Муҳокимаи парламентӣ

Захираҳои энергетикӣ самаранок истифода ва талафёбии неруи барқ пешгирӣ шавад

№164 (3465) 03.12.2015

ЭнергетикБисту ҳафтуми ноябри соли 2015 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия  Садридин Шарипов  «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 ноябри соли 2011 таҳти № 551 «Дар бораи Барномаи истифодаи самараноки захираҳои  обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ барои солҳои 2012 — 2016» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев иштирок дошт. Ба муҳокимаи парламентӣ роҳбарону масъулони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик», Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика, Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

Баъди тасдиқи рӯзномаи ҷаласа муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Пӯлод Муҳиддиниён роҷеъ ба масъалаи мавриди назар гузориш дод.

Сипас, муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода роҷеъ ба рафти иҷрои «Барномаи истифодаи самараноки захираҳои  обии энергетикӣ ва сарфаҷӯии неруи барқ барои солҳои 2012 — 2016»  ахбороти муфассал пешниҳод намуд.

Вай зимни суханронӣ аз ҷумла иброз дошт, ки Барномаи мазкур самтҳои асосии истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ ва амалисозии нақшаю чорабиниҳо дар бахши самаранокӣ ва сарфаҷӯии энергия, оқилона истифода бурдани неруи барқ ва кам намудани талафоти энергияро фаро гирифта, сиёсати пешгирифтаи давлатро ҷиҳати ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ муайян менамояд.

Дар доираи иҷрои Барномаи мазкур дар ҷумҳурӣ сохтмону таҷдиди як қатор неругоҳҳои барқи обии калону хурд, марказҳои барқу гармидиҳӣ, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва миёнашиддат, зеристгоҳҳои барқӣ бо шиддати гуногун амалӣ шуданд.  НБО-и «Сангтӯда- 2» бо иқтидори 220 МВт ба маблағи 318,9 млн. доллари ИМА (агрегати 1 — ум моҳи августи соли 2011 ва агрегати 2-юм моҳи сентябри соли 2014 ба истифода дода шуд) бо усули БОТ (сохтмон — истифода — супоридан) дар ҳамкорӣ ва маблағгузории тарафайн бо Ҷумҳурии Исломии Эрон сохта, айни замон бомуваффақият фаъолият намуда истодааст. Дар ин росто, навбати якуми Маркази барқу гармдиҳии  Душанбе -2 ба маблағи 178,0 млн. доллари ИМА бо иқтидори 100 МВт сохта, ба истифода дода шуд. Дар ҳолати бо иқтидори 400 МВт фаъолият намудани Маркази мазкур теъдоди коргарони маҳаллӣ то 500 нафар расонида мешавад. Ғайр аз ин, асосноккунӣ ва омода намудани ҳуҷҷатҳо барои лоиҳаҳои неругоҳҳои  барқи обии «Нуробод -1», «Нуробод- 2», «Фондарё», «Айнӣ», «Себзор», «Санобод», Неругоҳи барқи ҳароратии «Фон — Яғноб» ва дигар неругоҳҳои барқи обии хурду бузург идома доранд. Тибқи Барнома Хатти интиқоли барқи (ХИБ) 220 кВ «Хуҷанд — Айнӣ» бо арзиши 36,9 млн. доллари ИМА дар моҳи ноябри соли 2011,  сохтмони ХИБ – 220 кВ «Қайроққум — Ашт» ва «Геран — Румӣ» бо арзиши умумии 22,0 млн. доллари ИМА дар доираи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли барқ» аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки Рушди Осиё, хатти интиқоли барқи 220 кВ «Қайроққум- Ашт» моҳи июни соли ҷорӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Ҷиҳати кам намудани талафоти неруи барқ  Ҷ. Шоимзода васлу насби ҳисобкунакҳои электрониро муҳим арзёбӣ кард. Таъкид шуд, ки агар паст намудани талафоти техникӣ асосан аз ҳисоби таъмиру азнавсозии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо ба даст ояд, пас кам намудани талафоти тиҷоратӣ асосан аз ҳисоби васлу насби ҳисобкунакҳои электронӣ имконпазир мегардад. Айни замон, лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд идома доранд.

Муовини якуми раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»  Асозода Муҳаммадумар Шамсулло зимни суханронии хеш роҷеъ ба корҳои анҷомдодаи ширкат нисбати масъалаи мазкур таъкид намуд, ки сарфакорона истифода намудани захираҳои обию энергетикии кишвар, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани иқтидорҳои истеҳсолӣ, беҳтар намудани таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт бо неруи барқ  аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти  ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ҳисоб мераванд. Мавсуф иттилоъ дод, ки дар давраи аз соли 2012 то нуҳ моҳи соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ 53 миллиарду 672 млн. кВт. соат, аз ҷумла дар неругоҳҳои барқи обӣ 53 миллиарду 172 млн. кВт. соат ва дар марказҳои барқу гармидиҳӣ 453,8 млн. кВт. соатро ташкил дод.  Номбурда инчунин роҷеъ ба чораҳои андешидашуда  вобаста ба кам намудани ҳаҷми талафоти неруи барқ, мукаммалгардонии низоми баҳисобгирии он, вазъи таъминоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо неруи барқ, фаъолияти шабакаҳои барқӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ таври муфассал маълумот дод.

Вобаста ба масъалаи баррасишуда вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул, Хайрулло Асозода, Абдуҳалим Ғаффоров, Олимҷон Сафаров, Аҳмадҷон Қобилов, Саидҷаъфар Исмонов, Баҳром Абдуалимов, Иброҳим Абдуллозода, Ҷаббор Ахмедов ба масъулин саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва таклифу пешниҳодоти баёнгардида қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

 К. Бурҳониддин, «Садои мардум». Суратгир А. ИСОЕВ