Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба татбиқи қонунҳои ҷорӣ тақвият мебахшанд

№146-147 (3447-3448) 30.10.2015

DSC_210828 октябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бозхонд намудани Наимова В.Р. аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2.Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Маҳмудов Ҷ. Б. аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3.Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бозхонд намудани Сатторов А.Қ. аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»

5.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»

6.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок»

7.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ».

Қисмати аввали масъалаҳои рӯзнома – «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бозхонд намудани Наимова В. Р. аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани Маҳмудов Ҷ. Б. аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи бозхонд намудани Сатторов А. Қ. аз ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба таври алоҳида баррасӣ ва вобаста ба онҳо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд.

РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 20 апрели соли 2012) бармеоянд, таҳия шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятии марбут ба тартиб ва расмиёти гузаронидани санҷишро ба танзим медарорад ва ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти давлат ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда равона шудааст.

Мафҳумҳои таваккал, меъёрҳои баҳодиҳии дараҷаи он, мақоми ваколатдори давлатӣ,  объекти санҷиш ҳамчун мафҳумҳои нав дар лоиҳаи қонун муқаррар карда шуданд, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо ба низоми санҷишӣ муносибатҳои муосир ҷорӣ карда мешаванд.

Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиш, тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи Дафтари бақайдгирӣ, таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷиш дохил мешавад.

Дар моддаи алоҳида (моддаи 10) мақомоти ваколатдори давлатии санҷиш ва мавзӯъҳои санҷиш мушаххас  муайян карда шуданд.

Бо мақсади таъмини шаффофият, тамоми санҷишҳои гузаронидашавандаи мақомоти санҷиш бояд дар дафтари бақайдгирӣ ба қайд гирифта шаванд ва аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷиш ворид накардани қайдҳо ба Дафтари бақайдгирии субъекти хоҷагидор боиси беэътибории натиҷаҳои санҷиш гардида, барои ба оғози санҷиш роҳ надодани шахси мансабдори мақоми санҷиш асос мешавад. Ҳамзамон мақомоти давлатии бақайдгирандаи шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) субъектҳои хоҷагидорро бо Дафтари бақайдгирии санҷишҳо таъмин менамоянд.

Муайян ва муқаррар кардани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор танҳо дар асоси дараҷаи таваккал дар лоиҳаи қонуни мазкур мавқеи хоса дошта, мақомоти санҷиш бояд арзёбии дараҷаи таваккалро дар асоси сатҳи имконияти расонидани  зарар дар натиҷаи фаъолияти  субъекти хоҷагидор ба ҳаёт ё саломатии аҳолӣ, манфиатҳои  молумулкӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи муҳити зист, бо дарназардошти дараҷаи вазнинии оқибатҳои он амалӣ намоянд.

Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои машваратдиҳии субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои камкунии таваккал ва амалигардонии фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва иҷрои дигар чорабиниҳое, ки ба пешниҳоди иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, равона карда шудаанд, ба роҳ монда шавад. Масъалаҳои пешниҳоди иттилоот ва машварат яке аз рукнҳои асосии низоми санҷиши байналмилалӣ мебошад.

Санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, санҷиши иловагӣ ва санҷиши такрорӣ ҳамчун намудҳои санҷиш муқаррар гардиданд.

Ҳар санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, ба истиснои санҷишҳои ғайринақшавӣ, танҳо бо дарназардошти дараҷаи таваккал гузаронида мешавад, ки вобаста ба дараҷаи таваккал санҷишҳои нақшавӣ на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои субъектҳои дараҷаи таваккал баланд, на зиёда аз як маротиба дар се сол барои субъектҳои дараҷаи таваккал миёна ва  на зиёда аз як маротиба дар панҷ сол барои  субъектҳои дараҷаи таваккал паст муқаррар шудааст.

Дастгирии фаъолияти субъектҳои хоҷагидори навтаъсис чун ҳарвақта яке аз вазифаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад. Аз ин лиҳоз, дар ҷараёни санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ мақоми санҷиш ба субъекти хоҷагидори навтаъсис дар давоми ду соли аввали фаъолияти он танҳо барои додани машварат ва расонидани кумаки методӣ оид ба масъалаҳои мавзӯи санҷиши он метавонад ҳозир шавад.  Аммо дар ин давра  субъекти хоҷагидори навтаъсис аз иҷрои уҳдадориҳои муқаррарнамудаи қонунҳое, ки  риоя ва иҷрои онҳо мутобиқи қонунгузорӣ бояд санҷида шавад, озод карда намешаванд.

Роҳбари мақоми санҷиш дар ҳолати дар ҷараёни санҷиш мавҷуд будани асосҳои кофии дар қонунгузорӣ муқарраргардида метавонад дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор қарор қабул намояд. Ин ҳолат яке аз фишангҳои асосии фаъолияти мақомоти санҷишӣ маҳсуб меёбад.

Бо мақсади таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои ҳамоҳангсозии санҷишҳоро таъсис ва ҳайати онро тасдиқ мекунад, ки фаъолияти он бояд шаффоф буда, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дастрасии субъектҳои хоҷагидорро бо маълумот дар бораи санҷишҳо ё оид ба фаъолияти он таъмин намояд.

Мақоми санҷиш махзани маълумот ва низоми идоракуниро таъсис медиҳад ва пеш мебарад, иҷрои вазифаҳоро оид ба амалӣ гардонидани вазифаҳои назоратӣ таъмин менамояд. Қарорҳо дар бораи гузаронидани санҷиш, санадҳои санҷиш ва қарорҳои аз рӯи натиҷаҳои санҷиш қабулгардида дар махзани маълумоти мақоми санҷиш ба қайд гирифта мешаванд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои ба тариқи муосир ба роҳ мондани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла гузаронидани санҷишҳо дар асоси таваккал ва ба рушди соҳибкорӣ мусоидат менамояд.

Бо дарназардошти нукоти зикргардида аз вакилони арҷманди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоянд.

РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Турсунова Гулбаҳор Назирҷоновна дода мешавад.

Гулбаҳор ТУРСУНОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди иқтисодӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум корҳои назаррас ба анҷом расида истодааст.

Дар ин раванд қонунгузории кишвар, аз ҷумла қонунгузории фаъолияти соҳаро танзимкунанда, такмил дода шуд, ки дар низоми иқтисодии мамлакат дигаргуниҳои куллиро ворид намуда истодааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани санҷиш, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, сарфи назар аз шакли моликияташон, равона шудааст.

Мақсад аз гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор кам намудани таваккал барои саломатии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти ҷомеа, ҳифзи моликият тавассути таъмини риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор дар раванди амалӣ намудани фаъолият мебошад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 2015 таҳти № 188 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои  додани  хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, аз ҷумла кам намудани шумораи мақомоти назоративу санҷишҳо таҳия шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 6 боб, 46 модда иборат буда, боби  1. Муқаррароти умумӣ, боби 2. Расмиёти гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, боби 3. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ, боби 4. Нақшаи солона, ҳисоботдиҳӣ, омӯзиш ва арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, боби 5. Ҳамкории мақомоти санҷишӣ ва боби 6. Муқаррароти хотимавиро дар бар мегиранд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида ҷиҳати кам кардани такроршавии санҷишҳо, ҳамоҳангсозии нақшаҳои санҷишии 31 мақомоти санҷиш, эътироф кардани санҷиши сохторҳои як мақомот аз ҷониби сохторҳои маҳаллии онҳо ва роҳ надодан ба санҷишҳои такрорӣ пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он 114 таклифу эрод пешниҳод намуданд.

Рӯзи 20 октябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, аз таклифу дархостҳои воридшуда 66-тоаш қабул, 20-тоаш қисман қабул ва 28-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид шуданд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои манзургардида лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд, аз ҷумла:

- дебоча таҳрир шуд;

- дар тамоми матни лоиҳаи қонун калимаҳои «таваккал (хавф)» ва «мақомоти санҷиш» ба калимаҳои «таваккал» ва «мақомоти санҷишӣ» иваз шуданд;

- сархати чоруми моддаи 1, моддаи 3, қисми 1 моддаи 4, моддаҳои 6, 7, 8, қисми 1 моддаи 12, моддаи 15, қисми 7 моддаи 22, сархати якуми қисми 2 моддаи 24, қисми 1 моддаи 30, номи моддаи 31, сархати якуми қисми 2 моддаи 32, моддаи 41 аз нав таҳрир шуданд;

- қисмҳои 3, 4 моддаи 23 ба моддаи 22 қисмҳои 7, 8 ва қисмҳои 2, 3 моддаи 44 ба моддаи 43 қисмҳои 6 ва 7 гузаронида шуданд;

- ба моддаи 7 сархати нав бо мазмуни зайл илова шуд:

-амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- моддаи 42 хориҷ шуда, матни модда ба моддаи 6 гузаронида шуд;

- инчунин мавриди амали лоиҳаи қонуни мазкур ба 1 июли соли 2016 гузаронида шуд;

- ба моддаи 8 сархати нав илова шуд;

- дар маҷмӯъ ба баъзе моддаҳои лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд;

- матни лоиҳаи қонуни мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.

Пешниҳодҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров шуда буданд, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар кумита баррасӣ  ва ба лоиҳаи қонуни мазкур ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳишмандем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор бояд шароити мусоиду беҳтар муҳайё намоем. Яке аз  масъалаҳое, ки ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеа эҷод мекунанд, санҷишҳои зиёди мақомоти гуногун ба ҳисоб мераванд.

Аз ин рӯ, лозим аст, ки мақомоти санҷиш фаъолияти худро ба танзим дароранд ва имкон фароҳам оварда шавад, ки барои рушди иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии мардум соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ ёбанд.

Қодири ҚОСИМ: — Баъди дастгирии шумо барои амалӣ гаштани қонуни мазкур нақша — чорабиниҳо тартиб дода мешаванд. Дар раванди татбиқи он бештар аз 12 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул хоҳад шуд.

Тавре дар лоиҳаи қонуни мазкур  омадааст, Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти санҷишӣ ташкил дода мешавад, ки он кори мақомоти тафтиширо танзим менамояд, зеро ҳоло 137 мақомоти санҷишӣ амал дорад, ки хеле зиёд аст.

Агар фаъолияти онҳо ба танзим дароварда  нашавад, пешгирӣ намудани ҳолатҳои санҷиши такрории субъектҳои хоҷагидор  душвор мегардад.

Ҳамзамон моро лозим аст, ки ҷиҳати татбиқи қонуни мазкур корҳои  фаҳмондадиҳиро беҳтар ба роҳ монем.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Равандҳои номатлуби буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, дигар омилҳои беруна таъсири худро ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам шиддатнок карда истодаанд. Дар ин вазъият дастгирӣ намудани субъектҳои хоҷагидор ниҳоят муҳим аст, зеро бахши хусусӣ 63,4 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ, 64,5 фоизи теъдоди аҳолии фаъоли иқтисодӣ ва қариб 80 фоизи пардохти андозро таъмин менамояд. Аз ин рӯ, лоиҳаи қонуне, ки мо мавриди баррасӣ қарор додаем, ба манфиати субъектҳои хоҷагидор мебошад. Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур мақомоти санҷишӣ 31 самтро дар бар мегирад. Ба як субъекти хоҷагидори соҳаи истеҳсоли саноатӣ аз тарафи мақомоти санҷишӣ дар як сол то 15 санҷиш рост  меояд, ки барои онҳо гарон мебошад.

Хуб мешуд, ки дар Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки минбаъд аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад, таъсиси чунин шӯроҳо дар маҳалҳо, тартиби пешбурди кори онҳо ҳалли худро меёфтанд. Мақоми ваколатдори  давлатӣ низ бояд иҷрои талаботи моддаи 8- уми қонуни мазкур дар бораи қоидаҳои гузаронидан ва моддаи 26 оид ба давомнокӣ ва муҳлати гузаронидани санҷишҳо ва давраҳои онро мунтазам зери назорати қатъӣ гирад.

Мақоми ваколатдори давлатӣ якҷо бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ минбаъд дар раванди кор бояд усулҳои нави назоратиро ба роҳ монанд. Алалхусус аз рӯи принсипҳои «Равзанаи ягона» барои санҷиши субъектҳои хоҷагидор ҷиҳати таъсиси гурӯҳи нозирони мутамарказонидашуда чораҳо андешанд.

Аз вакилони гиромӣ хоҳиш мекунем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоянд.

Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров лоиҳаи қонуни мазкур барои такмил додан ба кумитаи масъул баргардонида шуд.

Дар ин хусус Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» сухан ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

Ҷамшед КАРИМЗОДА: — Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ !

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои талаботи банди 29 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 8 то 10 октябри соли 2013 дар ҷараёни сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бармеоянд ва супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим аз 10 июли соли 2015 таҳти №14639 (27-7) ҷиҳати то давраи бо неруи барқ  пурра таъмин гардидани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳияи Мурғоб бо маводи сӯзишвории ангишт, ки аз Ҷумҳурии Қирғизистон ворид карда мешавад, барои озод намудани воридоти он аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ таҳия гардидааст.

Аз маълумоти пешниҳоднамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маълум мегардад, ки эҳтиёҷоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Мурғоб барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2015-2016-ум ба маводи сӯхти ангишт 7200 тонна, аз ҷумла барои соҳаҳои маориф 950 тонна, тандурустӣ 287 тонна, фарҳанг 101 тонна, дигар корхонаву муассисаҳои буҷетӣ 300 тонна, аҳолӣ 3562 тонна ва қисмҳои ҳарбӣ 2000 тоннаро ташкил медиҳад.

Мувофиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб таъминоти ангишт ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва аҳолии ноҳияи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Мурғоб анҷом дода мешавад.

Арзиши ангишти воридшуда аз рӯи ҳисоби нархи миёна маблағи 7200,0 ҳазор сомонӣ, маблағи имтиёзҳои андозии ҳисобкардашуда 1720,8 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла боҷи гумрукӣ 360,0 ҳазор сомонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда 1360,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолии ноҳияи Мурғоб бо маводи сӯхти ангишт аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 октябри соли 2015 таҳти № 294 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо мақсади аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти ангишт аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба миқдори 7200 тонна барои мавсими зимистонгузаронии солҳои 2015- 2016 ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудааст.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ-МАДЗОДА:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи 14 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 ноябри соли 2014 оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок, воридшавии сармояи хориҷӣ ва дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷаҳон муаррифӣ намудани қоғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ, бартараф намудани монеа ва мушкилиҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ таҳия шудааст.

Лоиҳа қонуни мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба нуҳ моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» пешбинӣ менамояд.

Тибқи тағйирот дар моддаи 1-уми қонуни мазкур мафҳуми «биржаи фондӣ» аз нав таҳрир гардида, мафҳуми «ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии қоғазҳои қиматнок» илова карда мешавад.

Иловаҳо ба моддаҳои 4 ва 5 — уми қонуни мазкур ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷаҳон муаррифӣ намудани қоғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ равона шудааст.

Тағйирот ба қисми 1 моддаи 36-уми қонуни мазкур ҷиҳати бартараф намудани монеаҳо ҳангоми машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматнок ворид карда мешавад.

Бо мақсади бевосита пешбинӣ кардани тартиби амалӣ намудани фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ иловаҳои дахлдор ба моддаҳои 38 ва 39-уми қонуни мазкур ворид карда мешаванд (айни ҳол фаъолияти брокерӣ ва дилерӣ тибқи Низомномаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000 таҳти №502 амалӣ мегардад). Ин фаъолиятро минбаъд қонун ба танзим медарорад.

Иловаҳо ба қисмҳои 1 ва 3 моддаи 43-юми қонун хусусияти таҳрирӣ дошта, иловаи қисми 14 ба он тартиби таъсис додан ва фаъолияти маҳфуздорандаи марказиро пешбинӣ менамояд.

Тағйирот ба қисми 1 моддаи 44-ум ҷиҳати мушаххаскунии фаъолият оид ба ташкили савдо дар бозори қоғазҳои қиматнок пешбинӣ гардида, қисми 2-юми он бо дарназардошти тағйирот ба сархати ҳафтуми моддаи 1-уми қонун хориҷ мегардад.

Ҳамзамон ба моддаи 44-уми қонун қисмҳои 12-16 илова мегарданд, ки онҳо санади танзимкунандаи биржаи фондӣ ва вазъи ҳуқуқии ташкилоти нархгузории бозори ғайрибиржавии қоғазҳои қиматнокро муқаррар менамоянд.

Сархати чоруми моддаи 45-уми қонун бо мақсади аз байн бурдани омилҳои коррупсионӣ хориҷ карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф  РАҲИМЗОДА: -Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори қоғазҳои қиматнок» бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла ҷиҳати сода намудани таъсиси биржаҳои фондӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷаҳон муаррифӣ намудани қоғазҳои қиматноки эмитентҳои дохилӣ, бартараф намудани монеа ва мушкилиҳо ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти касбӣ дар бозори қоғазҳои қиматноки ҷумҳурӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 таҳти № 285 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон баҳри такмили он 34 таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа, аз таклифҳои пешниҳодгардида 16-тоаш қабул, 2-тоаш қисман қабул ва 16-тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲ-МАДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёт тавассути пешбинӣ кардани имтиёзҳои андозӣ барои субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок, ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯй намудани институтҳои молиявии кишвар, ки бевосита ба нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбии худро мерасонанд, таҳия гардидааст.

Тибқи маълумоти Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон додани имтиёзҳои андозӣ барои субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок метавонад дар биржаи фондӣ сармоякунонии (капитализатсияи) ҷамъиятҳои саҳомиро то 625 миллион сомонӣ дар муддати се сол ва пас аз оғози фаъолияти биржаи фондӣ давоми ҳафт сол то 990 миллион сомонӣ расонад. Ҳамчунин тариқи ҷалби сармоя иқтидори истеҳсолии субъектҳои иқтисодиёт зиёд шуда, он ба афзудани маблағҳои андоз ба буҷет мусоидат хоҳад кард.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намудани боби нав (472) «Хусусияти андозбандии субъектҳои бозори қоғазҳои қиматнок» ва моддаи 3132 пешбинӣ мегардад, ки тибқи он субъектҳои зерин ба муҳлати панҷ сол аз чунин андозҳо озод карда мешаванд:

- иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок — аз андоз аз фоида ва андоз аз арзиши иловашуда;

- эмитентҳои қоғазҳои қиматнок — аз андоз аз фоида, аз андози низоми содакардашуда;

- сармоягузорон — аз андози даромад аз афзоиши арзиши қоғазҳои қиматнок ва андоз аз суди саҳмияҳо.

Аз ин лиҳоз, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Салимзода Комил дода мешавад.

Комил САЛИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 таҳти № 287 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади рушди бозори қоғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорон ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ тавассути пешбинӣ намудани имтиёзҳои андозӣ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардида барои ба талаботи муосири ҷаҳонӣ мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳавасманд гардонидани субъектони бозори қоғазҳои қиматнок, таъмини иштироки фаъоли эмитентҳо ва сармоягузорон дар фаъолияти бозори қоғазҳои қиматноки Тоҷикистон имконият фароҳам меорад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва барои такмили он 13 таклиф пешниҳод намуданд.

Рӯзи 20 октябри соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва аз таклифҳои пешниҳодгардида 7-тоаш қабул, 3-тоаш қисман қабул ва  3-тоаш қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» сухан ба сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ дода мешавад.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо мақсади тақвият бахшидани танзими давлатӣ дар соҳаи истеҳсоли нефт ва гази табиӣ, бартараф намудани ихтилофот байни моддаҳои 9 ва 14- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур дар сархатҳои якум ва дуюми моддаи 5-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» баъд аз калимаҳои  «дар мавриди» калимаи «истеҳсол» илова шудааст.

Бо дарназардошти ин тағйирот, истеҳсоли нафт ва гази табиӣ минбаъд ба соҳаи фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ дохил мегарданд.

Бо мақсади бартараф намудани ихтилофот байни моддаҳои 9 ва 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» дар сархати 3 қисми 2 моддаи 14-ум калимаҳои «ба истиснои  тарифҳои неруи барқ ва гармӣ» илова карда шуданд. Иловаи меъёри зикргардида ба бартараф шудани ихтилофот мусоидат менамояд. Чунончӣ, дар қисми 4 моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» пешбинӣ гардидааст, ки тарифҳои неруи барқ ва гармӣ бо пешниҳоди мақомоти ваколатдор, яъне Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Аммо дар сархати 3 қисми 2 моддаи 14-уми қонуни мазкур бошад, пешбинӣ шудааст, ки тарифҳои молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) танзимшавандаи субъектҳои монополияҳои табиӣ ё ҳадди ниҳоии онҳоро бо дарназардошти талабот ба сифати онҳо, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ (Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар доираи салоҳияти онҳо муқаррар шудаанд, тасдиқ менамояд.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: -  Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.

Абдуназар ХИСРАВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ» бо мақсади такмили қонунгузории соҳа, инчунин ба танзим даровардани нарху тарифҳои хизматрасонии субъектҳои монополияҳои табиӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсад аз ворид намудани иловаҳо ба моддаҳои 5 ва 14-уми қонуни мазкур ба низом даровардани тарифҳои субъектҳои монополияҳои табиӣ дар мавриди истеҳсоли гази табиӣ ва маҳсулоти нефтӣ мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур рӯзи 23 октябри соли равон дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия (ҳамчун кумитаи масъул) бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Ҳамчунин эродҳое, ки аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба лоиҳаи қонуни мазкур гирифта шуда буданд, дар якҷоягӣ бо намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.

Хоҳишмандем, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи монополияҳои табиӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ