18-уми сентябри соли 2023 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар «Бозиҳои 19-уми осиёӣ» иштирок менамоянд, вохӯрӣ карданд.
Бозиҳои осиёӣ аз 23-юми сентябр то 8-уми октябри соли равон дар шаҳри Ханжоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир гардида, дар он варзишгарони 45 давлати қораи Осиё иштирок менамоянд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 118 варзишгар дар 19 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунад.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ иброз намуданд, ки варзиш яке аз василаҳои пайвандгари халқу миллатҳо буда, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ он ҳамчун ҷузъи муҳими низоми арзишҳои фарҳангии халқу миллатҳо баромад менамояд ва давлатҳои ҷаҳон тавассути баргузории чорабиниҳои гуногун баҳри муаррифии рукнҳои фарҳангии худ ва ҳифзи манфиатҳои миллиашон талош меварзанд.
Пешвои миллат аз рӯзи аввали соҳибистиқлолӣ соҳаи варзишро мавриди таваҷҷуҳ ва ғамхории бевосита қарор додаанд. Варзишгарони тоҷик давоми шаш соли охир дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори медалҳои зиёд гардидаанд. Ҳамзамон, дар сатҳи мусобиқаҳои байналмилалӣ борҳо Парчами давлатӣ парафшон ва Суруди Миллӣ садо додааст, ки боиси ифтихори миллати тоҷик мебошад.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар баробари фароҳам овардани шароити муносиб ба варзишгарон, инчунин, қабл аз сафари онҳо ба мусобиқаҳои бузург чунин мулоқоти судманд ва муаррифии либосҳои расмӣ анҷом дода мешавад. Ин маротиб низ бо ташаббуси роҳбарияти олии мамлакат либосу лавозимоти варзишӣ бо рангҳои Парчами давлатӣ ороёфта омода гардида, ба варзишгарон тақдим шуд.
Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгароне, ки дар «Бозиҳои 19-уми осиёӣ» нишони тилло мегиранд, 150 000 сомонӣ, барандагони нишони нуқра 100 000 сомонӣ ва соҳибони нишони биринҷӣ 50 000 сомонӣ Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат баҳри дастгирии варзишгарон дар «Бозиҳои 19-уми осиёӣ» қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе ба тасвиб расид, ки тибқи он, ба гирандагони медали тилло хонаи 3 — ҳуҷрадор, нуқра — 2 ва медали биринҷӣ хонаи 1 — ҳуҷрадор тақдим мегардад.
Дар Бозиҳои осиёии навбатӣ парчамбардори мунтахаби Тоҷикистон паҳлавони тоҷик Темур Раҳимов интихоб шуд. Ӯ аз номи ҳайати иштирокчиён сухан гуфта, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгирии пайваста ва ҳамаҷониба миннатдорӣ ва сипосмандии ҳамаи варзишгаронро расонид ва иброз намуд, ки варзишгарон талош менамоянд, ки зинаҳои ифтихориро соҳиб гарданд ва Парчами давлатии Тоҷикистонро баланд бардоранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Темур Раҳимов — парчамбардори дастаи варзишгарони Тоҷикистон Парчами давлатиро тақдим намуда, ба онҳо барору музаффарият ва комёбиҳо таманно намуданд.
АМИТ «Ховар»