Афкори тасаввуфии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ муътадил аст

№109 (3255) 20.09.2014

movarounnahr-6596875Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2013 таҳти № 143 ва мусоидати Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) соли 2015-ум 700- солагии донишманд ва мутафаккири Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил мегардад. Вобаста ба ин ҷашн ва эҷодиёти Мир СайидАлии Ҳамадонӣ бо директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Абдулвоҳид Шамолов ҳамсуҳбат шудем.

-Саҳм ва хидматҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ташаккули афкори ҷамъиятии халқи тоҷик ва рушди фарҳанги миллии кишвар чӣ гуна аст?

-Ҳадаф аз рӯй овардан ба осору таълифот ва зиндагиномаи фарзандони шаҳири миллат ба мисли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ он аст, ки мо асли ҷавҳари худро шиносем. Яъне, мо кӣ ҳастем, аз куҷо омадем ва ба куҷо меравем? Ба хотири эҳёи фарҳанги миллӣ ва худшиносиву худогоҳии шаҳрвандони кишвар, арҷгузорӣ ба илм, маориф ва рӯҳи гузаштагону бузургони миллат давоми 23 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ аз ҷониби Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҷӯйиҳои зиёде амалӣ шуда истодааст. Яке аз ҷашнҳои муҳим ва аввалине, ки барои ба ҳам овардани миллат, якпорчагии Тоҷикистон боис гардид, ин соли 1995-ум таҷлил гардидани 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки ҳар як мутафаккир дар аср ва фазову ҷуғрофияи муайяне зуҳур мекунад. Омӯзиши ҳар як мутафаккир дар ҳар як асру замон маънои онро дорад, ки мо порча-порча ва дар кулл тафаккури миллии худро дар масири таърих меомӯзем. Рисолати таърихии ҳар як мутафаккир танҳо марбут ба миллати худ ва маҳдуд ба он шуда наметавонад. Онҳо арзишҳои волои халқи худ ва арзишҳои умумибашариро бо ҳам омехта кардаанд, то инсоният рӯ ба илму фарҳанг оварад ва тамаддуни башарӣ рушду инкишоф ёбад.

Осору таълифоти Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки ба забонҳои форсӣ ва арабӣ навишта шудаанд, бештар масоили мухталифи таърихию афкори фалсафӣ ва тасаввуфии ниёгонро фаро мегирад. Ба ин хотир, омӯзиши андешаҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои ҷомеаи мо аз фоида холӣ нест ва ҷашни 700-солагии ин марди фарзона барои мардуми шарифи Тоҷикистон падидаи фарҳангии бузург маҳсуб меёбад. Ин ҳама омодагиҳо аз ҷониби аҳли фарҳанги башар барои шинохти як  нафар аз фарзандони фарзонаи тоҷик аст, ки дар таъриху фарҳанги миллати мо ва тамаддуни ҷаҳонӣ ҷою мақоми хосса дорад. Имрӯз, вақте аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод мешавад, ки кору андеша ва ҷойгоҳу мақоми ин олими Машриқзаминро омӯзед ва ҷашн гиред, агар мо таҷлил накунем, ин носипосӣ ба равони поки аҷдоди бузурги миллат аст.

-Шинохти шахсият ва осори Мир СайидАлии Ҳамадонӣ дар  Тоҷикистон кай ва чӣ гуна сурат гирифтааст?

- Номи аслии ӯ дар асоси таҳқиқоти олимон, аз ҷумла Парвизи Азкоӣ «Мир Сайид Алӣ ибни Сайид Шаҳобиддин Ҳасани Ҳамадонӣ, мулаққаб ба «Амири Кабир», машҳур ба номи «Алии сонӣ», мутахаллис ба «Алӣ» ва маъруф ба «Шоҳи Ҳамадон» буд.

Омӯзиши аҳволу осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз ҷониби олимони тоҷик солҳои 70-уми асри ХХ шурӯъ шудааст. Барои зиндаю пойдор гардонидани номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  ва дастраси оммаи васеъ кардани осори безаволаш хизматҳои яке аз муҳаққиқони варзидаи тоҷик  Моҳирхӯҷаи Султонзода (рӯҳашон шод бод) хеле бузург аст. Ин файласуфи шинохтаи тоҷик тамоми умри пурфайзу бобаракаташонро сарфи омӯзиши осору таълифоти ин донишманд намудааст.

Замони шӯравӣ ақидае ривоҷ ёфта буд, ки Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як нафар мутафаккири иртиҷоӣ ва илоҳиётшиносе ҳаст, ки андешаҳои хурофотӣ дорад ва муллое беш нест. Ҳатто мақбараи ӯ  байни челонзоре, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб қарор дошт, намоён набуд ва харобазореро мемонд. Зиёрати оромгоҳи ӯро низ замони шӯравӣ манъ карда буданд. Агар нафаре рафта дасти дуое мебардошт, ӯро ҳатман ҷазо медоданд.

Соли 1975 Моҳирхӯҷаи Султонзода таҳти унвони «Ҳақиқат дар бораи мазори Ҳазрати Амирҷон» мақолаеро таълиф намуда, аз бузургиву мақоми ин шахсияти таърихӣ ёдовар шуд. Ҳатто мардуми шаҳри Кӯлоб дар баробари модар, нон ва Офаридгор бо номи «Ҳазрати Амирҷон» низ қасам ёд мекарданд ва имрӯз низ ёд мекунанд. Чаро? Чунки ба ӯ ихлоси хеле зиёде доранд.

Дар бораи осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ корҳои зиёде мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз ҷониби муҳаққиқи покистонӣ Равшани Оробегим шарҳи аҳволи ин мутафаккир дар асоси давраҳо табақабандӣ гардидааст. Ба андешаи ин муҳаққиқ «даври аввал, яъне байни солҳои 714 то 723 ҳиҷрӣ замони таълиму тарбияти ин орифи шаҳир буда, бист соли ибтидоии зиндагии ӯро дар бар мегирад. Таълими ибтидоиро назди аввалустоди худ Сайид Алоуддавлаи Симнонӣ (с.в.734 ҳ.), ки яке аз шайхони аъзами силсилаи кубравия маҳсуб мешуд, гирифтааст. Ин марди пуркор пас аз ҳифзи Қуръони Карим илмҳои дигареро илова бар таълимоти дойӣ ва падараш аз шайх Абулбаракот Тақиуддин Алии Дӯстӣ (с.в.732 ҳ.) аз худ карда буд. Давраи дувум солҳои 733 ҳиҷрӣ то 753 ҳиҷриро дар бар мегирад, ки давраи саёҳату ҷаҳонгардии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба шумор меравад. Ӯ бо ҳидояти пири худ дар соли 734 ҳиҷрӣ мусофирати суннатии аҳли тасаввуфро оғоз намуда, се маротиба ба мамлакатҳои мухталифи дунё, аз қабили Ҳиҷоз, Рум, Шом (Сурия), Ироқ, Эрон, Балх, Мовароуннаҳр, қисмати шимолии шибҳи қораи Ҳинду Покистон, Туркистон, Чин ва Сейлон сафар намуда буд. Саёҳату ҷаҳонгардии ӯ бисту як сол, яъне то соли 753 ҳиҷрӣ идома ёфт.

Дар «Маҷмау-л-фусаҳо» омадааст, ки «…Мир Сайид Алӣ ибн Шиҳобуддин аз акобири сайёҳон аст ва се навбат рубъи маскунро саёҳат карда». Давраи савум, мутобиқ ба солҳои 753 ҳиҷрӣ то 786 ҳиҷрӣ буда, ба таври куллӣ давраи иршод ва таблиғу талқин мебошад. Ӯ дар даврони ҷаҳонгардӣ барои ҳидоят минтақаҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор дода, дар ҳар ҷое, ки муносиб ва лозим медонист, марказҳои илмӣ таъсис медод ва дар он ҷо илова ба таълиму тадрис муридону шогирдоне барои таблиғи ирфону тасаввуф тарбият мекард.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бахусус дар даврони дувум ва севуми ҳаёти худ ба таълифи осору таълимоти хеш даст зада, андешаву ғояҳои бикреро дар масоили ҳастишиносӣ, маърифати оламу одам, зуҳур ва ташаккули низоми ҷомеаи инсонӣ дар доираи ҳикмати назарӣ ва амалӣ пешкаш сохтааст.

-Тасаввуфи Мир СайидАлии Ҳамадонӣ аз дигар ҷараён ва соири орифон чӣ тавофут дошт?

-Дар тасаввуф як силсила мактабҳои шаҳтиётӣ  ва мактабҳои муътадил буданд. Масалан, ҷараёни тасаввуфие, ки Ҳусайн бинни Мансури Ҳаллоҷ рӯй оварда буд, мактаби ифротгароии сӯфия буд. Вақте Ҳаллоҷ бонги  «Аналҳақ»-ро зад (худашро дар назар надошт, ки ман Худо ҳастам), ӯро ба дор кашиданд.

Мактаби тасаввуфии Аҳмади Ғазолӣ низ шаҳтиётӣ буд. Фарз кардем, ӯ чунин мегӯяд: «Дар пеши инсон сар фуруд наовардани иблис ба он хотир буд, ки нахост масъалаи тавҳидро шиканад». Ва мегуфт, ки: «Бояд танҳо назди Худо сар фуруд овард, на инсон, зеро Худо яктост».

Аммо, дар афкори тасаввуфии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ чунин шаҳтиётгӯйӣ  дида намешавад, чунки тасаввуфи ӯ бисёр муътадил аст ва дар он арзишҳои волои ҳам миллӣ ва ҳам ҷаҳонӣ ба ҳам омадаанд. Илова бар ин, дар ҷараёни тасаввуфии  ӯ андешаҳои ҳиндӣ, хитойӣ, маздакӣ ва меҳрпарастӣ низ ҷой доранд. Яъне, дар ҷаҳонбинии Алии Ҳамадонӣ арзишҳои бисёре ҳаст ва ӯ талош кардааст, ки аз онҳо як андешаи воҳид ва мукаммалро ба миён оварад. Бинобар ин, бисёриҳо ба думболи ин олим рафтанд ва ҳамчун шайхи бузург афкори тасаввуфияшро қабул карданд. Зеро мактаби ирфонияш миёна буд. Ин аст, ки андешаҳои ӯ дар Ҳинд, Покистон, Қафқоз ва баъзе аз кишварҳои араб хеле рушду тавсеа ёфтаву ҷараёни тасаввуфиаш то имрӯз вуҷуд дорад .

Ин олими бузург дар доираи ҷаҳонбинии тасаввуфӣ маҳдуд нагаштааст. Дар низоми тафаккури ӯ андешаҳои мактаби машшоия ҷой ва мақоми хосса дорад. Бахусус, андешаҳои намояндагони ин мактаб  Киндӣ, Форобӣ, Ибни Сино ва ғайра ба ҷаҳонибинии ӯ таъсири амиқ гузоштаанд. Сарчашмаи дигари ташаккули ҷаҳонбинии ӯ мактаби каломии Абул Ҳасани Ашъарӣ мебошад. Ақидаҳо ва таълимоти намояндагони ин мактаб, аз қабили Абӯбакри Боқилонӣ, Бағдодӣ, Мовардӣ, Ҷувайнӣ ва Ғазолӣ ба андешаҳои ӯ бетаъсир намондаанд. Дар бахши ирфон бошад, дар таълимоти ӯ дар баробари мактаби кубравия андешаҳои бародари хурдии Муҳаммад Ғазолӣ — Аҳмади Ғазолӣ хеле назаррас аст. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кӯшиш кардааст, ки тамоми арзишҳое, ки дар мактаби бузургон буд, онҳоро нодида нагирад ва мавриди омӯзиш қарор диҳад. Аз андешаҳои намояндагони мактаби ишроқия низ хеле зиёд истифода кардааст. Ҳатто таъсири мактаби муътазила низ дар андешаҳо ӯ дида мешавад. Агар мо бештар таваҷҷуҳ кунем, хоҳем дид, ки  афкори Ҳамадонӣ тафаккури синкретитикӣ аст. Яъне, соф машшоӣ, ирфонӣ ва ё каломӣ набуда, дар маҷмӯъ онҳоро бо ҳам омехта карда, хулосабарориҳои бунёдӣ намудааст.

Ба қавли Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аслан қонун роҳу тариқати рафтору кирдору пиндори инсонро муайян намуда, раҳнамои ҳадафи олӣ, яъне саодати абадӣ мегардад, чунки бидуни мавҷудоти қонун инсон иштибоҳоти ҷадди аввалини худро такрор хоҳад намуд. Саодат муқаррароти хулқи накуст, ки аз доираи ақли инсонӣ берун буда, таҳти тасарруфи ӯ қарор гирифта наметавонад. Саодат зарур аст, то ба ҳақиқати ақли Илоҳӣ, ки хиради инсон пеши он маҳдуд аст, имон биёрад. Саодат барои одамон қувваи бузург мебахшад, то дар ниҳоди инсон илм, ҳикмат, саховат, тавозӯъ, иноат ва адолат пойдор ва тазмин гарданд, ки онҳо барои хулқи накуи фард ногузир мебошанд. Саодат сарчашмаи шавқу рағбат ва саъю кӯшиши инсон барои хайр буда, замонати онро медиҳад, ки талоши онҳо дар роҳи хайр ва ахлоқи наку сарафроз хоҳад гашт.

Мир  Сайид  Алии  Ҳамадонӣ бо изҳори ин ақидаҳои хеш аз имконоти ҳаёти фазилатноки инсон, ки дар асоси меъёрҳои оқилона вуҷуд дорад, инкор намесозад. Баръакс, ӯ чунин мешуморад, ки дар баъзе ҳолатҳо хайрхоҳӣ ва хулқи наку мояи хиради инсон аст, вале ин ақл хусусияти нисбӣ дорад, мутлақ шуда наметавонад. Ӯ ҳангоми таҳлили фазилатҳо омезиши чаҳор фазилати афлотунӣ (ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат), нақшаи тақсимоти фазилату разилатҳоро, ки аз низоми ахлоқии Арасту гирифта шудаанд, бо фазилатҳои аслии тасаввуфӣ пешкаш месозад.

-Андешаҳои ин донишманд дар бораи маърифат ва тарбияи ахлоқӣ чӣ гуна аст?

-Аслан, андешаҳои ахлоқӣ ҳеҷ вақт куҳна намешаванд. Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар се марҳила се шакли маърифатро пешниҳод кардааст: Марҳилаи аввал -маърифати ҳиссӣ мебошад, ки ба воситаи панҷ ҳисси беруна олами ҳастиро метавон идрок кард; Марҳилаи дуюм, омӯзиши олам ба воситаи ақл ва сеюмӣ тавассути илҳом, кашф (мукошафа) аст, ки онро бо номи «интуитсия» низ ном мебаранд. Сарфи назар аз он ки ин фарзонамард ба андешаҳои ақлгароӣ такя кардааст, мегӯяд, ки бо як бол парвоз карда намешавад. Бинобар ин, боз дар баробари ақл кашф низ бояд бошад. Яъне, ориф бо ду бол ба асли мақсадаш расида метавонад.

Лекин аз нигоҳи ӯ тариқи ақл расидан ба маърифати Ҳақ кори басо сангин аст ва шояд тайи садсолаҳо нафаре пайдо шавад, ки ба он дастёб гардад. Ӯ аз усулҳои сӯфиёнаи Муҳаммад Ғазолӣ ҳамаҷониба истифода намуда, роҳҳои маърифатро аз тариқи кашф исбот месозад. Ба қавли вай  Офаридгор ҳангоми маърифат ҳам ирфон асту ҳам ориф.  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар ақоиди ахлоқии худ кӯшиш намудааст, ки барои расидан ба саодати комилу абадӣ, ки ҳадафу орзу ва ормони ҳар як инсон аст, аз тариқи худшиносӣ ба нуқтаи ниҳоии мантиқии ҳастӣ расад. Аз ин лиҳоз, барои муайян кардани он ки инсон чӣ бояд кунад ва дар афъоли хеш то чӣ андоза ихтиёр дорад, ногузир аст исбот намуд, ки худи инсон дар асл кист? Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ инсонро ҳамчун махлуқи олӣ, ки аз тамоми махлуқоти дигари олам бо ақлу хиради хеш фарқ мекунад ва дар афъоли  худ то андозае лаҷоми ихтиёру интихоб дар дасти ӯст, нишон додааст. Ӯ хулқи инсонро марбут ба хусусиёти антропологӣ, яъне майл ба лаззот, манофеи шахс ва ғайра, ки онҳо ба нафси рустанӣ ва ҳайвонии инсон дар иртиботи мустақим қарор доранд, медид. Ба андешаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, сарфи назар аз он ки нафси нотиқаи инсон аз олами улвӣ аст, хулқи ӯ ирсӣ ва азалӣ нест.  Мавсуф ба мақсади таҳияи як таълимоти воқеии ахлоқӣ дар такя бар арзишҳои фалсафӣ ва ирфонӣ андешаҳои тозае дар шаклу тароват ва шавқу завқи сӯфиёна пешкаш сохта, тариқи оинаи ормонии ахлоқи инсонӣ онро ба тарзи тоза дарк намуд ва ташреҳ дод.

- Ташаккур барои суҳбат.