Дар партави Паёми Президент

Ҷавонон бояд фарҳанги воло дошта бошанд

№42-46 (3343-3347) 27.03.2015

Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз соли 1973 инҷониб фаъолият дорад ва ин даргоҳи таълимӣ ҳазорҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳангро тарбия намудааст.

Нақши мутахассисони ин соҳа дар баланд гардидани маънавиёти ҷомеа ва рушди санъат калон аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид карданд: «Ҳукумати кишвар ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.».

Дар ҳошияи Паёми мазкур хабарнигорамон бо ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дотсент Тағоймурод Назаров ҳамсуҳбат гардид.

-Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба соҳаи фарҳанг низ дахл карда, нақши кормандони ин соҳаро дар баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии наврасону ҷавонон махсус зикр намуд…

- Бале, тақозои замон аст, ки  мо мутахассисони аз ҳарвақта дида босаводтару ҳушмандтар ва кордонро тарбия кунем. Донишкада дар доираи фаъолияти хеш консепсия ва барномаҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили «Консепсияи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015», «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015» ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии марбутаро ба асос гирифта, барои ҷалб ва ба камол расонидани мутахассисони соҳибистеъдод кӯшиш мекунад.

Ҳоло дар донишкада панҷ факултет ва 21 кафедра фаъолият намуда, кадрҳои соҳибмаълумоти соҳаи фарҳанг, санъат ва омӯзгорони мусиқӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, китобдор ва китобшиносон омода карда мешаванд. Давоми  якуним соли охир ду ихтисоси нав таъсис дода, магистратура аз рӯи ихтисоси фарҳангшиносӣ ба фаъолият оғоз кард. Дар он 11 нафар муҳассил, аз ҷумла ҳафт нафар аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таҳсили илм карда истодаанд.  Айни ҳол дар донишкада 1730 нафар донишҷӯ, аз ҷумла 1086 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 644 нафар тариқи ғоибона таҳсил менамоянд.

-Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба  низоми кредитӣ гузаштаанд ва дар Паём низ ин масъала мавриди назар қарор дошт. Дар донишкада ин раванд чӣ гуна ҷараён дорад?

- Сарвари давлат низ зикр карданд: «Бо сабаби ба низоми кредитӣ гузаштани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар роҳбарони ин муассисаҳоро зарур аст, ки меъёрҳои дар сатҳи байналмилалӣ эътирофшударо пурра татбиқ намоянд ва доир ба масъалаи омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ, ворид намудани таҷҳизоти ҳозиразамон ва ба ин восита самаранок гардонидани сифати таълим тадбирҳои ҷиддӣ андешида, ба забономӯзии донишҷӯён ва ба ҷойи кор ҳозир шудани хатмкунандагон диққати махсус диҳанд. Ҳамчунин ҷиҳати ҷалби донишҷӯён ба маҳфилҳои илмии мубоҳисавӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва кашфиёту ихтироъкорӣ грантҳои хурд ҷудо карда шаванд».

Дар донишкада корҳои таълимӣ ва таълимӣ-методӣ тибқи  талаботи меъёрӣ  ба роҳ  монда шудааст.

Стандартҳои  давлатии таҳсилоти олии касбии тахассусҳои  донишкада, нақшаҳо ва барномаҳои таълим аз нав таҳия гардида, барои мукаммал гардонидани онҳо тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрии раванди таълим сохторҳои масъули донишкада вазифадор карда шудаанд.

Маводи ёрирасони  таълим барои донишҷӯёни тахассуси фарҳангшиносӣ ва китобдорӣ, ки  ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шудаанд, ҳамчунин як қатор маърӯза- муаррифиномаҳо таҳия ва тасдиқ гардиданд. Вобаста ба ин, стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 13 ихтисоси донишкада, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда буданд, чоп гардиданд. Шурӯъ аз соли таҳсили 2014-2015 ихтисосҳои санъати мусиқӣ (мусиқӣ-омӯзгорӣ), осорхонашиносӣ, менеҷменти фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ, режиссураи намоишҳои театрикунонидашуда ва идҳо, режиссураи филми бадеӣ, бойгоншиносӣ, сайёҳат ва меҳмондорӣ, журналистикаи телевизион ва санъати актёрӣ низ ба низоми кредитии таҳсил гузаронида шуданд.

Бо мақсади омӯзонидан ва иттилоъ додан оид ба хусусиятҳои низоми марбута раёсати донишкада барои омӯзгорон семинар-тренингро бо иштироки коршиноси сатҳи байналмилалӣ — номзади илми иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Р.Мирзоев ташкил намуд. Тасмим дорем, ки минбаъд низ семинарҳои омӯзиширо дар робита бо низоми таҳсилоти кредитӣ ташкил намоем.

-Таъмини хатмкунандагони донишкада бо ҷойи кор дар кадом сатҳ аст?

-Масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон зери назари роҳбарият ва масъулин буда, дар ин раванд бо сохторҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудирони бахшу шуъбаҳои фарҳанги  шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст. Ба ҷойи кор ҳозиршавии хатмкунандагон  82,5 фоизро ташкил медиҳад. Барои беҳтар намудани ин раванд дар донишкада бахши робита  бо хатмкунандагон таъсис дода шуд. Айни ҳол ҳозиршавии омӯзгорони мусиқӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба талабот ҷавобгӯй мебошад. Дар робита ба ин, мунтазам бо намояндагони фарҳангу ҳунар ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриву мулоқотҳо ташкил карда мешавад. Бо мақсади такмили неруи зеҳнӣ, илмӣ ва касбии омӯзгорону донишҷӯён раёсати донишкада имсол устодон ва ҳунармандони варзидаи кишвар Ҳошим Гадоев, Тағоймурод Розиқов, Шералӣ Абулқайсов, Қурбони Собир, Ҳаётой Мӯъминова ва дигаронро ба ҳамкорӣ ҷалб намуд.

-Имрӯз дар бисёр кишварҳои ҷаҳон вазъи сиёсиву иҷтимоӣ муташанниҷ гашта, давлат ва ашхоси манфиатдор тавассути гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ давлатҳоро ноором сохтаанд. Мутаассифона, бештар ҷавонони ноогоҳ ба ин гуна низоъҳо ҷалб карда мешаванд. Вобаста ба ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид доштанд: «Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё кунем.

Бори дигар хотиррасон менамоям, ки ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад». Кадом корҳоро амалӣ намудед, то ки донишҷӯён ин нуктаро дуруст дарк кунанд?

- Ин мавзӯи муҳим аст ва дар ин масъала тадбирҳои муассир меандешем. Бояд тазаккур дод, ки дар робита ба ин, бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии  Тоҷикистон гурӯҳи таҳлилӣ – иттилоотӣ созмон дода, фаъолияти ин гурӯҳ вобаста ба фармоиши мазкур ба ташвиқоту тарғибот, ҷалби донишҷӯён ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, инъикоси фаъолияти соҳаи маориф, вокунишу таҳияи маводи таҳлилӣ равона карда шудааст.

Барои  беҳтар намудани сатҳу сифати  таълим ва тарбия раёсати донишкада бо иштироки  масъулини факултетҳо оид ба риояи сару либоси донишҷӯён, истифода накардани телефонҳои мобилӣ, давомоти  донишҷӯён,  сифати  баргузории дарсҳои  фардӣ  ва машғулиятҳои амалӣ пайваста навбатдории омӯзгорон ва рейдҳои  муштарак доир менамоянд.  Давомоти донишҷӯён дар донишкада давоми сол ба ҳисоби миёна 85-90 фоизро ташкил медиҳад. Давомоти дарсҳои тахассусӣ нисбат ба дарсҳои умумидонишкадавӣ каме  беҳтар мебошад. Нақша ва барномаҳои нави  таълимӣ, шаклу усулҳои пешқадами таълиму тарбия ба он мусоидат менамоянд, ки минбаъд донишҷӯён дорои тафаккури тозаи эҷодӣ, донишу малакаи олии касбӣ бошанд. Дар маҷмӯъ, мо кӯшиш менамоем, ки ҷавонони бофарҳангро тарбия намоем, то дар ҷомеа ба корҳои созандагӣ машғул шаванд.

Мусоҳиб Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»