«Зарурати беҳтар намудани муносибат ба истифодаи замин ба миён омадааст»,

№153 (3947) 25.12.2018

DSC_3078- изҳор намуданд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни муҳокимаи парламентӣ, ки дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид

Дар он, ки 21 декабри соли 2018 таҳти раё­сати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Акрамшо Фелалиев ҷараён гирифт,  муовинони вазир ва масъулони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштирок карданд.

Акрамшо Фелалиев зарурат ва моҳияти масъаларо баён карда, аз ҷумла қайд намуд:

DSC_3073- Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат баробари дигар ҳадафҳои стратегӣ яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ин масъаларо дар сатҳи сифатан нав тарҳрезӣ намуданд, ки аз ба марҳилаи нави рушд гузаштани Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳад. Бо дарназардошти нақши муҳими соҳаи кишоварзӣ бо дастури Пешвои миллат ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ тавсеа ёфт, ки мақсади он таъмини адолати иҷтимоӣ дар истифодаи замин, ташаккули имкониятҳои иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат мебошад.

Тадбирҳои амалигардида имкони сол аз сол беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолиро ба миён овардааст. Барои мисол, солҳои 2011 — 2017  маблағи аҳолӣ барои хариди хӯрок­ворӣ аз 67,3 фоизи соли 2011 то ба 49,2 фоиз коҳиш ёфта, мутаносибан барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа, пардохти хизмати шахсӣ ва истеҳсолӣ равона шудааст.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Латифзода Рустам Барот гуфт, ки ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири кишоварзӣ ва ба содирот нигаронидашуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва устувор гардонидани вазъи молиявии хоҷагиҳои кишоварзӣ равона шудааст.

Дар доираи татбиқи Барнома Мат­ритсаи амалиёт қабул шуда, банди 3.2-и он ба масъалаҳои аграрӣ, бехатарии озуқаворӣ ва фароҳам овардани дастрасӣ ба ғизои хушсифат рабт дорад.

Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳа имкон дод, ки солҳои охир ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 20 — 23 фоизро ташкил диҳад.

Илова бар ин, қабули як қатор қонунҳои мукаммал ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ, амалисозии барномаҳои давлатӣ, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи чарогоҳҳо, хизматрасонии техникию байторӣ, бунёд ва барқарорсозии яхдону сардхонаҳо барои мутобиқсозии фаъолият ба талаботи нави хоҷагидорӣ мусоидат кард. Табиист, ки воридотивазкунӣ дар асоси афзоиши истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, тухм, маҳсулоти ширӣ, орд ва қаннодӣ, равғани растанӣ амалӣ мешавад. Масалан, дар ҷумҳурӣ ҳоло 44 корхонаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти ширӣ фаъолият дорад. Инчунин, 170 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) таъсис гардид, ки мутаассифона, масъалаи ташкили хоҷагиҳои миёна ва бузурги кишоварзӣ, тавре ки дар Матритсаи амалиёт омадааст, то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Вобаста ба ин, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи ҳуқуқӣ барои ихтиёран муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) пешбинӣ гардида, барои ин ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии давлатӣ пешбинӣ шудааст. Муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ воридшавии маблағҳоро ба буҷети ҷумҳурӣ зиёд менамояд. Биноан лозим аст, ки муқаррароти мазкур дар доираи такмили механизми андозбандии хоҷагиҳои миёна ва бузурги кишоварзӣ, ки дар Барномаи миёнамуҳлат барои онҳо маблағи буҷетӣ пешбинӣ гардидааст, бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда, иҷро шавад.

Вазъи воқеӣ нишон медиҳад, ки баробари сол аз сол афзоишёбии истеҳсоли номгӯи маҳсулоти соҳа масъалаҳои ҳалталаб вобаста ба баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ҷой дорад. Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки: «… беҳтар намудани корҳои бозорёбӣ (маркетинг) аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим дар пешбурди соҳаи кишоварзии рақобатпазир мебошад».

Аз соли 2003 бинобар тағйирёбии иқлим дар истеҳсолоти кишоварзӣ мушкилоти зиёде ба миён омадааст. Баландшавии ҳарорати ҳаво ба зиёд шудани ҳолатҳои фавқулода, ба монанди обхезӣ ва хушксолӣ сабаб гардида, ба соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст.

То ҳол низоми ягонаи ҳавасмандӣ ва уҳдадориҳо нисбат ба истифодаи оқилонаи об ва замин роиҷ нест. Афзоиши шумораи хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ мушкилоти навро дар баланд бардоштани боздеҳии замин ба миён овардаанд. Дар сиёсати хоҷагидорӣ ҷойи аввалро бештар ба даст овардани даромад аз ҳар қитъаи замин гирифтааст.

- Марҳила ба марҳила татбиқ гардидани Барнома имкон медиҳад, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31 фоизи соли 2015 то ба 20 фоиз дар соли 2020 расида, табақаи миёнаи аҳолӣ аз 22,4 фоиз то ба 30 фоиз дар соли 2020 баробар гардад. Аз рӯи таҳлилҳои соли 2017 сатҳи камбизоатӣ 29,5 фоиз ва табақаи миёна 24 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Тоҷиддин Ҷӯразода.  — Дар ду соли татбиқи Барнома аз ҳисоби буҷет 38 миллиард сомонӣ,  шарикони рушд — 6,1, ва аз ҳисоби бахши хусусӣ 3,3 миллиард сомонӣ равона гардид. Тавре маълум аст, 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва 66 фоизи аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ кору фаъолият доранд. Бинобар суръати баланди афзоиши аҳолӣ (ҳар сол на кам аз 2,2 фоиз) ҳиссаи заминҳои кишоварзӣ ба ҳар нафар коҳиш ёфта истодааст. Агар соли 1970 ба ҳар нафар 0,17 гектар замини кишоварзӣ рост меомад, пас соли 2017 ин нишондиҳанда 0,08 гектарро ташкил дод. Чунин ҳолат беҳтар намудани муносибат ба истифодаи заминро тақозо мекунад. Бинобар он ки нархи маҳсулоти асосӣ дар кишвар аз нархҳои бозори ҷаҳонӣ пасттаранд ва Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромади паст шомил мебошад, болоравии ночизи нархҳо метавонад воридот ва дастрасии маҳсулоти воридотиро барои аҳолӣ мушкил гардонад. Аз ин нуқтаи назар, афзоиш додани имкониятҳои дохилӣ ва кам кардани воридот ногузир мебошад.

Нозанинзода Нусратулло Бодом — муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки таъмини амнияти озуқаворӣ аз самаранокӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дошта, дар баробари қонеъ намудани талабот ба озуқа барои фаъолияти муътадили аҳолӣ, афзун намудани даромад ва ҷойҳои корӣ нақши бориз дорад. Ӯ дар бораи корҳои анҷомёфта маълумот дода, минҷумла иброз намуд, ки татбиқи Барномаи зикршуда ба пешрафти бахшҳои соҳаи кишоварзӣ мусоидат кард. Чунончӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи парандапарварӣ диққати хоса зоҳир гардид. Бо мақсади ҷалби сармоя ва технологияи нав барои баланд бардоштани иқтидори саноати парандапарварӣ ва рушди содироти маҳсулоти ватанӣ ба кодексҳои андоз ва гумрук муқаррароти дахлдор оид ба пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ ворид карда шуда, таҷҳизот ва маҳсулот барои соҳаи парандапарварӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки баъди ин тадбирҳо ба ҷумҳурӣ дар 11 моҳи соли 2018 барои таъминоти соҳаи парандапарварӣ 2569170 дона тухми инкубатсионӣ ва 1311332 сар чӯҷаи якрӯза, 30000 тонна хӯроки паранда ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Инчунин аз ҷониби корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ 2603419 чӯҷа  барои парвариш пешниҳод шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 948 074 сар зиёд мебошад. Дар натиҷа, саршумори паранда ба 6654708 ва истеҳсоли тухм ба 401659 ҳазор дона расонида шуд, ки мутаносибан нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 125,6 ва 132,3 фоиз афзоиш ёфтааст.

Чаро бо вуҷуди муҳайё будани шароит ва имконоти зиёд дар соҳаи кишоварзӣ камбудиҳо зиёданд? Сабаби қиматии маҳсулоти кишоварзӣ чист? Чаро минтақаҳо барои рушди кишоварзӣ нобаробар маблағгузорӣ карда мешаванд? Олимони соҳаи кишоварзӣ нисбат ба рушди соҳа ва таҳлили вазъи баамаломада кадом корҳоро анҷом медиҳанд? Инҳо номгӯи нопурраи саволҳое буданд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон Зай­нудин Сафаров,  Баҳром Абдуалимов, Шариф Раҳимзода, Миралиён Қиёмиддин, Абдуҳалим Ғаффоров, Шарофиддин Сироҷов, Мавзуна Шамсиддинзода, Олим Салимзода, Ҷамшед Муртазозода, Ҳилолбӣ Қурбонзода ба онҳо аз масъулон посух талаб карданд. Инчунин, намояндагони мардум Саидҷаъфар Усмонзода, Ҳаёт Одинаев, Рустам Қудратов ва Мирзоанвар Ахмедов роҷеъ ба масъала андеша баён доштанд.

Дар хотима қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум». 

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ