Вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо доктор Алии Лориҷонӣ

№52 (3532) 21.04.2016

20 апрели соли 2016 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ дар шаҳри Москва мулоқот намуд.

Зимни суҳбат асосан ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон тайи солҳои охир хеле густариш ёфтааст. Дар давоми фаъолияти даъвати нави Маҷлиси намояндагон миёни ҳайатҳо ва шахсиятҳои воломақоми парлумонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон чандин мулоқоту суҳбатҳо баргузор гардид. Аз ҷумла сафари ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сурат гирифт, ки равобити байнипарлумонии ду кишварро тақвият бахшид. Дар парлумонҳои ҳар ду кишвар имрӯз гурӯҳҳои дӯстӣ фаъолият мекунанд.

- Дар маҷмӯъ, дар бахши ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва тавсеа ёфтани муносиботи иқтисодиву фарҳангӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон пешомадҳои хеле хуберо интизорем, — иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.

Раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Алии Лориҷонӣ низ густариши ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро аз муҳимтарин аҳдофи мулоқоташ бо Шукурҷон Зуҳуров арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки мавҷуд будани муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва динӣ байни ду миллати бародар барои таҳкими чунин ҳамкориҳо замина фароҳам меорад.

Дар мулоқот, ҳамчунин бар зарурати истифода аз таҷрибаи якдигар дар заминаи таҳия, эҷод ва қабули қарору қонунҳо ва дигар санадҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ таъкид шуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон