Ҳамсоли нахустрӯзномаи тоҷик

№27 - 28 (3664 - 3665) 11.03.2017

алии хуш«Алӣ Хушро ман аз соли 1930 мешиносам. Ман ҳамроҳи вай дар рӯзномаҳои республикавӣ кор мекардам. Аз соли 1930 то охири умраш дар Сталинобод кор карда буд. Вай, пеш аз ҳама, матбуотчии оташқалам буд. Пас ба навиштани ҳикояю очерк мароқи калон дошт».

 Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон,

Шоири халқии Тоҷикистон

 Алӣ Хуши Найистонӣ аз зумраи он қаламкашон аст, ки бо заҳмати содиқона ба халқу ватан дар дили садҳо дӯстдори сухан ҷо гирифтааст. Умри дароз надидааст. Ҳамагӣ ҳафт сол ба рӯзноманигорӣ машғул буд.

Олими шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаров аз аввалин касоне буд, ки ба эҷодиёти Алӣ Хуш таваҷҷуҳ намудаву зарурати таҳқиқи онро ба миён гузоштааст. Бо тавсияи ӯ, соли 1959 шогирди донишгоҳияш Сайфулло Саидов вобаста ба «Ҳаёт ва эҷодиёти Алӣ Хуши Найистонӣ» бо ашхосе ҳамсуҳбат шудаву ёддошт гирд овардааст, ки Алӣ Хушро аз наздик мешинохтанд. Хизмати Сайфулло Саидов лоиқи таҳсин аст, зеро он ёддошт бисёр паҳлуҳои нокушодаи рӯзгори рӯзноманигор ва нависандаи ҷавонмаргро равшан мегардонанд.

Алӣ Хуш соли 1912 дар ноҳияи Рашт, дар оилаи деҳқон ба дунё омада, таҳсили ибтидоиро дар мактаби куҳна гирифтааст. Ҳанӯз ҳафт сол дошт, ки падараш Хушмуҳаммад дар синни 30 дун­ёро падруд гуфт. Ӯро модараш тарбия намудааст. Баъди барқарор гардидани Ҳукумати Шӯравӣ дар мактаби нав таҳсил намудааст. Соли 1924 дар Ғарм кент ва деҳшуроҳо таъсис дода шуданд. Алӣ Хуш, ки бачаи қобили донишманд буд, дар дувоздаҳсолагӣ ба вазифаи котиби Деҳшӯрои Қазноқ таъин гардид. Соли 1926 ба вазифаи котиби Кумитаи инқилобии тумани Навобод таъин мешавад. Соли 1928 барои идомаи таҳсил ба шаҳри Самарқанд меравад ва ба дорулфунуни муаллимӣ дохил мешавад. Соли 1930 ба шаҳри Сталинобод (Душанбе) бармегардад. Бо роҳхати Кумитаи комсомол барои кор ба ихтиёри рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» фиристода мешавад. То ба ҳабс гирифтанаш (соли 1937) дар ҳамин рӯзнома кор мекунад.

Алӣ Хуш шахси ташаббус­кор ва ҷӯянда буд. Дар таъсиси аксар рӯзномаҳои ноҳиявӣ саҳм гузоштааст. Зуд-зуд ба ноҳияҳои дурдаст сафар мекард. Тамоми рӯзноманигоронро мешинохт ва барои хубтар ба роҳ мондани кори рӯзноманигорӣ ба онҳо мадад мерасонд. Агар онҳо дар навоҳии дурдаст зиндагӣ ва фаъолият дошта бошанд, ба онҳо нома навишта, маслиҳат медод. Барои чопи мақолаҳояшон дар рӯзномаҳои марказӣ ёрӣ мерасонд. Собиқ мудири шуъбаи ахбори рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» Қодир Наимӣ он рӯзҳоро чунин ба хотир овардааст:

«Ман бо Алӣ Хуш ба воситаи мактуб шиносоӣ пайдо карда будам. Дар соли 1930 дар шуъбаи алоқаи шаҳри Ленинобод кор мекардам. Ҳамин вақт Алӣ Хуш мудири шуъбаи оммавии рӯзномаи «Тоҷикис­тони Сурх» кор мекарданд. Ман ба ин рӯзнома тез-тез хабар менавиштам ва яке аз мухбирони фаъоли рӯзнома ба шумор мерафтам. Алӣ Хуш ба ман ва дигар мухбирон дар навиштани хабарҳо ёрӣ мерасонид. Дар соли 1931 Алӣ Хуш ба ман як китобчае бо номи «Мухбирони фаъоли коргару деҳқон», ки онро рӯзномаи «Тоҷикистони Сурх» чоп карда буд, фиристод. Пас аз он ки ман ба Сталинобод омадам, шахсан шинос шудам».

Бо вуҷуди ҷавонӣ хеле оқилу бофаросат буд. Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ дар суҳбат бо устод Сайфулло Саидов дар бораи Алӣ Хуш аз ҷумла гуфтааст:

«Алӣ Хуш узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Дар баробари ин яке аз журналистони беҳтарини солҳои сиюм ба шумор мерафт. Яке аз донандагони хуби забони адабии тоҷик буд ва Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ номбурдаро бисёр дӯст медоштанд, ҳатто «ин фарзанди мо мебошад» гуфта, таъриф мекарданд».

Адабиётшинос Маҳмуди Шодӣ, ки солиёни зиёд ба тадқиқоти ҳаёт ва фаъолияти Алӣ Хуши Найистонӣ машғул аст, дар асараш «Зиндагӣ ва осори Алӣ Хуши Найистонӣ» оид ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ нигоштааст:

«Бояд гуфт, ки пешсафии Алӣ Хуш аз бисёр қаламкашони ҳамсоли худ ин доираи фарохи андеша ва диди журналистии амиқ буд. Адабиётшинос А. Маҳмадаминов дуруст мегӯяд, ки «… чун рӯзноманигори боистеъдод дар жанрҳои гуногуни матбуоти советӣ мақола, хабар, лавҳа, тақриз, очерк, репортаж, фелетон, ҳисобот, мухбирнома, нигориш, луқма ва ғайра асарҳои ҷолиби диққат эҷод намуда, дар инкишофи журналистикаи тоҷик саҳми босазо гузоштааст».

Нахустин мақолаҳои Алӣ Хуш дар синни ҳабдаҳсолагиаш, айёме ки дар шаҳри Самарқанд таҳсил мекард, дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» ба табъ расидаанд.

Маҳмуди Шодӣ дар бораи серкорӣ ва сермаҳсулии ин рӯзноманигори чирадаст чунин менависад:

«Алӣ Хуш рӯзноманигори ҳуҷранишин набуда, қариб ба ҳамаи гӯшаҳои Тоҷикистон сафарҳои эҷодӣ доштааст». Соҳиб Табаров дуруст мегӯяд, ки ҷуғрофияи эҷодиёти Алӣ Хуш фақат ба ин ё он минтақаи Тоҷикистон маҳдуд нашудааст: «Агар Алӣ Хуш аз Конибодом дар хусуси ба штурми бистрӯзаи пахта дохил шудан хабар диҳад, аз Исфара дар бораи тезонидани суръати каландкунии пахта фикрҳои танқидии худро баён мекунад…, кӯлобиёнро барои он танқид мекунад, ки «Дар агроучасткаи Кӯлоб равиши кишт қаноатбахш нест».

Умуман, дар он даврон мавзӯе нест, ки аз чашми Алӣ Хуш дур монда бошад ва дар он мавзӯъ мақолае иншо накарда бошад. Ӯ на танҳо дар ёфтани мавзӯъ, балки дар номгузории мақолаҳояш ҳам устод буд.

Соли равон ба рӯзи мавлуди Алӣ Хуши Найистонӣ 105 сол пур шуд. Мутаассифона, то имрӯз кӯчае, маҳаллае ва муассисае ба номи ӯ гузошта нашудааст. Бовар дорем, ки бо ташаббуси Иттифоқи журналис­тони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба хотири шод гардондани рӯҳи эҷодкори ҷавонмарг ин нияти хайр амалӣ мегардад.

 Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»