Ҳамкориҳо бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд

№124 (3270) 24.10.2014

Чанде пеш дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи «Ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар конфронс хизматчиёни давлатӣ, олимон, устодон, аспирантон, донишҷӯён ва намояндагони дигар ташкилоту муассисаҳо, ки ба фаъолияти илмии назариявӣ ва амалӣ машғуланд, ширкат доштанд.

Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Ш. Розиқзода дар суханронии ифтитоҳиаш иброз дошт, ки ҳадафи асосии конфронс аз таҳлили асосҳои ҳуқуқӣ ва амалияи ҳамкории мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян намудани масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо доир ба такмили роҳҳои ҳамкорӣ иборат мебошад.

Ҳамзамон дар конфронс суханҳои табрикотии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷ. Давлатов, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Қосимзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон Маркус Мюллер ва дигарон шунида шуд.

Дар конфронс олимону мутахассисон, устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, кормандони созмонҳои байналмилалӣ бо маърӯзаҳои илмӣ оид ба «Аҳамияти тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ», «Асосҳои ҳамкории сохторҳои ҳокимияти давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ»,«Шаклҳо ва механизмҳои ҳамкории сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Намунаҳои ҳамкориҳои самараноки  сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандии хориҷ аз Тоҷикистон» баромад намуданд.

Таҳияи Х.Шарипов, «Садои мардум»