Дар кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Заминаҳои ҳуқуқии соҳа тақвият меёбанд

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

DSC_13622 ноябри соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ҷаласа доир гашт.

Ба рӯзномаи ҷаласа баррасии як масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  тухмипарварӣ» пешниҳод гардид. Раиси кумита Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ мазмун ва муҳтавои қонуни мазкурро шарҳ дода, аз ҷумла зикр намуд, ки қонун бо мақсади такмил додани қонуни амалкунанда, инчунин мутобиқ намудани он ба меъёру принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, тақвият бахшидани заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тухмипарварӣ, танзими давлатии санҷиши навъҳо ва ташкили фонди суғуртавии тухмии навъҳои растанӣ қабул гардидааст.

Аъзои кумита вобаста ба ин масъала фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Доир ба масъалаи баррасишуда хулосаи кумита ба Иҷлосияи дуюми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум пешниҳод гардид.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ