Зикри хайр

Бо ном равем агар ҳеҷ аст аҷал

№151 (3631) 10.12.2016

Бо ном равемДар радифи фарзандони содиқи Ватан номи яке аз инсонҳои баруманду соҳибэҳтиром Абдураҳмонов Аҳмадҷондомулло — яке аз аввалин таъсисдиҳандагони мактабҳои сохти нави шӯравӣ дар таърихи маорифи шаҳри Конибодом бо хатҳои заррин сабт гардидааст, зеро заҳматҳои ӯ дар ташкил ва рушди минбаъдаи маорифи шаҳр қобили таваҷҷуҳ ва арзандаи ситоиш мебошад.

Солҳои 1922-1931 номбурда директори якчанд мактаб ва ташкилкунандаи курси дусолаи тайёр намудани муаллимон (курси омӯзгорӣ) дар шаҳри Конибодом буд. Тавассути кӯшишҳои зиёди ин марди хирад соли 1931 Техникуми педагогии шаҳри Конибодом таъсис ёфта, ҳамчун директори аввалин дар он фаъолияти пурсамар намудааст.

Аҳмадҷондомулло Абдураҳмонов солҳои 1932-1935 вазифаи директори Техникуми тиббии шаҳри Конибодомро низ ба уҳда дошт.

Дар солҳои сиюм ва чилуми асри гузашта дар Ҷамоати Қади Ҷӯйбори ноҳияи Шаҳринав ба ҳайси директори мактаб ва дар Ҷамоати Ҳоҷибойкӯли ноҳияи Орҷоникидзеобод (имрӯза шаҳри Ваҳдат) ба ҳайси муаллими мактаб фаъолият кард. Соли 1947 ба шаҳри Конибодом баргашта, то 77- солагӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд.

Ӯ баробари тарбияи фарзандони мардум дар тарбияи фарзандони хеш низ хеле муваффақ буд. Фарзандони муаллим анъанаҳои падарро сарбаландона идома дода, дар соҳаи илм ва маориф дастовардҳои хеле арзандаро ноил шуданд ва дар рушди он саҳми назаррас гузоштанд.

Меҳнати босамару бенуқсони шодравон Абдураҳмонов Аҳмадҷондомулло бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат», унвони Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон ва медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Боиси ифтихори омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №4-и шаҳри Конибодом аст, ки ин муассисаи таълимӣ ба номи устоди зиндаёд — Аҳмадҷондомулло Абдураҳмонов бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом (аз 23 апрели соли 2008) номгузорӣ гардидааст.

Кору зиндагиномаи пуршарафи ин марди накуномро имрӯзҳо шогирдону фарзандон бо сари баланду ифтихори бузург идома дода, рӯҳи поки ӯро шод мегардонанд.

Ному кори неки чунин инсонҳои фарзона бо гузашти солҳои зиёд низ дар саҳифаҳои таърихи диёр ва қалби мардуми шарифи он боқӣ хоҳад монд.

Аз субҳ ҳамеша ҷониби шом равем,

З-оғоз ҳамеша сӯи анҷом равем.

Бо ном равем агар ҳеҷ аст аҷал,

Тарсем аз он умр, ки беном равем.

 Равшан РАҶАБОВ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ