Ҳамкориҳо вусъат меёбанд

№59 - 60 (3853 - 3854) 15.05.2018

Чанде пеш намояндагони Донишгоҳи давлатии Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба номи Заҳириддин Муҳаммад Бобур бо роҳбарии муовини  ректор оид ба корҳои илм Бахтиёр Расулов ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори донишгоҳ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва аъзои раёсати таълимгоҳ пазироӣ карданд.

Зимни мулоқоти самимона ҷонибҳо иброз доштанд, ки иқдоми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҷиҳати эҳёи муносибатҳои дӯстона дар авроқи таърихи ҳар ду миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад ёфт. Байни ду донишгоҳ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки тибқи он  минбаъд донишҷӯён ва магистрантон аз вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии Андиҷон таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ мекунанд.

Роҳбари ҳайати меҳмонон Бахтиёр Расулов пешниҳод намуд, ки минбаъд устодони ду донишгоҳ конференсияҳои байналмилалӣ ташкил ва табодули таҷриба намоянд.

Ба меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ маҷмӯаи асарҳои Асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ тақдим карда шуд. Бояд гуфт, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо донишгоҳҳои давлатии Самарқанду Фарғона низ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.

М. МАҚСУДОВ, «Садои мардум»