Ассотсиатсияи миллии волонтёрон таъсис ёфт

№34 (3180) 08.04.2014

Сеюми апрели соли равон дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ бо мақсади муаррифии ташкилоти ҷамъиятии нав-Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. 

Қиёмиддин Миралиев, раиси ассотсиатсияи мазкур, изҳор дошт, ки 20 феврали соли равон бо ташаббуси Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва шаш ташкилоти ҷамъиятии дигар бо мақсади рушду такомули фаъолияти волонтёрӣ ва фароҳам овардани шароит барои дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»  Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон таъсис ёфт, ки 20 марти соли равон дар Вазорати адлияи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуд. Бино ба гуфти мавсуф, то имрӯз ассотсиатсия баъзе тадбирҳоро амалӣ намуда, бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти волонтёрӣ, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Инчунин Барномаи фаъолият ва нақшаи стратегии ассотсиатсия барои солҳои 2014-2015 ба тасвиб расид.

Ҳадафи асосии ассотсиатсияро муассисони он дар беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, хусусан дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба шуғл, таҳсилот, саломатӣ, таъминоти иттилоотӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар демократикунонии  ҷомеа бо роҳи рушди ҳаракати волонтёрӣ арзёбӣ намуданд. Қ.Миралиев аз ҷумла зикр кард, ки айни замон ассотсиатсия фаъолияташро танҳо дар дохили ҷумҳурӣ пеш бурда, мақсад дорад, ки тамоми волонтёрони  кишварро муттаҳид намояд. Бино ба гуфти мавсуф, тамоми муносибатҳои волонтёрӣ дар Тоҷикистон ба воситаи шабакаи Интернет амалӣ мешавад.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонов оид ба таҳия ва қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ» ҳарф зада, аз ҷумла зикр кард, ки кишвари мо дар самти фаъолияти волонтёрӣ замина дошт. Ӯ  собиқ кумитаи комсомолии дар замони шӯравӣ вуҷуддоштаро ном  бурда, ташаббусҳои ихтиёрӣ ва хайрхоҳонаи аъзои онро ба фаъолияти волонтёрӣ шабоҳат дод.

-Бо талаботи давр зарурати  қабули қонун дар ин соҳа низ ба вуҷуд омад, ки мо-вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Миъроҷиддин Ҳакимов, ман ва собиқ узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадшо Илолов бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ»-ро таҳия намудем,-изҳор дошт Абдураҳмон Хонов.

Дар охир рӯзноманигорон  ба саволҳои худ оиди фаъолияти волонтёрӣ ва тарзи пешбурди он аз роҳбарону муассисони Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон  ҷавоб гирифтанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»