Қалби бино равшангари роҳи зиндагист

№129 (3275) 04.11.2014

Моддаи 34.  …Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму  тарбияи  онҳо ғамхорӣ  менамояд.

Аз Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

IMG_9916

Вобаста ба татбиқи лоиҳаи «Мусоидат  ба муҳити дастрас ва имконияти беҳтар ба таҳсилот барои кӯдакони нобино» тавассути пешниҳоди китобҳои дарсӣ бо ҳуруфи Брайл барои хонандагони нобино ва сустбин чорабинӣ доир гардид.

Чорабинии мазкур дар чорчӯбаи зерлоиҳаи Барномаи рушди СММ «Мусоидат ба муҳити дастрас ва беҳтар ба таҳсилот барои кӯдакони нобино»  ташкил карда шудааст, ки мақсади лоиҳа нашр ва тақсимоти китобҳои дарсӣ бо ҳуруфи Брайл  барои хонандагони нобино ва сустбини  синфҳои 7-9-и Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор маҳсуб меёбад. Ташаббуси мазкур қисми лоиҳаи калонтари БРСММ буда, он яке аз чорабиниҳои таҷрибавӣ мебошад, ки барои таҳкими имконот ва шароити кӯдакони нобино ба таҳсилот дар шакли дастрас равона шудааст. Лоиҳаи мазкур дар ҳамкорӣ бо филиали ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе татбиқ мешавад. Ташкилот ҳанӯз соли 2013 аз БРСММ дархост карда буд, ки чопи китобҳои дарсиро бо ҳуруфи Брайл дастгирӣ намояд.

Матнҳои электронии китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти ҷамъиятии нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буданд. Баъд аз тасдиқи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии  БРСММ ин китобҳо чоп шуд.

БРСММ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мусоидат ба татбиқи ҳуқуқҳои шахсони маъюб дастгирӣ карда истодааст. Китобҳо бо ҳуруфи Брайл на танҳо дар мактабҳои махсус, балки барои ҳамаи кӯдакон истифода хоҳанд шуд.

Ҳангоми ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино  ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор супоридани китобҳои дарсии бо ҳуруфи Брайл  нашршуда  директори Барномаи рушди СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Норимаса Шимомура гуфт, ки барномаи мазкур як сол қабл оғоз ёфта буд.

Оянда  низ он аз самтҳои асосии фаъолият  маҳсуб меёбад. Ба ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва тарбияи онҳо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Ин китобҳои дарсӣ ба баланд бардоштани савияи дониши хонандагоне, ки имкониятҳои маҳдуд доранд, воситаи хубе хоҳанд шуд.

Директори Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои  минаҳо Муҳаббат Иброҳимзода зикр намуд, ки бар асари таркиши мина нафарони зиёде осеби ҷисмонӣ гирифтаанд. Миёни онҳо шахсоне ҳастанд, ки аз биноӣ маҳрум гардидаанд. Онҳо низ метавонанд аз чунин китобҳои таълимӣ истифода баранд ва соҳиби маълумот шуда, дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб гарданд.

Мактаб — интернати фавқуззикр аз давраи шӯравӣ фаъолият дошта, барои 120 хонанда пешбинӣ шудааст. Тавре аз суҳбат бо директори мактаб-интернати мазкур Сурайё Солиева маълум шуд, ҳоло ин ҷо 168 нафар таълим ва тарбия мегиранд, ки 38 нафарашон духтарон мебошанд.

Ба  таълиму тарбияи хонандагон 14 нафар мураббӣ ва 34 нафар омӯзгорон  машғуланд. Дар мактаб утоқҳои компютерӣ ва лингафонӣ ташкил шудааст. Бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда  ба хонандагон дониш меомӯзонанд.

Аз шиносоӣ бо рафти таълим дар мактаб маълум шуд, ки хонандагон нисбати илмомӯзӣ шавқу рағбати калон доранд. Хонандаи синфи дувоздаҳ Сумаяи Ҷумъахон тавассути алифбои Брайл дар мавзӯи озод ба васфи модар иншои ҷолиб навиштааст. Ӯ симои модарашро надида бошад ҳам, аммо бо чашми дил васфаш  кардааст.

Хонандаи синфи дувоздаҳ Шодигули Носирӣ низ дӯстдори каломи бадеӣ мебошад. Руҳафзои Рауфӣ мақсад дорад, ки баъди хатми мактаб касби омӯзгориро пеша намояд.

Сурайё Солиева дар идомаи суҳбат гуфт, ки аксари омӯзгорон дастпарварони ҳамин мактаб мебошанд. Баъди хатми мактаб Сиёвуш Илёсов соли 2006 ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дохил шуда, соли 2011 онро бо ихтисоси муаллими забони англисӣ хатм намуд ва ҳоло дар ин мактаб аз забони англисӣ дарс медиҳад. Баъди гузаштан аз курси такмили ихтисос дар Япония забони япониро низ аз худ намудааст. Алҳол бо ин ду забони хориҷӣ озод сухан мегӯяд. Ӯ дар таҳияи модули системаи Брайл барои муаллимон ҳамкорӣ дорад.

Сурайё Солиева дар идома афзуд, ки имсол аз ҳафт нафар хатмкунанда  панҷ нафар ба мактабҳои олӣ дохил шуда, бомуваффақият таҳсил доранд.

Дар Мактаб – интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин дар ноҳияи Ҳисор камбудию норасоиҳо мавҷуданд. Баъзе аз воситаҳои зарурии таълимӣ дар хориҷи ҷумҳурӣ истеҳсол мешаванд ва аз ҳамин сабаб дастрас кардани онҳо мушкил аст. Пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ бо алифбои Брайл, дигар воситаҳои аёнӣ намерасанд, ки ба сифати таълим ва беҳтар гардидани ҷараёни дарсомӯзии хонандагон таъсири манфӣ расонидааст.

Раиси ташкилоти Ҷамъияти нобиноёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Тӯрбек Давлатов мегӯяд, ки бинои мактаб-интернат ниёз ба таъмири асосӣ дорад. Ҳамзамон барои ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани мактаб сохтмони маркази нави таълимӣ ба мақсад мувофиқ аст. Бинои ҳозира дар замони шӯравӣ бо маблағи даромади Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ сохта шуда буд. Ҳоло Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ чунин имконияти молиявӣ  надорад.

-Дар сохтмони маркази нави таълимӣ соҳибкорон ва шахсони саховатпеша метавонанд саҳм дошта бошанд, — мегӯяд Тӯрбек Давлатов.

Дар сурати амалӣ гардидани ин иқдоми нек дар доираи чорабиниҳо ба истиқболи таҷлили 3000 — солагии Ҳисори шодмон амали хайр ва ҷавонмардона аст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Дар сурат: лаҳзаи ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва сустбин  дар ноҳияи Ҳисор супурдани китобҳои дарсӣ бо ҳуруфи Брайл.