Ҳафтуми феврали соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдураҳмон Ал-Насрро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфтанд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардидан табрик гуфта, дар пешбурди рисолати дипломатӣ ба ӯ комёбӣ орзу намуданд.
Ҷонибҳо аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Қатар ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар қолаби минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар натиҷаи муколамаи сиёсии сатҳи олӣ муносибатҳои судманд мунтазам рушд ёфта, заминаи ҳуқуқии робитаҳои ҳар ду давлати бо ҳам дӯст таҳким меёбанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, тиҷоратию сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол, тавсеаи сохтори тиҷорати мутақобила ва ҷалби бештари сармоягузорони Қатарро ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҷониби Қатар барои дар сатҳи баланд баргузор намудани мусобиқаи Ҷоми Осиё — 2023 оид ба футбол, инчунин, пазироии самимӣ ва ташкили шароити мусоид ба дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол изҳори сипос намуданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, атрофи вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ҳамкориҳои давлатҳо дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.
АМИТ «Ховар»