Вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон

№7 (3801) 16.01.2018

1 (2)Чандест, ки бо мақсади тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодаанд.

ҳафтаи гузашта дар Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» — и ноҳияи Бохтар вакили Маҷлиси намояндагон Ҷобирзода Тоҳир Гул бо интихобкунандагон мулоқот баргузор намуд.

Ҷобирзода Тоҳир Гул зикр кард, ки маҳз талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 170 давлати дунё Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман шинохтаву эътироф мекунанд ва Тоҷикистон бо 156 кишвар муносибати дипломатӣ дорад.

1 (1)Барои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҳар сол аз Буҷети давлатӣ маблағи зиёд ҷудо мешавад. Дар соли 2017 Буҷети давлатӣ 19 миллиарду 568,1 миллион сомониро ташкил намуд ва 101 дарсад иҷро шуд. Буҷети давлатӣ барои соли 2018 дар ҳаҷми 21,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардид, ки аз нисф бештари он, мисли солҳои қаблӣ, ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ равона мешавад.

- Сарвари давлат ба масъалаи таъмиру барқарорсозии роҳҳои автомобилгард диққати ҷиддӣ медиҳанд, — гуфт вакили Маҷлиси намояндагон. — Соли гузашта ба ин мақсад 8 миллиард сомонӣ равона шудааст. Соли 2017, ҳамчунин навсозии шоҳроҳи Душанбе — Қӯрғонтеппа оғоз гардид, ки он низ яке аз дастовардҳои даврони соҳибис­тиқлолӣ мебошад.

Дар фаровард Ҷобирзода Тоҳир Гул ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух гуфт.

 Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»

***

Зимни мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов, ки бо гурӯҳи кории ҳукуматӣ дар ҷамоати шаҳраки Пахтаобод ва ҷамоатҳои деҳоти «қаратоғ», ба номи ҷӯра Раҳмонов, «10-солагии истиқлолият», «Сешанбе», «Навобод»-и шаҳри Турсунзода бо доираи васеи аҳли ҷамоатчигӣ доир гардид, таъкид шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём вазъи ҷаҳонро таҳлил ва мавқеи Тоҷикистонро муайян намуда, баҳри таъмини рушди саноат, энергетика, коммуникатсия, кишоварзӣ, бехатарии озуқаворӣ, пешбурди соҳибкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аъзои гурӯҳи корӣ аз ҷониби Пешвои миллат эълон гардидани моратория барои санҷиши субъектҳои соҳибкории истеҳсолӣ дар ду соли минбаъда, равона гардидани маблағҳои ҷумҳуриявӣ ва сармояи дохиливу хориҷӣ ба рушди энергетика, коммуникатсия, ҷалби сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи ниҳоӣ ва дигар тадбирҳои таконбахши рушди иқтисоди миллиро муҳим арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки Пешвои миллат бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ соли 2018-ро дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки ин масъулони сохторҳои марбута, соҳибкорону ҳунармандонро вазифадор месозад, ки имконият, маҳорат ва ҳунари хешро барои рушд истифода намоянд.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»