12 ариза навиштам, вале дуруст насанҷиданд

№150 (3630) 07.12.2016

Ман то ин дам ба унвони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, прокурори ноҳияи Сино (ба ноҳияи Сино оиди он ки писарам Одинаев Баҳодур ҷиноят содир накардааст), 12 ариза фиристодам. Мутаассифона, аз тарафи ин мақомот аризаҳо ҳаматарафа санҷида нашуданд. Моро ягон мақомот даъват накард ва моҳияти корро напурсид. Ҳамаи онҳо натиҷаи аризаро ба суди ноҳия ҳавола карданд.

Писари ман Баҳодур Одинаев бо Фарид ном шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар шаҳри Душанбе шинос шудааст. Фарид ба писарам гуфтааст, ки агар автомашинаи боркаши «Камаз» бихарад, ӯро чун ронанда ба кор мегирад.

Ҳангоми дар вилояти Суғд будани писарам Фарид ба ӯ занг зада, хоҳиш мекунад, ки ҳолати техникии мошинро дар шаҳри Душанбе дидан лозим аст. Писарам мошини шахсеро, ки «Тағо» ном мебурданд, дида, маълум кардааст, ки ҳуҷҷатҳояш дуруст нестанд. «Тағо» барои тахт кардани ҳуҷҷатҳо 3-4 рӯз лозим аст, гуфта, Баҳодурро ҳамроҳи ҷиянаш Бобоҷон дар як манзили истиқоматӣ ҷой намудааст. Нисфишабӣ Бобоҷон дарро кушодааст ва шахсони номаълум ба манзили истиқоматӣ даромадаанду ба сари Баҳодур халта кашида, ӯро ҳамчун гаравгон ба дигар ҷо бурда, чор шабонарӯз нигоҳ доштанд. Дар ин муддат вайро латукӯб ва маҷбур кардаанд, ки бо телефон ба Фарид гӯяд, ки ба ин ашхос маводи мухаддир бидиҳад. Баҳодур  ба Фарид гуфтааст, ки ин ашхос ба ҷойи автомашина додан ӯро дар ҳуҷрае маҳкам карданд.

Баъди чор шабонарӯзи гаравгон боз ба сари Баҳодур халта кашида, ӯро ба як гӯшаи шаҳри Душанбе бурда, раҳо мекунанд. Пас аз 10-15 қадам монданаш кормандони милитсияи ШВКД-1 дар ноҳияи Сино Баҳодурро боздошт намуда, аз хусуси Фарид пурсидаанд. Баҳодур намедонист, ки Фарид бо «Тағо» муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир доштааст.

Баҳодур зимни мурофиа изҳор намуд, ки баъди гаравгон гирифтанаш ӯро бо автомашинаи  тамғаи «Тойота Королла» ба як гӯшаи шаҳри Душанбе бурданд. Вай рақами давлатии мошинро дар ёд дорад. Мо дархост намудем, ки кормандони милитсия ба мурофиаи судӣ даъват карда, ҳамчун шоҳид пурсида шаванд, вале дархости мо рад гардид.

Сониян, вақте ки шахсони гаравгонгирифта Баҳодурро аз мошин дар кӯчаи Карамоваи пойтахт фароварданд, кормандони оперативӣ аз куҷо яку якбора пайдо шуда, ӯро боздошт карданд? Аз ин бармеояд, ки дар амалиёти мазкур 7-8 нафар  даст доранд.

«Тағо» дар рафти мурофиаи судӣ иброз намуд, ки маводи мухаддирро аз мавзеи «Яхчипун» дарёфт намуданд, вале дар протоколи ёфта гирифтани маводи мухаддир «Лалмиён» нишон дода шудааст. Ҳол он ки байни ин ду мавзеъ 15-20 километр роҳ аст.

Нишондоди шахсони холис, ки дар вақти гирифтани маводи мухаддир иштирок дош­танд, аз нишондоди «Тағо» (шахси мусоидаткунанда) куллан фарқ карда истодааст. Шахсони холис дар рафти тафтишоти пешакӣ қайд намуданд, ки маводи мухадирро аз «Лалмиён», наздикии сарҳад кормандони милитсия  дарёфт  карда буданд. Шахси мусоидаткунанда бошад, дар рафти мурофиаи судӣ қайд намуд, ки маводи мухаддир аз «Яхчипун», аз лаби дарё дарёфт шудааст. Маводи мухаддири дарёфтнамуда, ки аз «Тағо» будааст, бигзор худаш дар назди қонун ҷавоб диҳад. Писари манро, ки ба он ҷойҳо нарафтаю аз ин қазия хабар надорад, чаро боздошт кардаанд?

Дар рафти тафтишоти пешакӣ Баҳодур мехост, ки доир ба гаравгон гирифтан ва мавриди шиканҷа қарор доштанаш чизе гӯяд, аммо муфаттиш ба воситаи нигоҳ ва ишораи тундомез намонд, ки писарам ҳақиқати ҳолро ба модараш гӯяд.

Шоҳид Н. Назаров (корманди оперативӣ) дар рафти мурофиаи судӣ иброз намуд, ки дар вақти дастгир намудани Б. Одинаев иштирок накард, аммо шоҳид  С. Ғайратов дар рафти мурофиаи судӣ  иброз дошт, ки зимни дастгир намудани Баҳодур Н. Назаров низ ҳозир буд. Чаро корманди оперативӣ нишондодҳои ба ҳам мухолиф медиҳанд?

Нишондоди «Тағо» (шахси мусоидаткунанда) оид ба он ки Баҳодур аз Фарид 150 000 доллари ИМА қарздор аст, дурӯғ буда, бо нишондоди Сафармоҳ Бухориева рад карда шуд. Ягон далел нест, ки гуфтаҳои «Тағо»-ро тасдиқ намояд.

Агар Б. Одинаев шахси бовариноки Фарид мебуд ва аз хусуси муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бо «Тағо» хабардор мешуд,  худаш рафта, маводи мухаддирро қабул менамуд. Агар кормандони оперативӣ оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир огоҳ мебуданд, пас чаро мавзеи ҷойгиршавии маводи мухаддирро коркард намуда, дар ҷойи ҳодиса Фаридро дастгир накардаанд? Аз ҷониби дигар, агар кормандони оперативӣ дар ҳақиқат маълумот медоштанд, Фаридро дастгир ё гурехтани ӯро мушоҳида мекарданд.

Дар парвандаи ҷиноятӣ ягон далели боэътимод, мисли сабти аудиоӣ, ки гуноҳи ӯро муайян созад, ҷой надорад. Чӣ аз тарафи мақомоти пешбурди парвандаи ҷиноятӣ ва чӣ аз тарафи суд сабти аудиоӣ талаб карда нашуд ва мавриди таваҷҷуҳ ҳам қарор нагирифт. Даъвоҳои ҷамъоварда, ки шубҳанок мебошанд, бояд мувофиқи моддаи 15 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фоидаи Одинаев Баҳодур маънидод карда шаванд.

Тавре аз гуфтаҳои боло бармеояд, мақомоти тафтишотӣ танҳо майл ба ҳолатҳои фошкунандаи ҷиноят  мекунанду ҳолати сафедкунандаро сарфи назар месозанд. Тибқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон принсипи эҳтимолияти бегуноҳӣ ҳангоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Одинаев Баҳодур ба назар гирифта нашудааст. Яъне, рафти тафтишоти пешакӣ бо мақсади гунаҳкоркунии гумонбаршаванда Одинаев Баҳодур сурат гирифта, ваҷҳҳои пешовардаи ӯ тамоман ба инобат гирифта нашуда истодааст. Ҳол он ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Судя ҳуқуқи хато карданро надорад».

 Давлаҳмад ОДИНАЕВ, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин