Заминаҳои ташкилӣ — ҳуқуқии баргузории рӯзи парчами давлатӣ

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

IMG_4964Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи расмии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баёнгари соҳибихтиёрию мустақилият, ягонагию сарҷамъӣ, сарафрозию шарафмандӣ, ватандӯс­тию ватанпарастӣ, таҷассумгари ғурури миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзую ормонҳои мардуми меҳнатқарину фарҳангсолори тоҷик буд ва мемонад.

Истиқлолияти давлатӣ зарурати қабул кардани рамзҳои давлати соҳибистиқлол, хусусан Парчами давлатии Тоҷикистони соҳиб­истиқлолро, ба вуҷуд овард. Аз ин лиҳоз, 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум дар баробари дигар масъалаҳои муҳими ҳаёти мамлакат – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мутобиқи он, аз ҷумла, ба моддаи 170-уми Конститутсия (таҳрири соли 1978), ки ба Парчами давлатӣ бахшида шуда буд, тағйироти дахлдор ворид гардид. Дар асоси ин тағйирот бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ки дар он рангҳои Парчами давлатӣ, тоҷ ва ҳафт ситораи он шарҳ дода шуданд.

Боиси хушнудист, ки дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол 31-умин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил менамоем.

Ҳанӯз 3-юми ноябри соли 2009 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро доир ба муқаррар намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Дар натиҷа, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи мамлакат қабулу ҷонибдорӣ гардида, 19-уми ноябри соли 2009 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҳамон сол, дар саросари кишвар Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад, ки ин ифтихору сарафрозии ҳар як фарзанди меҳанпарасту миллатдӯсти Тоҷикистони соҳиб­истиқлол мебошад.

Қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми нояб­ри соли 1994 рамзҳои давлатиро дар моддаи алоҳида пешбинӣ ва мушаххас намуд. Чунончи, мутобиқи моддаи 3-юми Конс­титутсия рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ мебошанд.

Баъдан Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсия қабулу ҷонибдорӣ шуда, 12-уми майи соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон имзо гардид, ки тибқи он, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 24-уми ноябри соли 1992), «Дар хусуси тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 24-уми ноябри соли 1992) ва «Дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 7-уми сентябри соли 1994), ки рисолати таърихии худро иҷро намуда буданд, аз эътибор соқит дониста шуда, муқаррароти онҳо дар қонуни зикргардида танзим ёфтанд.

Тибқи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14-уми марти соли 2007 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунҷа буда, дар рӯйи он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, ки рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поён баробар аст. Рахи сафеди мобайн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Дар рӯйи рахи сафед, аз ҷойи чӯбдаста дар мобайни Парчам бо зарҳал рамзи тоҷи тасдиқшуда ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии Парчам 1:2 аст.

Тоҷ ва ситораҳои Парчам дар шакли росткунҷа ҷой дода шудаанд, ки паҳлуи амудиашон 0,8 ва паҳлуи уфуқиашон 1,0-и паҳнои рахи сафед аст. Ситораҳои панҷгӯша дар доираи қутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и паҳнои рахи сафед ҷой гирифтаанд. Баландии тоҷ 0,55-и паҳнои рахи сафед ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и паҳнои рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои тоҷро ташкил медиҳанд, дар марказ бо қисмати доираи қутраш 0,2-и рахи сафед васл гардидаанд.

Дар моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» навишта шудааст, ки Парчами давлатӣ, новобаста ба андозааш, бо риояи дақиқи ҳаҷму ранги асл бояд тасвир карда шавад.

Ҳамчунин, дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи тартиби тайёр кардани Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-юми декабри соли 2011 қайд шудааст, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз андозаи он, ҳангоми тайёр кардан бояд дақиқ ба асли ранг ва асли тасвири нақшагии он, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 14-уми марти соли 2007 тасдиқ шудааст, мутобиқат намояд.

Мутаассифона, дар баъзе аз ҷойҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат мушоҳида мегардад, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ тайёр ва афрохта шудаанд.

Ҳангоми бидуни ҷузъҳои дигари муҳим тасвир намудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он шабеҳи Парчами Ҷумҳурии Венгрия мегардад. Биноан, масъулин ва мақомоти дахлдори шаҳру ноҳияҳои кишварро зарур аст, ки дар сурати фармоиш ва афрохтани Парчами давлатии мамлакат муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи рамзҳои давлатиро ­қатъиян риоя намоянд. Ҳамчунин, дар ҷойҳое, ки Парчами давлатӣ афрохта шудаанд, санҷиш гузаронида, оид ба мутобиқ кардани ҳар яки он ба муқаррароти қонунгузории зикршуда чораандешӣ кунанд, зеро эҳтироми волои Парчами давлатӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди баору номуси Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар ҳама ҳолат ба ин рамзи давлатӣ бояд тавре муносибат намуд, ки нисбат ба он беэҳ­тиромӣ зоҳир карда нашавад.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ 24-уми ноябри соли 2022 қайд намуданд: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои инсонӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан наврасону ҷавонони кишвар, ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз он дар зеҳну шуури ҳар як фард ҳанӯз аз синни хурдсолӣ тарбия карда шавад».

Қобили зикр аст, ки дар кодексҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ ҷавобгарӣ муқаррар шудааст. Чунончи, мутобиқи моддаи 4831-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз ду то панҷ, ба шахсони мансабдор аз даҳ то бист ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад. Ҳамчунин, дар асоси моддаи 342-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ бо ҷарима ба андозаи то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то як сол ҷазо дода мешавад.

Мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Парчами давлатӣ дар боло ё пештоқи бино ва ё ба пояи махсус дар ҳавлии қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (ҷамоатҳо), намояндагиҳои дипломатӣ ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин, дигар ҷойҳое, ки боби 2-юми қонуни мазкур муқаррар намудааст, афрохта мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳӣ тавассути арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (аз 14-уми ноябри соли 2016) тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуд ва ба ин восита шаҳрвандони мамлакат ҳуқуқ пайдо намуданд, ки бо сарфарозию сарбаландӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ