Забон ва замон

Аз барои ин забон бисёриҳо ҷон додаанд…

№133 (3613) 25.10.2016

Забон ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ  таърихи тӯлонӣ дорад. Таҷаддуди таърихию фарҳангии мардуми эронитабор аксар дар муҳити Самарқанду Бухоро, Балху Ҳирот ва Хуҷанду Фарғона, ки ба маънии том меҳани аслию азалии қавми тоҷик маҳсуб меёбад, ба вуҷуд омада, баъдан ба қисматҳои ҷанубу ғарбии Эрон, Озарбойҷон, Ҳинду Чин, Покистон ва Осиёи Сағир гузаштаанд. Ба шарофати давлатдории аҳди Сомониён, маҳалҳои асосии тоҷикнишини Хуросони бузург дар гаҳвораи тамаддуни ориёиҳо — шаҳри Бухорои бостон муттаҳид шуданд. Ваҳдати фарҳангии халқи тоҷик боиси ташаккули забони муштараки тоҷикии порсии дарӣ гардид. Соҳибқирони аҳли адаби замона — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар робита ба ин иқдоми ватанпарваронаи Сомониён бо ифтихор ва хотири болида гуфта буд:

Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,

Варо бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.

Амри таърих аст, ки дар ҳазор соли охир забону фарҳанги оламшумули ориёӣ, бо вуҷуди ҳуҷумҳои таҷовузкорона, оташ задан ва нобудсозиҳои дар сарзамини Аҷам суратгирифта, ба нестӣ нарасида, баръакс, қаламрави бузургеро фарогир шуд. Забони тоҷикӣ тӯли ин солҳо баробари забони давлатдориву коргузорӣ будан, вазифаи муоширати байни халқу миллатҳои зиёдро сарбаландона ба уҳда дошт. Муҳимтар аз ҳама, ин раванди созанда худ ба худ шакл нагирифта, натиҷа ва самари муборизаи бисёре аз сарсупурдаҳои миллат мебошад. Дар муборизаҳои беамони нигоҳдошти забони форсӣ – тоҷикӣ фарзандони зиёди миллат, шурӯъ аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ то Айнию Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур ҷабрҳо дида, ҳатто қурбон шудаанд.

Беҳуда забонро ҳастии миллат нагуфтаанд. Хатарҳои ҷаҳонишавӣ барои миллатҳо ва халқиятҳои хурду бузурги сайёра, аз ҷумла дар масъалаи аз байн нарафтани забони миллиашон, бояд ҳушдор ва имтиҳони ҷиддие бошад.  Таъсиру нуфузи забонҳои муқтадир, майли беандоза ба забонҳои ғайр, махлутшавӣ ва бетаваҷҷуҳӣ ба забон, таваҷҷуҳи аз меъёр зиёд ба технологияи пешрафтаи муосир аз омилҳои нестшавии ин ё он забон маҳсуб меёбанд. Сарфи назар аз он ки забони тоҷикӣ ба қатори 70 забони расмии устувори ҷаҳонӣ шомил шудааст, мутаассифона, пеш аз ҳама, бо айби худи мо, соҳибзабонон, таҳдидҳо ба он кам нестанд.

Дар замони соҳибистиқлолии кишвар забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, дар сиёсату иҷтимоиёт ва иқтисодиёту фарҳанг ҷойгоҳи  муносиб дорад ва омили муҳими иттиҳод, ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вазифаи муҳиме, ки имрӯз пешорӯи аҳли илму маорифи кишвар  қарор дорад, ин густариш додан ва ба мақоми комили забони илм расонидани забони тоҷикӣ аст. Дар ин самт иқдоми зиёде амалӣ гардида бошад ҳам, боиси қаноатмандию хотирҷамъӣ буда наметавонад. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти худро оғоз намуда, ба масъалаи дар низоми байналмилалии докторантураи PhD тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷаи илмӣ шароит муҳайё намудааст.

Вазифаи муҳим ҳоло иборат аз он аст, ки забони тоҷикӣ ба забони илм табдил дода шуда, рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ таҳия ва таълиф гарданд. Таҳияи истилоҳоти илмӣ, ки барои ба забони илм табдил ёфтани забони тоҷикӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад, масъалаи муҳим аст. Ҳамчунин, таҳия ва ҳамгунсозии истилоҳоти забон, таҳқиқи масоили услубшиносии забони тоҷикӣ, фарҳангномаҳои гуногун, таҳия ва нашри фарҳангҳои русӣ ба тоҷикии истилоҳоти техникӣ, технологӣ, биология ва тиб, таҳияи вожаномаву муҳовараҳои дузабонаю  сезабона, таъмини тарҷумаи расмии ҳуҷҷатҳои соҳавӣ ба забони давлатӣ, таҳияи Барномаи сатҳи академии забони тоҷикӣ ва забони илм, фарҳангҳои истилоҳотии соҳавӣ, тафсирии англисӣ-русӣ-тоҷикии истилоҳоти технологияи компютерӣ, истифодаи забони давлатӣ дар технологияҳои компютерӣ, таҳияи барномаҳои компютерии омӯзиши забони давлатӣ, омӯзиши фанҳои дигар ба забони давлатӣ, таҳияи барномаҳои тарҷумаи компютерӣ аз забони тоҷикӣ ба забонҳои дигар ва аз забонҳои дигар ба забони тоҷикӣ, ворид намудани шакли электронии «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ» дар шабакаи Интернет ва даҳҳо чунин тадбирҳои нақшавии «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» омили ташаккул ва татбиқи забони давлатӣ ҳамчун забони илм ва истилоҳоти илмӣ шуда метавонад. Забони миллии давлатӣ дар мақоми забони илму фарҳанг омили огаҳии соҳибзабонон аз таърихи қадимии забон, осори фаровони ниёгони бофазламон мебошад, ки дар садсолаҳо ба забони илм таълиф ёфта, диққати аҳли илму фарҳанги ҷаҳонро ба худ ҷалб ва тасхир кардаанд. Забон, ки рукни муҳими давлатдорӣ, нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолати миллат ба шумор меравад, бояд ҳар яке аз мо гиромидошт ва поку беолоиш нигоҳ доштани онро вазифаи худ шуморем. Ба фармудаи шоир:

Одамиро аз ҳалолиҳо ҳамин лафз асту бас,

Дӯст доред ин забонро ҳамчу нони тоҷикӣ.

Аз барои ин забон бисёриҳо ҷон додаанд,

Арҷ бигзораш, агар дорӣ нишони тоҷикӣ.

 Раҷабалӣ САНГОВ, мутахассиси пешбари Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон