Дар партави Паёми Президент

Бунёди ҷомеаи солим ба зан — модар вобаста аст

№51 (3352) 08.04.2015

Оила дар ҳар давру замон ҳамчун воҳиди асосии ҷомеа маҳсуб меёбад.

Дар моддаи 33-юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам ба масъалаи оила аҳамияти хоса зоҳир намуда, тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Дар ин росто, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оиларо таъкид карда, соли 2015-ро дар кишвар «Соли оила» эълон намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади пешгирии вайроншавии оилаҳо ва бунёди ҷомеаи солим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар нисбати никоҳи хешутаборӣ, бемории нашъамандӣ ва оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ суханронӣ намуда, пешниҳодҳои мушаххас карданд.

Сарфи назар аз тарғибу чорабиниҳои гузаронидашуда, баҳри беҳдошти солимии аҳолӣ мутобиқи омори бадастомада ҳамасола 2500-3000 кӯдакони маъюб дар сатҳи ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешаванд. Ба ҳолати 1 январи соли 2015 шумораи кӯдакони маъюб 26043 нафарро ташкил медиҳад, ки ин шумора то оғози соли 2012-ум 30460 нафарро ташкил медод.

Тибқи таҳлилҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабабҳои маъюбии кӯдакон 30-35 фоиз ба никоҳи хешутаборӣ рабт дорад.

Дар 65-70 фоизи ҳолатҳо сабабҳои нуқсонҳои модарзодии дил низ аз ҳисоби никоҳи хешутаборӣ ба миён меояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сохтори бемориҳое, ки ба маъюбӣ оварда мерасонад, дар ҷои аввал бемориҳои системаи асаб (7787 нафар ё 29,9 фоиз), нуқсонҳои модарзодӣ (3906 нафар ё 15 фоиз), бемориҳои рӯҳӣ (3541 нафар ё 13,6 фоиз), бемориҳои раддодӣ (2734 нафар ё 10,5 фоиз), бемориҳои чашм (2630 нафар ё 10,1 фоиз), бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ (2343 нафар ё 9,0 фоиз) ва дигар бемориҳо (1875 нафар ё 7,2 фоиз) қарор доранд.

Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар бисёр ҳолатҳо сабаби маъюбшавии кӯдакон бемориҳои ирсӣ- авлодӣ мебошад.

Баҳри пешгирии ин раванд, пеш аз ҳама, кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст. Аз ин ҷост, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои солимгардонӣ зиёда аз 7300 нафар кӯдакон солим гардонида, аз гурӯҳи маъюбӣ бароварда шуданд. Аз ҷумла дар соли 2014-ум 1242 нафар кӯдакони маъюб табобат ёфтанд.

Бояд гуфт, ки нақши оила ҳамчун ҷузъи асосии ҷамъият дар тарбияи фарзанди солим, бомаърифату ватандӯст басо бузург аст.

Таърих тӯли садсолаҳо исбот намудааст, ки хонаводаи тоҷик ҳазорон фарзандони фарзонаро ба дунё оварда, ба камол расонд, ки онҳо барои халқу миллати худ хизматҳои шоёни таърихиро ба анҷом расондаанд.

Пас месазад, ки дар ин марҳилаи муҳиму тақдирсоз баҳри таҳкими оила ҳамаҷониба талош намуда, кӯшиш намоем, ки ин муҳит поку беолоиш ва осудаю ором бошад. Супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба «Соли оила» ва мулоқоташ бо занони фаъол дар арафаи Рӯзи Модар бори дигар аз он гувоҳӣ медиҳад, ки таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба ин масъала ҷиддист. Ҷалби ҷомеа ба ин раванд имкон фароҳам меорад, ки мушкилиҳо рафъ шаванд.

Маҳбуба АЗИМОВА, мудири бахши иттилооти Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон