Аз соли 1994 инҷониб бо ибтикори як гуруҳ рушанфикрон ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳаждаҳуми август- Рӯзи таваллуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино ҳамчун Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад.
Давоми солҳои соҳибистиқлолии кишварамон Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии бевоситаи фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар самти гиромидошти номи нобиғагони миллати тоҷик иқдомоти арзишмандеро ба сомон расонид, ки ин омил дар болоравии ҳисси худшиносии сокинони мамлакат ва мақому манзалати давлатамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми муассир гузошт. Яке аз чунин шахсиятҳои арзанда Абӯалӣ ибни Сино мебошад, ки номаш таври абадӣ дар саҳифаҳои таърихи инсоният бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Эътироф бояд кард, ки арҷгузорӣ ба ин абармард ҳанӯз дар даврони собиқ шӯравӣ шуруъ гашта буд, вале он замон ин раванд бо монеагузориҳои сунъӣ аз ҷониби нотавонбинони миллати тоҷик мувоҷеҳ гардид. Насли калонсоли кишвар хуб дар ёд доранд, ки баъзе миллатҳо Абӯалӣ ибни Синои ба онҳо ягон қаробат надоштаро мехостанд бо истифода аз ҳар роҳу восита аз худ намоянд. Мубориза барои тоҷик ё ғайритоҷик будани Шайхурраис ибни Сино то ҳадде шадид гардид, ки таърихнигорони шинохта ва аҳли зиё маҷбур шуданд бо пешниҳоди далелу арқоми асоснок тоҷик буданашро собит созанд. Шоири тоҷик Бозор Собир дар ин маврид навишта буд: «Агар ин фарзонамард воқеан ҳам намояндаи миллати дигар бошад, пас чаро номи модараш Ситорабону аст, на Юлдуз?»
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар таърихи инсоният Абӯалӣ ибни Сино аввалин шахсе маҳсуб меёбад, ки яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ- ЮНЕСКО, бо дарназардошти саҳми беназираш дар рушду такомули илмҳои тиб, фалсафа, мантиқ, ҷамъиятшиносӣ ва фарҳангу адабиёт аз давлатҳои аъзои худ бобати бошукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намудани ҳазорсолагиаш даъват ба амал овард. Ин омил бори дигар ҷомеаи ҷаҳониро муътақид намуд, ки воқеан ҳам миллати тоҷик аз шумори миллатҳои куҳан ва соҳибтамаддуни олам маҳсуб ёфта, дар такомули ҷомеаи башарӣ нақши бориз дорад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки дар доираи чорабиниҳои таҷлили ин сана соли 1952 аввал дар шаҳри Бағдоди Ҷумҳурии Ироқ ва сипас дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон бо иштироки шахсиятҳои муътабари сатҳи ҷаҳонӣ ҳамойишҳои байналмилалӣ доир гардида буд. Дар ин чорабиниҳо дар қатори олимони маъруфи шӯравӣ — академикҳо С.Г. Бартелс, В.Н. Заходер, В.Н. Терновский, намояндагони миллати тоҷик, аз қабили М. Турсунзода, С.Азимҷонова, У.Каримов, Я. Раҳимов ва дигарон ширкат ва суханронӣ намуда буданд. Абӯалӣ ибни Сино сарфи назар аз умри кӯтоҳаш аз худ осори гаронбаҳо боқӣ гузоштааст. Ҳарчанд андешаҳо бобати ҳаҷм ва номгуйи осори ин олими пурмаҳсул дар аксари маврид гуногун иброз мешаванд, вале бино ба тадқиқоти гузаронидаи академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Мирзоев онҳо 450 номгуйро ташкил медиҳанд. Вобаста ба муҳимияти корҳои илмии Абӯалӣ ибни Сино ва саҳми онҳо дар рушду такомули илми тиб тадқиқотҳои зиёде ба сомон расидаву шахсиятҳои зиёде андешаронӣ намудаанд.
Ҳаминро бояд зикр намуд, ки сарфи назар аз сипарӣ шудани садсолаҳо то ҳанӯз осори ин абармард моҳият ва муҳимияти хешро гум накардааст. Баръакс, сол то сол маҳсули эҷоди ин ҳаммиллати муътабари мо мақому манзалати баландтарро касб намуда истодааст. Дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо дар сатҳи байналмилалӣ рӯз то рӯз шадидтар гашта истодааст, боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бояд бошад, ки дар пешрафтатарин давлатҳои олам асрҳои зиёд аст, ки осори ин намояндаи миллати мо ба сифати китоби рӯйимизии кормандони бахши тандурустӣ мавриди истифода аст. Далели возеҳи ин суханон китоби нодири «Ал-Қонун- фит-тиб» мебошад, ки миёни адабиёти илмии бахши тандурустӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб гаштааст. Агар гӯем, ки ҳанӯз дар замони худ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бо таълифи ин китоб дар илми тиб таҳаввулоти ҷиддиро ба вуҷуд овард, муболиға нахоҳад буд. Аз навиштаҳои таърихнигорон бармеояд, ки он замон миёни аҳолӣ бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз қабили вабо, ҳорӣ, сухтанӣ, гулафшон, сурхча, табларза ва ғайра хеле зиёд паҳн гардида буд. Маҳз тадқиқотҳои басомонрасонидаи номбурда замина фароҳам овард, ки марҳилаи сифатан нави табобати ин қабил бемориҳо, ки аксарашон аз ҷониби ашхоси хурофотпараст табобатнашуданӣ арзёбӣ мегаштанд, шуруъ гардад.
Олимони шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ борҳо иброз доштаанд, ки аксари тадқиқоти илмӣ ва усул-ҳои табобат, ки аз ҷониби мавсуф анҷом ёфтаву мавриди истифода қарор гирифтаанд, то ҳол дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ назир надоранд. Ин аст далели бузургии миллати тоҷик, ки мутаассифона, то ҳанӯз баъзе нотавонбинон «нодида» мегиранд.
Баъд аз пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ санае, ки ҳамасола дар ин рӯз Иди касбии табибон таҷлил мегардид, моҳияти хешро гум намуда, баъдтар аз байн рафт. Бо дарназардошти ин омил соли 1993, ки банда он замон ба сифати мушовир — сармутахассис дар яке аз кумитаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштам, бо дастгирии раиси Кумитаи онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ, масъалаҳои занон ва оила Раҷаб Қодиров дар ҳамкорӣ бо шахсиятҳои шинохтаи кишвар Муҳаммад Осимӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Аълохон Афсаҳзод ва дигарон барои зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино- ҳаждаҳуми августро ҳамчун Рӯзи иди касбии табибон таҷлил намудан иқдом карда будем.
Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки бе дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки он замон вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма доштанд, муваффақ гардидани мо ғайриимкон буд. Маҳз таваҷҷуҳ ва дастгирии ин абармард ба масъалаи гиромидошти фарзандони сарсупурда ва фарзонаи миллат буд, ки тибқи Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1994 инҷониб ҳаждаҳуми август ҳамчун санаи таҷлили иди касбии кормандони соҳаи тибби ҷумҳурӣ муқаррар шуд. Нуктаи муҳим он аст, ки ин иқдом, яъне поси хотир ва гиромидошти Абӯалӣ ибни Сино минбаъд густурдатар гардид. Ҳоло дар радифи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино чандин кӯчаву хиёбонҳо ва яке аз ноҳияҳои калонтарини пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе ба номи ин нобиғаи миллати тоҷик гузошта шудааст. Табиист, ки кулли ин арҷгузориҳо аз бузургиву хирадмандии Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифтаанд. Зеро ниёгони мо беҳуда нагуфтаанд: «Бузургонро бузургон зинда медоранд».
Абдуғаффор ВОҲИДОВ, омӯзгори кафедраи беҳдошти муҳити зисти ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино