити тарбияву назорати инсонӣ маҳз ба хотири тарбия ва ташаккули инсони солеҳ, содиқ ва вафодор равона шудааст.

Таърих, замона ва ҳаводиси рӯзгор намунаи олии чунин шахсиятро, ки  дар вазнинтарин лаҳзаҳои таърихӣ, имтиҳони ҳастии миллатро, бо бардошти бори амонати давлатдории тоҷикон ба дӯш гирифт, ба мо муаррифӣ кард. Ӯ вазифа ва рисолати таърихии хешро назди таърих ва миллаташ иҷро кард. Корнамоии он кас дар силсилаи фарзандони қаҳрамону нотакрори миллат нотакрор аст: агар Рӯдакӣ адабиёти тоҷику форсро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқамон бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон»  нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ карда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид сохта бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ раҳо, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва дар навбати худ Давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар радифи халқу миллатҳои соҳибдавлат ҷойгузин намуда, ҷиҳати қадршиносии ҳамаи корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард.

Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбариаш аз нигоҳи назариявӣ, илмӣ ва амалӣ давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дуруст таъкид намуданд, ки имрӯз ба қадри Ӯ расидан, номи Ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи Ӯро тавассути қонун ҳифз карда идома додан, танҳо рисолати  парлумони касбии кишвар аз ифодаи иродаи халқ набуда, зиёдтар аз он, эҳтироми вакилон аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқолият, аз қадршиносии фарзандони сарсупурдаи миллат, аз гиромидошти анъанаи неки давлатдорӣ ва дарки масъулият назди наслҳои оянда буда, устуворӣ ва садоқат ба Давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат  вакилони арҷуманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ман ҳамчун раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон фикру андешаҳои худро доир ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз номи аъзои  ҳизб ва интихобкунандагонам  аз ҳавзаи  ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба таваҷҷуҳи  шумо мерасонам.

Ба андешаи файласуфи  бузург Арасту бунёд намудани давлат ва дар он барои инсонҳое, ки зиндагӣ мекунанд, фароҳам овардани  ҳаёти накукорона, аз ҷумлаи  бузургтарин корест  басо неку ва шоён. Бунёди  давлати одил кори саҳлу осон нест, бузургтарин нобиғаҳо ва мутафаккирони қарнҳои гуногун, ки бо андешаҳои хирадмандонаю равшанзамири худ афкори тамаддуни ҷаҳониро бою ғанӣ гардонданд, ҳамеша дар талоши ҷомеаи одил будаанд.

Миллату халқҳои гуногун аз пайраҳаи ноҳамвори таърих гомҳои устувор гузошта, бо ақлу заковат ва хиради воло сохти давлатдории худро устувору қавӣ гардонданд.

Яке аз чунин фарзандони барӯманди миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки халқи беш аз ҳазор сол дар арсаи таърих дурафтодаро  бо хиради равшанзамир,  бо дилу дидаи пок, аз сари нав ҳамчун миллати соҳибхирад ба арсаи сиёсати ҷаҳон ворид  карда, халқи дар гирдоби  обуоташбударо аз нобудшавӣ наҷот додааст, Ӯ таҷассуми инсоне мебошад, ки миллати тоҷикро дар кӯтоҳтарин муддат аз вартаи ҷанги бародаркуш раҳонида, ҷон дар кафи даст бо душманон оғӯш ба оғӯш гирифта,  мардуми беватаншударо ба  Ватан баргардонида, ба  модари  синабирён, тифли нозпарвар, миллати мотамзада Ваҳдат, Субот, Амният  оварда, ҳама кӯшиш  ва ғайрати ҷавонмардонаи худро дар хизмати халқ вогузор кард.

Пояҳои фалаҷгардидаи  давлатдориро аз сифр оғоз, хазинаи ба ғоратрафтаро ғанӣ, артишу сохторҳои қудратиро аз нав тарҳрезӣ намуда, мақоми миллати тоҷикро дар арсаи байналмилмилӣ баланд бардошта, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, ки ин кори саҳлу осон набуд. На ҳар кас ҳам аз уҳдаи ин кори мушкилу сангин баромада метавонист. Буданд касоне, ки аз  тарси ҷон вазифаҳои супурдаи  Сардори давлатро рад карданд .

Бо дарки бузург ва эҳсоси масъулиятшиносии таърихӣ дар ҳамон рӯзҳои барои миллат муҳиму  тақдирсоз, дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили муҳиму наҷотдиҳандаи миллат, фарзанди фарзона Эмомалӣ Раҳмон тақдири минбаъдаи миллату давлатро ба дӯш гирифт ва  минбаъд давлати тоҷикон рушду такомул ёфт.

Гузашта аз ин, таҷрибаи башарӣ  исбот менамояд, ки озодӣ барои инсонҳо  осон ба даст намеояд. Мо  бисёр миллатҳо ва халқҳоро медонем, ки барои ба даст овардани истиқлолият даҳсолаҳо мубориза бурда, ҳазорон фарзандони барӯманди худро ба  коми марг дода бошанд ҳам,  ком ба даст наовардаанд ва имрӯзҳо низ аз ин иқдоми худ даст накашидаанд.

Ҳар боре, ки бо чашми хирад  ба роҳи тайнамудаи  башарият ба асри охир назар андозем, бо тамоми эҳсосу ҳассосият дарк мекунем, ки сайёраи паҳновари мо бо ҳама бузургиаш барои мо чун  модар азиз аст. Гарчанде дар кашфу ихтироъҳои технологияи навтарин гомҳои устувор ба пеш гузошта бошад ҳам, сайёраи сабзи мо дар қиёси  бомбаҳои атомӣ, термоядроӣ, терроризм ва дигар хатарҳои глобалӣ шишаи нафису нозукеро мемонад, ки аз рақобати кишварҳои абадқудрат, ки ҷаҳонро аз нав тақсим карданианд, хатари шикастанаш рӯз то рӯз меафзояд.

Дар чунин давраи ҳассосу нозук Пешвои миллат шахсе бояд  бошад, ки чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ соҳиби  обрӯ ва эҳтироми хоса бошад. Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон шуда метавонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат, ба монанди Ҷорҷ Вашингтон дар Амрико, Маҳатма Гандӣ дар Ҳиндустон,  Шарл де — Голл дар Франсия зарурати ташкили давлатдории миллиро дарк намуд ва онро  бо сари баланд дар  ҳаёт татбиқ намуд.

Чунин шахс ба Пешвоии миллат арзандаю зебанда аст.

Аз вакилони муҳтарам хоҳиш  мекунем, ки  ба тарафдории  Қонуни  мазкур овоз диҳанд.

РАИС: - Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон Латифзода Рустам Барот дода мешавад.

Рустам ЛАТИФЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Имрӯз мо Қонунеро баррасӣ дорем, ки дар таърихи ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар яке аз муҳимтарин ба ҳисоб меравад.

Барои ман ва фикр мекунам барои ҳар як вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум боиси ифтихор аст, ки имрӯз дар муҳокимаронӣ ва қабули ин санади таърихӣ ширкат меварзем.

Бинобар ин, бо истифода аз ин фурсати муносиб ҳамчун мутасаддии бахши аграрии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчун раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон мехостам аз таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Президенти мамлакат нисбат ба соҳаи кишоварзӣ махсус зикр намоям.

Мардуми Тоҷикистони азиз рӯзҳои мушкил ва ниҳоят ҳассоси давраи аввали соҳибистиқлолӣ, бахусус солҳои 1992- 1994 -ро хуб ёд доранд.

Яке аз муҳимтарин ва шояд асоситарин масъалаҳои мубрами он вақт таъмини мардум бо маводи озуқа ба ҳисоб мерафт. Дар он шабу рӯз, ки сохторҳои фалаҷгаштаи давлатӣ акнун барқарор мешуданд, ин осон набуд. Вале ба зудӣ бо супориши Роҳбари давлат таъмини бетаъхири маводи озуқа ба роҳ монда шуда, он зери назорати қатъӣ қарор гирифт.

Баъдан, бо дарназардошти вазъи мушкил ва мураккаби иқтисодию сиёсии ҳамон давра, Роҳбари давлат дар хусуси ба мардум тақсим кардани 75 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ фармони инқилобӣ содир намуданд, ки на ҳар як роҳбари давлатҳои дунё ба чунин иқдом ҷуръат мекунад.

Бо гузашти 20 сол мардум аз ин туҳфаи саховатмандонаи Сарвари давлат, ки «заминҳои президентӣ» ном гирифт, бо қадрдонӣ ёд мекунанд ва онҳоро барои таъмини эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд.

Тибқи Фармони Президенти мамлакат соли 1996 таҷдиди соҳаи кишоварзӣ оғоз гардид, ки дар натиҷаи он ҳар як деҳқон бо ҳуқуқи истифодаи якумраи меросӣ соҳиби қитъаи замини худ гашт.

Имрӯз ҳам соҳаи кишоварзӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва махсуси Сардори давлат қарор дорад. Зимни ҳар як сафари корӣ ба минтақаҳои гуногуни мамлакат Сарвари давлат ба соҳаи кишоварзӣ ва беҳсозии зиндагии мардум диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Ин аст, ки нақши соҳа дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ беш аз пеш муассир гаштааст.

Саҳми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои об ва ҳифзи муҳити зист низ мақоми байналмилалӣ гирифтааст.

Бо ташаббуси Сарвари давлат се қарори глобалии СММ оид ба масъалаҳои об қабул гардид, ки имрӯз барои тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва олимону коршиносони мустақил ҳамчун дастури амал мебошанд.

Имрӯз мардуми тоҷик аз он ифтихор доранд, ки дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи глобалӣ сарони давлатҳои ҷаҳон ва олимону коршиносон зимни суханрониҳои худ Президенти Тоҷикистонро ҳамчун лидери ҳалли масъалаҳои об ном мегиранд. Ин худ аз эътирофи обрӯю эътибори баланди Президенти мамлакат дар сатҳи байналмилалӣ гувоҳӣ медиҳад.

Вакилони иззатманд!

Таърих кам шахсиятҳоро ёд дорад, ки ҳамчун Пешвои воқеии миллат шинохта шаванд. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созанда ва бунёдкорона он маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар касб кардаанд, аллакай ҳамчун Пешвои миллат шинохта шудаанд.

Нишонаҳои он — эҳтироми бузург, қадрдонӣ ва мояи ифтихор донистани ин нобиғаи сиёсат ва давлатдории муосир аз тарафи халқ мебошад, ки хизматҳои барҷастааш дар саҳифаи таърихи кишвар бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд шуд.

Кумитаи аграрӣ, захираҳои об ва замин, ҳамчунин Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон аз вакилони иззатманд даъват менамояд, ки ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ- Пешвои миллат» овоз диҳанд.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.

Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони азиз, ҳозирини гиромӣ!

Бо шарафмандӣ ва садоқати бузург дар ин рӯзи таърихӣ аз номи аҳли мардуми бошарафи вилояти Суғд, инчунин Хуҷанди бостон суханронӣ намуда, дар бораи баъзе паҳлуҳои қаҳрамониҳои ин шахсияти Худодод, Пешвои миллати тоҷик, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан баён намудан барои ман басо пуршараф ва пурифтихор аст.

Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан ин эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Эмомалӣ Раҳмон дар қатори роҳбарону пешвоёни ҷонфидою одил, созандаю бунёдкор, монанди Куруши Кабир, Дориюш, Анушервони одил, Бузургмеҳри вазир ва Исмоили Сомонӣ, ки бо офаридани шоҳкориҳои адабӣ, таъсиси низоми одилонаи ҳуқуқ ва низоми идоракунии давлатдорӣ, поягузори ахлоқи ҳамидаи инсонгароёна, ки барои садсолаҳо намунаи ибрати ҷаҳониён гардидаанд, устод Садриддин Айнӣ, ки пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти тоҷикро боз ба тахт нишонд, аллома Бобоҷон Ғафуров шоҳасари «Тоҷикон»- ро офарид ва нақши қаҳрамониҳои халқи тоҷикро нишон дод, Сарвари давлат миллати тоҷикро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Кулли воқеаҳо ва рӯйдодҳое, ки дар таърихи ин ё он кишвару миллатҳо саҳифаи сифатан нав ворид месозанд, аз шаҳре, майдоне, қасре сарманшаъ мегиранд ва ҳамчун рамзи ин воқеот абадӣ мемонанд. Агар рамзи озодии мардуми Иёлоти Муттаҳидаи Америка муҷассамаи «Озодӣ», рамзи прогресси техникии Франсия ва Аврупо манораи «Эйфел», аҳромҳои Миср рамзи тавоноии шоҳон «Фиръавнҳо»-и ҷаҳон, Тоҷмаҳал рамзи бунёдкориву ишқи самимӣ бошанд, Қасри «Арбоб» дар вилояти Суғд, дар таърихи мо — тоҷикон рамзи ба ҳам омадани миллат, муҳофизат кардани Истиқлолияти комили давлат ва аз ҳама муқаддастарин муқаддасотамон – дар ин қаср Худо ба мо Пешвои миллатро ато намуд ва ин қаср ба зиёратгоҳи соҳибмиллатони соҳибдавлат табдил гардид.

Дар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои бузургу тавоно ва таърихие ҳастанд, ки ном, зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад.

Воқеияти таърихиву ҳуқуқии тақдирсози миллати мо, ин Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида, дар таърихи навини миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд, нақши муҳиму созандагиро дар инкишофи минбаъдаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву ҳуқуқӣ ва сиёсӣ эҷод намудааст.

Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҳозирин бо барномаи махсуси фаъолияти хеш маърӯза намуда, зимнан чунин зикр карда буданд, ки фаъолияти худро аз сулҳ оғоз хоҳанд кард.

Баргузории ин ҷаласаи таърихиву сарнавиштсози миллати тоҷик, пеш аз ҳама, дар барқарор намудани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни гузаронидани иҷлосияро ба хубӣ ба даст гирифта, вакилони мардумиро дар аввал баҳри қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ ҳидоят намуда буданд. Яке аз масъалаҳои марказии иҷлосия ин сохтори минбаъдаи идоракунии мамлакат буд ва вобаста ба авзои тезутунди кишвар ҳамон вақт идора намудани ҷумҳурӣ бо шакли давлатдории парламентӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд. Аз нигоштаҳои шореҳони сиёсию дигар хотироти таърихӣ чунин бармеояд, ки дар он айёми ҳассос ва хеле вазнин ба зимма гирифтани чунин масъулияти азим, ҷасорату матонати калонеро тақозо менамуд.

Самараи иҷлосияи мазкур буд, ки соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, он ба ислоҳоти рукнҳои давлатдорӣ аз рӯи принсипҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ фароҳам оварда, бори аввал дар Қонуни асосӣ муайян карда шуд, ки ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Аз доир гаштани Иҷлосияи XVI сарнавиштсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 сол сипарӣ гардид ва имрӯз бо сарварии Президенти мамлакат Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ чун давлати соҳибихтиёру демократӣ ва ҳуқуқбунёду ягона ба таври расмӣ шинохта шудааст. Соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи зиёда аз 150 давлати ҷаҳон эътироф карда шуд ва бо 95 давлати дунё муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ барқарор гардид. Инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии зиёда аз 40 ташкилоти байналмилалӣ пазируфта шуд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати фазилату фидокорию матонати Ҷаноби Олӣ чун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ рӯз аз рӯз боло рафта, ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи байналмилалӣ эътироф гаштааст.

Баъди воқеаҳои сарнавиштсоз бо дастгирӣ ва файзу баракоти қадамҳои Ҷаноби Олӣ танҳо дар вилояти Суғд дар даврони истиқлолият зиёда аз 600 корхонаи саноатӣ сохта шуда, дар давоми соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 124 корхонаву коргоҳҳои нав бо 1,7 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Воқеан ҳам дар вилоят имрӯз шароити мусоид барои тавсеаи рушди соҳаҳо, бахусус беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум, фароҳам омадааст. Ба ин нишондиҳандаҳои соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят башорат медиҳанд.

Дар вилояти Суғд бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 500 рӯзи меҳнати зарбдор эълон гардидааст. Мардуми Суғд бо шукргузорӣ аз фазои тинҷиву амонӣ ин ҷашни давлатиро бо дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ ва бо ободкориву созандагӣ истиқбол менамоянд.

Алалхусус идома додани сохтмони шаҳраки Сайҳун ва дар пайравии он оғози шаҳраки замонавии Баҳористон дар шаҳри Истаравшан, ки ба баланд шудани сатҳи зисти аҳолӣ заминаи боэътимод хоҳад гузошт, аз ҳадафҳои устувори Сарвари давлат дар самти созандагию бунёдкорӣ дарак медиҳад.

Ҳукумати Тоҷикистон бо сарварии бевоситаи Ҷаноби Олӣ соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон карда, дар доираи он ба таҳсил фаро гирифтани духтаронро яке аз масъалаҳои муҳим мешуморад.

Қадрдонӣ ва эҳтироми шоистаи зиёиён нишонаи мақому манзалати волои онҳо дар ҳаёти ҷомеаи мо буда, аз фаъолияти пурсамари онҳо дар роҳи пешрафти кишвари маҳбубамон сарчашма мегирад. Гузашта аз ин, бо дастгирии Ҷаноби Олӣ зиёиён ҳамеша ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа соҳиби маҳбубияти хос мебошанд. Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омӯзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.

Зиёиёни асили мо равшангарони воқеии ҳаётанд, ки дар пешрафти рӯзгори иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғиби анъанаҳои миллӣ, таълиму тарбияи насли наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди неруи инсонӣ нақши арзанда мебозанд.

Ин қишри бонуфузи ҷомеа бояд минбаъд низ дар тавсеаи худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби мафкураи миллӣ ва ғояҳои ватандӯстӣ, ҳифзи анъанаҳои фарҳангӣ ва пойдории забони давлатӣ ҳамчун бақои миллат нақши асосиро иҷро намояд ва ҳомии воқеии арзишҳои неки ин марзу бум бошад. Зиёиёни мо дар иҷрои ин рисолати таърихӣ ба хотири татбиқи сиёсати Давлату Ҳукумат корҳои назаррасро дар соҳаҳои гуногун иҷро карда истодаанд.

Илму маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги ҳар як давлату миллат мебошад. Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо дафтару девон сару кор доштанд, китобдору китобхон буданд ва дар бунёди тамаддуни башарият бо корномаҳои илмиву фарҳангии худ саҳми шоиста гузоштаанд.

Ҳамчунин боиси ифтихор аст, ки садҳо нафар фарзонаҳои илму адаби ҷаҳонро модарони тоҷик ба дунё овардаанд. Имрӯз беш аз пеш аён мегардад, ки пешрафти давлат ва нерумандии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба истифода ва риояи арзишҳои олии ахлоқиву маънавӣ вобаста мебошад, ки бе таълиму тарбияи дуруст зуҳур кардан ва натиҷа бахшидани онҳо амри маҳол аст.

Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.

Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд.

Ҳадаф аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.

Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта, онҳо дар рушду пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бо дарназардошти бахши хусусӣ, беш аз як миллион занону духтарон фаъолият доранд, ки ин нишондиҳанда 45 фоизи шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Қисми зиёди кормандони соҳаи маорифу тандурустиро занон ташкил медиҳанд. Умуман, агар дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошанд. Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омӯзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд. Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз 1000 нафар занони донишманд ва бомаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.

Бузургон фармудаанд: нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозад.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва Пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. Пешвои миллӣ будани Эмомалӣ Раҳмон як ҷойгоҳ, як нақш ва як рисолати таърихиест, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ба он расидааст. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ бештар аз худ боварӣ ва эътимод доранд, ин моҳияти ба таври воқеӣ ва комилан табиӣ пешвои миллат будан аст.

Пеш бурдани сиёсати бунёдкоронаю созандаи Сарвари давлат, ба мардуми шарифи тоҷик ва Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибихтиёр, инчунин ба хотири ободии сарзамини аҷдодиамон, пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат бо дасту дилу нияти пок ва содиқонаву поквиҷдонона хизмат кардан ин вазифаи фарзандӣ ва қарзи имониву инсонӣ ва мақсаду мароми ягонаи мо мебошад ва ман ҳамчун вакили мардумӣ дар ҷамъбасти суханони хеш гуфтанӣ ҳастам, ки тамоми донишу таҷриба, инчунин неруи зеҳнӣ ва маънавӣ, ҳамаи захираву имкониятҳоро барои хизмати Ватани маҳбуб ва мардуми тоҷик, таъмин намудани зиндагии шоистаи халқи азиз сафарбар намуда, барои пешрафти халқу миллат хизматҳои шоиста менамоем, ки мақсади асосии пешниҳоди лоиҳаи Қонуни мазкур мебошад.

Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиёсати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирии иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва илму маориф, дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино шарҳи иловагиро талаб надорад.

Вакилони гиромӣ, ман итминони комил дорам, ҳамаи мо лоиҳаи қонуни мазкурро бо дилу ҷон ва ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои қабули он якдилона овоз медиҳем.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович дода мешавад.

Бадриддин САДРИДДИНОВ: -  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони азиз ва ҳозирини гиромӣ!

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз аз тарафи мақоми  олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» мавриди баррасӣ қарор дорад.

Баробари соҳибистиқлол гардидан  Тоҷикистони азиз  ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ин ҳолат давлатдориву соҳибистиқлолии миллати куҳанбунёди тоҷикро зери хатари ҷиддӣ гузошт. Ба ҳалли ин мушкилот танҳо Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гузошт, зеро ин иҷлосияи тақдирсози миллат ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари давлат инсони матиниродаву ватандӯст Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд.

Сарфи назар аз душвориву мушкилот, танҳо бо заковати баланди хеш, нотарсӣ ва матиниродагии ба худ хос, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар муҳлати аз нигоҳи таърих кӯтоҳ Тоҷикистони азизро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, мардуми парешонро сарҷамъ намояд, садҳо ҳазор гурезагонро ба Ватани аҷдодӣ баргардонад ва умеди сокинони кишварро ба ояндаи нек ва сулҳу оромии Ватан пайдо намояд.

Танҳо ватандӯстиву миллатпарварии Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тамоми сокинони ҷумҳурӣ дар атрофи Ҷаноби Олӣ муттаҳид гардида, Ватани маҳбубамон Тоҷикистони тозабунёдро аз нобудӣ нигоҳ доштанд.

Тавассути сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист мардуми кишварро сарфи назар аз маҳал, миллат, ақидаҳои сиёсӣ ба ҳам биёрад ва сарзамини тоҷиконро ба макони сулҳу оромӣ табдил диҳад.

Воқеаҳои вазнине, ки минтақаҳои ҷануби кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусравро он солҳо фаро гирифтанд, боиси гуреза гардидани шумораи зиёди одамон шуданд. Банда ва пайвандонам, ки зода ва сокинони ин мавзеъ мебошем, аз ин ҳодисаҳо берун набудем. Ҳодисаҳои солҳои 1992 пайвандонамро низ маҷбур намуд, ки берун аз Ватан шаванд, номи гурезаро дар хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гиранд. Садҳо нафар ҳамватанон, аз ҷумла пайвандони ман, дар ғарибӣ  наздикони худро  дафн намуда, пораи дили худро абадӣ  дар он макон  гузоштанд.

Ҳамзамон дар ин рӯзҳои вазнини дур аз Ватан  дар дили мардуми кишвар шуълаи умед пайдо гардид, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаҳои ҷангзада сафарҳои корӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро барои ҳар чӣ зудтар ба макони зист баргардонидани гурезагон, барқарор кардани манзилҳои харобгардидаи онҳо, муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва корхонаҳо равона намуданд.

Барои ман ва пайвандони мо боиси сарфарозӣ аст, ки бо ҳидояти бевоситаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон падари бузургворам -Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Талбак Садриддинов ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, даъвати Ҷаноби Олӣ Президенти мамлакатро ба мардуми гуреза расонанд ва дар амалӣ гаштани ин иқдоми  ватандӯстонаи Сарвари давлат дар бобати баргардонидани ҳамватанони берун аз Ватан қарордошта иштирок  намоянд.

Маҳз натиҷаи талошу кӯшишҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, сулҳи комил дар мамлакат барқарор  гардид.

Боиси сарфарозии ҳар яки мост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷаҳониён омӯхта шуда, имрӯзҳо дар ҳалли низоъҳои дохилидавлативу минтақавӣ истифода мегардад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи худ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ монданд, яъне тамоми донишу таҷрибаашонро барои  дар ҳар як оилаи тоҷик ва кишвари азияткашидаи мо барқарор намудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азиз садоқатмандона меҳнат намуданд. Барои расидан ба ин ниятҳои муқаддас муҳтарам Ҷаноби Олӣ  ҷони азизи хешро пайваста зери таҳдид гузошта, ҳаёти хушбахтонаи миллати хешро таъмин намуданд.

Маҳбубиятест, ки имрӯз Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни мардуми кишвар, хусусан сокинони ноҳияҳои Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав доранд, маҳз натиҷаи заҳматҳои дар тӯли ин солҳо баҳри Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва ободии сокинони Тоҷикистон анҷомдодаи Ҷаноби Олӣ мебошанд.

Аз  шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Рӯзадор Муҳаббатшо дода мешавад.

Муҳаббатшо Рӯзадор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Имрӯз мо Қонуни муҳим ва сарнавиштсозро қабул менамоем, ки дар таъриху фарҳанги давлатдории мо беҳамто аст. Маҳз Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хидматҳои бузургу ҷовидонааш дар роҳи таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, эъмори давлати миллии тоҷикон, ҳифзи тамомияти марзии кишвар ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ҳаққу ҳуқуқ доранд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат  хонда шаванд. Чунин ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи наве дар китоби зиндагиномаи кишвар бо хатти заррин нақш мебандад. Пешвои миллат хондани Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дар радифи хизматҳои бузурги таърихиаш дар назди миллату давлат, гиромӣ доштани анъанаҳои пешқадами фарҳанги давлатдории аҷдодӣ ва таъмини идомаи давлатдории кунунии тоҷикон мебошад. Маҳз бо қабули ин қонун мантиқ ва муҳтавои давлатдории тоҷикон ба ҳукми анъана даромада, дар рушди минбаъдаи  давлатдорӣ ва таҳкими ҳамаҷонибаи он асос хоҳад гузошт.

Таърихи башар борҳо собит намудааст, ки дар марҳалаҳои басо ҳассосу нозук ва тақдирсозу ҳалкунанда ба арсаи сиёсии ин ва ё он давлату миллат шахсиятҳои бузурге зуҳур менамоянд, ки бо дониши васеъ ва маърифатнокии баланд, ҷуръати беандозаи шахсию иродаи қавии сиёсӣ ва фарҳанги баланди давлатдорӣ тамоми мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, маҷрои давлату давлатсозиро дар чорчӯби мантиқи ҳаёт ҷой дода, мардумро ба сарманзили мақсуд мерасонанд.

Тавре ки медонед, Ватани маҳбуби мо Тоҷикистони соҳибистиқлол дар солҳои охири асри бистум ба гирдоби тезутунди муқовиматҳои сиёсию иҷтимоӣ ғӯтавар гардида буд. Маҳз дар ин давраи сарнавиштсоз кишвар ба шахси тавонову қудратманд ниёз дошт, то аз ин гирдоби сӯзанда давлату миллат ҳар чӣ зудтар раҳоӣ ёбанд.

Хушбахтона, ба бахти миллати азияткашидаи тоҷик моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсияти Президенти мамлакат, Чаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардумӣ Сарвари кишвар интихоб гардид. Дар андак муддат ӯ худро ҳамчун роҳбари боистеъдод ва умедбахш дар назари мардуми кишвар ва сарварони мамолики дигар нишон дод.

Иқдомҳои роҳбари ҷавону неруманд дар роҳи таъмини сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ аз ҷониби мардуми шарифи кишвар пазируфта шуд ва бо ин васила хиштҳои мустаҳками бунёди давлати соҳибистиқлолу рушдёфта гузошта шуданд.

Барои амалӣ намудани ин вазифаи муқаддаси таърихӣ Президенти кишвар ҳамаҷониба саъю талош меварзид ва имкониятҳои мавҷударо пурсамар истифода мебурд. Ӯ пайваста дар суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарони давлатҳои дигар, ходимони сиёсӣ, олимон ва рӯзноманигорон ин рисолати таърихии худро таъкид намуда, барои иҷрои он фаъолияти густурда мебурд.

Дили софу покиза, нияти нек ва муҳаббати беандоза ба Ватану халқаш ба ӯ имкон доданд, ки дар замири мардум ба зудӣ  ҷой гирифта,   ҳаёти сиёсию иқтисодии кишварро ба маҷрои муайян равона созад. Президенти мамлакат дар саргаҳи идоракунии давлат истода, амиқ дарк кардаанд, ки барои рушди бомуваффақи соҳаҳои гуногуни ҳаёт усулҳои куҳнаи идоракунӣ ва тафаккури барҷомондаи сиёсӣ дигар имкон надоранд.

Бо мақсади ҳалли проблемаҳои нав ба нави ҳаёти кишвар дар шароити душвори таърихӣ Президенти мамлакат зарур шумориданд, ки элитаи нави сиёсиро бо ҷаҳонибинии наву замонавӣ рӯи кор оваранд.

Бо саъю талошҳои Ҷаноби Олӣ дар мамлакат элитаи нави сиёсӣ рӯи кор омада, неруи хешро барои барқарор намудани сулҳу субот, таъмину таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, бунёдкорию  созандагӣ равона созанд.

Бо такя ба анъанаҳои давлатдории аҷдодӣ ва  санъати пешқадами идоракунии замон бо роҳбарии Президенти кишвар элитаи сиёсӣ ҳадафҳои зерини таърихиро назди хеш гузошт:

- таъмини истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси институтҳои пешқадами идоракунӣ, бо дарназардошти анъанаҳои созандаи давлатдории миллӣ  бунёд намудани давлати ҳамаҷониба пешрафта;

- густариши муносибатҳои дӯстона бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳо ва нақши давлати миллӣ дар замони муосир;

- ҳифз ва таъмини истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳарбию сиёсӣ, тамомияти марзӣ ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ;

- ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ, шараф ва таъминоти моддии шаҳрвандони кишвар, бартараф сохтани хатарҳои воқеии дохилию берунӣ, ҳифзи  манфиатҳои миллӣ ва бехатарии миллӣ;

- ҳамчун субъекти фаъол ва комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ширкати фаъол дар бунёди системаи нави муносибатҳои байналмилалӣ, таъмини баробарӣ ва ҳамкориҳои судманди дуҷониба бо давлатҳои дигар;

- ҳифзу гиромӣ доштани мероси фарҳангӣ, маънавию ахлоқӣ, анъанаҳои созандаи таърихӣ ва меъёрҳои ҳаёти иҷтимоии ҳамаи халқҳои кишвар;

-  таъмини фазои таҳаммул-пазиронаи  динию мазҳабӣ дар мамлакат.

Имрӯз мо тадриҷан амалӣ гардидани ҳадафҳои зикргардидаро баръало ҳис мекунем ва рушди босуботи самтҳои гуногуни иқтисодии кишварро дар асоси онҳо мушоҳида менамоем. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама мулоқоти худ бо пешвоёни ҷаҳонӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ҳамеша масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, муқовимати муштарак бо хатару чолишҳои ҷаҳони муосирро дар мадди аввал гузошта, омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои ҳамкорӣ дар ин самт ҳамеша изҳор мекунад.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи тайкардаи таърихии давлатсозии миллиро дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намуда, аз ҷумла чунин зикр кардаанд: «Мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки давлатсозию давлатдорӣ хусусан дар шароити пурмоҷарову ҳассоси ҷаҳони имрӯза кори осон нест.

Аз ин рӯ, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамонро дар рӯҳияи худшиносиву ҳувияти миллӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, ки дар оянда номбардори миллати бошарафи тоҷик бошанд».

Имрӯз мо бо боварии комил гуфта метавонем, ки фалсафаи нави тарбия, фалсафаи тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, ватанхоҳиву ватандӯстӣ ва эҳтирому гиромӣ доштани таърихи миллӣ дар ҷараён аст.

Яке аз хислатҳои наҷиби  Президенти  кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин назари нек ва ватанхоҳонаи ӯ ба ҳамаи минтақаҳои мамлакат баҳри рушду нумӯи онҳо мебошад.   Намунаи  барҷастаи чунин муносибати самимии   Сарвари кишвар ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон арзёбӣ мегардад. Бояд гуфт, ки қаблан ягон роҳбари Ҷумҳурии Тоҷикистон ин қадар сафари судманди корӣ ва мулоқотҳои самимонаи хотирмонро бо мардум дар Бадахшон накарда буд.

Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти муаззами мо дар солҳои охир симои шаҳру навоҳии вилоят комилан тағйир ёфт. Сол то сол миқдори иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дар қаламрави вилоят меафзоянд. Имрӯз вилоят пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт.

Сохтмони шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб- Қалъаи Хумб — Хоруғ ва Қароқурум имкон медиҳад, ки ҳар рӯз корвони мошинҳои пурбор аз давлати ҳамсоя Ҷумҳурии Халқии Хитой ба кишвари мо бо молҳои ниёзи мардум ворид мегарданд.

Дар зарфи 24 соли Истиқлолияти давлатӣ барои рушди босуботи иқтисоди ВМКБ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ сарф гардидааст. Дар ин муддат дар қаламрави вилоят қариб ҳазор мактабу муассисаҳои таълимӣ ва иншооти фарҳангиву варзишӣ бунёд гардида, мавриди баҳрабардории мардум қарор гирифтанд. Тавассути квотаи президентӣ қариб 2000 нафар дар мактабҳои олии мамлакат ва берун аз он ба таҳсил ҷалб гардиданд.

Таваҷҷуҳи беандозаи Президенти мамлакат барои рушди соҳибкории хурду миёна имкон дод, ки сафи онҳо дар вилоят афзуда, саҳми онҳо дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва пур кардани хазинаи давлат сазовори дастгирист.

Илова бар ин, имрӯз дар қаламрави вилоят чор бозори наздисарҳадӣ амал мекунанд, ки дар пешрафти иқтисоди вилоят нақши муҳим доранд.

Дар баробари ин, бо ифтихори бузург бояд гуфт, ки рушди босубот ва пешрафти ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии вилоят ба кору пайкори Пешвои миллат сахт алоқамандӣ дорад. Аз солҳои аввали  роҳбариашон то имрӯз Президенти мамлакат 57 маротиба ба вилоят сафар намуда, бо шароити   минтақаҳои он аз наздик шинос гардида, барои рафъи мушкилоти онҳо сари вақт ба Ҳукумати кишвар дастур медоданд.

Мардуми вилоят Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат самимона дӯст медоранд ва ифтихор аз он доранд, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи ин сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ кору зиндагӣ мекунанд. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ Пешвои миллат ва Давлати тоҷикон мебошад. Ӯ ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат тавонист дар муддати кӯтоҳи таърихӣ давлати миллиро бо тамоми рамзҳои  давлатдориаш бунёд созад ва обрӯю нуфузи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорад.

Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун субъекти фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар арсаи байналмилалӣ бо ташаббусҳои созандааш баромад намуда, дар радифи давлатҳои пешқадами ҷаҳон мақом касб намудааст.

Мардуми заҳматқарини Бадахшон чунин ташаббуси таърихии Парлумони кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бо ифтихори бузург Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллати сарбаланди тоҷик медонад. Бо ифтихору сарфарозии беандоза бояд изҳор дошт, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ Пешвои миллат ва давлати миллӣ мебошад ва ба ҳукми қонунӣ даромадани он имконияти бузург барои бақои миллат ва давлату давлатдории тоҷикон аст.   Ҷонибдории чунин қонуни муҳим ва таърихӣ қарзи ватандории мост.

РАИС:  — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар Исмонович  дода мешавад.

Саидҷаъфар ИСМОНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки бо ташаббуси як гурӯҳ вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, тақозои замон ва эҳтиёҷи миллии давлати мо мебошад.

Лоиқи зикр аст, ки дар ҳама давру замон ба бахти ин ё он миллат дар лаҳзаҳои ҳассос, тақдирсоз ва сангинтарин шахсиятҳое пайдо шудаанд, ки миллатро аз мушкилоти ҷиддӣ наҷот додаанд ва номи онҳо манбаи ифтихори он миллатҳо шудааст. Набояд фаромӯш кард, ки дар дунё беш аз се ҳазор қавму миллатҳо бо надоштани роҳбар ва пешвои кордон номи онҳо аз саҳифаи таърих нест шуданд.

Ин рӯзҳои сангинтарин дар таърихи давлати мо низ буданд. Дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама гурӯҳу тарафҳои силоҳбадаст гуфтушунидҳо мегузаронид. Бо зиёиёни кишвар машваратҳо мекард. Фикру ақидаҳо гуногун буданд, тарафкашиҳо мекарданд. Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули қарорҳо истодагарӣ карда, тарафҳо ва гурӯҳҳоро бовар кунониданд, ки аз ҳама ғаразҳо манфиатҳои миллӣ болотар аст. Дар ҳама вақт  қарорҳои дурустро барои манфиатҳои миллӣ қабул менамуданд. Дар он шабу рӯз бо шахсони силоҳдор гуфтушунид кардан кори осон набуд. На ҳар кас бо ин гурӯҳҳо хоҳиш ва ҷасорати рӯ ба рӯ шуданро дошт.

Соли 1997, вақте ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки хунро бо об мешӯянд, хунро бо хун шуста намешавад, ҳазорҳо силоҳбадаст силоҳи худро ба замин гузошт.

Пас аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон баъд аз соли 1997 давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо дарназардошти манфиатҳои таърихӣ, динӣ, фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуда, бар пояи манфиатҳои миллӣ роҳу равиши тарақиёти мамлакатро муайян намуд. Яъне, сиёсати дурнамои тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳуриро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва шароити ҷаҳон муайян намуданд. Тавре дида мешавад, хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар тули 10-20 сол рӯ ба тараққӣ ниҳодааст, пас ин роҳи дуруст аст.

Лоиқи зикр аст, ки буҷети ҷумҳурӣ соли 2000-ум ба 226 миллион сомонӣ баробар буд ва соли 2016 бошад, 18,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишони рушди Тоҷикистон мебошад.

Дар ҷумҳурӣ суботу оромӣ таъмин аст. Ҳама ҳаққу ҳуқуқҳои шаҳрвандон мутобиқи арзишҳои демократӣ аз тарафи давлат пуштибонӣ меёбанд. Тоҷикистон демократитарин давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар тӯли 20 соли охир тамоми муваффақияти сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишвари мо маҳсули назар, идрок ва хирадмандии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чун мо дар 20 соли охир дар ҳама соҳаҳо муваффақем, пас месазад, ки ба ин мард аз мақоми Президент дида, баландтар эътиқод ва бовар кунем – ҳамчун Пешвои миллат.

Президент ба ин унвон муҳтоҷ нест, ин зарурат ва эҳтиёҷоти миллии мардуми Тоҷикистон аст.

Зарурати ин Қонун ҳамин аст, ки минбаъд ягон гурӯҳҳои ғараздору фурсатталаб ва омилҳои беруна ё даруна ба орому суботи Тоҷикистон таъсири манфӣ расонида наметавонад.

Ин Қонун рӯҳи тоза дар тани ормонҳои миллии мардуми Тоҷикистон аст.

Аз ин лиҳоз, бояд зикр кард, ки хизматҳои беназири таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ба ҳама маълум аст ва ҳамагон инро эътироф ва қадр мекунанд.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, раиси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.

Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳар як маърӯзакунанда оид ба ҳамагӣ як ё ду самти фаъолият, хизматҳои беназири ин шахсияти таърихӣ, наҷотбахш ва бунёдгузори давлати миллии муосири тоҷикон бо самимият ва меҳри беандоза сухан гуфта истодаанд ва бовар дорам, ки кулли вакилон сухан гуфтан мехоҳанд. Ҳар як хизмате, ки вакилон айни ҳол гуфтанд, худ алоҳида басанда аст, ки ин фарзанди нотакрори миллати тоҷик Ҷаноби Олӣ, Президенти мардумии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми Пешвои миллатро соҳиб бошад.

Ман ҳамчун раиси Фраксияи ҲХДТ фақат як паҳлуи фаъолияти Пешвои миллат, Раиси ин ҳизби созандаро гуфтанӣ ҳастам. Фардо 10 декабр аст. Расо 21 сол қабл рӯзи 10 декабри соли 1994 Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани ормонҳои давлатсозии худ, яъне бунёди давлати воқеан соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро таъсис дод. Як ҳолатро таъкид карданӣ ҳастам, ки ҲХДТ дар заминаи ҳизби абарқудрату бузурги онвақта не, балки бо идеологияи тоза, бо платформаи ҷадиди сиёсии ҳизбӣ, мутобиқ ба ормонҳои конститутсионии эълоншуда, бо такя ба неруи созандаи ҷавонон таъсис дода шуд. Чунки дар саргаҳи таъсисёбии ҲХДТ Президенти ҷавони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи фаъоли ҷавонони кишвар истода буд. Аз ин ҷост, ки сафи ин ҳизбро аксаран ҷавонон ташкил медиҳанд ва мо Президенти муҳтарами кишварро, аллакай аз ҳамон шабу рӯз Пешвои ҷавонони ин халқу миллат меҳисобем.

21 сол дар назди таърих муддати зиёде нест, вале бо вуҷуди он тӯли ин муддат  ҲХДТ зери роҳбарии бевоситаи Раиси маҳбубаш дар роҳи ташаккули миллат, эҳёи фарҳанг ва бунёди давлати мустақил корҳои зиёдеро анҷом дода, барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ  барномаҳои зиёди дигарро амалӣ карда истодааст.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷлиси доимиамалкунандаи касбӣ низ аз зумраи ташаббусҳои созандаи сиёсии Роҳбари давлат буд, ки имрӯз дар роҳи беҳтар намудани фазои ҳуқуқии кишвар фаъолияти пурсамар бурда истодааст.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти парлумон ин функсияи намояндагии он мебошад. Вобаста ба ин танҳо аз 8 то 18 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 700 мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Мо шоҳидем, ки масъалаи муҳимтарине, ки қариб дар ҳамаи ин вохӯриҳо аз ҷониби мардум, намояндагони касбу кори гуногун, пайравони ҳизбу ҳаракатҳои гуногун бардошта мешуд, ин пешниҳод оид ба қадршиносии хизматҳо ва расман эътироф намудани Президенти маҳбуби кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Пешвои миллат ҳамчун рамзи муттаҳидӣ ва ягонагии халқи Тоҷикистон буд.

Пешниҳоди интихобкунандагон ин натиҷаи шинохти воқеияти сиёсии кишвар аз ҷониби мардуми Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки  мақом ва манзалати асосгузорони давлатҳои миллӣ ба мисли Пешвои миллат ва ё Падарон-асосгузорони давлатҳо дар таҷрибаи ҳуқуқӣ ва давлатдории кишварҳои мутамаддин собиқаи нек ва эътирофшудаи худро дорад. Эътирофи чунин фарзандони таърихӣ ва ҳимояи роҳ ва сиёсати созандаи онҳо мутобиқ ба табиати давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоист.

Чи хеле ки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров зикр намуданд, доштан ва муттаҳид шудан атрофи шахсиятҳои созандаи таърихӣ аз сифатҳои муҳими ҷомеаҳои пешрафта ва давлатҳои рушдёбанда мебошад. Имрӯз таърихи давлати соҳибихтиёри тоҷикон собит намуд, ки халқи мо дорои чунин Пешвои комилан мардумист. Аз ин хотир, муттаҳидию сарҷамъии халқамон атрофи Роҳбари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  гарави сулҳу субот ва рушди ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Имрӯз рисолати таърихии мову шумо аст, ки Ватан ва Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ояндаи миллат чӣ гуна ба мерос мегузорем. Дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаб ва ҳассоси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ягона роҳи нигоҳдории миллат ин ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии кишвар ва ягонагии давлату халқ мебошад. Дар замони мо ягона манбаъ ва рамзи сулҳу ваҳдат, оромиву суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари давлат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Пешвои миллат ҳамчун шахсияти шинохташуда ва эътирофшудаи олами сиёсати байналмилалӣ, гарав ва кафолати сулҳ, ваҳдат ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол суханронӣ мекунад.

Имрӯз, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихии намояндагии худро амалӣ карда, таклифу пешниҳоди мардумро мавриди муҳокима қарор дода истодааст, бовар дорам аҳли нишаст ин иқдоми  таърихиро самимона дастгирӣ менамоянд.

Муҳтарам вакилон, Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ташаббуси созандаи вакилонро дастгирӣ намуда, ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» овоз диҳед.

ҲХДТ ин овози шуморо ҳамчун садоқат ба Тоҷикистони обод, озод ва демократӣ меҳисобад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Хизматҳои фарзанди содиқу вафодори халқи тоҷик Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳомии роҳи таърихии рушди мамлакат ба сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд бечунучаро беҳамто аст.

Махсусан хизматҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди соҳаи илму маориф, тайёр кардани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватанпарастӣ,  пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост ва аз ҷониби Ҷаноби Олӣ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  20 апрели соли 2011 эълон гардидани Рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат тасдиқи нукоти зикршуда мебошад.

Бо дастуру супоришҳои бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маоши омӯзгорон марҳила ба марҳила баланд бардошта шуда, ба онҳо ва махсусан омӯзгорони ҷавон имтиёзҳои иловагӣ муайян гардида, аксарияти бинои муассисаҳои таълимӣ азнавсозӣ карда шуданд. Дар замони истиқлолият то ба имрӯз дар кишвар 2254 бинои нави муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шуда, бо компютеру мебелҳои замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Дар низоми маорифи кишвар стандартҳои нави давлатӣ барои ҳар як зинаи таҳсилот қабул гардида, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсиву электронӣ ба   теъдоди қариб 30 миллион нусха нашр карда шуданд, ки арзиши умумии онҳо ба 147 миллион сомонӣ баробар аст.

Дар минтақаҳои гуногуни кишвар шабакаи васеи мактабҳо ва литсей-интернатҳои президентӣ барои хонандагони лаёқатманд ташкил шудааст, ки дар онҳо беҳтарин истеъдодҳо аз саросари кишвар фаро гирифта мешаванд.

Ҳоло зиёда аз 16 ҳазор нафар ҷавондухтарон ва ҷавонписарони болаёқат тибқи квотаи президентӣ дорои маълумоти олӣ ва соҳибкасб шуда, ба халқу Ватан содиқона хизмат карда истодаанд. Инчунин аз соли 2008 инҷониб зиёда аз 14 ҳазор ҷавонони болаёқат аз рӯи 52 ихтисосҳо донишгоҳҳои олии бонуфузи мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳонро тибқи Барномаи стипендияи байналмилалии Президенти мамлакат «Дурахшандагон»  хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд ва дар аспирантура таҳсил намудаанд. Беш аз 20 ҳазор нафар дар асоси шартномаҳои байнисоҳавӣ ва донишгоҳӣ ба 25 давлати хориҷӣ барои таҳсил фиристода  шудаанд. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷӣ беш аз 35 ҳазор нафар ҷавонони мо таҳсил доранд .

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон гардида, татбиқи барномаҳои давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ дастовардҳое мебошанд, ки ҷиҳати рушди соҳаи илму маориф, тайёр намудани мутахассисони илмҳои дақиқ такони ҷиддӣ дод.

Ҳадаф ин аст, ки ҳар як истеъдод бояд ба таври шаффофу одилона дастгирӣ ва такомул ёбад, зеро ҳар як кӯдаки соҳибистеъдод худ сарвати миллӣ мебошад.

Ҳоло дар мамлакат дар 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 300 ихтисос зиёда аз 156 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил намуда, ҳар сол муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро беш аз 30 ҳазор нафар хатм мекунанд.

Шумораи донишҷӯёни  муассисаҳои олии кишвар дар давоми солҳои истиқлолият зиёда аз панҷ баробар афзуда, теъдоди хатмкардагони мактабҳои олии ҳам дохили кишвар ва ҳам хориҷа ба беш аз 650 ҳазор нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳаёти ҷавонони мамлакат муҳим будани мавқеи таҳсилоти олиро исбот мекунад.

Имрӯз дар мамлакати мо бо мақсади рушди ихтисосҳои техникӣ филиалҳои Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов, Донишкадаи хӯла ва фӯлоди Москва, Донишкадаи энергетикии Москва, инчунин факултети муштараки Украинаву Тоҷикистон дар Донишгоҳи технологӣ ва факултети муштараки муҳандисиву техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ фаъолият доранд.

Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи маориф ва илми Тоҷикистон тараққӣ карда, соҳа ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба кадрҳои илмиву педагогӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Агар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (соли 1991) ҳамагӣ 1835 нафар номзадҳо ва 226 нафар доктори илм ба фаъолият пардохта бошанд, шумораи онҳо имрӯз мутаносибан ба 2594 ва 549 нафар расидааст, ки дар нисбати номзадҳои илм 30 дар сад ва нисбат ба докторҳои илм қариб ду маротиба зиёда аст.

Танҳо дар соли 2015 дар шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ ва муассисаҳои илмии тобеи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ боз 166 рисолаи диссертатсионӣ дифоъ гардид, ки аз онҳо 17 адад барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳо ва 149 адад барои дарёфти номзади илм мебошад.

Аз ин рӯ, вакилони муҳтарам, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор Ҷалолович дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Мехостам ба ду паҳлуи зарурати қабули Қонуни мазкур назар кунам. Сараввал, ҳадаф аз он, ин арҷгузорӣ аз хизматҳои шоистаи Президенти мамлакатамон барои иҷрои вазифаи таърихии худ, ифодаи нақш ва ҷойи он кас дар таърихи навини давлати тоҷикон мебошад.

Аз тарафи дигар, гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон имрӯз дар оғози марҳилаи нав – хеле муҳим, ҳассоснок, ҳалкунанда қарор дорад. Таҳдидҳои нави замонавӣ, зиёдшавии хавфҳои террористию экстремистӣ боиси ноустувор гардидани вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳон гардида, пеш аз ҳама, ба суръати рушди кишварҳои рӯ ба инкишоф таъсири манфӣ расониданд. Эҳтимолияти тӯл кашидан ва боз ҳам шиддатнок шудани онҳо аз мадди назар дур нашудаанд.

Вазифаи ояндаи наздик на фақат эмин нигоҳ доштани мардум аз ин падидаҳои номатлуб, ҳамчунин ҳифз намудани дастовардҳои истиқлолият ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуботи ватанамон мебошад. Аз ин лиҳоз, дар шароити имрӯза як иқдоме зарур аст, ки тавонад халқи Тоҷикистонро дар ин роҳи тақдирсоз боз ҳам муттаҳидтар, аҳлтар гардонад, дар сарварии давлат роҳбаре бошад, ки таҷрибанок, кордону озмуда то ӯ тавонад барои иҷрои ин вазифаи муҳим пешвоӣ намояд.

Лоиҳаи Қонуни муҳокимашаванда маҳз чунин амал дар ин самт мебошад. Хело рамзист, ки муаллифони он намояндагони аксарияти миллатҳо ва шаш ҳизбҳои сиёсии мамлакат, аз ҷумла намояндаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мебошанд ва гуфта метавонам, ки кулли аъзои ҳизб ин иқдомро ҷонибдорӣ менамоянд.

Ба фаъолияти муҳтарам Президент воқеъбинона баҳо дода, ҳар як фарди бонангу номуси миллат ба хулоса меояд, ки имрӯз Сарвари давлат дар асл Пешвои миллат ҳастанд ва ин воқеияти таърихӣ буда, онро инкор кардан мумкин нест. Масъалаи Пешвои миллат будани Президенти мамлакатамон худ аз худ, сунъӣ ба миён наомадааст. Ин маҳсули натиҷаи фаъолияти поквиҷдононаи он кас барои давлатамон, миллатамон, ки мо худ шоҳиди он будем ва инчунин эътирофи софдилонаи тамоми мардум аст. Дар ин чанд соле, ки ободгари ватани азизамон ҳастанд, маҳз бо заҳмату талоши ҳамарӯзаашон, бо ягонагии қавлу амалашон меҳру муҳаббатро дар қалби миллионҳо сокинони кишвар ҷойгузин карданд. Моҳи сентябр мо ҳама дар вохӯрӣ бо интихобкунандагони худ қарор доштем ва ин гуфтаҳоро хеле хуб эҳсос намудем.

Чӣ қадаре кас ба омӯзиши фаъолияти Сарвари давлатамон фурӯтар меравад, ҳамон қадар беканории бузургии ин сиёсатмадори варзида, беҳамтоии сиёсати пешгирифтаи он кас дар пеши назар ҳувайдо мегарданд.

Аз нигоҳи имрӯза дар муқоиса вазъи кунунии Шарқи наздик ва Аврупоро мавриди назар карда, мо бузургии сиёсии тадбирҳои амаликардаи Сарвари давлатамонро равшану возеҳтар дарк намуда, нақши калидии онҳоро дарёфт менамоем. Хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гузашт кардан нисбат ба якдигар, ба Ватан бозпас гаштани зиёда аз як миллион гурезагон, таъмини амният ва зиндагии осоиштаи онҳо ин худ як амалҳои хирадмандона ва саривақтӣ буданд, ки бебаҳоянд.

Қабули Қонуни пешни­ҳодшуда ин на фақат аз лиҳози ҳуқуқӣ эътироф намудан, балки аз ҷиҳати сиёсӣ тасдиқ кардани давомоти сиёсати пешгирифта, яъне бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат имконият доданд, ки баҳри рушди равандҳои демократикунонии ҷомеа чораҳои судбахш андешем.

Айни ҳол ҳаёти сиёсии ҷумҳуриро бе парлумони касбӣ, ки намояндагони шаш ҳизбро дар бар мегирад, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки зиёда аз 2600 созмону иттиҳодияҳоро муттаҳид менамояд, бе рӯзномаву маҷаллаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ тасаввур кардан мумкин нест.

Имрӯз дар Тоҷикистон системаи бисёрҳизбӣ ташаккул ёфта, ҳафт ҳизбҳои сиёсӣ расман фаъолият дошта, зиёда аз чорсад ҳазор мардуми калонсол дар ҳаёти сиёсӣ иштирок доранд. Бори нахуст дар қаламрави Осиёи Марказӣ мо шароит фароҳам овардем то ҳизбҳои сиёсии характери динидошта фаъолият бурда тавонанд. Мутаассифона, ба қадри он нарасиданд, аз имконият истифода бурда натавонистанд ва ба амалҳои ғаразноки худ даст заданд, вале ба ниятҳои нопоки худ нарасиданд ва ҳаргиз намерасанд.

Дар маҷмӯъ, гуфтан мумкин аст, ки Президенти мамлакат тӯли ин солҳо ташаббускор ва бунёдгузори ташаккулёбии равандҳои демократикунонии ҷомеа, системаи бисёрҳизбӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии матбуот буданд ва онҳо мавқеи устувор ва бебозгаштро қабул карданд.

Имрӯз халқи тоҷик аз ҳамин хоки Ватан ҷаҳони нав бунёд карда истодааст. Роҳнамои мо дар ин самт Президенти мамлакат хастанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки то чӣ андоза халқи тоҷик ояндаи худро бо Сарварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваст мешуморад. Пас месазад, ки ин сиёсатмадори варзидаро ҳамчун Пешвои миллат аз лиҳози ҳуқуқӣ эътироф намоему онро якдилона дастгирӣ кунем.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед Ҳамроқулович дода мешавад.

Ҷамшед САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд, ҳозирини гиромиқадр!

Баррасӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» дар шароити имрӯза барои халқу миллати тоҷик хеле муҳим ва зарур буда, он таҷассумгари хоҳишу дархости интихобкунандагон, аз ҷумла сокинони шарафманди пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе низ мебошад.

Дар бораи корнамоӣ ва хизматҳои шоистаи абармарди бузург, сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ ва дар асл Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вакилони мардумӣ то ин дам сухан гуфтанд, ки шахсан ман бо онҳо сад дар сад розӣ буда, нотиқонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоям.

Бо намояндагӣ аз Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мехоҳам дар бораи хизматҳои шоистаи Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат дар самти муаррифӣ намудани давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани обрӯю нуфузи давлату миллати тоҷик дар ҷаҳони имрӯза якчанд ҳолатҳои мушаххасро ёдовар шавам.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаю оқилонаи сарвари давлатамон дар ривоҷу равнақи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии кишварамон, ки он ҳамчун сиёсати «Дарҳои кушода» арзёбӣ мегардад, айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 140 кишвари ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ барқарор намудааст.

То имрӯз бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо узви комилҳуқуқи беш аз 40 созмони бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили СММ, СҲШ, ИДМ, СААД, САҲА, СУС, Конфронси давлатҳои исломӣ ва ғайра мебошад.

Ҳангоми дар бораи ҷойгоҳи байналмилалии Тоҷикистон сухан гуфтан бояд ёдовар шавем, ки кишвари мо як узви назоратгари одии равандҳои сиёсии байналмилалӣ набуда, балки сиёсати хориҷии ташаббускор дорад. Дар ин самт ёдовар гардидани он ки маҳз бо пешниҳоди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмаи Умумии СММ соли 2003-ро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 -2015-ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об-барои ҳаёт» ва соли 2013-ро «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон намуд, кифоя мебошад. Пешниҳоди нави Сарвари давлати мо дар бораи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об–барои рушди устувор» барои даҳсолаи оянда мавриди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.

Сарвари давлати мо аз минбарҳои баланди ҷаҳон суханронӣ намуда, мавқеи шахсии хеш ва кишвари моро дар масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус нисбати ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаи беамон ба муқобили терроризм ва экстремизми байналмилалӣ кушоду равшан маълум менамояд. Мо ҳамагон шоҳиди он будем, ки якчанд рӯз пештар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 21-уми Конвенсияи СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия иштирок ва суханронӣ намуданд. Суханронӣ ва масъалагузорию пешниҳодҳои Сарвари давлати мо аз тарафи коршиносону сиёсатмадорони ҷаҳонӣ сазовори баҳои баланд гардида, аз он хушнудона истиқбол намуданд.

Мо дар сафарҳои хизматию расмии худ ба хориҷи кишвар борҳо шоҳиди он гаштаем, ки  хориҷиён аз давлату миллати мо, пеш аз ҳама, бо шахсияти Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, халқу миллати тоҷикро хушбахту саодатманд меҳисобанд, ки чунин сарвари оқилу доно ва сиёсатмадори шинохтаю миллатдӯст насибамон шудааст.

Дар бораи шахсияти бузург ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардидани Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханҳои дар ҳаққи ӯ гуфтаи аксари роҳбарони давлатҳои абарқудрати ҷаҳон ва сазовор гардиданашон ба ҷоизаҳою мукофотҳои созмону ташкилотҳои бонуфузтарини байналмилалӣ, ки шумораи онҳо хеле зиёданд, гувоҳӣ медиҳанд.

Қабули қонуни мазкурро, мо қарзи инсонии худ дар назди хизматҳои шоистаи Сарвари давлатамон ҳамчун асосгузору меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ ва пешвои миллат медонем.

Бо дарназардошти муҳимияти қабули қонуни мазкур, аз вакилони арҷманд эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳанд.

РАИС: — Сухан ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созмонёбии иқтисоди миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Сарвари давлат роҳандозӣ намудаанд, имконият дод, ки марҳила ба марҳила иқтисодиёти кишвар ба муносибатҳои бозорӣ гузарад. Таҳти роҳбарӣ ва ҳидояти Президенти кишвар аввалин Барномаи ислоҳоти иқтисодиёти миллӣ таҳия гардид, ки дар заминаи механизмҳои иқтисоди бозорӣ, бозорҳои молӣ ва хизматрасониҳо, манобеи табиӣ, аз ҷумла қувваи корӣ, бозори арз ва ғайра созмон дода шуданд.

Дар раванди ислоҳот Сарвари давлат диққати махсус ба ислоҳоти пулӣ доданд. Таъсири ислоҳоти пулӣ, ки ба ворид намудани воҳиди пули миллӣ вобаста буд, устувории низоми пулию қарзии миллиро таъмин намуда, шароити мусоид барои истиқлолияти иқтисодии кишвар фароҳам сохт, ки он таъсири мусбат ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии инкишофи иқтисодии кишвар намуд. Буҷети давлатӣ, ки дар ибтидо ягон пайса надошт, имрӯз ба зиёда аз 18 миллиард сомонӣ расидааст. Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишвар бо суръати миёна солонаи 6 — 7  фоиз афзиш меёбад.  Барномаҳои зиёди паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар роҳандозӣ карда шудаанд ва онҳо имконият доданд, ки сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар ба маротиб паст карда шавад. Дар кишвар барномаҳои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва бехатарии озуқаворӣ татбиқ шудаанд ва корҳо дар ин самтҳои афзалиятноки инкишофи иқтисодӣ — иҷтимоии кишвар идома доранд.

Ҳамин тавр, бо талошҳои хастанопазир ва ҳадафмандонаи Сарвари давлат шароити зарурӣ барои  созмон ёфтани  иқтисоди миллии устувори тамоюли иҷтимоидошта ба вуҷуд омад.

Фаъолияти бисёрҷабҳаи Сарвари давлат дар самти таъмини Сулҳу Ваҳдат, таҳияи заминаи қавӣ барои инкишофи тамоми соҳаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ, таъмини рушди устувори илм, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷомеа ва дар симои Президенти кишвар дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардидани  тоҷикон ва ба ҳам овардани ҳамаи тоҷикони ҷаҳон, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат аз ҷониби мардум пазируфта шудаанд.

Аз ин хотир, аз вакилони арҷманд хоҳиш мекунам қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич дода мешавад.

Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Боиси ифтихор аст, ки  имрӯз ман ҳамчун яке аз вакилони ҷавон дар  баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, иштирок дорам.

Ҳадафи асосии лоиҳаи Қонуни мазкур қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои  арзандаи як нафар фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст.

Омӯзиши таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад, ки доштани Пешвои миллат, вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ дар вазъияти кунунии ҷаҳони имрӯза шарт ва зарур аст.

Пешвои миллат нафарест, ки маҳз бо иҷро намудани нақши муҳим ва воқеан тақдирсоз барои давлату миллати худ сазовори эътирофи мардум гаштааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсиаш  лаҳза ба лаҳза, марҳила ба марҳила дар пеши назари мардуми кишвар, ҳамнафас бо ғаму шодии он ташаккул ёфтааст.

Сарвари давлат  тӯли ин муддат роҳеро тай намуд, ки пур аз мушкилӣ ва монеаҳо буд, аммо ӯ ин ҳамаро бо сазовор шудан ва дарёфтани эҳтирому боварии мардум пушти сар намуд.

Имрӯз таҳти роҳбарии оқилонаи Эмомалӣ Раҳмон мактаби давлатдории миллии муосири тоҷикон ташаккул ёфтааст, ки он яке аз омилҳои воқеан чашмраси рушду субот ва кафолати давлатдории мо мебошад.

Дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама бахшҳои давлатдорӣ суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, вале ман ҳамчун намояндаи насли ҷавон, ҳамчун шоҳиди бевоситаи тамоми давраи ташаккулёбии давлати навини тоҷикон бо чанд мисол мехоҳам, гуфтаҳоямро тақвият бахшам.

Муҳимтарин дастоварди мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон  аз вартаи нобудӣ наҷот додани мамлакат мебошад. Замоне, ки дар кишвар оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга мезад, маҳз ҷасорат, некбинӣ ва иродаи қавии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис шуд, ки мардуми Тоҷикистон аз доми ҷанги шаҳрвандӣ раҳоӣ ёфта, ба роҳи созандагӣ, бунёдкорӣ тариқи ваҳдати миллӣ бирасанд.

Ҳама дар ёд дорем, ки Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ чунин қасам ёд карда буданд: «Агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бармегардонам ва то даме ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ мемонад, ором зиндагӣ нахоҳам кард».

Хушбахтона, ин вазифаи таърихиро Сарвари давлат  бо сарбаландӣ иҷро намуд. Давлатдории тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт ва боиси ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳ ва роҳи ҳалли низоъҳо омӯхта мешавад.

Дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ ташкили низоми мукаммал ва муосири давлатдорӣ кори саҳлу осон набуд, аммо бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат дар як фурсати кӯтоҳ,   асосҳои сохтори конститутсионӣ барқарор шуда, кишвар соҳиби сохтори мукаммали идоракунӣ, парлумони касбӣ, Артиши миллӣ ва дигар ниҳодҳои босалоҳияти қудратию амниятӣ гардид.

Илова бар ин, давом додани сохтмони инфрасохторҳои коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва поён бурдани сатҳи камбизоативу таъмини амнияти озуқаворӣ, яъне муҳайё намудани зиндагии шоиста ва таъмини суботи молиявию иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҳадафҳои муҳим ва стратегияи доимии сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар мебошанд.

Бо роҳбарии бевоситаи Сарвари давлат ислоҳоти назарраси соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар гузаронида шуда, кишвари мо ба сӯи пешрафти босуботи иқтисодию иҷтимоӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодааст. Дар натиҷа, ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар кишвар танҳо дар 15 соли охир аз 1 345 млн. сомонӣ то ба 45 605 млн. сомонӣ ё 34 маротиба зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 82 фоиз то ба 32 фоиз коҳиш ёфтааст. (Маълумотномаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон солҳои 1999 – 2014).

Нукоти зикргардида шаҳодати онанд, ки аз ҷониби Президенти кишвар ба таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ, амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ диққати махсус дода шуда истодааст.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун  бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ, наҷотбахши давлат, кафили сулҳу субот ва эҳёгари фарҳанги миллӣ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Пас, Пешвои миллат будани Эмомалӣ Раҳмон бебаҳс як ҷойгоҳ, як нақш ва як рисолати таърихии Сарвари давлат аст, ки ӯ дар шоҳидии тамоми мардум ва эҳтироми бепоёнаш ба он расидааст.

Боварии комил дорам, ки вакилони арҷманд лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро якдилона ҷонибдорӣ менамоянд.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон  ва  ҳозирини  арҷманд!

Барои ман боиси ифтихор  аст, ки дар ҷаласаи имрӯза, ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, дар қатори он  муаллифоне, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро таҳия намудаанд,  маърӯза  мекунам.

Воқеан ҳам, бо  сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи хеш, сиёсатмадори бузург, Эмомалӣ Раҳмон дар айёми парешониву нооромиҳо ва ба миён омадани хавфи  пошхӯрии давлати навини тоҷикон, тавонист, ки мардуми кишварро сарфи назар аз маҳал, миллат, ақидаҳои сиёсӣ ва эътиқоди динӣ дар атрофи худ сарҷамъ намуда, ба Ваҳдати миллӣ ҳидоят  намояд.

Аз ҳама асосӣ  ин аст, ки шахсияти Худодод ҳамдигарфаҳмии миллатҳоеро, ки  дар кишвари азизамон асрҳои аср ҳамчун дӯсту   бародар зиндагӣ мекунанд, боз ҳам мустаҳакамтар  гардонид.

Бояд зикр намоям, ки амри Офаридгор буд, ки бо роҳбарии бевоситаи сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ, асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи на он қадар тӯлонии  соҳибистиқлолӣ,  ҳам дар  сулҳу осоиштагӣ, ҳам дар корҳои созандагиву  бунёдкорӣ  ва ҳам дар дигар ҷабҳаҳои муҳими ҳаёти кишвар, мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гаштаанд.

Инчунин дар ин давраи кӯтоҳи таърихӣ ин шахсияти бузург тавонист Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун  як давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва рӯ ба инкишоф  муаррифӣ  намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои расмӣ, айни ҳол  56 ҳазор нафар  мардуми қирғиззабон зиндагӣ мекунанд. Онҳо асосан дар ноҳияҳои Ҷиргатол ва Мурғоб, инчунин дар ноҳияҳои Рӯдакӣ, Исфара ва Шаҳристон истиқомат намуда, ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат мебошанд.

Дар ноҳияи Ҷиргатол 60 муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, аз он ҷумла 23 муассисаҳои таълимӣ бо забони қирғизӣ ва 22  муассисаҳои таълимии омехта (бо забонҳои қирғизиву тоҷикӣ) фаъолият мекунанд.

Дар ноҳияи Мурғоб аз 14 муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумие, ки фаъолият мекунанд, дар 13-тоаш таълим  бо забони қирғизӣ ба роҳ монда шудааст.

Мардуми тоҷику қирғиз аз қадимулайём ҳамчун дӯсту бародари наздик умр ба сар бурда, онҳо решаҳои хешутабории таърихӣ низ доранд.

Боиси ифтихор аст, ки Сарвари давлат ба ҳаёту зиндагонии мардуми қирғиззабони Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса  зоҳир менамоянд.

Танҳо дар давраи фаъолияти худ, Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат  ба ноҳияҳои  Ҷиргатол  ва Мурғоб, сарфи назар аз дурдастию баландкӯҳӣ, зиёда аз 20 маротиба бо сафари   корӣ ташриф овардаанд.

Баъд аз соҳибихтиёрии давлати тоҷикон, дар қатори миллати тоҷик, тамоми он ақаллиятҳои миллие, ки дар кишвари азизамон зиндагӣ мекунанд, ҳамаи он нокомиҳову нооромиҳои зиндагӣ ва хушбахтиҳои пай дар пайро бо роҳбарӣ ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат, то имрӯз якҷоя чашидаанд ва дар  як киштии тақдирот, дар тамоми  пасту баландиҳои ҳаёт  ҳамроҳ   шино намудаанд.

Аз ҳама муҳимаш ин аст, ки роҳнамои киштии ҳаёти халқи  Тоҷикистон,Ҷаноби Олӣ,  Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Ман итминони комил дорам, ки чунин фазои неки муносибат ва ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ байни халқиятҳои кишвари азизамон  а б а д ӣ мемонад.

Албатта, ҳар як шаҳрванди соҳибиродаи кишвар, шуҷоату кордониҳо ва заҳматҳои беҳамтои Сарвари мамлакатамонро дар ин давраи хеле ҳам мураккаби сиёсию иқтисодӣ ва дар бунёдгузории давлати миллӣ  хуб эҳсос намуда,  лоиҳаи Қонуни мазкурро самимона   мепазиранд.

Ҳамаи ин далели мушаххас аст, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовори унвони олии Пешвои  миллат  мебошанд.

Аз ин лиҳоз, вакилони гиромӣ, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули  он  овоз  диҳед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Раҳмонзода Абдулғаффор Азиз дода мешавад.

РАҲМОНЗОДА  Абдул­ғаффор Азиз: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Масъалае, ки имрӯз мавриди муҳокимаи вакилони Маҷлиси намояндагон қарор дорад, солҳо боз аз забони мардуми одии минтақаи Кӯлоб садо медод.

Мардуми шарифи Кӯлобшаҳру минтақаи Кӯлоб аз ҳама бештар азияти даврони ҷанги шаҳрвандию муҳосираи иқтисодиро кашидаанд, арзиши сулҳ, моҳияти Ваҳдати миллӣ ва дастоварди Пешвои ин миллатро ҷиҳати бартараф кардани буҳрони амиқи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дуруст дарк менамоянд.

Аз ин рӯ, дар ҳар як сафари кории Президенти кишвар сокинони Кӯлобшаҳр бо як эҳсоси гарм дар бораи сулҳу ваҳдат ва нақши бесобиқаи Роҳбари хирадманду муаззами кишварамон дар амалӣ шудани ин дастовардҳои миллӣ сухан мегӯянд. Бо ҳиссиёти амиқ ӯро асосгузори сулҳи деринтизору ҳомии ин марзу бум медонанд ва ҳар як ташрифашро мисли як ҷашни миллӣ пазироӣ менамоянд.

Маҳз кӯшишҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар як муддати кӯтоҳ сулҳ ба даст омад, фазои ягонагӣ эҳсос шуд ва пояҳои Ваҳдати миллӣ дар мамлакати мо уствор гардида, барои рушди Тоҷикистони азиз заминаи мусоид фароҳам омад.

Дар минтақаи Кӯлоб низ низоъҳо бартараф шуда, мардум аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо ёфт, корхонаҳои нави саноатӣ, роҳи оҳани паҳнбари Қӯрғонтеппа — Кӯлоб, роҳи мошингарди Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Қароқурум, нақбҳои «Хатлон» ва «Озодӣ», хатти интиқоли барқи «Лолазор — Хатлон», азнавсозии фурудгоҳи ҳавоии шаҳр, инчунин  даҳҳо иншооти соҳаи иҷтимоиву фарҳангӣ бо тарҳи замонавию муосир сохта шуд.

Баргузории ҷашни 2700- солагии Кӯлоби бостонӣ, ки ташаббускори он бевосита Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мерафт, имкон дод, ки симои шаҳр ба куллӣ тағйир ёбад ва он ба як шаҳри фарҳангӣ ва саноатӣ табдил гардад.

Мардум ҳангоми сар задани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб ғамхору ғамшарик будани Сарвари миллати худро боз ҳам бештар эҳсос намуд. Дар як муддати кӯтоҳ на танҳо оқибати офати табиӣ бартараф карда шуд, балки бо иқдоми Сарвари давлат ва дастгирии тамоми сокинони мамлакат маҳаллаҳои нав барои осебдидагон бунёд гардид, ки ин ҳама нишонаи таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад, ки асосгузори он худи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад.

Таҷлили 680 ва 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин дигар нобиғаҳои адабию фарҳангӣ бори дигар аз муҳаббату самимияти Роҳбари муаззами мамлакат ба таърих ва фарҳанг далолат медиҳанд.

Бешак, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раҳнамою пешбар, рӯҳбаландсозу парчамафрӯзи Ватани мо маҳсуб ёфта, тавассути ҷонфидоӣ ва ақлу заковати ватанпарастонааш Тоҷикистонро ба кишвари воҳид ва ошёни сулҳу ваҳдат табдил дода, давлату миллати тоҷикро аз гирдоби парокандагӣ наҷот бахшид ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Натиҷаи ҳамин корнамоиҳо ва сирати азалии Роҳбари муаззамамон — Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ӯ дар миёни халқи Тоҷикистону ҳазорон ҳамватанони бурунмарзӣ маъруфу маҳбуб гардид ва ҷомеаи ҷаҳон ин абармарди ваҳдатофарро ҳамчун сиёсатмадори варзида — ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ эътироф намуд.

Дар ҳақиқат, унвони расмӣ гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат рисолати таърихиест, ки асоси воқеӣ дошта, маҳсули заҳматҳои бисёрсолаи Сарвари давлат дар роҳи ба даст овардани сулҳу ваҳдат ва бунёди ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ мебошад.

Қонуни мазкур ба сифати намуна дар мактаби давлатдории навини Тоҷикистон эътироф хоҳад гашт ва месазад, ки он ба мақсади ҷонибдорӣ аз низоми давлатдории муосири миллӣ, ваҳдату сарҷамъии миллат пурра дастгирӣ карда шавад.

Боварӣ дорам, ки қабули ин Қонун ҳамовозии зиёдро дар байни қишрҳои гуногуни мамлакат пайдо намуда, барои таҳкими сулҳу субот, татбиқи бомуваффақияти ғояҳо ва роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сохтмони давлати демократӣ, озод, ҳуқуқбунёду дуниявӣ мусоидат хоҳад намуд.

РАИС: Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Шарипов Садриддин Файзиевич дода мешавад.

Садриддин ШАРИПОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат вакилон ва ҳозирини гиромиқадр!

Таърихи чандинасраи миллати тоҷик воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми онҳо дар марҳилаи худ нақши махсусеро бозидаанд.

Дар таърихи соҳибис­тиқлолии кишварамон ҷидду ҷаҳди Сарвари давлат дар соҳаи саноат ба он равона шудааст, ки бо роҳи воридоти технологияи муосир ва истифодаи бештари ашёи хоми худӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда ва рақобатпазирро таъмин намояд. Агар дар давраи аввали истиқлолият дар ҷумҳурӣ 900 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошта бошад, пас шумораи онҳо имрӯз ба 2041 адад расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат ва энергетика дар соли 2014 — ум 11,4 млд. сомониро ташкил дод, ки назар ба соли 2006 -ум 2,5 маротиба зиёд мебошад. Шахсан шоҳиди он ҳастам, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр мутахассисон ҷумҳуриро тарк карданд. Ҳама гуна робитаҳои иқтисодӣ бо дигар корхонаҳо  ва таъминот аз тариқи мутамарказ қатъ шуд, бисёр корхонаҳо аз кор монданд ва ҳаҷми истеҳсолот ба маротиб кам гардид.

Маҳз бо дастгирии бевоситаи Ҷаноби Олӣ КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик, ҶДММ «Анзоб», ҶСП «Адрасмон» ва даҳҳо корхонаҳои азими кишвар иқтидори истеҳсолии худро баланд бардоштанд. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат саноати истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ ба рушди устувор ноил гашт. Тайи солҳои охир бо роҳи андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ҶДММ «Ширкати кӯҳии саноатии Тоҷикистону Хитой», ҶДММ «Корхонаи муштараки Зарафшон» таъсис ёфтанд, ки яке аз корхонаҳои пешсафи соҳа мебошанд.

Дар корхонаҳое, ки бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ кушода шудаанд, зиёда аз даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Барои рушди ин соҳа ва зиёд намудани истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастури Сарвари давлатамон «Барномаи давлатии рушди соҳаи саноати истихроҷу коркарди тилло ва нуқра барои солҳои 2012-2016»-ро қабул намуд.

Зикр кардан зарур аст, ки бевосита бо ташаббуси Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006 — 2015» қабул шуда буд. Барои татбиқ намудани ин барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаҳои нави коркарди пахта, ба монанди «Хима — текстил», «Ресандаи Хатлон», «Тента Кӯлоб», «Олим текстайл» ва дигар корхонаҳо ба истифода дода шуда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд.

Барномаи рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ барои давраи то соли 2015 имконият дод, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ба маротиб зиёд шавад. Аз ҷумла ба кор андохтани корхонаи «Хуаксин Ғаюр Семент» имконият дод, ки талаботи дохилиро бо семент таъмин намояд. Тибқи нақшаҳо боз се корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти истеҳсолшударо ба содирот мебарорад.

Барои ҳалли норасоии гази табиӣ ва барои кори мунтазами корхонаҳо, тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳамаи корхонаҳои саноатӣ ба истифодабарии ангишт гузаштанд, ки дар натиҷаи он соҳаи истихроҷи ангишт рушд ёфт. Соли 2015 зиёда аз 1,0 млн. тонна ангишт истеҳсол мешавад, ки назар ба истихроҷи ангишт аз давраи шӯравӣ зиёд мебошад.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат ба мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди баробари минтақаҳои кишвар чор минтақаи озоди иқтисодӣ — «Суғд», «Панҷ», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шуд. То имрӯз дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар 61 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудаанд. Аз миқдори умумии субъектҳои бақайдгирифташуда айни замон 14 ширкат фаъолияти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва фаъолияти содиротию воридотиро ба роҳ мондаанд, ширкатҳои боқимонда ба корҳои сохтмонӣ, ворид намудани таҷҳизот машғуланд.

Масъалаи бо ҳам васл намудани минтақаҳои Тоҷикистон дар ҳама фаслҳои сол ҳамчун масъалаи ҳастии миллати воҳид, Роҳбари хирадманди мамлакатро азият медод. Маҳз ба ҳамин хотир яке аз ҳадафҳои стратегӣ ин баровардани кишварамон аз бунбасти коммуникатсионӣ эълон гашт. Ибораи Сарвари давлатамон ҳангоми дубора оғоз ёфтани корҳои сохтмонии нақби «Анзоб»: «агар маблағ наёбам, бо нохунҳоям барои миллатам нақби «Анзоб»-ро меканам» як сухани одӣ набуда, бори вазнини ҳастӣ ва наҷоти миллатро ба дӯши худ гузоштани Роҳбари давлат мебошад. Бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Мурғоб — Кулма, Шоҳон – Зиғар, Душанбе- Қӯрғонтеппа — Данғара – Кӯлоб, Дӯстӣ- Панҷи поён, Душанбе – Чанак — сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе — сарҳади Қирғизистон, Душанбе – Турсунзода, Айнӣ – Панҷакент ва ғайраҳо таҷдид ва аз нав барқарор карда шудаанд.

Нақбҳои мошингарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Озодӣ» пайи ҳам сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҷиҳати комилан раҳоӣ ёфтани кишвар аз бунбасти  коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 36 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 1,44 млд. доллари ИМА амалӣ карда шудаанд, ки дар натиҷа 1930,2 км роҳҳои автомобилгард сохтмону таҷдид ва барқарорсозӣ  карда шуда, 240 адад пул, аз ҷумла шаш адад пули аҳамияти байналмилалидошта аз болои дарёи Панҷ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 31,0 км нақб, 3,4 км долонҳои зиддитармавӣ, 132 км хати роҳи оҳан, ҳафт адад терминали хизматрасонии нақлиёти байналмилалии автомобилӣ, як адад терминали замонавӣ дар фурудгоҳи байналмилалӣ сохта, ба  истифода дода шуданд.

Нукоти зикргардида шаҳодати таҷрибаи бойи давлатдории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон буда, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар заминаҳои бузурге пайдо намудааст.

Аз ин рӯ, ояндаи кишвари азизамонро ба номи ин шахси бузург алоқаманд намуда, аз ҳамаи вакилон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоянд.

РАИС: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ дода мешавад.

ҚАЛАНДАРЗОДА Мавлуда Сатторӣ: — Муҳтарам Раис, Раёсат,              вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Оид ба меъёрҳои лоиҳаи Конуни мазкур, асосҳои ҳуқуқиву аҳамияти қабули он ва хидматҳои созандаву бунёдкоронаи Сарвари давлат дар рушди ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа андешаҳои вакилон баён гардиданд.

Ман мехостам, оид ба мавқеи хоси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии мамлакат, бахусус марбут ба таҳияи ғояҳои ҳуқуқи миллӣ ва қабули қонунҳои миллӣ, сухан гӯям.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона барои ободии Ватану беҳбудии зиндагонии мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ  шинохта шудани ин марди хирадро ҳар як сокини кишвар ва ҷаҳониён эътироф намудаанд, ки ба андешаи ман, барои такрору исбот намудани онҳо зарурат нест, зеро тавре халқ мегӯяд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».

Баъд аз таъмини сулҳу субот, расидан ба ваҳдати миллӣ Сарвари давлат, ба ғайр аз мувофиқгардонии сохтори давлатӣ,  сиёсӣ, иқтисодӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ба шароити нави идоракунӣ, ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии аҳолиро вазифаи аввалиндараҷа шуморида, бобати расидан ба ин ҳадафҳо такмил додани низоми ҳуқуқии мамлакатро муҳим арзёбӣ намуд.

Агар ба таърихи сиёсати ҳуқуқии кишвар аз дидаи дақиқ назар афканем, дармеёбем, ки дар низоми қонунгузории миллӣ Роҳбари давлат ҳамчун субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо дарки шароити вазнини аҳолӣ, вазъи иқтисодии кишвар зарур будани қабули санадҳое, ки ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ҷомеаро танзим менамоянд, ду қонунеро таҳия ва барои омӯзиши умум манзур намуд, ки мазмуну муҳтавои онҳо хусусиятҳои миллӣ дошта, ба имрӯзу фардои миллат нигаронида шуда, яке аз воситаҳои тарбияи мардум дар рӯҳияи нави ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй, эҳёгардониву эҳтироми суннатҳои аҷдодӣ, инсонпарварӣ, шикастани қолабҳои исрофкорӣ, зоҳирпарастиву худнамоӣ, покиза нигоҳ доштани расму суннатҳои диниро аз хурофотпарастӣ фаро мегиранд.

Инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз моҳи июни соли 2007) ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  (соли 2011) мебошанд, ки бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои мардуми кишвар  такмил ва қабул шудаанд.

Ҳадафи қабули ин санадҳои ҳуқуқӣ, қабл аз ҳама, бобати ислоҳоти маънавияту афкори мардум ва бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ дар доираи муайян нигоҳ доштани расму оину анъанаҳои мардумӣ равона гардида,  дар ниҳоят барои беҳтар намудани вазъи зиндагонии мардум, коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ, тарбияи насли солиму боодобу фозил, худшиносу ватандӯст,  фоидаовар мебошад.

Мақсади ман аз махсус зикр намудани ин қонунҳо дар он буд, ки тавре ба ҳамагон маълум аст, дар амалияи қонунэҷодкунӣ қонунҳо одатан бо дарназардошти омӯзиши таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафтаи дунё  ё дар такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида таҳия карда мешаванд.

Қонунҳои номбурда бошанд, яке аз дастовардҳои нодири Роҳбари давлати тоҷикон дар самти таҳияи ҳуқуқи миллӣ буда, моҳияти тақдирсози онҳо ба манфиатҳои миллӣ, устувориву пойдории ҷомеа равона гардидааст, ки имрӯз кишварҳои дигар ба омӯзиши ин санади миллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд.

Раванди ташаккулёбии ягон давлати муосирро бе фаъолияти босамари мақомоти судӣ, ки асоси таъминкунандаи адолати иҷтимоӣ мебошад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Ин нуктаҳо аз суханони Президенти ҷумҳурӣ оварда шуданд.

Азбаски солҳои тӯлонӣ дар сохтори судӣ фаъолият доштам, дар бораи  саҳми беандозаи Сарвари давлат дар рушди ҳокимияти судӣ чанд сухан гуфтанӣ ҳастам.  Ин марди фозил бобати таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, барқарорсозии адлу адолат дар ҷомеа ҳанӯз соли 2006 дар бораи зарурати гузаронидани ислоҳоти судӣ дар мамлакат масъалагузорӣ намуда буд. Дар ин раванд бо Фармони  Президенти кишвар ҷиҳати таҳкиму тавсеа бахшидан ба соҳа се Барномаи мукаммали ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ тасдиқ гардид.

Дар натиҷа, ба сохтори судӣ тағйироти ҷиддӣ ворид гардида, дар фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ бори аввал баррасӣ намудани тамоми масъалаҳое, ки  ба маҳдудкунии ҳуқуқи конститутсионии инсон рабт доранд,  ба салоҳияти судҳо вогузор карда шуд, ки ин омилҳо кафолати арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро таъмин менамоянд.

Бо мақсади  ташаккули низоми судии кишвар, баланд бардоштани мақоми ҳокимияти судӣ дар ҷомеа ва ба сатҳи байналмилалӣ баровардани он идома додани ислоҳоти судиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд.

Дар фарҷоми сухан илова карданиам, ки ҳамагон шоҳидем ва бояд эътироф намоем, ки  солҳои зиёд аст мардум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пешвои миллат, Доҳии миллат, Подшоҳи Тоҷикистон ном мебаранд.  Имрӯз мо — вакилон дархости интихобкунандагонро ба иҷро расонида, ба талаботи мардум заминаи ҳуқуқӣ мегузорем. Аслан ин Қонун на ба хотири шахсиятпарастӣ, балки ба хотири ҳифз намудани дастовардҳои даврони истиқлолият, чун сулҳу ваҳдати миллӣ, суботу осоиштагӣ, низоми давлатдории мустақил, рушди бомароми иҷтимоиёту иқтисодиёти кишвар, ки халқи тоҷик бо саъю кӯшишҳо ва заҳматҳои Пешвои худ ба даст овардааст ва бо мақсади идома додани рушду субот, амнияту ҷовидонии сохти давлатдорӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои сокинони мамлакат таҳия карда шудааст.

Вакилони гиромӣ!

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир дода мешавад.

Маҷидзода Ҷӯрахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии мо яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар саҳифаҳои таърих бо рангҳои заррин навишта хоҳад шуд, қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» пешниҳод шудааст. Бо дарки масъулият ва итминони комил мегӯям, ки иқдоми мазкур хеле муҳим ва саривақтӣ буда, амалӣ намудани ин иқдом дар навбати аввал барои тоҷику тоҷикистониён хеле муҳим аст.

Ногуфта пайдост, ки Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки саропо ҳамчун роҳбар, роҳнамо ва ҳамрадиф бо рушди Тоҷикистон шахсияташ такомул ёфт ва кайҳост, ки халқи баору номуси Тоҷикистон он касро Пешвои миллат эътироф намудаанд. Ин эътироф баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар дилу дидаи мардум ҳамчун воқеият ҷо гирифт ва имрӯз мо- вакилон эътирофи халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ дар доираи қонуни миллӣ қабул карда истодаем.

Ёдрас менамоем, ки оғоз ва бунёди давлатдории Тоҷикистон бо сарварии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигари давлатдорӣ рост омада буд. Ба бахти тоҷику тоҷикистониён муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарфи назар аз ҷавонии худ дар ҷодаи сиёсат аз ин ҳодисаву воқеаҳо аз душвортарин шароиту вазъият бо сарбаландӣ берун омад ва ба ин васила, ягонагӣ ва тамомияти давлату  миллатро ҳифз кард.

Дар сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат таҳким бахшидани иқтидори низомию мудофиавии кишвар иқдомоти зиёде амалӣ шудаву шуда истодаанд. Агар гӯем, ки давоми давлатдории Эмомалӣ Раҳмон тамоми аҳдофи созандааш дар заминаи нияти нек ва азми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои халқи азизамон, бехатарӣ ва амнияти афкори ҷомеа татбиқи худро ёфтанд, муболиға нахоҳад буд.

Пешвои миллат аз нигоҳи фазилатҳои шахсӣ, амал ва мақом ҳамбастагиҳои зиёде ба ҳам доранд ва дар шароити бағоят сангин ва тақдирсози таърихи миллати хеш ба сари қудрат меояд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ замоне ба сари қудрат омад, ки Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор буд ва кишвари моро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба парокандагиву гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯ ба рӯ буд. Дар ин вазъи нобасомон табиист, ки қуввае лозим буд, ки пеши роҳи гурӯҳҳои мухолифинро, ки якпорчагии давлат ва миллат ба онҳо заррае арзиш надошт, гирад ва ин зарурат аз тарафи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкили қувваҳои мусаллаҳро пеш овард, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамчун сохтори алоҳида тамоман фаъолият намекард, аксарияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бетарафиро ихтиёр намуда буданд.

Ман бо як эҳтироми хос гуфта метавонам, ки яке аз шохаҳои поягузори нишони давлатдории тоҷикон, ки ин ҳам бошад, сохторҳои низомӣ ва қудратӣ ба шумор мераванд. Аз нав барпокунандаи ин сохторҳо аз лиҳози касбӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш, Раиси Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Тоҷикистон ягона кишваре дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ки ҳеҷ меросе аз артиши он давлати абарқудрат насибаш нашуд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки таъсиси Артиши миллӣ дар Тоҷикистон бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон дар як ҷойи холӣ аз сифр шурӯъ шуд ва дар як мудати кӯтоҳ (23 феврали соли 1993) Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Халқи тоҷик фоҷиаи сахти миллиро аз сар гузаронид, ҷанги бемаънии бародаркуше, ки дар Тоҷикистон бо «фаъолият»-и ифротгароёни дохилӣ ва дахолати неруҳои иртиҷоии хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ба ҷуз талафоти андӯҳовари ҷонӣ ва молӣ ба кишвари азияткашидаи мо дигар чизеро ба бор наовард.

Хисороти моддиро бо заҳмати афзуни чандинсола барқарор кардан имконпазир бошад ҳам, дарду доғи бохтҳои ҷонӣ ҳаргиз аз дили миллат фаромӯш намешавад. Дар ҳолати ногувори тақдирсоз ба мисли Эмомалӣ Раҳмон роҳбари хирадманду тавоно ва ташкилотчии забардасте лозим буд, ки ҷангҳои хонаводагиро барҳам занад, дар мамлакат фазои осоиштаи сиёсӣ ба вуҷуд орад, дар байни аҳли ҷомеа сулҳу суботро барқарор созад ва халқро дар атрофи давлати навбунёд муттаҳид намуда, Ватани азизро ободу осуда намояд.

Таърихи беш аз бистучорсолаи Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷомеаро дар иҷрои вазифаҳои бузург раҳнамоӣ кунад ва мардум ҳам бо камоли ирода сарвари худро пайравӣ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон худ дурахшонтарин шахсиятест, ки ин рисолати муқаддаси ормонӣ дар саропои фитраташ бо шукӯҳи тамом таҷаллӣ гардидааст, нахустин тоҷике аст, ки дар маснади олии роҳбарӣ, кишвари моро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ кард ва ба рағми тоҷикситезиҳои дохиливу хориҷӣ бо камоли ҷасорат Тоҷикистонро бо он ҳама сармояҳои бузурги фарҳангӣ ва тавонмандиҳои кунуниаш дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона дар саросари дунё аз мақоми арҷманде бархӯрдор намуд.

Эътирофи падидаи Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба хотири қадршиносии хидматҳои он кас мебошад, ки дар як давраи таърих ба миллати худ, кишвари худ нақши сарнавиштсоз доштанд ё доранд, ин эътироф низ ба хотири он аст, ки Пешвои миллат омили муттаҳидсозанда ва пешбаранда мебошад.

Бинобар ин, ба ҳар як вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим меояд, ки баъди қабули қонуни мазкур мо бояд, ҳар як нукта, мазмуну муҳтавои қонунро ба интихобкунандагон, ба халқи азизамон расонида, ба мафкураи ҳар яки онҳо ҳисси ватандӯстӣ, мардонагӣ ва шуҷоати Пешвои миллатро ҷо намоем.

Дар шароити кунунӣ зарур ва ногузир аст, ки ҳар яки мо дар тарғиби Ваҳдати миллӣ ва саҳми меъмори он Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш фаъол ва ҷасуру ҷонфидо бошем.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Шарофиддинова Мавзуна Шамсиддиновна дода мешавад.

Мавзуна ШАРОФИДДИНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат  ва вакилони гиромӣ!

Мусаллам аст, ки мақому манзалати Зан — Модар ҳамчун мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон басо бузург мебошад.

Таърих гувоҳ аст, ки модари тоҷик дар тӯли асрҳои дароз ба инсоният ҳазорон алломаву нобиғаҳоро додааст, сиёсатмадорону давлатдорони бузург, паҳлавонону қаҳрамонони миллатро дар домани покаш парваридааст, аммо холисона бояд гуфт, ки нафаре аз сиёсатмадорону давлатдорони дунё ба мисли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақому манзалати Зан — Модар то ба ин сатҳи баланд арҷ нагузоштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ проблемаи баланд бардоштани мавқеи занро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин, ба як рукни таркибии сиёсати давлатдорӣ бардошт.

Аз он лиҳоз, ки бори гарони талафоту маҳрумиятҳои замони пурошӯби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, пеш аз ҳама, ба дӯши нозуки занону модарон афтида буд, 25 ҳазор занон аз шавҳарони хеш маҳрумгашта, 55 ҳазор тифлон ятиммонда ва ҳазорон нафар занону модарони фирорӣ, ҳазорон нафар духтарони аз таълиму тадрис ва касбу ҳунаромӯзӣ маҳрумгашта  ба ғамхориву пуштибонии Давлату Ҳукумат ниёз доштанд.

Аз ҷониби дигар, ҳанӯз аз қадамҳои аввалини давлатдории худ ба неруи бузургу офарандаи занон такя намудани Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он хотир буд, ки Зан — Модар чун тарбияткунандаи авлоди башар ҳаёт ва неъматҳои бузурги он — озодӣ, сулҳу оромӣ ва ободию осудагиро бештар қадр мекунад. Занон неруи созанда ва пешбарандаи ҷомеа ҳастанд.

Гузашти вақт собит намуд, ки ҳақ бар ҷониби Ҷаноби Олӣ аст.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳар яки шумо хуб медонед ва огаҳӣ доред, ки Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ки сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқатро аз ҳисоби занон куллан дигаргун сохт, дар чӣ гуна шароит, бо вуҷуди зиддияту пофишориҳои зиёд қабул гардида буд ва амалӣ карда шуд.

Дар ин раванд, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007- 2016» қабул гардид, ки  амалигашти он ба афзоиши шумораи занону духтарон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият мусоидат намуд.

Дар маҷмӯъ, дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул карда, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид, ки татбиқи ин санадҳо барои беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занону бонувон дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам овардаанд.

Маҳз бо саъю эҳтимоми Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, пеш аз ҳама, аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон, ибтидо аз соли 1997 квотаи президентӣ ҷорӣ карда шуд, ки бо истифода аз ин имтиёз зиёда аз 6 ҳазор ҷавондухтарон соҳиби маълумоти олии касбӣ гардида, алҳол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ бомуваффақият кору фаъолият карда истодаанд.

Боиси сарфарозии занони тоҷик аст, ки  имрӯз намояндагии занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият фаъолият доранд.

Иқдоми дигари шоиставу наҷиби Сарвари давлат дар ҷодаи арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан — Модар таҷлили Рӯзи Модар аст, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун ҷашни умумимиллӣ ва идомаи анъанаҳои ниёгон, аз соли 2009 инҷониб, бо асолат ва муҳтавои азалиаш ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамзамон бо пешниҳоди Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо дарназардошти ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб ёфтани оила ва дар навбати худ аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан- модар вобаста будани ободии ҳар як хонадон «Соли оила» эълон гардидани соли 2015 аҳли ҷомеаро ба тақвиятбахшии фаъолият дар самтҳо масъул сохт, дар зеҳну тафаккури мардум  таҳаввулоти некро эҷод намуд.

Ҳамин тавр, дар партави сиёсати оқилона ва дастуру ҳидоятҳои воқеан ҳам хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон пайваста ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.

Мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла занону модарони тоҷик, тасмими неки бо унвони Пешвои миллат сарфароз гардонидани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки Пешвои асили худ дар қарни ХХI меҳисобанд, куллан ҷонибдор ҳастанд. Итминони комил доранд, ки санади марбута аз ҷониби мо — вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи шоиста баррасиву қабул мегардад.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муртазоқулов Ҷамшед Сайдалиевич дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини муҳтарам!

Имрӯз, дарвоқеъ, барои ман ҳамчун як шаҳрванд ва вакили мардумӣ боиси ифтихормандист, ки дар кушодани саҳифаи дигаре пур аз таъриху тамаддунофарии миллӣ – баррасии лоиҳаи санади миллӣ баҳри эҳтиромгузорӣ ва посдории заҳматҳои шабонарӯзии дар асл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат ҳузур дорам.

Аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурда, меҳоҳам нақши бунёдии Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмонро дар ду масъалаи ба якдигар вобаста баён  намоям:

Якум, қабули шиносномаи ҳуқуқии миллат – Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Дуюм, ислоҳоти конститутсионӣ ва таъсиси бинои ҳуқуқии давлати навини тоҷикон, ҳарф занам.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ қабул гашт, роҳи миллати тоҷикро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян кард. Маҳз ҳамин роҳи таърихӣ буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақили ба сӯи тамаддуни демократӣ рӯоварда эътироф ва қабул кард. Бе ягон шубҳа, дар сарҳади ин шоҳроҳи азим, ҳамчун таҳиягар ва созанда Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон истода буданд. Танҳо ҳамин хизмати Ҷаноби Олӣ кифоя аст, ки Ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷик эълон ва қабул намоем.

Хизмати таърихии Роҳбари давлат дар самти ислоҳоти конститутсионӣ ва таҳияи заминаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон беназир аст.

Имрӯз дар ин низоми мустақили ҳуқуқии мамлакат дар заминаи  Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 14 қонуни авф, 18 қонуни буҷет, 17 санадҳои ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, чор санади ҳамкории иқтисодии АвруОсиё, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 313 қонунҳои соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарорҳои Ҳукумат қабул гардидааст. Дар ин миён се кодекс ва 61 санадҳои меъёрии дигар вазифаҳои давравии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шудаанд. Қабули чунин теъдод санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар як муддати кӯтоҳи таърихии даврони истиқлолият кори осон набуд.  Сухан дар бораи ташаккули низоми ҳуқуқии давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ меравад, ки давлатҳои классикӣ ва мутамаддин таи садсолаҳо тарҳрезӣ кардаанд. Аммо таърих барои мо фурсати кам дода буд.

Албатта, дар саргаҳи ташаккули ин ҳама Роҳбари давлати Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон меистод. Аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ, ки ба санади меъёрӣ имзои Роҳбари давлат гузошта мешавад, бешак, Сарвари давлат тарҳрезандаи ин низоми ҳуқуқист. Мушоҳидаҳо ва муҳокимаҳо собит менамояд, ки таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ кам набуда, ҳар эроду нукта ва пешниҳоди кардаи Роҳбари давлат ба такмили санадҳои ҳуқуқӣ мусоидат мекарданд.

Илова бар он, дар аксар санадҳои тақдирсоз Президенти мамлакат на танҳо ба ҳайси Роҳбари давлат имзо кардаанд, балки дар зарурати қабул ва таҳияи онҳо, беҳтар шудани маъниву мазмуни онҳо нақши босазо бозидаанд.

Бар замми ин ҳама, Президенти мамлакат бо қабули  қонунҳои миллӣ, ки назири худро дар таҷрибаи қонунгузории навин надошт, низоми ҳуқуқиро табиати миллӣ бахшиданд ва он на танҳо ифтихори қонунгузории давлати мост, инчунин манбаи сабақомӯзии кишварҳои мутамаддин гардидааст.

Қабули барномаҳои рушди минтақаҳои алоҳидаи ҷумҳурӣ боиси дастгирӣ аз сиёсати созандаи Роҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Хушбахтона, стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016 -2020 ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 725 аз 26 ноябри соли 2015 тасдиқ шудааст, ки аз фурсати муносиб  истифода бурда, миннатдории мардуми онро ба Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам.

Бо назардошти ин ҳама, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур дар эҳтиром ба ифодаи иродаи халқ зоҳир ёфта, қадршиносӣ аз заҳмати созанда ва бунёдкоронаи фарзанди Қаҳрамони миллат аст, ки ҳар як вакил, фикр мекунам, бо озодии виҷдон ва масъулият дар назди имрӯзу фардои  миллат бояд аз он дастгирӣ намояд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исматуллоев Дилшод Абдуғаффорович дода мешавад.

Дилшод ИСМАТУЛЛОЕВ: — Муҳтарам Раис! Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Мо дар остонаи рӯйдоди муҳими таърихи навини Ватани азизамон – Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон қарор дорем ва чун имрӯз лоиҳаи қонунеро баррасӣ карда истодаем, ки ба хотири арҷгузорӣ ба корҳои созандаи шахси барҷаставу сарнавиштсози миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия шудааст, ҳамаи мо дар хотираи таърих нақши фаромӯшнашаванда хоҳем гузошт.

Шахсан барои ман мояи ифтихор аст, ки имрӯз имконият дорам ба таври мухтасар ҳам бошад, оид ба корҳои анҷомдодаи ин нобиғаи замон дар самти сиёсати кор бо ҷавонон суханронӣ намоям.

Сарфи назар аз он носозгориҳои иқтисодӣ, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро фаро гирифта буданд, Ҷаноби  Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба мушкилоти ҷавонон, бахусус беҳсозии таълиму тарбия,  омӯзиши касбу ҳунар ва ташкили ҷойҳои корӣ аҳамияти хоса дода, ин самти сиёсати давлатиро афзалиятнок эълон карда буданд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ як қатор дурнамову барномаҳои соҳавӣ татбиқ гашта истодаанд. Ин тадбирҳои хирадмандона имконият фароҳам оварданд, ки ба хотири дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонон як силсила имтиёзҳо, аз қабили квотаҳои президентӣ, стипендияи президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва ғайра мунтазам амалӣ карда шаванд.

Чуноне маълум аст, аз соли 1997 барои духтарон ва аз соли 2005 барои ҷавонписарони минтақаҳои дурдасти кӯҳистон квотаи президентӣ муқаррар шудааст ва бо дарназардошти зарурат дар солҳои минбаъда миқдори квотаи президентӣ дар як сол аз 200 ба 1200 нафар расонида шуд.

Сарвари давлат ба масъалаи кӯдакону наврасони ятиму бепарастор муносибати ғамхоронаи падарӣ доранд.

Ҷаноби Олӣ ба масъалаи тарбияи ҷисмонии ҷавонон аҳамияти шоиста медиҳанд. Дар як давраи кӯтоҳ бо дастуру супоришҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат зиёда аз 2400 толору майдончаҳои варзишӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Инчунин бо мақсади ҳавасманд намудани ғолибони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки барои ба мансабҳои гуногуни хизмати давлатӣ ҷалб намудани кадрҳои ҷавон, бо дарназардошти сатҳи омодагии касбӣ, қобилияти ташкилотчигӣ, забондонӣ ва мувофиқати донишу маҳорати онҳо ба талаботи бозор бо дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ барномаҳои махсуси давлатӣ қабул карда шуда, ҷиҳати амалӣ намудани онҳо чораҳои мушаххас андешида шудаанд.

Мо ҳама аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем. Ҳанӯз 7–8 сол муқаддам Ҷаноби Олӣ фармуда буданд, ки таҳсили ҷавонон дар мактабҳои динии хориҷи кишвар, ки баъзан дар либоси ислом террористону ифротгароёни мазҳабиро омода месозанд, бознигарӣ шавад. Ин амр боис шуд, ки таваҷҷуҳи масъулон ба яке аз масъалаҳои муҳими амнияти давлат нигаронида шуда, пеши роҳи афзоиши ифротгароёни динӣ гирифта шавад.

Суханони пуртаъсири Сарвари давлат дар вохӯрӣ бо ҷавонони кишвар дар мавриди номгузории миллӣ ба фарзандон яке аз он нуктаҳои хирадмандона мебошад, ки ҷавононро дар рӯҳияи хештаншиносии миллӣ тарбия мекунанд.

Сарвари кишвар пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд мояи ифтихор ва сарбаландии миллат буда, маҳз онҳо қудрат доранд пешбарандаи илму фарҳанги миллати хеш бошанд.

Ин ҳама қатрае аз баҳри корҳои хайрандеши анҷомдодаи Сарвари давлат барои рушди Ватани маҳбуби хеш мебошад. Боварии комил дорам, ки Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзандаи Пешвои миллат будан аст.

Аз ин хотир, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба дастгирии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат» овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Давлатов Муродулло Исматович дода мешавад.

Муродулло ДАВЛАТОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Чун масъала дар атрофи  муҳокима ва баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» доир аст, банда пешниҳоди қабули онро бо далелҳои зерин мусбат арзёбӣ менамоям.

Воқеан ва ҳақиқатан, аз рӯи инсоф ва адолат Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳастанд.  Пас ниёз ба қонунӣ кардани ин мақом барои чӣ аст? Ба ин суол метавон чунин ҷавоб гуфт: шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, ки зотан ва моҳиятан таҷассуми манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои олии давлатдорӣ мебошанд, худ ба манфиат ва арзиши миллӣ  табдил ёфтаанд. Танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки дар атрофи ин шахсият ҳамчун манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ташаккул меёбанд, танзими муайяни ҳуқуқиро тақозо менамоянд ва аз ин ҷиҳат бояд мавзӯи қонуни махсус қарор гиранд. Маншаи ин гуна манфиатҳо аз куҷо бармеоянд? Яъне, бо кадом далелҳо?

Ҳама медонем, ки  баъди эълони расмии истиқлолияти давлатӣ бинобар пойдевори қавии миллӣ – фарҳангӣ ва решаҳои анъанавӣ – таърихӣ надоштани Давлати Шӯравии  Тоҷикистон, дар кишвар бо суиистифода аз холигоҳи сиёсӣ ва фарҳангӣ ҳар гуна гароишоти  носолими идеологӣ, ҷунбишҳо  ва ҳаракатҳои  зиддимиллӣ ва зиддиистиқлолӣ  оғоз шуданд.  Мақсади ягона ва ниҳоии ин ҷунбишҳо ва ҳаракатҳо бо роҳбарии пешвоёни дурӯғини бегонапарасти онҳо аз амалӣ сохтани андешаҳои ботил, лоиҳаҳои динӣ – сиёсии давлатҳои  манфиатдор ҷиҳати бунёди давлати  теократӣ – экстремистӣ иборат буд.

Ҳамин тариқ, хавфи ба дасти бегонагон расидани тақдири миллати тоҷик, ба балои мудҳиши экстремизм ва терроризм дучор гаштани он ба вуҷуд омад. Таъкид кардан бамаврид аст, ки тибқи нақшаҳои беруна, бояд сохтори динӣ – сиёсии экстремистие монанд ба  «ДИИШ»-и имрӯза  дар шакли «Дотиф» (Давлати Исломӣ дар Тоҷикистон ва Фарғона) дар минтақаи Осиёи Марказӣ рӯи кор оварда мешуд. Бояд дар назар дошт, ки  чунин тарҳҳо ҳанӯз ҳам боқӣ мондаанд.

Дар чунин вазъияти фавқулодаи он вақт дар аксари манотиқи мамлакат вокуниш ва муқовимати шадиди мардумӣ, ҳаракати  миллӣ – озодихоҳӣ аз дахолати бегонагон, ҷунбиши миллӣ – давлатдорӣ барои барқарор сохтани истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлату миллат ба миён омаданд.  Ин қиёми мардумиро пешвои маънавӣ ва роҳбари бузурги сиёсии миллат – Эмомалӣ Раҳмон сарварӣ мекард.

Ӯ дар ин масир бо қарор додани ҳаракати миллӣ — давлатдорӣ бар асли дунявият, яъне олӣ ва воло ҳисобидани арзишҳои миллӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва озодиҳои динию эътиқодӣ ва инчунин дурӣ ва безорӣ ҷустан аз ҳар гуна тафриқаҳо ва ҳизббозиҳои сиёсии  динӣ – фирқавӣ, андешаҳои бидъатии теократӣ ва бо  интихоби роҳи дурусти бунёди давлатдории мутамаддини муосир кишвари азизамонро аз буҳрони амиқи сиёсӣ ва маънавӣ берун овард ва Тоҷикистонро ба як давлати мустақил ва пешраванда табдил  дод.

Аз ин нуктаи назар, Пешвои миллат барои мусулмонони кишвар, ваҳдати динии мардум, ба сулҳу оштӣ овардани онҳо ва аз байн бурдани тафриқабозиҳои сиёсии динӣ, фитнаҳо ва дасисаҳои аҳриманӣ низ хидмати бузург карда, ислом ва  диндории ҳақиқиро барқарор сохтанд. Бо ин кор  Пешвои миллат ба мусалмонони кишвар ва тамоми олами ислом хотиррасон намудаанд, ки тибқи Қуръони маҷид (сураи Бақара, ояти 208) сулҳу ваҳдат дар миёни онҳо воҷиб дониста мешавад ва онҳоро зарур аст, ки дину диндориро дар хидмати сулҳу ваҳдати муъминон ва тамоми инсоният қарор диҳанд. Ҳамин аст, ки Қуръони маҷид дар ояти зикршуда фармудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед, дар сулҳ ва оштӣ дароед ва аз гомҳою дасисаҳои шайтонӣ пайравӣ накунед, ки ӯ душмани ошкор барои шумост». Тасдиқи амали ин оят ба сулҳу ваҳдати динӣ ва миллӣ овардани мусалмонони кишвар аз ҷониби Пешвои миллат -  Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Аз ин ҷиҳат, барои мо, аз лиҳози маъно, мафҳуми  сулҳу ваҳдати миллӣ бо мафҳумҳои эҳёи миллӣ ва бунёди давлатдории дунявӣ ва ҳамчунин бо ваҳдати динии мусалмонон ва ҳамаи диндорони кишвар қарин ва муродиф мебошанд.

Барои мо давлатдории дунявӣ инчунин маънои озодии дину диндорӣ аз равандҳо ва ҳаракатҳои ифротгароро  дорад.

Шукри неъмати Худованд, ки бо барқарор гаштани давлатдории миллӣ — дунявӣ алҳол дар кишвар зиёда аз 4000 масҷид, аз ҷумла 372 масҷиди ҷомеъ ва инчунин ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва ибодатгоҳҳою ташкилотҳои динҳои ғайриисломӣ озодона ва таҳаммулпазирона фаъолият менамоянду парастиши Худовандро ба ҷо меоранд.

Мардуми диндори кишвар  сулҳу ваҳдати миллиро ҳамчун  фазлу раҳмати Худованд, ки бо шарофати Пешвои миллат насибашон гаштааст, қадрдонӣ ва шукргузорӣ карда, дар ҳаққи ӯ ҳамчун роҳбари озодибахш ба дину эътиқод, хидматгузор дар ҷодаи эҳёи арзишҳои ахлоқӣ ва тамаддунсози динӣ, аз ҷумла саҳми бузург ва бевоситаи ӯ дар тарҷума ва чопи китоби муқаддас – Қуръони маҷид ва осори зиёди таърихии мутафаккирон, уламо ва фуқаҳои гузаштагони миллат ба забони тоҷикӣ, алалхусус мероси фақеҳ ва мутакаллими бузурги тоҷик  Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ва дар робита ба ин баргузории  Симпозиуми байналмилалии илмӣ (Душанбе, моҳи октябри соли 2009) ба хотири бузургдошти 1310 — солагии ин шахсияти миллӣ ва эътирофи умумиисломӣ пайдо кардани саҳми тоҷикон дар илм ва фарҳанги исломӣ ва ҳамчунин таъсис дода шудани муассисаҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ – диншиносӣ дар ин соҳа ва густариш бахшидан ба робитаҳои динӣ — фарҳангии Тоҷикистон бо дигар халқҳо ва давлатҳо  ҳамеша даст ба дуои неканд.

Зимнан қобили ёдоварист, ки дар ҷаҳон теъдоди пайравони дини мубини ислом беш аз як миллиардро ташкил медиҳад, ки дар байни 500 нафар шахсиятҳои маъруф ва бонуфузи олами ислом, бо эътирофи созмонҳои муътабари исломии байналмилалӣ, дар ҷои намоён қарор дода шудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои динӣ аз некномии баланди ӯ шаҳодат медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон Имоми барҳаққи муъминони кишвари Тоҷикистон низ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон зодаи миллат, бунёдгузори давлати миллӣ ва ҳомии дин ва озодии эътиқод, кафили таҳаммулпазирӣ дар байни  пайравони диёнатҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аст.

Барои ҳамин ба мо воҷиб аст, ки ӯро ҳамчун пешвои ҳақиқии миллат, имоми муъминин ва муътақидин дар кишвар  бишносем ва кори ӯро дар рушди худшиносии маънавӣ ва давлатдории миллӣ  намунаи зиндагӣ қарор диҳем.

Вакилони муҳтарам, аз шумо хоҳиш мекунем, ки  ба камоли ихлос ба ҷонибдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат» овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат Сабурзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Дар таърихи навини давлатдории халқияту миллатҳо дар замони муосир сулҳи тоҷикон ҷой ва мавқеи худро дорад. Он дар саҳифаи таърих низ ба таври хоса сабт ва баҳогузорӣ мешавад. Хусусияти аз ҳама муҳиму асосӣ он аст, ки мо тавонистем дар як давраи хеле кӯтоҳ сулҳро ба даст орем. Ҳарчанд он душвор ва ба андешаи баъзе тангназарон амре менамуд иҷроношуданӣ.

Аммо ин амри хайр бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Президенти кишвар амалӣ шуд ва маълум аст, ки хишти аввалро дар эъмори бинои сулҳу Ваҳдати миллӣ маҳз Сарвари тозаинтихоби давлати тоҷикон — Эмомалӣ Раҳмон гузоштааст.

Аз рӯзҳои нахустини Сарвари давлат интихоб шудан баҳри татбиқи ин маром, яъне ба эътидол овардани вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ кӯшиши зиёд намуд. Ин мақсад дар сатҳи мақомоти давлатӣ амалӣ мегардид. Баргардонидани гурезаҳо ба Ватан аз вазифаҳои муҳимтарин буд, ки дар он вазъияти мураккабу вазнин мебоист амалӣ мешуд.

Муроҷиатномаи Сарвари давлат, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба фирориён дилгармӣ ва эътимод ба ояндаи некро бахшид. Ин муроҷиат аз меҳру муҳаббати Сарвари давлат ба мардуми худ, сарзамини аҷдодӣ дарак медод, ки ҳамагонро ба сарҷамъиву Ваҳдати миллӣ талқин мекард. Дар Муроҷиатномаи Сарвари давлат чунин суханони самимӣ омада буданд: «Моҳҳост, ки гуфтушунидҳои самарабахш бо неруҳои гароишҳои мухталифи сиёсӣ ҷорист ва мо азми қавӣ дорем, ки ҷиҳати тафоҳуми комили ҳама фарзандони модари тоҷик онро давом диҳем. Бародар аз пайи кинаи бародар намеравад. Ҳама муштоқи дидори шумоянд ва бовар доранд, ки шумо имрӯзу фардо боз хоҳед баргашт, дасти бародарони худ хоҳед гирифт ва Ватани ниёгони хешро обод, чароғи хонаи падариро равшан хоҳед кард».

Дар ҷодаи сулҳу ваҳдат қавлу амали Сарвари давлат як буд. Дар он шароити душвор ба минтақаҳое сафар мекард, ки муқовиматҳои мусаллаҳона идома доштанд. Сарвари давлат 14 майи соли 1994 бо мардуми ноҳияи Ғарм мулоқот намуд. Муҳтавои асосии ин мулоқот даъват ба  сулҳу ваҳдат буд. Ба мардум муроҷиат намуд, ки мо бояд дар атрофи як ҳадафи бузург — бунёд кардани давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва ба ин васила, ба даст овардани Ваҳдати миллӣ муттаҳид шавем.

Ба минтақаҳои гуногун сафари корӣ анҷом медод, аз зиндагии мардум, ниёзи онҳо воқиф буд. Ин мушоҳидаҳои худро Сарвари давлат дар Иҷлосияи XX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум  иброз дошт: «Шояд ду сол бо меҳнати сахт, бо шиками нимгурусна, бо тани нимбараҳна тан диҳем, зеро моро ба ин ҳол бегонагон не, худамон овардем.

Ман бо дили реш — реш ба либосу пойафзоли фарсудаи деҳқонони диёрам менигаристам, намедонистам чӣ кор кунам, вақте ки мактаббачаҳои Панҷу Қумсангиру Шаҳритусу Қӯрғонтеппаро пойлучу нимбараҳна медидам. Онҳо ба ҷойи мактаб дар зери дарахтон таълим мегирифтанд».

Саъю кӯшиши Роҳбари давлат дар роҳи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа нек амалӣ мешуданд. Нахустин фирориёни минтақаи Қӯрғонтеппа аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ватан баргаштанд. Баъди як муддати кӯтоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба  истиқболашон рафта, онҳоро хуб пазироӣ намуданд.

Бо неруҳои мухолиф гуфтушунидҳо идома доштанд. Осон набуд ин гуфтушунид ва суҳбату мулоқот. Аммо бо маслиҳат ва пешниҳоди Сарвари давлат он идома меёфту ҳар гуфтушунид якдигарро бо ҳам наздик мекард. Бо кӯшиши зиёд, роҳ ба сӯйи сулҳу Ваҳдат кушода мешуд. Чи тавре Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар суханронии худ зикр намуданд ва худ шоҳиди ин воқеа буданд, ҳамин мулоқоте, ки дар  Хосдеҳи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон баргузор гардид, сабабгори асосии ҳар чӣ тезтар ба сулҳ расидани тоҷикон гардид.

Чунин баҳогузорӣ намудан ба сулҳи тоҷикон асоси воқеӣ дорад. Ободию таъмини амну осудагӣ вазифаи ҳар сарвари давлат аст. Аммо на ҳар нафари сарвари давлат интихобгардида пеши роҳи фоҷиа ё ҷангро гирифта метавонад. Агар ин тавр намебуд, ҷангу нооромиҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои олам солҳои тӯлонӣ давом намекард.

Олмонию ветнамиҳо баъди 40 сол, кореягиҳо бошанд, пас аз 50 соли ҷудоӣ ба сари мизи гуфтушунид нишастанд.

Дар ҷаҳон ҷангҳои зиёди хурду бузург рӯй додаанд. Аммо ягонтои он бо сулҳе чун сулҳи тоҷикон ба итмом нарасидааст. Ин таҷрибаи нодире ҳаст, ки имрӯз мавриди омӯзиши олимону коршиносон қарор дорад.

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсӣ маҳсуб меёбад. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик комилан ба сулҳу ваҳдат расид. Ин муваффақияти тамоми тоҷикони олам аст. Пас меарзад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Пешвои миллат ҳисобид.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар Муртазохон дода мешавад.

ИСМОИЛЗОДА Зуфар Муртазохон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ин садои дили мардум аст. Ин лоиҳаи Қонун бар ивази ҳамаи он заҳматҳои тӯлонии Сарвари давлат, ки баҳри таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлату давлатдории тоҷик ва муаррифии оқилонаи он дар арсаи байналмилалӣ, ободонии кишвару таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони азиз кашидааст, арзи сипоси халқу миллати тоҷик мебошад.

Шукронаю ифтихор мекунем, ки маҳз ба хотири ҳамин заҳматҳо халқи тоҷик ба Сарвари худ он қадар меҳру муҳаббати беандоза ва бузург дорад, ки назираш дар ҷаҳон дида намешавад. Аз ин ҷост, ки бо шукргузорӣ пиру ҷавон дар сари дастурхон, маъракаю рӯзи хурсандӣ кӯшиш мекунанд, ки беҳтарин дуою суханро дар ҳаққи Ҷаноби Олӣ гӯянд.

Шукронаю ифтихор мекунем, ки аз фузунии меҳру муҳаббат аз шоири навқалами хурдсол сар карда, то ҳар фарди одии кишвар, ки Худованд ба онҳо андаке истеъдоди шоириро дода бошад, дар радифи васфи Ватану Модар, дар васфи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ шеър эҷод кардаанд.

Ҷаласаи имрӯза таърихӣ аст. Шояд бори аввал дар таърихи Маҷлиси намояндагон бошад, ки дастгирии лоиҳаи Қонун бо шеър ифода гардад.

Ман бо қироати шеъри шоири ватандӯст – Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб бо номи «Мардумписанд», ки тамоми роҳи мушкили тайнамуда ва симои бузурги Сарвари давлатро аз қалби халқ гирифта, ба назм даровардааст, лоиҳаи Қонуни мазкурро дастгирӣ менамоям.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини  гиромӣ!

Масъалае, ки имрӯз мавриди баррасӣ қарор дорад,  дар  ҳақиқат ҳам, зарурӣ ва  воқеӣ аст. Саҳми ин Қаҳрамони даврон дар  ташаккули давлатдории навини тоҷикон ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатамон басо бузург мебошад.  Аз оғози соҳибистиқлолӣ Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба бахши иҷтимоӣ диққати махсус дода,  ҳамасола  маблағгузории ин соҳа бамаротиб зиёд мегардад.

Дастгирии гурӯҳҳои  осебпазиру эҳтиёҷманд, ёрмандӣ ба ятимону маъюбон, нафақахӯрон, дастгирии оилаҳои камбизоат, парастории пиронсолони ниёзманд, таъмиру таҷдиди мактаб-интернатҳо, хонаҳои кӯдакону пиронсолон ва бо таҷҳизоти муосир таъмин намудани онҳо яке аз рисолатҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ  мебошад.

Чун Сарвари давлат ба занон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд қонунҳо, барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳо дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид гардидааст. Ба ин васила, мо занон,  аз дастгириҳои Ҷаноби Олӣ бархурдорем.

Дар радифи барои деҳқонон ҷудо гардидани заминҳои президентӣ, барои духтарони ноҳияҳои дурдаст квотаҳои президентӣ, таъсиси стипендияҳои президентӣ ва аз соли 2006 инҷониб барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, фароҳам овардани шароити мусоид барои занону модарон, фарогирии бевоситаи занон дар соҳаи иқтисодиёт, боло бурдани нақши  онҳо дар рушду нумӯи кишвар ва рушди соҳибкорӣ  ҷудо гардидани грантҳои президентӣ, ки аз соли 2014  аз 40 ба 80 адад ва маблағи он ба ду миллион сомонӣ  расонда шуд, шаҳодати олиҳимматӣ ва ғамхории Сарвари давлат мебошад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 50 фоизро занон ташкил медиҳанд ва ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки қабули лоиҳаи Қонуни мазкур ин нидои дили  ҳазорҳо занону модарон ва хоҳарони ин сарзамини биҳиштосо аст, ки маҳз бо ташаббусу фидокориҳои ин шахсияти таърихӣ  то ба имрӯз расидаем.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ҳакимов Ориф Марифович дода мешавад.

Ориф ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуне, ки мо имрӯз мавриди баррасӣ қарор додаем, ҳақиқатан ҳам, барои миллату давлат, баробарию дӯстии халқҳо, бахусус ба ояндаи насли ҷавони Тоҷикистон ниҳоят зарур буда, ҳамчун мояи ифтихори ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

Дар натиҷаи он воқеаҳои мудҳише, ки дар минтақаи ҷануби кишвар, бахусус дар ноҳияҳои Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хисрав рух дода буд, чандин ҳазор одамон ба хоки Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гуреза шуда, зери азобу шиканҷа қарор гирифтанд.

Ин ҷанги таҳмилӣ тамоми хонаҳои истиқоматӣ, муассисаҳои таълимӣ ва иншооти тиббиро ба коми оташ кашида, бенизомӣ ва ғоратгарӣ ҳукмфармо гардид. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи ин хатарҳо нигоҳ накарда ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сафар намуда, ба гурезаҳо вохӯрӣ карда, онҳоро барои ба Ватан баргаштан даъват намуд.

Сарвари давлат барои қабул ва ба ҷои муқимии зисташон баргардонидани гурезаҳо, бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат як қатор вазифаҳои мушаххас гузошт. Талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлатамон натиҷаҳои хубе доданд.

Дар кӯтоҳтарин муддат хонаҳои оташзада, инфрасохторҳои муассисаҳои таълимию тиббӣ аз нав сохта шуда, аҳолӣ бо барқ таъмин ва роҳҳо таъмир гардида, гурезагон ба Ватан баргашта, аз рӯи ихтисос ба қадри имкон ба ҷои кор таъмин гардиданд.

Рушди минтақа зери назорати бевоситаи Сарвари давлат қарор дошта, бо ин мақсад роҳи автомобилгарди Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, пул аз болои дарёи Панҷ ва садҳо иншооти иҷтимоию фарҳангӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ноҳияи Қумсангир Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» таъсис ёфт.

Президенти мамлакат пайваста баҳри ягонагию дӯстии байни миллатҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Шаҳодати гуфтаҳои мазкур он аст, ки ҳоло дар кишварамон, дар қатори мактабҳои тоҷикӣ ҳамзамон мактабҳои ӯзбекӣ ва бо дигар  забонҳо низ амал мекунанд. Ҳамзамон чандин номгӯи рӯзномаю маҷаллаҳо бо забони ӯзбекӣ мунтазам нашр мегардад. Дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек аз қарнҳо манша мегирад. Халқҳои ӯзбеку тоҷик аз замонҳои қадим дӯсту бародаранд. Вақте ки оиди дӯстии ин ду халқ сухан равад, ҳатман дӯстии Мавлоно Ҷомию Мир Алишери Навоиро ҳамчун рамзи дӯстии беғараз мисол меоранд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки аҷдоди мардуми тоҷику ӯзбек дар бунёдгузории фарҳангу тамаддуни башарӣ саҳми муносиб гузоштаанд.

Оташбасу ваҳдати миллӣ, баргардонидани гурезагону авфи умум, устувории сарҳаду амнияти давлат, пули миллию дастгирии илму фарҳанг, таъмини истиқлолияти озуқаворию баромад аз бунбасти коммуникатсионӣ, қабули қонунҳои миллию сохтмони неругоҳҳои азими барқи обӣ ва ғайраҳо аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи наққошию тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Эмомалӣ Раҳмон истодааст.

Сарвари давлат дар майдони сиёсат, дар қиёс аз роҳбарҳои қаблӣ нотакрор аст. Нотакрорӣ ва фидокорӣ мансуби шахсияташон буда, дар таърихи навини зиндагии мардуми тоҷик намоён ва нақшгузор мебошад.

Аз ин лиҳоз, шинохтани ӯ ба ҳайси Бунёдгузори давлати муосири тоҷик,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мувофиқ мебошад.

Далели бузургию раднопазирии ин иқдом фаъолияти содиқона, созанда ва эътирофшудаи хизматҳои воқеӣ ва ҳақиқии Ҷаноби Олӣ барои бунёди давлату эҳёи миллат аст.

Шоир бисёр хуб фармудааст:

Ӯзбеку тоҷик азалдан

Бита ҷисму бита ҷон.

Қушшилиб кетган уларда

Ҷисму ҷону хуну қон.

Тиллари бошқа деманг

Ким диллари, дер ҳам забон.

Гарчи ҷаннат эсада

Дар кор эмас мулки дигар.

Тоҷикистон она юртим

Тоҷикистон ҷону ҷигар.

Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки барои қабули Қонуни мазкур раъйи худро дареғ надоред.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Содиқова Насиба Нуруллоевна дода мешавад.

Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромиқадр!

Маро ҳамчун як фарди ҷомеа баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар канор гузошта наметавонад. Имрӯз ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Роҳбари давлат аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров воқеъбинона арз шуд ва дар бораи ҳадафу вазифаҳои Қонуни мазкур кумитаи масъул хеле хуб шарҳу возеҳ  доданд, қабули ин лоиҳаи Қонун на танҳо арҷгузорӣ ба ҷоннисории як шахси сиёсматмадор, балки таҳкими Истиқлолияту Ваҳдат мебошад. Пешвои миллат танҳо пешниҳоди гурӯҳи вакилон набуда, ин як мақомест, ки Эмомалӣ Раҳмон кайҳо дар байни халқи мо сазовор гаштаанд. Ин воқеияти таърихист. Имрӯз Тоҷикистон таҷассумгари манфиатҳои милливу давлатӣ, эҳтироми фарҳанг, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон, арзишҳои демократӣ, дину оин ва гиромӣ доштани арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Барои нигоҳ доштани мероси фарҳангии халқи тоҷик ҷидду ҷаҳди Сарвари кишварро фаромӯш набояд кард. Маҳз бо ташаббуси ин шахси тамаддунпарвар миллати мо аз сари нав мероси фарҳангии худро эҳё менамояд. Ормонҳои халқи тоҷик баъд аз садсолаҳо амалӣ мешаванд. Сиёсати фарҳангсозу бунёдкори Президент буд, ки Иди Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт. Ин ҷашн сатҳи сифатан нави ҳамкориву ҳамгироиро дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳайё намуд. Ба рӯйхати мероси ёдгориҳои фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО Шашмақом, Саразм дохил карда шуд. Танҳо баъд аз соли 1999 зиёда аз 18 номгӯй аз тарафи Тоҷикистон ба рӯйхати объектҳои мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод шудааст. Дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил намудани конференсияву симпозиумҳо бахшида ба бузургдошти намояндагони фарҳанги мо, аз ҷумла Умари Хайём, Абӯалӣ ибни Сино,  Носири Хусрав, Муҳаммад Ғазолӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ,  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Сабит, Имом Бухорӣ, Мирзо Турсунзода, Ҳаким Тирмизӣ, Ғаффор Валаматзода, Закариёи Розӣ, таҷлили 2700 -солагии китоби «Авесто», 3000 — солагии фарҳанги ориёӣ ва даҳҳо дигар чорабиниҳо, ки дар онҳо худи Президенти кишвар суханронӣ намуда, суннатҳои таҷассумкунандаро ҳамчун ваҳдати аҳли ҷомеа, дӯстиву рафоқат, эҳтирому самимият, раҳму шафқат ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамбастагии одамон ташвиқ менамояд. Имрӯз тамоми шароит барои нигоҳ доштани мероси фарҳангӣ ва ғанӣ гардонидани он фароҳам оварда мешавад.

Иншооти бузурги иқтисодиву иҷтимоию фарҳангӣ, аз ҷумла Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кохи Наврӯз, Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, неругоҳҳои барқи обии бузургу хурд, нақбҳо, роҳҳо  ва садҳо дигар иншоот ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангиву таърихӣ ба насли ояндаи миллати тоҷик боқӣ хоҳанд монд. Маҷмааҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангие, ки тӯли солҳои охир дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бунёд мешаванд, барои ҳазорсолаҳо боз тамаддуни моро нигоҳ медоранд. Тоҷикон борҳо аз надоштани як Пешво ва идеяи миллӣ намунаҳои мероси фарҳангии худро аз даст доданд ва имрӯз ҳама кӯшишҳои Сарвари давлат ба он равона мешавад, ки дигар хатари азбайнравии фарҳанги тоҷик ба миён наояд.

Ҳамчун намояндаи илми тоҷик зикр карданиам, ки маҳз сиёсати оқилонаи Роҳбари давлат буд, ки имрӯз низ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар академияҳои соҳавӣ фаъолият доранд. Ҳангоми хатари аз байн рафтани академия Президенти кишвар бо иродаи қавии худ тавонист илми тоҷикро аз нестшавӣ нигоҳ дорад. Барои пешрафти илми тоҷик тамоми чораҳо тадриҷан андешида мешаванд, имрӯз олимони тоҷикро берун аз кишвар низ мешиносанд ва эътироф мекунанд.  Роҳбари давлат ҳидоят менамояд, ки илмҳои бунёдиро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат ва халқ равона намоем.

Қобили зикр аст, ки маҳз бо ташаббусу дастгирии бевоситаи Президент якбора 80 нафар кормандони Академияи илмҳо соҳиби манзил гаштанд. Ҳамасола ташкил намудани вохӯриҳои Сарвари давлат бо зиёиёни мамлакат мақому манзалати илму фарҳангро боз баланд мебардорад.

Гиромидошти фарҳанг ин гарави дар оянда пойдор будани миллати тоҷик мебошад. Дар ин роҳ тамоми шароит барои рушди фарҳангу илм дар пояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муҳайё гаштааст.

Пас аз марҳилаҳои пурпечутоби таърихи навини халқи тоҷик имрӯз Тоҷикистон ба кишвари аз ҳама ҷиҳат рушдёбанда табдил ёфта, кафили ин рушди босубот Президенти он мебошад.

Таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик гувоҳ аст, ки  сабаби асосии парокандашавии давлатдории тоҷикон набудани як пешвои миллатдӯст ва идеяи миллӣ буд. Мехоҳам арз намоям, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»  на танҳо арҷгузорӣ ба фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон, балки таҳкими Истиқлолияту Ваҳдат, нигаҳдории давлатдории тоҷикон мебошад. Боварии комил дорам, ки вакилони муҳтарам якдилона ба ҷонибдории ин Қонун овоз медиҳанд.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» аз дигар лоиҳаи қонунҳо бо бисёр хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Имрӯз мо қонунеро қабул мекунем, ки барои Парламенти мо чизи нав аст.

Аслан пешвои миллат ягон мансаб нест. Ин эътироф аст. Эътироф аз ҷониби омма шахсро ҳамчун пешвои худ.

Муаллифони лоиҳаи Қонун дар пешгуфтор зарурати таҳияи онро дар арҷгузорӣ ба хизматҳои содиқонаи Пешвои миллат бо мақсади тақвияти истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон нишон додаанд. Аз тарафи дигар, ин эътироф, эҳтиром, қадрдонӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири Президенти мамлакат , Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  аст.

Аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни мазкур аз пешниҳодҳое бармеояд, ки вакилон ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагон ҳамчун дархост қабул намуда буданд. Аз ин ҷиҳат, лоиҳаи Қонунро чун пешниҳоди мардуми одӣ низ донистан мумкин аст. Фикр мекунам, ки муаллифон бо таҳияи ин лоиҳаи Қонун миссияи таърихии ҷолиберо ба анҷом расонидаанд. Дар асл ҳам барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба танзим даровардани масъалаи пешвои миллат як санади мукаммали меъёрии ҳуқуқӣ зарур буд.

Саволи кӣ метавонад пешво бошад, дар тамоми тӯли таърихи башарият мавриди таҳқиқи олимон қарор дошт. Ба ин савол мутафаккироне чун Ҳеродоту Монтеске ва дигарон ҷавоб додаанд. Агар онҳоро ҷамъбаст намоем тақрибан чунин нишонаҳои  пешво (лидер) зикр гардидаанд:

- заковатмандӣ;

- иродаи қавӣ;

- ҷасорат;

- талош барои расидан ба мақсад;

-қобилияти бузурги ташкилотчигӣ;

- салоҳиятнокӣ;

- омода будан барои ба душ гирифтани масъулият;

- на танҳо вазифа гузоштан, балки ин вазифаҳоро иҷро ҳам намудан ва ғайра.

Мо ин нишонаҳоро дар шахсияти  Президенти мамлакат пурра пайдо карда метавонем. Илова бар ин, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин нишонаҳои иловагии сабурӣ, таҳаммулпазирӣ ва саховатмандӣ низ хос мебошад, ки барои пешвои миллат эътироф гардидан  муҳим арзёбӣ мегарданд.

Дар илми ҳуқуқшиносӣ ду мафҳуме вуҷуд дорад, ки онҳоро садсолаҳо истифода мебаранд. Де-факто ва де-юри. Агар аз ин нуктаи назар бинем, Ҷаноби Олӣ де-факто, яъне дар афкори ҷамъиятӣ  дар амал Пешвои миллат эътироф шудаанд. Инро вохӯриҳою суҳбатҳои  он шахс  бо мардум собит менамояд. Мардуми Тоҷикистон ҳатто дар вохӯриҳои худ бо он кас ҳамчун Пешвои худ муроҷиат менамояд.

Қабул намудани лоиҳаи Қонуни баррасишаванда бошад, ба ин амал пӯшонидани либоси ҳуқуқӣ мебошад, яъне де-юри Пешвои миллат  эътироф намудани ин факте, ки амалан ҷой дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки эътироф намудани Пешвои миллат дар қонунгузорӣ ин падидаи нав нест.

Инсоният дар ҳама давру замон хизматҳои содиқонаи шахсиятҳои алоҳидаи таърихиро ба нафъи ҷомеаву давлат эътироф мекард ва ба қадри чунин шахсиятҳо мерасид. 135 сол боз дар ИМА рӯзи Президент ҷашн гирифта мешавад, ки ҷиҳати арҷгузорӣ ба хизматҳои нахустпрезиденти ин давлат Ҷ. Вашингтон таъсис гардида буд ва ӯро ба унвони падари асосгузор  сазовор дониста буданд. Минбаъд ба ин унвон Президентҳои баъдӣ низ сазовор гардиданд.

Фаъолияти Президенти кунунии Тоҷикистон як мактабе ҳаст, ки ҳар як фарди худогоҳу худшинос бояд аз он сабақ гиранд.

Агар ба матни ин лоиҳаи қонун назар афканем, мебинем, ки дар он вазъи сиёсӣ — ҳуқуқии фарде ба танзим дароварда шудааст, ки имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тоҷикони тамоми дунё бо ӯ фахр мекунанд. Ҳатто як нигоҳ ба қисми 1 моддаи 1-уми лоиҳаи Қонун басанда аст, ки  хонандаи закӣ дарёбад, сухан дар бораи кӣ меравад.

Доир ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханҳои зиёде гуфта шудаанд ва боз гуфта хоҳанд шуд. Ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки маҳз бо ташаббусҳои бевоситаи Президенти мамлакат Тоҷикистон  ки дар вартаи нестӣ қарор дошт, ба давлати воҳид табдил ёфт, гурезагон ба Ватан баргардонида шуданд. Маҳз ҳамин шахси бузург буд, ки ҷони худро дар хатар монда, барои сулҳ бо мухолифон камари ҳиммат бастанд. Сафарҳои чандинкарата ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки бехатариро дар он ҷо ҳеҷ кас кафолат намедод, барои вохӯрӣ бо мухолифон аз шуҷоату мардонагии Сарвари давлат шаҳодат медиҳад. Бо мақсади расидан ба сулҳу ваҳдат бахшидани гуноҳ ва борҳо эълон намудани авфи умумӣ низ аз дили бузурги ин марди бузург шаҳодат медиҳад. Ба хотири расидан ба сулҳ чӣ гузаштҳое накарданд. Беҳуда нест, ки ӯро меъмори сулҳи тоҷикон ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон, таҷрибаи нозири ҷаҳонӣ эътироф  гардидааст.

Вале хизматҳои ин абармарди бузург танҳо бо сулҳовариаш маҳдуд намегардад. Сулҳу ваҳдатофарӣ фақат як самти фаъолияти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Агар ба дигар самтҳои фаъолияти Президенти ҷумҳурӣ назар афканем, мебинем, ки корҳои шоёнтареро низ ба анҷом расонидаанд. Таъмини амнияти озуқаворӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва кӯшишҳо ҷиҳати таъмини истиқлолияти энергетикӣ низ фаъолияти Президентро пурра нишон дода наметавонанд. Президенти мамлакат шахсе ҳаст, ки мардуми Тоҷикистон ӯро дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ, дар мушкилтарин давраи мавҷудияти давлати навини тоҷикон аз имтиҳони боварӣ гузаронидаанд ва Пешвои худ эътироф намудаанд.

Президенти сеюми ИМА барои муаллифи Конститутсияи ИМА буданаш ҳамчун падари асосгузор, яъне Пешвои миллат эътироф гардидааст.

Саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар таҳия ва қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоят бузург аст. Аз рӯзҳои аввали интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт раисии Комиссияи таҳияи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда доштанд. Сарфи назар аз шароити мушкили сиёсӣ, идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ ин Комиссия тавонист, лоиҳае таҳия намояд, ки дар рушди минбаъдаи Тоҷикистон  таъсири назаррас расонид. Ин Конститутсия аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар қатори беҳтарин санадҳои монанд эътироф гардидааст.

Маҳз бо ҳамин Конститутсия Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардида, характери иҷтимоӣ доштани давлат  эълон гардид. Мавқеи шахс дар ҷомеа баланд бардошта шуда, Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гардида, дахлнопазирии ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода шуд.

Дар асоси ин Конститутсия қонунгузории миллии Тоҷикистон такмил дода шуда, дар як давраи муайяни таърихӣ он пурра нав карда шуд.

Танҳо ҳамин як хизмат басанда аст, ки мо ин лоиҳаи қонунро якдилона дастгирӣ намоем.

Аз ҳамаи шумо эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки лоиҳаи қонун пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр!

Барои чӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ маҳз аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст? Барои он ки мо аз натиҷаҳои вохӯриҳои пешазинтихоботии худ ва вохуриҳои баъдина бо интихобкунандагон, инчунин аз он қабул ва муносибатҳои самимие, ки мардуми кишварамон бо роҳбари худ дорад, дарёфтем, ки Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон кайҳо боз ҳамчун пешвои миллат эътироф шудаанд. Албатта, Ҷаноби Олӣ ба ин қонун ниёз надоранд. Вале мо, ки якҷоя намояндагони ин мардум ва аъзои мақоми олии қонунбарор ҳастем, вазифадорем, ин иқдоми мардумро дар шакли қонун амалӣ созем.

Ман мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба як масъала ҷалб намоям. Ибтидои солҳои навадуми асри XX, дар ёд дошта бошед, ҳукумат тамоми захираҳою имкониятҳои худро барои хариди орду гандум аз хориҷа сафарбар карда буд. Бо вуҷуди ин нон намерасид. Дар он замон, наҳангҳои ҷумҳурӣ ин мушкилии мардумро барои бойшавии худ истифода мебурданд. Пахтаро бо мақсади ворид кардани орд бароварданду на аз орд ва на аз пули пахта дарак нашуд. Мардум бошад, гуруснагӣ мекашид. Кор ба ҷойе расида буд, ки дар навбати нон одамон ҳалок мешуданд.

Мо, аъзои командаи иқтисодӣ чӣ кор карданамонро намедонистем. Маҳз хиради Роҳбари давлат мардуми моро аз хатари гуруснагӣ ва рӯҳияи ноумедию рӯҳафтодагӣ наҷот дод. Сарвари давлат пешниҳод намуданд, ки 75 ҳазор гектар заминро ба мардум тақсим намоем.

Он гоҳ, ки назари мо ба моликияти давлатӣ будани замин дигар буду колхозу совхозҳо пойбарҷо, аксарият ин пешниҳодро қабул надоштанд. Ошкорою пинҳонӣ муқовимат мекарданд. Вале натиҷаҳои соли нахуст нишон дод, ки ин иқдом то чӣ андоза саривақтӣ ва дурандешона будааст. Танҳо ҳамин кофист, ки мо дар асл Ҷаноби Олиро Пешвои миллат ном барем.

Банда, ҳамчун шоҳиди таърихи навини соҳибистиқлолии кишвар бо итминони комил изҳор менамоям, ки тамоми ислоҳоти иқтисодӣ, аз он ҷумла пулию молиявӣ ва ислоҳоти соҳавӣ маҳз ташаббуси бевоситаи Ҷаноби Олӣ буданд. Мо, иқтисоддонҳо, бо тафаккури он замона ислоҳотгаро набудем ва аз дигар кардани низом меҳаросидем, гарчанде роҳи дигар набуд. Метарсидем масъулиятро бар дӯши худ гирем. Маҳз сахтгирию нотарсии Ҷаноби Олӣ дар қабули қарорҳо ба мо илҳом бахшид. Ин аст, ки нишондиҳандаҳои иқтисодии имрӯза нисбат ба охири солҳои навадуми асри XX  40–50 маротиба фарқ мекунанд. Ин аст нишони дигари Пешвоии Ҷаноби Олӣ.

Агар аз рӯи таҷрибаи ҷаҳонӣ сифатҳои Пешвои миллат муттаҳидкунӣ, сафарбаркунӣ, сулҳу ваҳдатофарӣ, ҷасурӣ, созандагию ободкорӣ, ҳимояи манфиатҳои Миллату Ватан, таъмини пешрафти иқтисодиёту некуаҳволии мардум ва ғайраҳо бошад, Худованд ба Ҷаноби Олӣ ҳамаи инро ато кардааст. Ҷаноби Олиро на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он қадр мекунанд. Ташаббусҳои Ҷаноби Олӣ дар Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигар оид ба масъалаҳои ҳалли мушкилиҳои нарасидани оби тоза,  ҳалли мушкилиҳои минтақа, мубориза бо терроризму экстремизм, ҳимояи дини мубини ислом ва ғайра  нишони ин гуфтаҳост. Ин аст, ки ӯ аз ҷониби бисёр созмонҳо, аз он ҷумла Шӯрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо — «Пешвои асри XXI» сарфароз гардонида шудааст.

Муҳтарам вакилон, имрӯз рӯзи таърихӣ аст. Миллати мо ба ҷаҳониён собит месозад, ки он қадршинос ва сипоcгузор мебошад. Қудрати маънавӣ ва фарҳанги миллат ба андозае расидааст, ки фарзанди фарзонаашро ба таври сазовор арҷ мегузорад. Ва мо намояндагони мардум дар ин иқдоми нек бо мардумем.

Ман, вакилони муҳтарами Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо он табрику таҳният мегӯям, ки таърих моро дар ин амри хайр ҳиссагузор намудааст.

Дастгирии ин лоиҳаи Қонун барои мо шараф аст.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

Олим САЛИМЗОДА: — Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба шарофати  бебаҳотарин дастовард — Истиқлолияти давлатӣ забони тоҷикӣ  пас аз ҳазор  соли  сӯхтанҳову  сохтанҳо  забони  расмӣ  шуд  ва ҷойгоҳи пешину дерини худро дарёфт.

Агар ба таърихи на чандон зиёди Давлати мустақили  Тоҷикистон назар  кунем,  ба хубӣ  аён  мешавад, ки ба вазъияти ногувор ва мураккаби  сиёсиву ҳарбӣ ва баъдтар дар шароити боз ҳам  мушкили эҳё  ва таҳкими иқтисоди  миллӣ  ва анҷоми дигар фаъолиятҳои марбут  ба устувор намудани  заминаҳои давлатдорӣ нигоҳ накарда,  Ҳукумати Тоҷикистон зери роҳбарии  Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар фикри ҳалли масъалаҳои  вобаста ба рушду густариши  забон будааст.

Аз охири соли 1992 ва оғози соли 1993 Ҳукумати кишвар  баҳри тақвият бахшидан ба мақоми забони давлатӣ, метавон гуфт, ҳусни оғоз бахшид. Ҷашнгирии ҳамасолаи Қонуни забон роҳандозӣ шуд.

Бо таъсиси Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (31 октябри соли 1995) ва қабули Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 октябри соли 1997) марҳалаи сифатан нав дар мавриди татбиқи сиёсати давлатӣ дар рушди забон оғоз ёфт.

Ба печидагии авзоъ ва мураккабии шароити сиёсиву иқтисодӣ нигоҳ накарда, Сарвари давлат огоҳона ба нақши забони давлатӣ дар рушду такомули ҷомеа таъкид мекунад: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз он иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳалаи кӯтоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ, нақши ваҳдатовариро  адо намуд» (иқтибос аз Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забон, соли 2003).

Аз эътибор ва эҳтироми ҳамарӯзаи Сарвари давлат ба забони давлатӣ сухан ронда,  наметавонам аз баргузории ботантанаи Соли 2008 Соли забони тоҷикӣ, ки тавъам ба бузургдошти 1150- солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта шуд, ёдовар  нашавам. Ин арҷгузорӣ ба забон ва адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик дар фаъолияти Сарвари кишвар ҳамешагӣ аст.

Ҳамасола ба хотири гиромидошти арзишҳои миллӣ, нашри асарҳои фарогир ва сабақомӯзи таърих, адаб ва фарҳанг Президенти Тоҷикистон аз Фонди  захиравиаш   миллионҳо  сомонӣ ихтисос медиҳад.

Сарвари давлат муътақид бар он аст, ки маҳз забони тоҷикӣ  ва шоҳасарҳои оламшумули бо ин забон  эҷодшуда сабабгори  то ба имрӯз пойдор  мондани  миллат ва  пайвандгари  фосилаҳои  дарози таърихи  фарҳангу тамаддуни  тоҷикон  ба ҳисоб мераванд. Дар ин маврид    низ  гуфтаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хеле бамаврид  медонам: «Талошу кӯшиш  ва андешаи истиқлол миллати  моро ҳатто баъди  суқути давлати Сомониён ва дар  давраҳои  ҷабру зулми  сулолаҳои бегона  қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози  таърих, аз озмоишҳои сахту сангини  садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву  суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва  муҳимтар  аз  ҳама, ҳувият, худогоҳӣ  ва худшиносии миллиро то замони мову шумо расонад».

Бале, Президент Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари сиёсии кишвар ба ҷойгоҳи забони давлатӣ таваҷҷуҳи  хоса дошта, тарбияи  худшиносӣ  ва огоҳии  миллиро шурӯъ  аз гиромидошти забон медонад.

Дар ин росто  низ,  Ҷаноби  Олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  намунаи ибрат  аст. Яъне, Президенти  кишвар  бар иловаи  хидматҳои  бесобиқа дар рушду  нумӯъ  ва  густариши   забон  дар  одоби  гуфтор низ  ҳамто  надорад.

Ҳама  шоҳиди суҳбатҳо, нутқу  суханрониҳои  Президенти  кишвар  будаем. Саҳеҳияти баёну  ифоданокии  каломашон дар ҳадди варзидатарин  олими  забону  адиби  нуктадон  аст.

Бо  забони  ноби тоҷикӣ ва  мувофиқ  бо  меъёрҳои  гуфтори адабӣ сухан  мекунанд. Табиӣ ва ҳадафнок, бидуни истифода  аз  шева! Масъулону  мансабдорони  ҳама дараҷа ба хусус  насли  ҷавон бояд аз ин мактаби  маҳорати забондонӣ  сабақ  омӯзанд.

Дар анҷом бо ҷонибдорӣ аз лоиҳаи  Қонуни  пешниҳодшуда афзудан мехоҳам, ки  Президент Эмомалӣ  Раҳмон  забони тоҷикро рукни  муҳими  ҳувияти  миллӣ  номидааст. Дар пайравӣ ба талошҳои  шабонарӯзӣ ва ҳамешагии  Сарвари  давлату Пешвои миллат  мо соҳибзабононро  зарур аст, баҳри   поку  беолоиш  нигоҳ доштани  забони тоҷикӣ -  ин рукни  муҳими   давлатдорӣ  бо  тамоми  ҳастӣ  кӯшиш  ба  харҷ  диҳем.

РАИС: — Сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

Азизмуҳаммад  ХОЛМУ­ҲА­­­М­­МАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромиқадр ва ҳозирини арҷманд!

Имрӯз дар фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат санаи фаромӯшнашаванда мебошад, зеро бори аввал Парламенти кишвар аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ ва умумидавлатӣ ба фаъолияти зиёда аз 23-солаи Сардори давлат баҳои ҳуқуқӣ медиҳад.

Замоне, ки фарзанди номвар ва номбардори халқ Эмомалӣ Раҳмон бори аввал моҳи ноябри соли 1992 Роҳбари давлат интихоб шуд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунин боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагиву Истиқлолияти давлатии кишвар ва ҳастии миллат таҳдид мекард.

Эмомалӣ Раҳмон бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода Ватани азизи хешро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба макони зисти доимӣ баргардонд.

Бо ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмон тоҷикистониён сулҳи комил ва ваҳдати миллиро барқарор намуда, ба ҷаҳониён таҷрибаи тоҷикии бо роҳи осоишта хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ ва муноқишаҳои сиёсиро бо номи «Сулҳи тоҷикон» тақдим намуданд. Бо иродаи Сардори давлат дар як муддати кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омаданд, тамоми гӯшаву канори мамлакат тариқи шоҳроҳи ваҳдат пайваст шуданд.

Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ, барои гузаштан ба марҳилаи барқарорсозии иқтисодиёт ва оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи боэътимод гузоштанд.

Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон бо иқдомҳои пайваставу қаҳрамононаи Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Подоши ин ҳама заҳматҳо маҳбубият ва маъруфиятест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар миёни сокинони мамлакат ва ҳазорон ҳазор ҳамватанони бурунмарзӣ пайдо намудаанд.

Мукофоти ин ҳама заҳматҳо ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми бузурги ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ки мунтазам нисбат ба Сардори донову тавоно ва матиниродаи Тоҷикистон, сиёсатмадори варзида ва ифодагари марому ормонҳои умумибашарӣ Эмомалӣ Раҳмон иброз мегардад.

Бо кӯшишҳои пайвастаи Эмомалӣ Раҳмон беш аз 150 кишвари ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлолу мустақил мешиносанд ва Тоҷикистон узви фаъоли тамоми созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ мебошад.

Дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ талошҳои Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бузурганд. Ӯ борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид маърӯза карда, дар баробари мушкилоти Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, таъминоти аҳолии сайёра бо оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ менамоянд. Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон Созмони Милали Муттаҳид соли 2003-юмро Соли байналмилалии оби тоза, солҳои 2005- 2015-умро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон намуд. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавӣ вобаста ба об дар чаҳорчӯби ҳамин даҳсола гузаронда мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз ин иқдоми Сардори давлат аст.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ кишвари мо таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Тоҷикистон соҳиби Конститутсия, Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдорӣ — Артиши миллӣ ва қувваҳои сарҳадӣ таъсис ёфта, устувор гардиданд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо аксари мамлакатҳои пешрафтаи дунё робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.

Хизмати таърихии Эмомалӣ Раҳмон аз он иборат аст, ки маҳз ӯ ҳамчун Сардори давлат, пеши роҳи хатари нобудшавии Давлати мустақили тоҷиконро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомӯш намуд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимиятро барқарор сохт, барои таҳкими ҳокимият ва давлат тамоми шароитҳоро муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ кард, Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро ба имзо расонид, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эҳёи миллӣ ва эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар кард ва эътибори сиёсии давлати мустақили тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ба зинаҳои боло баровард.

Хизматҳои арзандаи Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар дохили кишвар ва ҳам берун аз он эътироф гардидаанд. Ӯ аввалин сиёсатмадорест, ки барои саҳми бебаҳо дар густариши ҷомеаи умумибашарӣ бо Ситораи тиллоии Алберт Швейтсер ва унвони фахрии профессори Академияи умумиҷаҳонии тиб дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сазовор гардонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар байни сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин касе мебошад, ки бо медали тиллоии «Барои таҳкими сулҳ ва ризоияти байни халқҳо»-и Федератсияи байналмилалии сулҳ ва ризоият мушарраф гардидааст.

Саҳми пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин бо ордени алмосдори «Звезда мецената» (Ситораи сарпараст) — Ҷоизаи олии ҷамъиятии Бунёди байналмилалии хайрияи «Меценаты столетия» (Сарпарастони аср), ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон — Аҳмадшоҳи Масъуд», ҷоизаи Бунёди байналмилалии нависандагон ва рӯзноманигорони Ҷумҳурии Туркия, ситораи ёқутии «Миротворец» (Сулҳовар), Медали тиллоии Маҷлиси халқи (Парлумони) Ҷумҳурии Мисри Араб, Нишони фахрии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ордени Шӯрои олимпии Осиё, Медали тиллоии арҷгузорӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (Румӣ) — и ЮНЕСКО, Ордени тиллоии Эҳёи Роҳи Бузурги Абрешим, Медали тиллоии ба номи Николай Блохин — мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Россия, Ордени «3 Ситора дараҷаи 1» бо занҷираи тиллоии Ҷумҳурии Латвия, ордени Княз Ярослави Ҳаким дараҷаи 1-и Украина, Нишони Покистон — олитарин мукофоти давлатии Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар мукофоту ҷоизаҳо қадрдонӣ гардидаанд.

Бо дарназардошти сифатҳои олии инсонӣ, бузургдилию шуҷоат, раҳму шафқат ва қобилияти нотакрори ваҳдатофари Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадорони ҷаҳон ба ӯ баҳои олиро мансуб донистаанд. Аз ҷумла Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф Эмомалӣ Раҳмонро шахсияти беҳамто, ягона, беназир, комёб, ном мебарад, ки ин баҳои оливу сазовор ба шахсият ва хизматҳои Эмомалӣ Раҳмон арзанда мебошад.

Дар асл Президенти муҳтарами мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат мебошанд.

Аз ин лиҳоз, бо эҳтироми хоса ба хизматҳои махсуси Президенти муҳтарами мамлакат дар назди халқу Ватан аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва  иттилоот Бобоева Гулнора Исломовна дода мешавад.

Гулнора БОБОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилон, ҳозирини гиромӣ!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбароне аст, ки бо ғаму шодии мардум ташаккул ёфта, мавқеи худ ва эътирофу эътибори мардуми худро дарёфтааст. Ӯ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсию амниятии минтақа ва ҷаҳон тавонист Тоҷикистонро чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо камоли масъулият муаррифӣ намояд.

Ман ҳамчун вакил аз ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе мехоҳам оид ба дастовардҳои назаррасе, ки бевосита бо ибтикор ва дастгирии Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муваффақ гаштаем, изҳори назар намоям.

Таҳлили фаъолияти истеҳсолии корхонаҳои комплекси саноатии шаҳр дар соли 2014 собит месозанд, ки аз ҷониби 263 корхонаи саноатии шакли моликияташон гуногун бо дарназардошти субъектҳои соҳибкорӣ дар ҳаҷми 1103,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 182,5 фоизро ташкил дода, 498,7 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар доираи амалисозии барномаҳои иҷтимоии шаҳрдорӣ, ки баҳри дастгирии табақаҳои ниёзманд бо манзили дастрас нигаронида шудааст, аз тарафи КВД «Сохтмони манзили дастрас»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар соли ҳисоботӣ 10601,52 м2 манзили истиқоматӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар тавозуни корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии мусофирбарӣ ба ҳолати 1 январи соли 2015-ум 797 адад нақлиёт мавҷуд аст, ки ин нишондод нисбат ба соли 2010-ум (692 адад) 105 адад нақлиёт зиёд мебошад.

Имрӯзҳо тибқи шартномаи Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбе­нақлиётхадамотрасон» — и шаҳри Душанбе аз корхонаҳои хусусӣ 2450 адад микроавтобус баҳри хизматрасонӣ  ҷалб карда шудаанд, ки нисбат ба соли 2010-ум (1780) 670 адад микроавтобус зиёд мебошад.

Дар соҳаи маориф дар доираи Консепсияи миллии таҳсилот ва тарбия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пурра омода намудани  кӯдакони синни томактабӣ  ба мактаб ва ба ин васила баланд бардоштани сифати таҳсил, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ рӯ ба афзоиш оварда, дар соли 2014-ум 25122 нафарро ташкил дод.

Дар 140 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр имрӯзҳо 7357 омӯзгор ба таълиму тадриси 175996 нафар хонанда машғуланд.

Мутобиқ ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 223 аз 3 майи соли 2010 «Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии  таъмини  муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ» дар  чор соли охир 161 кабинети фаннии бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида харидорӣ ва ташкил карда шуданд, ки 46 адади он ба соли ҳисоботӣ рост меояд.

Дар соли 2014 дар соҳаи тандурустии шаҳр 14 маркази саломатии шаҳрӣ, 17 беморхона, ду хонаи кӯдакон, чор дармонгоҳи дандонпизишкӣ, ҳашт маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дезостансияҳо, 12 маркази соҳавӣ ва се маркази ёрирасон бо хизматрасонии 2815 нафар табиб ва 3595 нафар кормандони миёнаи тиб барои сокинони шаҳр фаъолият намуданд, ки ба 10 000 аҳолӣ 37,1 табиби маълумоти олидор ва 47,3 корманди миёнаи тиб рост меояд.

Масъалаи солимгардонии ҷомеа ва бо варзиш фаро гирифтану ташкили инфраструктураҳои варзишӣ, қабл аз ҳама, дар сатҳи шаҳраку маҳаллаҳо мавриди таваҷҷуҳи доимии шаҳрдорӣ буда, то ба имрӯз 36 майдончаи варзишӣ ба масоҳати 62554 м2, ба маблағи 16,2 млн. сомонӣ,  аз он ҷумла дар соли  ҳисоботӣ 11 адад майдончаи варзишӣ бо масоҳати 11920 м2 ба маблағи 4,6 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳр ба истифода дода шуданд.  Бо мақсади танзими фаъолият ва баҳри  ҳадафманд истифодабарии онҳо Муассисаи давлатии «Нигоҳдошт ва истифодабарии  иншооти  варзишии оммавӣ» -и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

Дар арафаи таҷлили 17- солагии Ваҳдати миллӣ баҳри таъмини иҷрои ҳидоятҳои Сарвари давлат ба муносибати 90-умин солгарди мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хатнасури 360 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманди ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва тӯйи арӯсиву домодии 90 ҷуфт ҷавонон дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза»-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамаи ин дастоварду ободиҳоро, ки бо ибтикор, супориш ва дастгириҳои Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуда истодаанд, мо ҳамеша мушоҳида менамоем.

Мехоҳам бо боварии том зикр намоям, ки сокинони шаҳри Душанбе аз самими қалб ин лоиҳаи Конунро дастгирӣ менамоянд.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин дода мешавад.

Пӯлод МУҲИДДИНИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Нақши Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста, Сарвари  хирадманду дурбин, асосгузори давлати навину ғамхори воқеии миллат дар радифи дигар масъалаҳои умдаю ҳаётан муҳими тақдирсоз дар таъмини тадриҷии истиқлолияти энергетикии давлати соҳибистиқлоламон бузургу бесобиқа ва беназир мебошад.

Парокандагии Давлати Шӯравӣ дар аввалҳои қарни гузашта низоми ягонаи таъминоти энергетикии кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистонро, ки дар ҳамбастагии энергетикӣ қарор доштанд, хароб намуда, мушкилоти зиёдеро дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва поин омадани иқтисодиёти мамлакат ба вуҷуд овард.

Сарвари давлат бо дарки амиқи оқибатҳои ногувори сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодии мушкилоти мазкур масъалаи афзалияти истиқлолияти энергетикиро дар радифи дигар масъалаҳои умдаи кишвар ба сатҳи сиёсати давлатӣ бароварда, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ба таврӣ доимӣ аз ҳисоби Буҷети давлатӣ маблағгузориҳои зиёдро барои рушди соҳаи энергетика ва сохтмони неругоҳҳои хурду миёна ҳидоят менамуданд.

Зимнан бояд таъкид намоем, ки Ҷаноби Олӣ ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш аз нахустин рӯзҳои интихоб гардиданашон ба ҳайси Роҳбари кишвар ба масъалаи ноил шудан ба истиқлолияти энергетикии кишвар таваҷҷуҳи хосе намуда,  ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва ватанӣ дар ин соҳаи ҳаётан муҳим талошҳои зиёде ба харҷ додаанд.  Аз ҷумла бо талошҳои бевоситаи он кас то имрӯз ба ин соҳаи муҳим  ҷиҳати сохтмон, таъмиру азнавсозии неругоҳҳо,  зеристгоҳҳои барқӣ, шабакаҳо ва хатҳои интиқоли барқӣ зиёда аз 18 миллиард сомонӣ ҷалб ва мавриди истифодаи мақсаднок қарор дода шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки даҳсолаи охир бо баҳрабардорӣ аз неругоҳҳои навбунёди барқи обии «Сангтӯда-1»,  «Сангтӯда-2», «Помир», даҳҳо неругоҳҳои хурду миёнаи маҳаллӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 афзоиши иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар саросари ҷумҳурӣ аз тақрибан  4000 то ба 5500 мегавват расонида шуда, бунёди бузургтарин иншооти энергетикии аср – НБО-и «Роғун» бомуваффақият идома дорад, ки натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандонаю пайгирии Президенти мамлакат дар таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар мебошад.

Ҷаҳду талошҳои Ҷаноби Олӣ буд, ки зимни аз миён бурдани мушкилоти асосии шаҳрҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ бо неруи барқ, боварию эътиқоди мардум ба сиёсати ҳадафмандонаи Сарвари давлат ҳамчун роҳбари ғамхору дурандеш ва мушкилкушо зиёд гардид.

Дар ин давра воқеан ҳам як силсила корҳои бузурге дар самти рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон анҷом дода шуд, ки иҷрои он ҳатто дар замони шӯравии  қудратманд ғайриимкон дониста мешуд. Намунаи он бунёди хатти интиқоли барқи 500  киловолтаи Ҷанубу Шимол аст, ки баробари эҷоду ҳифзи ҳалқаи ягонаи энергетикии кишвар ва аз миён бурдани хавфи парокандагии системаи ягонаи энергетикии кишвару манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии он, дар маҷмӯъ, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти миллӣ низ хеле муҳиму арзишманд мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки Президенти мамлакат асосгузор ва ташаббускори асосии таҳия ва татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли қувваи барқ (CASA-1000) аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистону Ҷумҳурии Исломии Покистон  буда, дар бобати ба кишвари бузурги тавлидкунандаи неруи барқи  аз лиҳози экологӣ тоза табдил додани Тоҷикистон саҳми воқеан ҳам беназире доранд.

Дар ин росто бояд таъкид намуд, ки Сарвари давлати Тоҷикистон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, конференсия ва намоишҳои бузурги байналмилалӣ дар мавриди ба роҳ мондани ҳамкориҳои шаффоф ҷиҳати татбиқи васеи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ бо истифода аз захираҳои бойи оби давлатамон масъалагузориҳо намудаанд.

Ҷаноби Олӣ, баробари ба ин манбаи бебаҳои энергетикии кишвари азизамон ҷалб намудани  таваҷҷуҳи ҷаҳониён, тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ  таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ ва  экологии Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро  тибқи талаботҳои имрӯза анҷом дода,  масъалаи аз лиҳози ба меъёрҳои бехатарӣ,  устуворӣ,  экологӣ ҷавобгӯй будани иншооти мазкур ва имконияти дар садсолаҳои минбаъда барои на танҳо кишварамон,  балки  минтақа хизмат намудани онро собит намуданд, ки бо бунёди чунин иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии интиқоли қувваи барқ кишвари мо метавонад ба бузургтарин тавлид ва содиркунандаи неруи барқ мубаддал гардад.

Мо ҳама хуб медонем, ки имрӯз дар доираи имкониятҳои мавҷуда таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамчун ҳадафи стратегӣ дар маркази диққати Роҳбари давлат  қарор дошта,  дар буҷети мамлакат барои соли 2016 ҷиҳати рушди соҳаи мазкур зиёда аз 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки шаҳодати равшани сиёсати пайгиронаи Ҷаноби Олӣ дар боби таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар барои имрӯзу ояндаи он мебошад.

Ногуфта намонад, ки роҳи расидан  ба ҳадафи истиқлолияти энергетикии кишвар мисли дигар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат мушкилоту монеаҳои муайянеро дар пай дошт, ки боиси шарҳу тавзеҳоти гуногун дар дохил ва хориҷ қарор мегирифт. Хушбахтона, воқеияти зиндагии ҷомеаи кунунии мамлакат ҳамчун далели равшани ҳақиқати бебаҳси сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар самти тадриҷан ба кишвари бузурги тавлидкунандаю содиркунандаи неруи барқи обӣ мубаддал намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол тавонист ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро низ ба ҳақиқати амалигароии ин  сиёсати амиқу дурбинона мутмаин созад, ки ногузир аз обрӯю эътибори кишвари тоҷикон ва роҳбари шоистаи кишвари тоҷикон дарак медиҳад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, лоиҳаи Қонуни мазкурро, ки татбиқи он  ба таҳкими ҳар чӣ бештари давлатдории миллӣ ва рушду инкишофи ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии кишвари азизамон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёди шаҳрвандӣ нигаронида  шудааст, ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ