Дар партави дастуру супоришҳои Президент

Ҷавонон соҳиби касбу ҳунар ва маърифат мешаванд

№67 (3368) 12.05.2015

ЧАББОР РАСУЛОВДар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) зимни таҳлили масъалаи иҷтимоӣ таъкид гардид, ки вазорату идораҳои марбута, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти миёнаи касбии мамлакат ба таъсиси ҷойҳои корӣ, омода кардани кадрҳои болаёқат ва бозомӯзии мутахассисон диққати ҷиддӣ диҳанд.

- Дастуру нишондодҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мо сармашқи фаъолияти худ қарор дода, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар роҳи амалӣ гаштани онҳо саҳми арзанда гузорем, — гуфт зимни суҳбат директори Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи муҳандисӣ — омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Салимҷон Мирмуҳсинов.

Чанде пеш курсҳои кӯтоҳмуддати қолинбофиро, ки дар назди коллеҷ ташкил карда шудааст, 20 нафар ҷавондухтарон хатм намуда, соҳиби шаҳодатномаи касбӣ шуданд. Ҳамзамон дар ин ҷо курсҳои кӯтоҳмуддати «Қаннод», «Дӯзанда», «Кафшергари барқӣ», «Монтёри барқӣ», ронандаи дараҷаи «С» амал мекунанд ва даҳҳо ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки дар коллеҷ ба масъалаи забономӯзӣ низ, ки дар Паёми Президенти мамлакат баён ёфта буд, диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ба ин хотир, дар назди коллеҷ курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ фаъолият менамояд. Бештари шунавандагони курсҳои кӯтоҳмуддати забонҳои русӣ ва англисӣ шахсоне мебошанд, ки хоҳиши ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтанро доранд. Инчунин тибқи шартномаи ҳамкорӣ омӯзгорони забони давлатӣ ба идораву корхонаҳо рафта, бо онҳо семинарҳои омӯзишии ҳуҷҷатнигориро ба забони давлатӣ меомӯзонанд.

Бояд тазаккур дод, ки Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи муҳандисӣ — омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов таърихи беш аз нимасра дорад. Он бо фармони Кумитаи давлатии Шӯрои вазирони РСС Тоҷикистон аз 22 марти соли 1963 таҳти №92 ҳамчун Омӯзишгоҳи касбӣ — техникии №27-и шаҳраки Пролетари ноҳияи Нов таъсис ёфта буд. Баъдан, ба Омӯзишгоҳи касбӣ, техникии ноҳияи Пролетар, Литсейи техникии аграрии №27, Литсейи касбии №27, Литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳияи Ҷаббор Расулов табдил дода шуд.

- Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 ноябри соли 2006 таҳти №9 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» литсейи мазкур ба тобеияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Баъдан, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти  №630 ба Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи муҳандисӣ-омӯзгории ноҳияи Ҷаббор Расулов тағйири ном намуд.

То ин дам муассисаи таълимиро зиёда аз 18400 донишҷӯён хатм намудаанд.

Тавре С. Мирмуҳсинов иттилоъ дод, дар коллеҷ аз рӯи нуҳ ихтисос: забон ва адабиёти тоҷик (омӯзгор), таҳсилоти ибтидоӣ (омӯзгори синфҳои ибтидоӣ), технологияи меҳнати техникӣ, нақшакашӣ (омӯзгор), таълими касбӣ (нақлиёти автомобил), таълими касбӣ (таъминоти техникаи кишоварзӣ), меъмори ландшафтӣ, таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ (радиоэлектроника) ва муҳосиб (таҳлил ва назорат) мутахассисон омода карда мешавад.

- Муассиса бо муассисаҳои  таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ робитаи зич дошта, бо онҳо ҳамкорӣ менамояд. Баҳри беҳтар ба роҳ мондани таҷрибаомӯзӣ муассисаи таълимӣ бо шуъбаҳои маорифи миқёси вилоят, корхона, муассисаҳои давлатӣ ва шахсӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятҳои саҳомӣ шартнома ба имзо расонидааст, — зикр намуд сарвари коллеҷ.

Айни замон ба таълим ва тарбияи мутахассисони касбӣ 55 нафар омӯзгорони дорои маълумоти олӣ, як доктори илмҳои фалсафа, ду аспирант машғул мебошанд.

Аз гуфтаҳои директори коллеҷ маълум гардид, ки дар ин раванд диққати асосиро ба ҷалби ҷавондухтарон ба касбомӯзӣ дар мадди аввал гузошта, барои онҳо шароитҳои хуби таълимӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст. Барои ҷавондухтарони деҳот имтиёзҳои иловагӣ муайян гардидааст.

Роҳбарияти коллеҷ тавонист масъалаи камбудии омӯзгоронро дар муассисаҳои таълимии деҳоти миқёси ноҳия бартараф намояд. Яъне, донишҷӯдухтарони деҳот дар шуъбаи ғоибонаи коллеҷ таҳсил намуда, дар мактабҳои деҳот ба хонандагон дарс мегӯянд.

Дар коллеҷ баробари таълими касбу ҳунарҳои барои ҷомеаи имрӯза зарур ба тарбияи маънавӣ ва ҳарбӣ — ватандӯстии ҷавонон диққати зарурӣ дода мешавад. Хонандагони коллеҷ дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзишии ноҳиявӣ, вилоятиву ҷумҳуриявӣ ширкати фаъол доранд. Аз ҷумла чанде пеш зимни барпо шудани мусобиқаи бонуфузи варзишӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ифтихори 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, шоҳиди фаъолнокии фиристодагони коллеҷ шудем. Дар сабқати гӯштигирон дар вазнҳои 65, 70 кг донишҷӯёни коллеҷи мазкур Саиднабӣ Камолов ҷойи дуюм ва Абдузуҳур Олимов соҳиби ҷойи сеюм шуданд. Дастаи волейболбозони коллеҷ низ маҳорати баланд нишон дода, дар бозии финалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид.

- Мо саъю талоши худро ба он равона месозем, то ҷавононро, ки ояндаи моанд, соҳиби касбу ҳунар гардонида, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ тарбия намоем, — гуфт дар поёни суҳбат С.Мирмуҳсинов.

Б.Каримзода, «Садои мардум»