Стратегияи миллии рушди ВАО таҳия мешавад

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

Зинатулло 2Мусоҳиба бо директори Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон», раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Исмоилзода Зинатуллоҳ Бурҳон

-Дар шароити имрӯза воситаҳои ахбори оммаи мамлакат рисолаташонро иҷро карда истодаанд?

- Дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши таҳдидҳои иттилоотӣ нақши ВАО беш аз пеш дар ҳаёти мардум эҳсос мегардад. Айни замон қудрати ВАО аз зӯри силоҳ ҳам болотар меистад. Аз ин хотир, имрӯз кишварҳои абарқудрат бо истифода аз ВАО таъсири худро тақвият мебахшанд.

Имрӯз нигоштае пазируфта мешавад, ки дар сатҳи хеле баланди касбӣ таҳия шуда, дархӯри ниёзҳои ҷомеа бошад. Биноан, кормандон ВАО саъю талоши худро ба он равона карда истодаанд, ки пеш аз ҳама, муҳтавои навиштаи онҳо ҷавобгӯйи талабот ва меъёрҳои касбии соҳа бошад. Новобаста аз мушкилоти иқтисодиву фаннӣ, ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нақши муассир доранд.

Мушкилот дар ҳама давру замон ҳаст ва имрӯз низ он баръало эҳсос мегардад, бахусус, мушкилоти иқтисодӣ. Зуҳури ин мушкил асосан натиҷаи буҳронҳои иқтисодие аст, ки кишварҳои абарқудрати ҷаҳон онро ба вуҷуд овардаанд ва таъсири он ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикис­тон низ расид. ВАО ҳам дар пайи ин осебпазир гардид. Чунки онҳо низ ниёз ба маблағгузории бештар доранд. Барои он ки муҳтаво хуб бошад, бояд мутахассисони болаёқат дар расонаҳо кор кунанд. Аз ин хотир, барои нигоҳ доштани мутахассиси баландпоя маоши хуб ва фароҳам овардани шароити мусоид зарур аст. Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар машварати кории Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, пешниҳод кард, ки Стратегияи миллии рушди ВАО, сарфи назар аз шакли моликият, таҳия ва қабул шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт ва ИЖТ якҷоя бо ҷомеаи журналистии кишвар ба таҳияи он машғул мешавад. Мо бояд ҳуҷҷатеро омода кунем, ки пеш аз ҳама, баёнкунандаи вазъи имрӯзаи ВАО дар Тоҷикистон ва муайянкунандаи дурнамои соҳа бошад.

Нақша дорем, ки аввал Форуми миллии ВАО-и Тоҷикистонро бо иштироки роҳбарони ВАО, соҳибрасонаҳо, коршиносони мустақил ва мақомоти давлатӣ баргузор намоем, то як маротиба муайян кунем, ки ҳуҷҷати мазкурро чӣ гуна дидан мехоҳанд. Баъд дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳияи он гурӯҳи корӣ таъсис меёбад.

- Соҳибистиқлолии кишвар ба рушди ВАО то кадом андоза мусоидат кард?

- Дар муддати як аср журналистикаи тоҷик таҳаввулоти зиёдеро аз сар гузаронд. Мактаби журналистӣ ба вуҷуд омад. Ин 105 сол аз шебу фароз орӣ набуд. Расонаҳое доштем, ки на танҳо ифтихори як коргоҳ, балки мактаби журналистӣ буданд. Онҳо тавонистанд чанд ­насли журналистиро ба вуҷуд оранд.

Дар солҳои аввали соҳибис­тиқлолӣ журналистон бо баҳои ҷони худ талош мекарданд, ки воқеаҳои рӯзро сари вақт ба мардум расонанд. Мо шоҳид будем, ки аввалин қурбонии ҷангии шаҳрвандӣ журналист, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳ Шерализода буд. Дар баргардонидани садҳо ҳазор нафар фирорие, ки дар хоки Афғонистон паноҳ бурда буданд, таъсири барномаи «Хоки Ватан»-и Радиои Тоҷикистон калон аст.

Дар соли аввали истиқлолият мо ҳамагӣ як шабакаи телевизионӣ бо 8 соати пахш, як радио, як агентии иттилоотӣ доштем. Имрӯз 7 шабакаи телевизионии умумиҷумҳуриявии давлатӣ бо 24 соат эфир, 4 шабакаи умумимиллии радиоӣ, 20 радиои мустақил, 32 ташкилоти мустақили телевизионӣ дар кишвар фаъолият доранд. Дар солҳои исқтиқлолият баробари нашрияҳои давлатӣ расонаҳои хусусӣ ба вуҷуд омаданд. Ин, бешубҳа, нишонаи такомули журналистикаи тоҷик аст.

- Имрӯз то кадом андоза фазои иттилоотии мо пурра ва амнияти иттилоотиамон таъмин аст?

- Дар муддати 25 соли истиқлолият мо борҳо шоҳид будем, ки ВАО-и Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликияташон, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ якҷоя талош карда буданд. Дар бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва дохилӣ нашрияҳо, пеш аз ҳама, манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дифоъ карданд. Аз ин бармеояд, ки манфиатҳои миллӣ дар сархати фаъолияти ВАО-и Тоҷикистон қарор дорад.

Дар ин самт ҳанӯз кори зиёдеро ба анҷом расониданамон даркор аст. Барои мо мутахассисоне лозиманд, ки масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар сатҳи баланди касбӣ баррасиву таҳлил ва бо нигориши таъсирбахш манфиатҳои кишварро дифоъ карда тавонанд. Мутаассифона, мо на дар ҳама соҳа коршиносоне дорем, ки дар лаҳзаи зарурӣ матолиби даркориро барои журналистон пешниҳод карда тавонанд. Аз ин рӯ, журналистон дар аксар вақт маҷбур мешаванд, ки ба назари ҳампешаи худ такя кунанд,

Дар музофот вазъияти нашрияҳо чандон хуб нест. Онҳо ба гоҳнома табдил ёфта истодаанд. Дигар бо 500-1000 нусха нашри рӯзномае, ки дар се-чор моҳ як маротиба мебарояд, наметавон ниёзи мардумро инъикос кард. Бо рушди технология мардум ба интернет, ба шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ меоранд, аз ин рӯ, масъалаи таъсиси сомонаҳои интернетии рақобатпазири маҳаллӣ бояд ҳар чӣ зудтар ҳалли худро пайдо кунад.

- Дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксарият саҳифаҳои инфиродӣ доранд ва баъзеҳо бо истифода аз ин имконият ноогоҳона ё шояд қасдан ба арзишҳои миллӣ беэҳтиромӣ мекунанд. Баъзан дар ВАО суханони онҳо бознашр мешавад. Назари шумо ба ин масъала чист?

- Пеш аз ҳама, озодӣ бояд дарки масъулият бошад. Озодии сухан, ки дар Конститутсия кафолат дода шудааст, ба он хотир аст, ки мо бояд масъулияти ҷавоб гуфтан ба ҳарфҳои худро дошта бошем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ инро мушаххас кардааст, ки дар кадом ҳолатҳо ҷавобгарӣ ба зиммаи ВАО мебошад. Вале имрӯз мебинем, ки ба як расона на танҳо як расонаи дигар, балки як нафаре, ки на дастгоҳи пурқудрат ё мавҷи радиоиву телевизионӣ дорад, метавонад рақобат кунад. Вақте ки нафаре назару мушоҳидаи худро дар саҳифааш мегузорад, расона бояд ҳангоми истифодаи он масъулиятшинос бошад.

- Ба фикри шумо сатҳи касбияти журналистон дар кадом поя аст? Дар робита ба ин масъала Академияи ВАО чӣ корҳоро анҷом дод?

- Сатҳи касбият масъалае аст, ки бояд ба он ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир кунем. Тавре таҷрибаи ҷомеаи журналис­тии ҷаҳон собит мекунад, ВАО-е, ки барои пешрафти фаъолият талош  мекунанд, ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон аҳамияти зиёд медиҳанд. Ҳатто дар буҷаи солонаи худ барои ин кор маблағи муайяне ҷудо менамоянд. Ҷомеа дар рушду такомул аст, аз ин хотир ниёзҳои аудитория дигар мешавад ва бояд мутахассис навиштае пешниҳод кунад, ки аз фаҳмиши аудитория баланд бошад, то тавонад онҳоро аз паси худ барад. Дар Тоҷикистон бо иқдоми роҳбарияти олии мамлакат ба вуҷуд омадани Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикис­тон» ба он хотир буд, ки ба сатҳу сифати ҳунари мутахассисони ВАО эродҳо зиёданд. Ин ниҳод як сол аст, ки фаъолият мекунад ва дар ин муддат беш аз 100 нафар намояндаи ВАО бо ҷалби коршиносони дохилу хориҷи кишвар такмили ихтисос ва бозомӯзӣ карданд. Мо як тадқиқоте миёни роҳбарони ВАО-и чопиву электронӣ гузаронида будем ва мушоҳида кардем, ки мутаассифона, барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар ягон ВАО-и Тоҷикистон маблағ ҷудо намекунанд. Муносибати роҳбарони ВАО ба ин масъала таҷдиди назар мехоҳад.

- Имрӯзҳо баробари факултети журналистикаи ДМТ боз чанд шуъбаву ихтисосҳои журналистӣ дар мактабҳои олии кишвар фаъолият менамоянд, ки мутаассифона, аксари онҳо заминаи илмиву таълимӣ надоранд. Оё барои мо шуъбаҳои зиёди журналистика зарур аст?

- Тибқи иттилое, ки аз Маркази миллии тестӣ дастрас гардид, ҳар сол 387 нафар бо ихтисосҳои журналистӣ ба муассисаҳои олии таълимии кишвар дохил мегарданд. Дар масъалаи таълими донишгоҳӣ дар бахши журналистика, пеш аз ҳама, ҳамон таҷрибаеро бояд эҳё кард, ки то супоридани имтиҳони қабул довталабон ҳатман аз ду озмун гузаранд. Яке озмуни эҷодӣ, дигар озмуни шифоҳӣ (яъне саволу ҷавоб), то аниқ шавад, ки довталаб ба ин касб ягон муносибат дорад ё не?

Академияи ВАО дар якҷоягӣ бо ИЖТ як пурсишнома миёни донишҷӯёни факултети журналистикаи ДМТ гузаронд. Мутаассифона, аксари онҳо ба саволи якуми мо, ки барои чӣ шумо ин факултетро интихоб намудед, ҷавоб доданд, ки тасодуфан. Ҳол он ки меҳри ин касб аз хурдӣ бояд дар дил парварида шавад. Ин натиҷаҳо боиси ташвиш ҳам ҳастанд. Дар ҳоле ки дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон дипломи журналистӣ мегиранд, мутахассис хеле кам аст. Қаблан як шуъбаи журналистикаи ДМТ фаъолият мекард ва солона 25 нафар ба он дохил мешуданд. Онҳо кадрҳое буданд, ки аз минтақаҳо гулчин шуда, дар Душанбе таҳсил мекарданд. Айни замон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ шуъбаҳои журналистӣ зуҳур кардаанд, аммо онҳо бо базаи таълим ва омӯзгорон таъмин ҳастанд ё не? Оё имкон доранд, ки омӯзгорони баланд­ихтисосеро даъват намоянд, то тавонанд журналистони ояндаро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд? Агар мақсад гирифтани дониши филологӣ бошад, шарт нест бахшҳои журналистика амал кунанд. Омода намудани кадрҳои журналистӣ низ дар донишгоҳҳо ба ислоҳот ниёз дорад. Фикр мекунам, вақте ин ислоҳот амалӣ мешавад, ки вазъи нашрияҳои музофотӣ каме беҳтар гардад. Онҳо имкон фароҳам меоранд, ки истеъдодҳои дар маҳал зуҳуркарда аввалин навиштаҳои худро дар он ҷо ба чоп расонанд. Дар ҳоле ки ҳар сол зиёда аз 300 нафар дип­ломи журналистӣ мегиранд, шояд 30-40 нафари онҳо аз рӯи ихтисос фаъолият намоянд. Албатта, эҷод то андозае як чизи озод аст, вале фаъолияти хатмкардаи факултети журналистика, ки донишҳои назарӣ ва амалиро омӯхтааст, барои ВАО беҳтар мебошад. Мо дар ҳамкорӣ бо ДМТ дар назди Академияи ВАО кафедраи сайёри телевизионӣ кушодем. Ин имкон фароҳам меоварад, ки донишҷӯёни курсҳои болоиро ба таҷрибаомӯзӣ ва ҳамкории амалӣ ҷалб намоем. Масалан, қариб тамоми кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар беморхонаҳо ҷойгир аст ва ин бевосита дониши назариявии донишҷӯро бо амалия пайванд мекунад. Пас барои чӣ, масалан, дар рӯзномаи «Садои мардум» ё ягон рӯзномаи дигар, ки иқтидор дорад, кафедраи матбуот набошад? Ё дар шабакаи телевизионӣ ихтисоси вобаста ба ин соҳаро наомӯзонанд? Мутаассифона, баъзеи онҳое, ки ба тадрис машғуланд, худашон шояд як барномаи телевизионӣ накарда бошанд. Фақат бо дониши назариявӣ донишҷӯ наметавонад барои кор дар ВАО омода шавад. Онҳое, ки дар факултети журналистика таҳсил мекунанд, бояд аз донишҷӯёни факултаҳои дигар ба куллӣ фарқ кунанд.

- Дар Анҷумани охири ИЖТ, ки шумо раис интихоб шудед, оид ба бознигарии фаъолияти ин созмон, аз ҷумла азнавбақайдгирии аъзои он андешаҳо баён шуданд. Оё дар ин самт кор шурӯъ шудааст?

- Созмонҳои ибтидоӣ дар шаҳру ноҳияҳо эҳё гардида, азнавбақайдгирии аъзо низ шурӯъ шудааст. Ин кор ба хотири мушаххас намудани аъзои ИЖТ аст. Дар чанд соли охир якчанд нафар аз олам гузаштанд ё ҳастанд нафароне, ки дигар дар соҳаи журналистика фаъолият надоранд. Меъёри асосии узви ИЖТ шудан фаъолият кардан дар ВАО аст. Нафарони тасодуфӣ аз нав ба қайд гирифта намешаванд.

- Барои ҳамкасбон чӣ таманниёт доред?

- Бо истифода аз фурсат аз минбари «Садои мардум», пеш аз ҳама, ҳамкасбони азизро аз номи раёсати ИЖТ ба Рӯзи матбуоти тоҷик табрик менамоям. Барояшон парвози баланди мурғи илҳомро таманно дорем. Умед дорем, ки бо сухани созанда ва муътамаду боварибахши ВАО мо метавонем баробари ислоҳи камбудиҳо ба рушди бештари кишварамон ноил гардем.

 Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»