Проблема ва мулоҳиза

Чаро муллоҳо аз муаллимон фаъолтаранд?

№88 (3568) 09.07.2016

slide-18 123Баррасии ин мавзӯъ дер боз дар майнаам чарх мезад ва саҳаргоҳе, ҳини аз назди яке аз литсейҳои шаҳри Душанбе гузаштанам, қатъӣ қарор додам, ки аз паи кор шавам. Дар назди бинои литсей нафаре, ки шояд сарвари литсей буд, баландгӯяк дар даст ба шогирдон таъкид менамуду маслиҳат медод. Шумораи хонандагон, фосилаи байни устодону шогирдон чандон зиёд набуд ва ҳоҷат ба истифодаи баландгӯяк низ. Дигар ин ки аз ноҷӯрии баландгӯяк нутқи бе ин ҳам на чандон равону шевои баромадкунанда халали ҷиддӣ меёфт. Аз кунҷковӣ суръати гаштамро сусттар карда, ба суханҳои муаллим гӯш додам, ки батамом лаҳҷавӣ буд. Инаш ҳам ба хайр мебуд, агар канда – кандаву берабт гап намезад. Зиёд мушоҳида мешавад, ки аксарият дар маҷлису ҷамъомадҳо аз «шпаркалга», матни пешакии хоҳ аз ҷониби гӯянда, хоҳ каси дигар омодашуда, сухан мекунанд. Бадбахтӣ дар он аст, ки ҳангоми таҳсил дар мактабҳои миёна ва олӣ онҳое, ки дигар касбу соҳаҳоро ба хотири оянда мансаберо соҳиб шудан интихоб менамоянд, омӯхтани забони модарӣ ва адабиёту таърихи миллатро чандон муҳим намедонанд. Дар натиҷа, дар назди издиҳом ҷумлаи дурустеро бадоҳатан баён карда наметавонанд. Ҷойи тааҷҷуб ҳам намебуд, агар худи мутахассисини забон ва адабиёт ба ин дард мубтало намебуданд…

Омили дигари мусоидаткунандаи равонии нутқ, дилпурона ва таъсирбахш гап зада тавонистан, мутолиаи асарҳои гуногуни бадеӣ, таърихӣ, илмӣ ва динӣ мебошад. Мутолиаи ҳамешагӣ шабеҳи зуд — зуд чарх кашидани корд мебошад. Агар дами корд кунд бошад, кор бо мушкилӣ пеш меравад, маҳсулот исроф, вақт зоеъ мешавад ва билохира дастони кадбону обила мекунанд. Худ қазоват кунед, ки кадом ҷанговар бо шамшери кунд ба майдони набард мебарояд? Айнан, дар назди издиҳоми бузурги одамон бо сиккаву сурат ва салобати бузург гуфта натавонистани як ҷумлаи дурусту бомаънӣ на камтар аз ҳар гуна шармандагист. Эҳтимол баъзеҳо ба фикри мо розӣ набошанд, ки воизию наттоқӣ худ як истеъдод асту на ба ҳар кас муяссар мегардад. Баҳс намекунем, вале дар гумон аст, онҳое, ки бо худомӯзӣ муллогиро пеша кардаанд ва ҳатто мактабро дуруст нахонда, мад­расаи диниеро хатм накарда, воизи моҳир шудаанд, истеъдоди модарзодӣ дошта бошанд.

Мақсад аз навиштани мақола на паст задани муаллимон асту на таърифи рӯҳониён, балки инъикоси як ҳақиқати талхи рӯзгори мост, ки ислоҳаш ба манфиати ҷомеа хоҳад буд. Бо ибрат истиқбол мекунем аз муллоҳои донишманд, ба шарте дар роҳи шариат рост буда, бо меҳнати ҳалол нонашонро пайдо намоянд ва муллогиро ба худ касб накунанд. Аз муаллимон бошад, хоҳиш дорем, ки нангу номусро аз даст надода, дар сухандонӣ аз муллоҳо кам наоянд, зеро тақдири ҳазорон толибилме, ки оянда сарнавишти кишвар ба онҳо вогузор мегардад, ба онҳо бовар карда шудааст.

Чӣ боис шудааст, ки муллоҳоро аз муаллимон пешрафта кардааст? Аксари онҳое, ки аз пайи муллогӣ шуда­анд, мактаби миёнаро ҳам дуруст нахондаанд. Онҳое, ки муаллиманд, дар мактаби миёна, донишгоҳу донишкада солҳо дониш омӯхтаанд. Дар аҳди шӯравӣ пешқадамтарин, обрӯмандтарин шахс ин муаллим ба ҳисоб мерафт. Маоши баланд, имтиёзҳои гуногунро молик буд. Ҳоло ҳам ба мушкилиҳои пешомада нигоҳ накарда, ғамхорӣ дар ҳаққи омӯзгорон зиёд мешавад. Аммо муллоҳо аз ҷое маош намегиранд, имтиёзе надоранд ва ҳарчанд ноҷоиз аст, даромади зиёде аз худи мардум ба даст меоранд. Сатҳи зиндагиашон бамаротиб аз муаллимон болотар аст, зеро мақоли «дил ёбу қанд хӯр» — ро халқ беҳуда набаровардааст. Агар озмуне баргузор намоем, пас, маълум мешавад, ки то куҷо камина ҳақ ҳастам. Муллое соатҳо аз минбар бидуни қоғазе фасеҳу равон сухан мекунад ва сомеонро ба худ ҷалб менамояд. Гоҳ ба хотири тақвияти суханҳояш аз аҳодиси Пайғомбар (с), гоҳи дигар аз ашъори шоирон далелу иқтибосҳои бамаврид меорад. Ҳама ҷавҳари гуфтори ӯ эҷоди дигаронанду воиз онҳоро фақат хуб азбар карда, чизе аз худ зам накардааст. Муаллим бошад, бо дилпурӣ аз маоши мегирифташ дар ҳамон доираи шахшудаи нақшаи дарсӣ, «конспект»-и фанни худ, ки ҳар сол бо каме тағйироту иловаҳои сарсарӣ пешниҳодаш менамояд, то дер баромад карда наметавонад.

Ҳар як муаллим кӯшиш менамояд, ки соатҳои дарсӣ ва шумораи зиёди хонандагонро дошта бошад, хоҳ- нохоҳ ба паст рафтани самаранокию сифати кори таълиму тарбия бурда мерасонад. Ин ҳолат ба паст рафтани шаъну эътибори омӯзгор ва маъруфияти муллоҳо мусоидат менамояд. Балки сарчашмаҳо ёфта, маоши омӯзгоронро баланд ва соатҳои дарсиашонро кам кардан лозим асту талаботу пурсиш аз онҳоро бештар.

Мушоҳидаи дигар. Бе талабу бо талаб одамон ба муллоҳо пул медиҳанду шиква намекунанд. Пӯшида нест, ки имрӯзҳо дар мактабҳо низ бо ҳар баҳона пулситонӣ ба ҳукми анъана даромадааст, ки аксар ҳолат боиси норозигии одамон мегардад. Дар ҳоле ки хизмати омӯзгорон ҳам барои мардум бо таълиму тарбияи фарзандони онҳо зиёд асту кам не. Дар қиёс бо муллоҳо омӯзгорон ба шогирдон аз илмҳои дунявӣ ҳам дарс медиҳанд, ки дар зиндагӣ чун обу ҳаво муҳим аст. Шояд зиёдтар гардидани талабҳо ва камтар гаштани боздеҳ аз ҷониби омӯзгорон, ҳамчунин, мисли бештари муллоҳо маъруфият пайдо карда натавонистани онҳо инро сабаб бошад? Ба ёд биорем маорифи шӯравии тоҷикро, ки аз миёни муаллимони мактабҳои деҳот дар ҳама манотиқи ҷумҳурӣ чеҳраҳое буданд, ки мардум ва роҳбарони вақти сатҳи болоӣ низ эътироф менамуданд. Муаллимони халқии СССР ва Тоҷикистон Идӣ Халифаев, Фотима Самадова, Муаллимони хизматнишондодаи Тоҷикистон Давлат Шабдолов, Моҳбегим Иноятшоева, Муборакшо Фаросатшоев, Елена Никитична Школа, Ниёз Сафаров, Ҳабиб Искандаров, Аълочиёни маорифи Тоҷикистон Назар Ганҷалов, Искандар Сафаралиев, Маҳмадёр Давлатов, Абдулмаҷид Абдулҳаев, Қувваталӣ Қаландаров, Пирак Солиев ва бисёри дигарон мисол шуда метавонанд. Ҳатто муаллимон, чун Ҳабиба Каримова – апаи донишманди маъруф, муаллифи китоби «Алифбо» Ҳилол Каримов ва модари собиқ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Марҳаббо Ҷабборӣ, Муҳаббат Маҳмудова, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 – и шаҳри Душанбе ба гирифтани унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ мушарраф гардида буданд. Биёед аз сари инсоф гӯем, ки чеҳраҳои маъруфро дар мактабу маорифи имрӯза дар муқоиса бо чеҳраҳои намоёни динӣ оё зиёд дорем?

Ба иззати нафси омӯзгорон расиданӣ нестам. Гуфтаниам, ки дар байни онҳо мутахассисони донишманд ва донандаи соҳа хеле бисёранд. Саҳми омӯзгоронро дар пешрафти ҷомеа нодида гирифтан ҳам камоли носипосист. Намояндагони ҳама касбу кор, аз ҷумла рӯзноманигорон ҳам, дастпарварони омӯзгоранд. Бе омӯзгор на раис асту на вазир, на духтуру сохтмончӣ, на адиб, на кайҳонавард. Барои касби рӯзноманигориро интихоб кардани камина, устоди аввалинам, муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик Тӯхтабой Юлдошев (равонаш шод бод!) боис гардида буд. Мавсуф сарфи назар аз ӯзбек буданаш, дилбохтаи адабиёти ғании классикии тоҷик буд. Чунин устодони мумтозро ба гунаи Шарифҷон Ҳусейнзода, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Ардашер Каримов, Асадулло Сӯфиев, Худоӣ Шарифов, Додоҷон Тоҷиев, Эргаш Шоев, Толиб Хаскашев ва чандеи дигар ҳангоми таҳсил дар факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Худо насибам гардонида буд, то ҳанӯз афсӯси дуруст баҳра набурдан аз дониши онҳоро мехӯрам.

Аз хурд то бузург, аз қаторӣ то воломақом чун сухан мавриди забону адабиёту фарҳанг меравад, миллатамонро ба осмони ҳафтум мебарорем, ки назир надорад. Албатта, ифтихор аз миллат хуб аст, ба шарте воқеият ва замина дошта бошад. Лекин агар аз аксар пурсон шаванд, дар бораи забон, адабиёт ва таърихи миллат ба ҷуз гапҳои умумӣ, ба қавле, «бало»-ро ҳам намедонем. Аҷибаш ин ки чаро намедонем ва дуюм­дараҷаву сеюмдараҷа меҳисобем? Аҳамият дода бошед, одитарин афғон дар гуфтор дилхоҳ олими тоҷикро «ба як нӯл мезанад». Мо бошем аз ҳамон «шпаргала» — и мероси шӯравӣ чун тифл аз пистони модар ҷудо шуданӣ нестем.

Мурод аз мавзӯи баҳсӣ фақат инкишофи маданияти сухангӯиямон набуда, балки таъкиди паҳлуҳои зиёди тарбиявӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ ва ҳатто давлатӣ доштани он мебошад. Хоса, дар замони ҷаҳонишавӣ ё худ омезишу ба ҳам омадани тамаддунҳо, ин масъала ниҳоят ҳасос гардидааст. Бубинед, ки барои зери таъсири худ даровардани ҷавонон гурӯҳу доираҳо, ташкилотҳои иртиҷоии хориҷӣ чӣ қадар ҷонкоҳонӣ карда истодаанд. То ҳатто маблағҳои бузургро баҳри пиёдасозии нияту нақшаҳои худ дареғ намедоранд. Аз вазъи кунунии мактабҳои зинаҳои гуногун истифода намуда, аллакай теъдоди зиёди ҷавонони моро ба дом афтондаанд. Дар натиҷа мебинем, ки ҷавонони тоҷик узви кадом як ташкилот, равияи иртиҷоӣ шуда, дар Сурия ҷиҳод дорад ё дар мадрасаҳои динии хориҷӣ хонда, аз мазҳаби суннатӣ, арзишҳои волои миллию ватандорӣ рӯ гардондааст. Дар натиҷа, аз ваҳҳобиён халос нашуда, ба салафиҳо дучор омадаем, ки як навъ тафриқандозӣ миёни ҷавонони мусалмони як мазҳабу як миллат асту бас. Ҳуҷумро беҳтарин усули мудофиа гуфтаанд. Аз сустии ҷараёни таълиму тарбия дар мактабҳо истифода намуда, бадхоҳони миллату давлати мо хеле фаъол шудаанд. Саволе пайдо мешавад, ки чаро наврасону ҷавонони мо ба осонӣ ба доми муллоҳои ифротӣ, гурӯҳҳои иртиҷоӣ меафтанд? Оё ин аз ҷой доштани иллатҳои зиёд дар соҳаи таълиму тарбия дарак намедиҳад?

Агар дар ҳақиқат мо-тоҷикон хоҳони пешрафти маориф, таҳкими давлатдорӣ бошем, пас, чаро иқрор нашавем, ки дар муқоиса бо маорифи давраи шӯравӣ, новобаста бо муҳайё будани шароити беҳтари таълимӣ, пешрафти техникӣ, вазъи имрӯзаи маорифамон беҳбудӣ мехоҳад. Ҳоло он ки шумораи мактабҳои миёна, литсей, гимназия, коллеҷ, донишкадаву донишгоҳҳо бамаротиб боло рафтааст. Сифати тайёркунии мутахассисон бошад, хеле паст аст. Чаро? Аввалан, якбора тағйир ёфтани сохти давлатдорӣ ва дар ин фосила сар задани ҷанги дохилӣ маорифи замоне пешрафтаро ба ин ҳол афканд. Бо бад шудани вазъи иқтисодии мамлакат, бисёре аз мутахассисони варзида мактабҳоро тарк намуда, рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ оварданд. Барои пур кардани ҷойи онҳо бо истифода аз курсҳои кӯтоҳмуддат, филиалҳои коллеҷу донишкадаву донишгоҳҳо дар маҳалҳо оҷилан ва асосан аз ҳисоби шахсони имкониятҳои зеҳнию касбиашон маҳдуд ё худ барои соҳаи маориф тасодуфӣ омӯзгорон тайёр карда шуданд, ки хоҳ – нохоҳ ҷавобгӯи талабот буда наметавонанд, ҳарчанд ғоибона таҳсилро идома бахшида, соҳиби диплом ҳам шуда бошанд. Дар аҳди шӯравӣ на ҳар омӯзгори боқувват ба мактаби олӣ бо мақсади кор кардан роҳ меёфт. Ҳоло чӣ? Дилхоҳ омӯзгори мактаби деҳоти дурдасти ду – се сола собиқаи корӣ дошта ҳам бемалол метавонад дар донишкада ё донишгоҳ ба донишҷӯён дарс гӯяд ва агар боз ҳам чаққонтар бошад, дар бадали чанд сол соҳиби унвонҳои баланди илмӣ мегардад.

Сабаби дигари буҳрон ин гузаштан ба муносибатҳои нави иқтисодист. Ҳар куҷое, ки пул нақши асосиро бозӣ мекунад, фасод ҳатман он ҷо мавқеъ мегирад. Вақте ки ҷавон маблағи зиёд сарф карда мехонад, аз рӯзҳои аввал дар фикри чӣ тавр дар оянда баргардондани маблағи сарфшуда мешавад. Тамоми фикру зикраш ба он банд гардида, ин ҳолат ба меъёри ҳаётии ӯ табдил меёбад. Ҳатто онҳое, ки фардо афсарони низомию интизомӣ шудан мехоҳанд ва дар ҳолати зарурӣ бояд ҷони худро ба гарав монда, ба дифои марзу бум бархезанд, пул дода таҳсил менамоянд, ки боиси ҳайрат аст. Маҳз ин амал боиси коҳиш ёфтани сифати таълиму тарбия дар мактабҳо ва дилхунук шудани наврасону ҷавонон аз омӯхтани илму дониш ва рӯ оварданашон ба самтҳои номатлуб гардидааст.

Ҷавононе низ ҳастанд, ки илоҷе карда соҳибдиплом мешаванду рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Дигар ин ки диплом ҳамагӣ ҳуҷҷатест, ки баробари гирифтанаш дар кунҷи сандуқ ҷо мешавад. Барои кори ин ё он соҳаро пеш бурдан бошад, донишу маърифат лозим аст.

Мавриди рӯҳониёни миллату ватандӯст ва омӯзгорони асил ҳамин қадар гуфтаниям, ки онҳо ҳар яке дар мавқеи худ қодир ҳастанд, чун фарзандони шоистаи миллат дар таълиму тарбияи насли ҷавон баробар саҳм бигиранд. Чунин иқдом бошад, аз ҷониби онҳо кори хайру савоб ва хизмат ба халқу Ватан мешавад.

 Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»