Анҷоми рисолати як пажӯҳишгоҳ аз ҷониби ду нафар зиёӣ

№5 (3306) 09.01.2015

Омода ва ба чоп расонидани «Вожаномаи тиббӣ» аз ҷониби профессор Убайдулло Қурбон  ва  Абдушукур Раҷабзод иқдоми беназир маҳсуб ёфта, ҷойгоҳи забони тоҷикиро дар илми тиб бамаротиб баланд намуд

DSC_0642

Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Ҳукумати мамлакат аз нахустин рӯзҳои даврони истиқлолият дар шароити давлатдории навин барои рушди забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ аз тамоми шароиту имконот истифода намуда истодааст. Мусаллам аст, ки  рушди забони давлатӣ, ки ҳамчун муқаддасоти миллии мо пазируфта шудааст, аз вазифаҳои бисёр муҳими давлат барои ҳифзи арзишҳои волои миллӣ дониста мешавад. Бо дарназардошти гузаштаи таърихии забони тоҷикӣ дар суннати тӯлонии шифоҳӣ ва хаттии марбут ба давраҳои гуногун ва фарогирии луғоту истилоҳоти фаровон, ки дар осори гузашта мавриди истифода қарор гирифтаанд, метавон имрӯз нақши забони давлатиро дар ҷомеа муассир арзёбӣ кард. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки таърихи забони мо чандин навъи хату алифбо ва таълифи осори бесобиқаю беҳамто дорад.  Омили фавқуззикр моро водор месозад, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ арзишҳои миллиро ба наслҳои имрӯзу фардои миллатамон муаррифӣ намоем.

Яке аз роҳҳои ғанӣ гардонидани забони илм ва иттилооти илмӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумаи осори илмӣ аз забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад.Дар асоси таҷрибаи кишварҳои дигар чунин тарҷума бояд дар сатҳи академӣ бо ҷалби мутахассисони донишманди забондон сурат гирад. Барои расидан ба ин ҳадаф аҳли зиёи моро мебояд, ки  ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гиранд ва онро камарзиш шуморанд. Табиист, ки  муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмӣ дар таблиғи забони илм дар кишвар бояд фаъолтар бошанд ва дар ин кор саҳми бевосита гузоранд.

Донишгоҳи  давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар маҳсуб ёфта, хатмкунандагонаш на танҳо дар дохили ҷумҳурӣ, балки дар хориҷи кишвар рисолати хешро дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намуда истодаанд. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки то соли 2005 таъминоти муҳассилини донишгоҳи фавқуззикр бо адабиёти таълимӣ ба забони давлатӣ ҳамагӣ 28 фоизро ташкил медод. Ашхоси огоҳ хуб медонанд, ки  илми тиб ва амалияву таҳсилоти тиббӣ моҳиятан байналмилалианд ва ба забони ягонаи аз тарафи умум эътирофшуда ва қабулшуда  эҳтиёҷ доранд. Чунин забон  айни замон дар аксари мамолики дунё забони лотинӣ мебошад. Мутахассисони соҳа ба он назаранд, ки дар низоми давлатии нигоҳдории тандурустӣ, таҳсилот, нашрияҳои илмӣ ва ҳуҷҷатнигории тиббӣ забони давлатӣ дар баробари забони лотинӣ муҳим ва арзишманд аст.

Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъин шуданаш Убайдулло Қурбон баланд бардоштани мақому манзалати забони давлатиро дар илми тиб ва раванди таълиму тадрис аз самтҳои афзалиятноки фаъолият эътироф ва интихоб намуд, зеро мавсуф хуб дарк намудааст, ки агар мо дар бораи илми воқеии ватанӣ барои имрӯзу фардои ҷомеа бо хушбинӣ ва эътимод қазоват кунем ва насли ҷавони ояндасозро ба пайроҳаи равияҳои гуногуни илм ҳидоят намоем, бояд дониста бошем, ки ҳадаф ташкили илми миллӣ аст.   Давоми муддати кӯтоҳ дар ин ҷода иқдомоти зиёде амалӣ гардида, бори дигар собит гардид, ки ректори донишгоҳ марди қавлу амал ва дилсӯзу сарсупурдаи касби хеш аст. Бо ибтикор ва дастгирии бевоситаи Убайдулло Қурбон  дар донишгоҳ чопи  аввалин маҷаллаи илмӣ –амалӣ «Авҷи Зуҳал» бо забони давлатӣ  ба роҳ монда шуда, китоби энсиклопедии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино» ба нашр расид. Иқдоми дигари мавсуф, ки дар илми тиб таҷрибаи нав ва беназир маҳсуб меёбад, таълифи «Энсиклопедияи мухтасари тиб» аст. Энсиклопедияи мазкур аз панҷ ҷилд иборат буда, давоми солҳои 2010 -2012 ба табъ расидааст. Дар заминаи тадбирҳои андешидашуда, шурӯъ аз соли 2006 инҷониб, нишондиҳандаи дастрасии донишҷӯён ба адабиёти таълимӣ бо забони давлатӣ бамаротиб беҳтар гардида, соли 2009 ба 100 фоиз расонида шуд. Шояд дастоварди мазкур барои «баъзе»-ҳо амри маъмулӣ ба назар расад, вале шахсони аз илми тиб ва махсусиятҳои он бохабар хуб медонанд, ки он иқдоми саҳлу сода нест. Убайдулло Қурбон  ба дастоварҳои зикршуда иктифо накарда, якҷоя бо ҳамсафони хеш фаъолиятро ҷиҳати боз ҳам баландтар бардоштани ҷойгоҳи забони давлатӣ дар илми тиб беш аз пеш тавсеа бахшида истодаанд.

Ба наздикӣ, аз ҷониби Убайдулло Қурбон ва журналист Абдушукур Раҷабзод  «Вожаномаи тиббӣ», иборат аз ду ҷилд бо сифати  баланд аз чоп баромад. Вожаномаи мазкур воқеан ҳам китоби беназир буда, маҳсули заҳмати чандинсолаи мураттибони он аст. Он зиёда аз 60000 истилоҳро дар бар гирифта, тартибдиҳандагон дар баробари вожаҳои тиббии муосир, ҳамчунин вожаҳои тибби қадимро ҷой дода, номҳои лотинӣ ва тарзи навиштани онҳоро бо ҳуруфи форсӣ зикр кардаанд. Мураттибон ба он назаранд, ки «дар байни китобҳои тиббии қадим қарободинҳо мавқеи хос доранд.Онҳо як навъ луғат буда, истилоҳотеро, ки аз забонҳои арабӣ, юнонӣ, суриёнӣ, русӣ, ҳиндӣ ва ғайра гирифта шудаанд, то андозае муттаҳид месозанд. Бархе аз он вожаҳо то замони мо омада расида бошанд ҳам, имрӯз онҳо куҳна шудаанду ҷойи онҳоро вожаҳои  лотинӣ ё истилоҳоти мувофиқи тоҷикӣ гирифтаанд». Аз мутолиаи китоб бармеояд, ки мураттибон дар раванди таҳияи он тамоми давраҳои таърихро  мавриди  омӯзиши амиқу ҳамаҷониба қарор додаву аз ин баҳри беканор дурдонаҳоро ҷамъоварӣ ва ба маҳзари омма гузоштаанд. Бино ба гуфти тартибдиҳандагони вожанома, сарчашмаи тибби халқҳои форсизабон китоби муқаддаси «Авесто» маҳсуб ёфта, дар тараққии ин бахш саҳми мактаби Гундишопур хеле муассир аст. Даврони тиллоии соҳаи  тиб даврони давлатдории Сомониён арзёбӣ гашта, аз  нақши арзандаи  Бахтишуъ ибни Ҷурҷис, Ҷабраил ибни Бухтишуъ, Убайдуллоҳ ибни Ҷабраил, Собур ибни Саҳл, Саҳорбухт, Теодорус, Трибунас, Закариёи Розӣ, Абӯмансури Бухороӣ, Абулқосим ибни Абӯсодиқи Мутабиб, Абӯубайд ибни Муҳаммади Ҷузҷонӣ ва дигарон бо некӣ ёдовар шудаанд.

Дар ҳамин радиф, Қурбон Убайдулло Абдулло ва Абдушукур Раҷабзод муътақиданд, ки «ба таърихи тиб назар афканда, нодида гирифтани давраи шӯравии он камоли носипосиву беҳурматӣ нисбат ба олимоне мебошад, ки пешоҳанги замона буданду берун аз марзи  кишвари тоҷикон низ обрӯю эътибори хоса доштанд.Дар давраи шӯравӣ илми тибби тоҷик ба ҳадде тараққӣ кард, ки дар ягон давру замони дигар тараққӣ накарда буд». Дар раванди мутолиаи «Вожаномаи тиббӣ»   маълум гардид, ки он аз рӯйи принсипи «ду дар як» навишта шудааст. Муаллифон кӯшиш ба харҷ додаанд, ки бо ин амали хеш як фарҳанги тафсирии аз ҳама ҷиҳат мукаммалро пешниҳоди хонандагон гардонанд. Хурсандиовар аст, ки дар китоби  мавриди назар ҳамрадиф бо истилоҳоти байналмилалии лотинӣ вожаю  калимаҳои тоҷикӣ низ ҷой дода шудаанд. Вақте амиқтар ин вожаву калимаҳоро мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, маълум мегардад, ки онҳо аз забони халқ гирифта шудаанд ё тарҷумаи вожаҳои лотинӣ мебошанд. Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аз ҷониби мураттибон пайдо ва дар китоб ҷой додани номҳои лотинии бисёр вожаҳои тибби қадим, аз ҷумла гиёҳҳои давоӣ, маҳсуб меёбад. Бо ҳуруфи форсӣ навиштани истилоҳот дар ин вожанома иқдоми бесобиқа буда, барои форсизабонони бурунмарзӣ қобили истифода аст. Дар пешгуфтори китоб зикр шудааст, ки «навиштани  «Вожаномаи тиббӣ» барин китоб , ки маъмулан вазифаи як пажӯҳишгоҳи бонуфуз аст, барои ду нафар кори басо заҳматталаб буда, аз камбудиҳо холӣ нест».

Мо баъди мутолиаи китоби мазкур муътақид гардидем, ки воқеан ҳам Убайдулло Қурбон ва Абдушукур Раҷабзод рисолати як пажӯҳишгоҳро дар сатҳи хуб ва сифати баланд ба сомон расонидаанд. Онҳо бо ин дастоварди арзандаву беназир шоистаи табрику таҳсин ва қадрдонианд.

Далер Мерганов, «Садои мардум»