Ёде аз вохӯрии аввалин бо Президенти кишвар

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

1 copy copy16 ноябри соли равон халқи Тоҷикистон бори нахуст Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ҷашн мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарғибу муаррифӣ эҳтиёҷ надоранд. Дар таърихи навини тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ шахсияте мебошанд, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли  тоҷик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки ҷиҳати эҳёи падидаҳои неку писандида, арзишҳои волои миллӣ ва фарҳангии ниёгон хизматҳои пурарзиш кардаанд. Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти печидаи халқи тоҷик огоҳ аст, хизматҳои созандаи Сардори давлатро мебинад, бо хубӣ эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳанӯз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин фарзанди фарзонаи миллат, симои таърихии Пешвои миллатро дарк намудаем.

Барои тасвири симои шахсе, ки халқи зиёда аз ҳазор сол пароканда, аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати мустақил, соҳибистиқлол ва соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид намуд, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот  дод, ҷон ба кафи даст ба миллат сулҳу ваҳдат  ва амният овард, қудрат ва сиёсатро дар хидмати инсон гузошт, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ таҳрезӣ намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, ҳатто садҳо китоб каманд.

Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар асл Пешвои миллат, маҳбуби ҳама, қаҳрамоне мебошанд, ки ният ва маромашон тинҷиву оромӣ, хонаободӣ ва хушбахтии ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст.

Ёд дорам, аввалин вохӯриамро бо Пешвои миллат.

Охири моҳи апрели соли 1996 номзадиам ба мансаби прокурори вилояти Хатлон, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ аз дигар минтақаҳои мамлакат бештар зарар дида буд, пешниҳод гардид. Ростӣ, ки ин пешниҳод аҳли оилаам, пайвандону дӯстонро ба ташвиш овард ва қалби маро парешону  ноором  намуд.

Тибқи тартиби муқарраргардида, рӯзи 26 апрели соли 1996 бори аввал якҷоя бо прокурори генералии мамлакат Амирқул Насимович дар қабули Президенти кишвар будем. Новобаста аз он ки вазъи сиёсии ҷумҳурӣ хеле мураккаб буд, Сардори давлат моро бо хоксориву эҳтироми хоса қабул намуда, бо насиҳату супоришҳои пурарзиш, бо меҳрубонии падарона зикр намуданд: «Ҷавон будаӣ, бо вуҷуди ин, таҷриба дорӣ, дастгирӣ мекунем, ҳамааш нағз мешавад!». Ин суханони Пешвои миллат мани парешонро ба ҳуш оварданд, хотирамро ором намуда, рӯҳбаланд гардониданд.

Дар қатори аҳолии мамлакат, сокинони  хатлонзамин низ сулҳу ваҳдати миллиро интизор буданд, аз омодагӣ ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон бо мухолифин ашки шодӣ мерехтанд. Вале буданд нафароне, ки оромии Тоҷикистонро намехостанд.

9 июни соли 1997 як гурӯҳи мусаллаҳ  ҳуҷраи кории раиси вилоят – Давлаталӣ Шариповичро ғайриқонунӣ забт намуда, бо таҳдиди куштор истеъфояшро талаб кард.

29 июни ҳамон сол гурӯҳи мусаллаҳ судшаванда Шодмонов Олимҷонро, ки дар куштор ва дигар ҷиноятҳои вазнин айбдор шуда, дар ҳабси пешакӣ буд, аз маҳбаси  тафтишотии №8 шаҳри Қӯрғонтеппа ғайриқонунӣ озод намуд.

Оид ба ин ҳодисаҳо, прокурори вилоят парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи зикргардида  ба командири Бригадаи зудамали мамлакат полковник Маҳмуд Худойбердиев мансубанд. Аз ин рӯ, 24 июли соли 1997 таҳти №453-97 ба полковники исёнгар  Худойбердиев ва ҳаммаслакони ӯ – вакили Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев, командири қисми ҳарбии 07017 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Мурчаев ва комиссари ҳарбии вилоят полковник Одинамамадов  панҷ амрномаи прокурори вилоят супорида шуд.  Мо талаб кардем, ки полковник Худойбердиев  ва ҳаммаслаконаш фавран ба қонуншиканиҳо хотима диҳанд ва гузаронидани ҳар гуна омӯзишу  машғулиятҳои амалиро бо баромадани ҳайати шахсӣ  аз ҳудуди қисми низомӣ манъ намоянд.

25 июли соли 1997 бо имзои шахсони зикргардида ба прокурори вилоят ҷавоби расмӣ ворид гардид ва дар он талаб карда мешуд, ки ҷангиёни мухолифин ба ҷумҳурӣ  бе силоҳ ворид гарданд, дар муҳлати кӯтоҳтарин масъалаи истеъфои раиси вилоят ҳал карда шавад.

Доир ба ин масъала фавран ба прокурори генералии мамлакат маълумотнома пешниҳод шуд.

Бори дуюм, дар ҳуҷраи кории Президенти мамлакат якҷоя бо прокурори генералии ҷумҳурӣ шодравон Саломиддин Шаропович будем. Ин даъфа низ, новобаста аз вазъияти  кишвар, махсусан вилояти Хатлон, Сардори давлат моро бо эҳтироми хоса қабул намуданд. Бо маълумоти пешниҳоднамуда шинос шуда, аз чораҳои прокурорӣ изҳори қаноатмандӣ карданд, бо дилбардорӣ супориш доданд, ки ягон амали исёнгаронро бе  назорату чораҷӯйии прокурорӣ  намонем.

Хушбахтона, бо чораҳои андешидаи Сардори давлат дар муҳлати кӯтоҳтарин полковники исёнгар Худойбердиеву гурӯҳи ҷиноятии ӯ безарар  ва вазъи орому осоишта дар вилоят ва ҷумҳурӣ барқарор шуд.

Моҳи марти соли 1999 Президенти мамлакат натиҷаҳои соли 1998 — ро ҷамъбаст намуда, мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ супориш доданд, ки санадҳоеро, ки мувофиқи онҳо номи шахсони дар ҳаёт буда ба хоҷагиҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо гузошта шудаанд, зери эътирози прокурорӣ қарор диҳем. Мувофиқи супориши мазкур, дар асоси эътирозҳои прокурори вилоят бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят санадҳои марбут ба номгузории хоҷагиҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои ба номи шахсони дарҳаётбуда, аз ҷумла ба номи Сардори давлат, бекор карда шуданд.

Бо дарназардошти хизматҳои шоиста ва нақши таърихии Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини бақою ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон 16 ноябр «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон гардидааст. Итминони комил дорем, ки ин санаи муборак ба иди воқеии мардуми шарифи Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.

 А. Холмуҳаммадзода, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор