ВОХӮРИИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

№ 07.04.2024

    27 — уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Роғун оид ба расонидани нуктаҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Наҷмиддиниён бо сокинони шаҳр доир гардид.

     Дар вохӯрӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сарфаю сариштакорӣ, роҳ надодан ба бегонапарастию хурофот, ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани насли наврасу ҷавонон, пешгирии терроризму экстремизм, гирифтани пеши роҳи гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ ба ҷамъомадагон маслиҳатҳои муфид доданд. Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки дар корҳои ободониву созандагии диёри худ фаъол бошанд ва дар байни наврасону ҷавонон тавассути корҳои тарғиботию ташвиқотӣ тарбияи хубро роҳандозӣ намоянд.

Рӯзҳои 27-28 март вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ва Муҳаммадулло Шерализода бо сокинону фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ вохӯрию мулоқотҳои судманд анҷом доданд.

Дар рафти вохӯрӣ вакилон зикр карданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеа ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат ва ниёзмандон пешгирии зоҳирпарастию исрофкорӣ ва риоя намудани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумӣ ва динӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, вакилон дар ҷараёни вохӯрӣ ҷиҳати риояи ҳатмии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ва «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ибрози назар карданд.

28 — уми март дар ноҳияи Файзобод мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сумангул Тағозода ва Файзулло Наҷмиддиниён бо интихобкунандагон доир гардид.

Зимни вохурӣ вакилон изҳор доштанд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни мулоқот бори дигар оид ба рафти татбиқи қонунҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» андешаронӣ намуда, аз аҳли ҷомеаи мамлакат риояи қатъии муқаррароти ин қонунҳоро талаб намуданд. Ҳоло ҳам иддае аз шаҳрвандон дар баргузор кардани маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ медиҳанд. Қайд гардид, ки зоҳирпарастию исрофкорӣ ва риоя нагардидани меъёру андозаҳои муайяншудаи анъана ва расму оинҳои мардумию динӣ садди роҳи баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мегардад.

Чунин вохӯрии судманди вакилони Маҷлиси намояндагон Сумангул Тағойзода, Файзулло Наҷмиддиниён ва Ҷамшед Муртазозода 29 март бо сокинон ва фаъолони шаҳри Ваҳдат баргузор шуд.

     Дар рафти вохӯрӣ вакилон оид ба зоҳирпарастию исрофкорӣ, риоя накардани анъанаҳо ва расму оинҳои мардумӣ ва динӣ, сафарҳои чандинкаратаи шаҳрвандон ба ҳаҷ ва умра, таълиму тарбияи фарзандон дар роҳи хушахлоқию илмомӯзӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию ифротгароӣ  ибрози назар карданд. Ҳамчунин, вакилон изҳор доштанд, ки баҳри расидан ба зиндагии шоиста мо бояд дар якҷоягӣ насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, сарфакорӣ, илмомӯзию забондонӣ, хушахлоқию хушмуомилагӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи марзу буми кишвари азизамон тарбия намоем.

Муҳаммад ЗОКИР,

 «Садои мардум»