Дар мавзӯи муҳим

Академияи илмҳо: Истеҳсоли панелҳои офтобӣ имконпазир мебошад

№56 (3536) 28.04.2016

1454716804_1083701501Дар Паёми Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (20 январи соли 2016), аз ҷумла омадааст: «Академияи илм­ҳоро зарур аст, ки минбаъд низ тамоми неруи илмии олимонро ба иҷрои ҳадафҳои стратегии кишвар равона сохта, масъалаҳои муҳими марбут ба иқтисодиёти кишварро таҳқиқ намояд ва дар пешрафти устувори мамлакат саҳми худро гузорад».

Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Коркард ва ба вуҷуд овардани технологияҳои инноватсионии истеҳсол, истеъмол ва сарфаи энергия дар асоси захираҳои энергетикии офтобӣ, шамолӣ, биологӣ ва геотермалӣ» пешниҳоди тавсияҳо оид ба татбиқи амалии ин технологияҳо ва тиҷоратигардонии онҳо корҳои мушаххас анҷом дода мешавад. Тавре зимни суҳбат роҳбари Маркази номбурда, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов иброз дошт, олимон ва мутахассисони ин муассисаи илмӣ соли гузашта озмоиши дастгоҳи гибридии офтобии навъи «модул — коллектори фотоволтӣ»- ро идома доданд.

Муқаррар шудааст, ки самаранокии миёнаи модули фотоэлектрикӣ, коллекторҳои обӣ ва ҳавоӣ дар шароити табиӣ мувофиқан ба 9, 44 ва 12 — 16 фоиз баробар мебошад. Дастгоҳи гибридии офтобӣ ба воситаи дар як тана васл намудани модул ва коллектор имкон дод, ки энергияи электрикӣ, энергияи гармӣ дар намуди ҳавои гарм барои гарм кардани бино ва оби гарм барои эҳтиёҷоти маишӣ бо талафи кам ба даст оварда шавад.

Электролизёр барои ҳосил кардани гидроген аз об бо истифодаи энергияи офтоб сохта, аз озмоиш гузаронида шуд. Ҳамчунин, олимону мутахассисон як неругоҳи хурди обиро низ ихтироъ намуда, аз озмоиш гузарониданд, ки он энергияи электрикиро дар батареяҳои электрохимиявӣ захира мекунад.

Мутахассисони марказ бо усули мониторинги ҳарорат дар дохил ва беруни модели «Хонаи офтобӣ» саҳми гармии радиатсияи офтобро, ки ба воситаи тиреза ворид мешавад, барои гарм кардани «Хонаи офтобӣ» дар фасли зимистон муайян намуданд. Маълум шуд, ки ҷамъи радиатсияе, ки аз равзанаи модел ворид мешавад, дар моҳи январ 3706,8 Вт. соат ва дар моҳи феврал 4015,1 Вт. соатро ташкил медиҳад. Ҳиссаи манбаъҳои нофаъоли радиатсияи офтоб ҳангоми гарм кардани модели «Хонаи офтобӣ» дар моҳи январ 5,6, моҳи феврал 8,2, моҳи март 17,6 ва моҳи апрел 85,3 фоизро ташкил дод.

- Мо имкониятҳои зиёди истифодаи энергияи офтобро дорем, зеро дар Тоҷикистон 300 рӯзи офтобист, ки назар ба дигар кишварҳо хеле зиёд мебошад,- мегӯяд Мамадшо Илолов. — Барои мо масъалаи муҳим он хоҳад буд, ки истеҳсоли элементҳои батареяҳои офтобиро дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ кунем, зеро чунин элементҳои аз хориҷи кишвар воридшаванда нархашон хеле гарон мебошад. Барои истеҳсоли энергияи кофӣ панели зиёд лозим аст.

Ашёи хоми асосӣ барои истеҳсоли панелҳои офтобӣ квартс мебошад, ки ин гуна ашё дар шимоли Тоҷикистон, дар мавзеи Чакамбулоқи наздики шаҳри Хуҷанд хеле зиёд аст. Онро танҳо ғанӣ гардонидан зарур аст. Яъне, омехтаҳоеро, ки дар таркибаш мавҷуд мебошанд, ҷудо кардан лозим аст.

Маводи дигари зарурӣ барои истеҳсоли батареяҳои офтобӣ ангишти антрасит аст, ки дар мавзеи Назар­айлоқи ноҳияи Рашт зиёд мебошад. Яъне, аз ангишт ва квартс метавон кремнийи техникӣ омода кард. Ҳоло як гурӯҳ тадқиқотчиёни марказ дар шаҳри Хуҷанд ба ин кор машғуланд. Бо истеҳсоли кремнийи техникӣ имкон меёбем, ки батареяҳои офтобиро дар кишвар истеҳсол намоем. Батареяҳои офтобӣ, ба истилоҳи дигар панелҳои офтобӣ, ба миқдори хеле зиёд лозиманд, зеро барои истеҳсоли 1 кВт барқ 100 мет­ри мураббаъ панели офтобӣ зарур аст.

Аз суҳбат бо академик Мамад­шо Илолов, ҳамчунин маълум шуд, ки дар мавзеъҳои аз барқ танқисикашанда ё бебарқ метавон истифодаи панелҳои офтобиро васеъ ба роҳ монд. Масалан, барои оилаи иборат аз 5 — 6 нафар як неругоҳи барқи офтобии иқтидораш 5 кВт кифоя аст. Яке аз афзалиятҳои муҳими энергияи офтобӣ ин аст, ки зарур нест ба мисли неругоҳҳои барқи обӣ бандарҳои бузург созем, ҷойи махсус ҷӯем. Ин гуна батареяҳоро метавон дар саҳро, поёноб, ҷарӣ ва болои боми иншооти таъиноти гуногун ҷойгир кард.

Бартарии дигар дар он аст, ки мо неругоҳҳои бузургро марҳила ба марҳила бунёд мекунем. Дар мавриди бунёди неругоҳҳои офтобӣ низ метавон чунин кард. Имсол агар барои истеҳсоли 1 мегаватт барқ панели офтобӣ васл намоем, солҳои минбаъда ин корро идома дода, иқтидорҳои нав васл кардан мумкин аст. Аз ин нуктаи назар, бунёди неругоҳҳои офтобӣ осонтар мебошад.

Дар хориҷа аз ин гуна батареяҳо васеъ истифода мебаранд. Солҳои 70 — уми асри гузашта ҷаҳон ба буҳрони бузурги энегетикӣ дучор шуд. Кишварҳои бузург, аз қабили Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Шоҳигарии Британия, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва як қатор кишварҳои дигар ба панелҳои офтобӣ рӯй оварданд ва ҳоло то 30 — 35 фоизи эҳтиёҷро ба барқ аз ҳисоби энергияи офтоб ҳосил мекунанд.

Арабистони Саудӣ кишварест пур аз нефту газ. Гӯё барои ин давлат манбаи дигари истеҳсолкунандаи неруи барқ лозим нест. Сарфи назар аз ин, ҳоло дар Арабистони Саудӣ неругоҳи барқи офтобие бунёд шуда истодааст, ки тавоноияш гегаватт аст. Як гегаватт баробари 1000 мегаватт мебошад. Яъне, онҳо як дашти азимро бо панел пӯшонида, неруи офтобро ҷамъ оварда, энергия истеҳсол намуданианд.

Бинобар ин, метавон гуфт, ки масъалаи энергияи офтобӣ ояндадор аст ва олимони Академияи илмҳо онро аз ҷумлаи муҳимтарин самти фаъолият қарор додаанд. Гарм­шавии иқлими сайёра низ ба ин кор талқин мекунад.

Ба масъалаи ҳосил кардани энергия аз шамол дахл карда, ҳамсуҳбатам гуфт, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд, ин имконият мавҷуд мебошад. Дар шароити кӯҳсор аз энергияи рӯду дарёчаҳои хурд низ истифода кардан мумкин аст. Дар ин самт олимон натиҷаҳои муайян ба даст овардаанд. Онҳо як неругоҳи хурди барқӣ ихтироъ намудаанд, ки дар он энергияи кинетикии рӯдҳои хурди назди маҳалли истиқоматӣ истифода шуда метавонад. Бо ин мақсад олимон аккумулятори ғункунандаи энергияро коркард намудаанд, ки барқи тавлидшударо дар худ нигоҳ медорад ва дар асоси дастгоҳи дигари коркардшуда дар намуди ҷараёни доимӣ ё тағйирёбанда ба истифодабаранда медиҳад. Тавоноии ин неругоҳи хурд 1 кВт- ро ташкил медиҳад. Барои истифодаи васеи чунин неругоҳҳо (генераторҳо) истеҳсолоти васеи саноатӣ лозим аст. Дар даврони шӯравӣ чунин генераторҳо дар вилояти Суғд истеҳсол мешуд. Ҳоло ҳавасмандии корхонаҳое лозим аст, ки истеҳсоли чунин генераторҳоро роҳандозӣ намоянд.

- Самти дигаре, ки олимони марказ ҳоло ба омӯзиши он машғуланд, энергияи геотермалӣ аст. Зери ин мафҳум об ва буғҳои гарми зеризаминӣ дар назар дошта мешавад, — афзуд Мамадшо Илолов. — Дар Хоҷаобигарм ҳарорати об ва буғи он ба 90 дараҷа гармӣ баробар аст. Аз ин об ва буғ самаранок истифода карда тавонистан зарур мебошад. Пеш аз ҳама, дар худи осоишгоҳ муфид бояд истифода шавад. Дар гармхонаҳо низ аз обҳои гарми зеризаминӣ метавон баҳра гирифт.

Дар ноҳияи Шуғнон деҳае ҳаст бо номи Ҷелондеҳ. Дар наздики он 10 — 15 чашмаи оби гарм беҳуда ҷорист. Дар маҳалли истиқоматии наздики онҳо 30 оила зиндагӣ мекунад. Ба воситаи қубурҳо оби гарми чашмаҳоро ба он деҳа бурда, дастраси сокинон гардонидан ҳам кори савоб хоҳад буд.

Дар Хоҷаобигарму Шоҳамбарӣ обҳои гарми зеризаминиро истифода мебаранд, вале таҳлили амиқи илмии онҳо то ҳол анҷом дода нашудааст. Мо бояд таҳлили чуқуриҳоеро, ки дар онҳо обҳои гарм вуҷуд доранд, гузаронем. Бояд донист, ки қишри замин чӣ гуна аст ва чӣ хосият дорад?

Як гурӯҳи олимону мутахассисони Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи илмҳо таҳқиқи топинамбур ном рустаниро мегузаронанд. Он рус­таниест, ки қудрати энергетикиаш баланд буда, нисбат ба картошка ва дигар зироат зиёдтар энергия дорад. Аз топинамбур биоэтанол (спирт) истеҳсол мекунанд. Ба бензини навъи 80 агар 10 фоиз чунин биоэтанол ҳамроҳ кунем, адади октавиании он баланд шуда, ба бензини навъи 92 табдил меёбад. Олимон ҳоло таҳқиқоти зарурии лабораториро анҷом додаанд, то ин ки кишти топинамбур ба истеҳсолоти васеъ тавсия дода шавад. Дар ин самт дастгирии давлатӣ ва ҳавасмандӣ зарур мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухарониашон ба муносибати 60 — солагии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки олимони Академияи илм­ҳо барои истифода бурдан аз манбаъҳои энергетикии кишвар ва ба ин васила саҳм гузоштан дар таъмини амнияти энергетикӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳо тавсияҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок пешниҳод намоянд, — изҳор дошт Мамадшо Илолов ва афзуд: — Тамоми дониш, малакаи олимон ва мутахассисон баҳри амалӣ намудани ин дастуру супоришҳо ва дигар нақшаҳои тарҳрезишуда равона шудааст.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»