Зери ин сарлавҳа дар рӯзномаи «Садои мардум» (№ 77 (3557) аз 16 июни соли 2016) мақолаи Темуршоҳи Файзалӣ ба табъ расид, ки дар он муаллиф мушоҳидаҳои худро вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2005 таҳти № 238 «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» пайгирӣ намудааст.
Дар робита ба ин иттилоъ медиҳем, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» корҳои муайянеро ба сомон расониданд.
Оид ба иҷрои барномаи мазкур дар ин давра 4000 сомонӣ барои харидории мизу курсӣ, 1000 сомонӣ барои воситаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, 5000 сомонӣ барои таъмири китобхонаи деҳаи Анваробод, хариди техникаи китобдорӣ, адабиёти китобдорӣ, воситаҳои аёнии китобхонавӣ — ҷамъ ба маблағи умумии 19775 сомонӣ корҳо ба анҷом расонида шуд.
Кормандони китобхонаҳои марказонидашуда аз далелҳои дар мақолаи рӯзноманигор Темуршоҳи Файзалӣ нишондода хулосаи зарурӣ бароварда, ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият дар назди худ вазифаҳои мушаххас хоҳанд гузошт.
К. Маҷидова, муовини раиси шаҳри Кӯлоб