Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат — Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки «ҷавонони мо дорои ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарварӣ буда, дар мубориза бо ҳама гуна хавфу хатарҳое, ки зидди давлату миллатанд, омода мебошанд ва манфиатҳои миллиро аз ҳар манфиати дигар боло медонанд».
Ин эътимоди Роҳбари ҷавонпарвару хирадсолори давлат барои ҷавонон боиси ифтихор буда, ҳамчунин, моро таҳрик мебахшад, ки фаъолиятро ба нафъи миллат ва Меҳан беш аз пеш тавсеа бахшем. Аз суханпардозиву шиорпартоӣ, ки мутаассифона, баъзеҳо суиистифода мекунанд, ба амал гузарем.
Пешвои миллат дар Паём барҳақ фармуданд, ки «Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст».
Ман ба ҳайси ҷавони аз таваҷҷуҳу ғамхории падаронаи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманду шукргузор аз он нигаронам, ки як идда ҷавонон ба илму донишомӯзӣ, аз бар кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ муносибати дуюмдараҷа дошта, баъзе аз сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли зиё ҷиҳати гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон то андозае фориғболу бетафовутанд.
Бо дарназардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир ва торафт шиддат гирифтани бархӯрди манфиати давлатҳои абарқудрат чунин тарзи кор ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест. Зеро ҷавонон, дар баробари ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии Давлату Ҳукумати мамлакат будан, ҳамчунин, қишри нисбатан осебпазир маҳсуб мешаванд. Ин аст, ки доираҳои манфиатдор бо истифода аз тамоми имконият, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, баҳри гумроҳ намудани онҳо кӯшиш карда истодаанд.
Насли наврас, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба онҳо бениҳоят зиёд аст, бояд дарк намоянд, ки тундравию худхоҳӣ, мансабталошӣ, ҷангу хунрезӣ, бо зӯри силоҳ ғасб кардани ҳокимият ва сарфи назар намудани қонуну тартибот метавонад пайомадҳои ногувор дошта бошад.
Мисоли ин гуфтаҳо ҳодисаҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аст, ки баъзе аз соҳибмансабон бетафовутиву бетарафиро пеша карда, дар ин замина, аркони давлатӣ фалаҷ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарфи назар ва силоҳ мақоми ҳукмфармоиро соҳиб гардид.
Зарур ва ногузир аст, ки мо — ҷавонон бояд баҳри таҳкими Истиқлолияти давлатӣ беш аз дигарон ҳавасманд ва саҳмгузор бошем. Дар ин раванд ҳамон вақт комёб мегардем, ки ба ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибихтиёрамон ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошем. Илова бар ин, таърихи гузаштаву муосири халқамонро гаштаву баргашта варақ занем, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллиро азизу гиромӣ дорем.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид карданд, ки «Ватанро на бо сухан, балки бо қалб дӯст дорем». Мо — ҷавонони саодатманди кишвар Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва Истиқлолияти давлатӣ расиданро сармашқи кор қарор дода, азмамон қавӣ ва ниятамон нек аст.
Бегуфтугӯ, асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ маҳсуб меёбад, ҳамрадиф бо ҷанбаҳои мусбат тамоюлҳои манфиро низ рӯи кор оварда истодааст. Табиист, ки дар ин раванд ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод метавонанд бо истифодаи мақсадноки неруи зеҳнӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ ва давлатӣ арҷгузору содиқ бошанд.
Дар навбати худ, падару модарон ва собиқадорон вазифадоранд, ки ба ҷавонон ҳушдор диҳанд, ки набояд ҳаводиси пурфоҷиаи замони ҷанги шаҳрвандиро, ки ҳаёти осоиштаи халқро ба фоҷиаи миллӣ табдил дод, фаромӯш кунанд. Бояд ба насли наврас мунтазам ва дар такя ба далелу рақамҳо шарҳу тавзеҳ диҳанд, ки комёбиҳои кунунӣ осон ба даст наомадааст.
Ин иқдом замина фароҳам меорад, ки ҷавонони ватандӯст бо меҳвар қарор додани эҳтироми муқаддасоти миллӣ, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияту осудагии Ватан барои боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ беш аз пеш саҳм гузоранд.
Гулзода ШЕРАЛИЕВА,
роҳбари бахши тарғибот ва иттилооти созмони ҷавонони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»