Ба кормандони ВАО менеҷменти муосир омӯзонида шуд

№42 (3679) 20.04.2017

14 апрел 14 нафар корманди нашрия ва шабакаҳои телевизионӣ баъди гузаштани давраи омӯзишии «Банақшагирии тиҷоратӣ дар медиа — бизнес», ки панҷ рӯз дар шаҳри Душанбе идома дошт, соҳиби сертификат гардиданд.

Он бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Академияи ВАО-и Тоҷикистон» гузаронида шуд. Дар он хабарнигорон, кормандони бахши реклама ва тиҷорат, иқтисодчиён, мудирони тиҷоратии нашрияҳо, шабакаҳои телевизиони давлатӣ ва мустақили кишвар иштирок намуданд.  Ба кормандони ВАО доир ба самтҳои афзалиятноки пешрафтаи менеҷменти муосир коршиноси ботаҷриба Елена Сатторова, ки ҳамзамон мудири Маркази захиравии «Sattari Group TJ» мебошад, машғулият гузаронд.

Ҳамчунин, иштирокдорон паҳлуҳои гуногуни пешбурди соҳаи менеҷмент, усулҳои пайдо кардани мавқеъ дар бозори реклама ва рақобатпазирӣ дар медиа-бизнесро омӯхтанд.

- Пӯшида нест, ки пешбурди фаъолияти нашрияҳо, радио ва телевизион ба даромади молиявии онҳо иртиботи қавӣ дорад. Аз ин хотир, тарзи дуруст ба роҳ мондани кори кормандони бахши тиҷоратӣ дар ВАО хеле муҳим аст, — гуфт сардори шуъбаи нашрияи Академияи ВАО-и Тоҷикистон Сабоҳат Мамадасанова.

 Ҷамшеди САБОҲИДДИН,

«Садои мардум»