Аниси кунҷи танҳоӣ

№85 - 86 (3565-3566) 02.07.2016

Китоб фаровон, китобхон ку?

Китобхона ҳамчун маркази илму дониш дар баланд бардоштани маърифати мардум мақоми баланд дорад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бинобар сабабҳои маълум кори бисёр китобхонаҳо фалаҷ гардида, теъдодашон коҳиш ёфт. Аз ҷониби масъулони соҳа ва китобдорон нисбат ба пешрафти кори китобхонаҳо ва тарғиби китоб камташаббусӣ ва беаҳамиятӣ  зоҳир мегардид. Ба талабот ҷавобгӯ набудани китобхонаҳо, паст будани маоши кормандон, нарасидани кадрҳо ва техникаю таҷҳизот аз ҷумлаи ин омилҳо буданд. Бинобар вазъияти баамаломада, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  китобхонаҳо эътибори ҷиддӣ доданд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи давлатии «Компютерикунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 -2013», тасдиқи «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтани Китобхонаи миллии Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо аст.

Китобхонаи марказии шаҳри Душанбе ба номи Абулқосим Лоҳутӣ низ солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шуҳрату эътибори худро аз даст дод.

-Хушбахтона, баробари роҳбари китобхона таъин шудани журналисти варзида Абдуқодир  Талбаков дар ин махзани маърифат як қатор тозакорӣ ба амал омаданд, ки боиси пешрафти кор гаштааст, — иброз дошт мудири шуъбаи форсӣ ва дастхатҳо Шоҳҷон Шоҳҷонов ва афзуд:- Шуъбае, ки ман сарварии онро бар уҳда дорам, ба тозагӣ таъсис ёфт. То ин дам дар хазинаи китобхона ягон нусха китоб бо хатти ниёкон набуд. Барои ислоҳи кор мо ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон, нашриёти «Адиб» ва дигар нашриётҳо, олимону адибон муроҷиат кардем. Ҳоло мунтазам хазинаи шуъба ғанӣ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе 2,5 ҳазор нусха адабиёти бадеӣ ва қариб 2 ҳазор китоби электронӣ тақдим гардид. Имрӯз дар хазинаи шуъба шаш ҳазор китоб дар шакли электронӣ ба хонандагон дастрас аст.

Инчунин, дар китобхона  боз ду шуъбаи нав – шуъбаҳои бачагона ва китобҳои электронӣ ташкил шудааст.

- Вақте ба фаъолият шурӯъ карда, хазинаи китобхонаро аз назар гузаронидем, маълум гардид, ки  аксари китобҳо ба забони русӣ аст. Дар натиҷаи дархосту муроҷиатҳо, идораҳои табъу нашр, шоирону нависандагон, олимон ва дӯстон ба мо кумак карданд. Дар давоми се моҳ ба китобхона ҳафт ҳазор китоб ба забони тоҷикӣ ворид гардид. Барои ҷалби хонандагон ба китобу китобхонӣ нақшаи махсус тарҳрезӣ карда, мувофиқи он чорабиниҳо ташкил мекунем. Дар натиҷа, сафи хонандагони фаъоли китобхона мунтазам афзоиш ёфта, ба 4 ҳазору 200 нафар расид. Ҳоло дар хазина беш аз 600 ҳазор нусха китоб мавҷуд аст, — гуфт директори китобхона Абдуқодир Талбаков.

Воқеан ҳам, фаъолияти китобхона рӯ ба беҳбудист. Бинобар дуртар будани бинои китобхона аз роҳи асосӣ, сари роҳи калон аломатҳои ишоравӣ насб шудааст. Толорҳои китобхона низ ба шавқу завқи хонандагони гуногунсол мувофиқ гардонда, мутахассисон дар толори пазироӣ ҳар нафари вориди китобхонамешударо бо самимият ба шуъбаҳои лозима раҳнамоӣ мекунанд. Аз ин бармеояд, ки агар азми роҳбар қавӣ ва  нияташ нек бошад, ноил шудан ба дастовардҳо  кори саҳлу сода аст.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»