Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

4ДАСТОВАРДҲО ДАР РАҚАМҲО

Соҳаи маориф ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат самти афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Таи ин солҳо барои рушди он корҳои назаррас ба иҷро расида, бунёд кардани муассисаҳои зиёди таълимӣ, фаро гирифтани хонандагону донишҷӯён ба таълиму тарбия аз ҷумлаи иқдомҳои роҳбарияти олии мамлакат аст.

Тавре чанде пеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи дониш  иброз доштанд: «Мо ба хотири рушди илму маориф тамоми захираву имкониятҳоро равона кардаем ва ин корро минбаъд низ бомаром идома медиҳем. Зеро ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад».

Оид ба дастовардҳои соҳаи маориф ва рушди ин бахши муҳим месазад, аз дастовардҳои 31 соли истиқлолияти давлатӣ ёдовар шавем. Бахусус, ­бунёд кардану таъсис додани 32 муассисаи таҳсилоти олӣ, 41 муассисаи таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ ва 3246 мактаб, аз ҷумла 156 муассисаи таълимии типи нав, яъне гимназия, литсей, мактабҳои байналмилалӣ ва 300 муассисаи томактабӣ далели иқдомоти созандаи Ҳукумати мамлакат мебошанд.

Муассисаҳои типи навро, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият шурӯъ карданд, метавон яке аз дастовардҳои соҳа дар даврони истиқлолияти давлатӣ номбар кард.

Бо мақсади интихоб ва тайёр намудани мутахассисони лаёқатманд дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри 2009 таҳти №671 Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байнамилалӣ» ба фаъолият оғоз кард. Инчунин, бо мақсади тайёр намудани кадрҳо дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии хориҷи кишвар барои хонандагони лаёқатманд бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 таҳти № 208 Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –  «Дурахшандагон» таъсис дода шуд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро тавассути Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» дар асоси Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Дурахшандагон», бурсияҳои таҳсил, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мегарданд, инчунин созишномаҳои байниҳукуматию соҳавӣ, созишномаҳои ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба хориҷи кишвар мефиристад.

Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, ҳоло 41 ҳазору 542 шаҳрванди кишвар дар 27 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд.

7 МИЛЛИАРД СОМОНӢ ДАР ЯК СОЛ БАРОИ РУШДИ СОҲА

Ҳукумати мамлакат маблағгузориро барои рушди илму маориф сол ба сол афзоиш медиҳад. Хусусан, соли 2022 ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба соли 2021 — ум 706 миллион сомонӣ ё ин ки 11,3 фоиз зиёд буда, 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, дар соҳаи маориф чор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 1 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Барои соҳа, дар маҷмӯъ, қариб 7 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Илова бар ин, соли ҷорӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои барномаҳои давлатии соҳа, хусусан, дар самти таҳсилоти томактабӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо, такмили таълими забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ аввалин маротиба ба таври мутамарказ 32 миллион сомонӣ ҷудо шуд.

Бо мақсади ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, муайян намудани сатҳи воқеии дониши хонандагон, ҳавасмандгардонӣ ва омода намудани онҳо дар зинаҳои минбаъдаи таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ низоми бисёрхолаи баҳогузорӣ ҷорӣ мешавад.

Дар робита ба ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш таъкид карданд, ки сатҳу сифати тайёр кардани мутахассисон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҷдиди назар мехоҳад. Аз ин рӯ, бояд сохтори идоракунии низоми таҳсилоти олии касбӣ такмил дода, барои татбиқи усулҳои нави таълим тадбирҳои амалӣ андешида шаванд. Ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати тайёр кардани касбҳои коргарӣ то охири соли ҷорӣ сохтори алоҳидаи идоракунии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро ташкил кунад.

Яке аз соҳаҳое, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд, соҳаи маориф аст: « … бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад».

Дар замони соҳибистиқлолӣ маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул гардиданд, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф муайян менамоянд. Дар маҷмӯъ, қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ барои ислоҳоти низоми маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот равона шудаанд.

Алҳол дар мамлакат қонунҳои махсуси соҳавӣ таҳия, қабул, ҷонибдорӣ гардида, дар амал татбиқ шуда истодаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва «Дар бораи парки технологӣ» имкон фароҳам меорад, ки соҳаи маорифи кишвар ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ шуда, пешравии соҳа таъмин гардад.

Мафтунаи Ҳисорӣ,

«Садои мардум»