Фарзандони ту, Тоҷикистон!

Дар илм сабр ва таҳаммул даркор аст

№27-28 (3173-3174) 20.03.2014

-мегӯяд корманди китобхонаи Донишгоҳи Оғохон-Институти тадқиқотии тамаддуни Ислом – ISMC дар шаҳри Лондон, доктори илмҳои фалсафа Отамбек Мастибеков

Безимени-1Бо шарофати Истиқлолияти  давлатии Тоҷикистон фарзандони донишҷӯю донишманди  тоҷик имконияти васеъ пайдо карданд, ки дар хориҷи кишвар таҳсили илм карда, ба тадқиқот машғул шаванд. Отамбек Мастибеков аз зумраи чунин ҷавонони илмҷӯю илмдӯст мебошад, ки алҳол дар шаҳри Лондон кору зиндагӣ дорад. Агарчӣ дур аз Ватан бошад ҳам, тариқи расонаҳои хабарӣ ва шабакаи Интернет аз комёбиҳои солҳои охир бадастовардаи  ҷумҳуриамон шод мегардад.

Тақдири Отамбек  барои ҷавонони имрӯза бояд намунаи ибрат бошад. Чун дигар наврасони деҳотӣ, мактаби  миёнаи №61-уми деҳаи Тӯсиёни ноҳияи Роштқалъаро (соли 1987) хатм карда, ба факултети коркарди металлҳои Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин дохил шуд.

Баъди хатми техникум як сол дар Заводи яхдонбарории «Помир» кор кард. Бо оғози ҷангҳои ҳамватании солҳои 1992 – 1993 ба зодгоҳаш баргашт ва якчанд муддат дар мактаби деҳа омӯзгор буд.

Ғайричашмдошт соли 1993 ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев дохил шуд.

- Айёми мактабхонӣ фанни математикаро нағз медидам.  Азбаски падарам аз рӯйи маълумот иқтисодчӣ буд ва он солҳо вазифаи директори совхози Роштқалъаро бар уҳда дошт, мехост, ки ман низ ихтисосе дошта бошам, ки дар корҳои хоҷагии қишлоқ фоида расонам. Аз рӯйи ҳурмат  ва аз тарси он ки падарам малол нашавад, ҳуҷҷатҳоямро ба Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ба номи Ю.А. Гагарин супоридам.

Бори нахуст дар пойтахт калимаи шарқшиносро шунида, шавқам  ба ин касб рӯз то рӯз зиёд шудан гирифт, — мегӯяд ӯ.

- Ҳангоми таҳсил дар техникум ба Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ рафта, дар толори рақами 6 ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат»-ро дархост медодаму аз рӯйи саҳифаи «Алифбои ниёкон» — забони форсӣ меомӯхтам. Бисёр мехостам, ки забонҳои арабӣ ва форсиро аз худ карда, шарқшинос шавам.Баъди як соли худомӯзӣ мустақилона  дастхатҳои қадимаро мутолиа мекардам, -мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Отамбек аз субҳ то нисфирӯзӣ дар Техникуми политехникии шаҳри Душанбе бо оҳану метал сарукор дошту баъди машғулиятҳо  ба китобхона омада, дастхатҳоро бо шавқу ҳавас мутолиа мекард. Азбаски  дар Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ба номи Ю.А.Гагарин таҳсил дошт, бештари олимони филология ба илмомӯзияш бо шубҳа менигаристанд. Танҳо устод Комил Бекзода ва шоири он айём ҷавону донишҷӯ Варқаи Охонниёз ҷавони ташнаи илмро ба шогирдӣ пазируфта, раҳнамояш шуданд.

Маҳфили нахустини фарҳангии «Шоми Бадахшон» дар толори Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон  (4 июни соли 1988)  роҳи шарқшинос, файласуф ва шоири ояндаро ба куллӣ тағйир дод. Дар маҳфил шоирони ҷавон Сардори Раҳдор, Муҳиддини Шоҳин, Варқаи Охонниёз, Адолатбек, Мавҷигул ва дигарҳо аз ашъори тоҷикӣ ва шуғнонияшон қироат карданд. Он рӯз вай бо дили пур аз шодию фараҳ ва орзуҳои зиёд ба хобгоҳ баргашт. Шод буд, ки бо шоирони ҷавон шиносоӣ пайдо кард. Акнун ӯ ду самти омӯзишро пеша кард: шарқшиносӣ ва шеърнависӣ. Ба вай муяссар  гардид, ки аз оғози соли 1990 шеърҳои шогирдонаашро дар маҳфилҳои кӯчаки адабӣ хонад. Устод Комил Бекзода таъкид ба таъкид мегуфт, ки барои шоири хуб шудан бояд аз ашъори классикон  доимо бархӯрдор бошад ва бисёр мутолиа  намояд, то ин ки ҷаҳонбинияш васеъ гардад.

Дар маҳфили навбатии «Шоми Бадахшон», ки соли 1991 дар Кохи Борбад доир гардид, Отамбек бори нахуст бо забони ноби тоҷикӣ шеърҳояшро қироат намуд. Шояд ӯ он рӯз хушбахттарин инсони дунё буд, зеро ба орзуи деринааш расид. Ҳам забони форсиро аз бар карду ҳам қадри имкон асрори шеъру шоириро.

- Дар ин роҳ ман се устоди арҷманд доштам ва кунун ҳам дорам. Инҳо – Комил Бекзода дар фалсафаву шоирӣ, Варқаи Охонниёз дар шеъру назмшиносӣ ва Маҳрам Файзов (рӯҳаш шод бод) дар забоншиносӣ (махсусан фонетика).

Ман имрӯз ба дараҷаи докторӣ расидаам, аммо дар назди устодонам ҳанӯз ҳам шогирд ҳастам. Бояд гуфт, ки дар роҳи илм сабр ва таҳаммул даркор аст. Ман бо чӣ мушкилиҳо  ва бедорхобиҳо аз маъдану оҳаншиносӣ ба шеъру шарқшиносӣ расидаам, худам  медонам.

Вақте ки дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев мехондам, хобгоҳ надоштам. Аз зодгоҳам деҳаи Тӯсиён то шаҳри Хоруғ 21 километр роҳ аст. Он солҳо нақлиёт ҳаракат намекард ва мо ин миқдор роҳро пиёда тай мекардем. Саҳарӣ соати 5 хеста, то оғози дарсҳо ба донишгоҳ  мерасидем. Ҳоло бошад, донишҷӯёни ДДХ хобгоҳи чаҳорошёнаи замонавӣ  доранд ва нақлиёт тамоми фасли сол аз навоҳии вилоят ба самти шаҳри Хоруғ дар ҳаракат аст. Дар ин роҳ аз сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шукрона бояд кард, — афзуд О. Мастибеков.

Такони дигаре, ки дар ҳаёташ ба амал омад, ин вохӯрӣ бо доктори илмҳои филология, профессор Парвона Ҷамшедов буд. Соли 1991 ин олими шинохта аз хориҷи кишвар баргашт ва касетаро аз фаъолияту тадқиқотҳои  Институти тадқиқотии тамаддуни Ислом – ISMC дар шаҳри Лондон, сафари Ҳозиримом Шоҳзода Карим –Оғохони IV ба Покистон ва таваҷҷуҳи Аълоҳазратро ба омӯзиши Ислом нишон дод. Ин Отамбекро водор намуд, ки кори илмӣ ва тадқиқотро пеша кунад. Ба Отамбек омӯзиши забони англисӣ дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Барномаи англисии  (КЭП)-и Хазинаи Оғохон дар шаҳри Хоруғ ва се моҳи таҳсил ва омӯзиши забони академии англисӣ соли 1999 дар Донишгоҳи Эденбурги Шотландия хеле манфиат овард.

Аз ин пас кор ва таҳсилу тадқиқот оғоз ёфт. Ӯ солҳои 1999-2001 дар Институти тадқиқотии  тамаддуни Ислом – ISMC дар шаҳри Лондон солҳои 2001-2002 дар магистратураи Донишгоҳи Лондон дар факултети тадқиқоти Осиё ва Африқо – SOAS таҳсил карда, солҳои 2002-2004 чун муҳаққиқ дар  Институти тадқиқотии тамаддуни Ислом – ISMC дар шаҳри Лондон фаъолияти илмӣ дошт. Азбаски факултети шарқшиносии ДДХ ба номи М. Назаршоевро бо ихтисоси забони арабӣ хатм карда буд (солҳои 1993-1998), тадқиқоту кори илмӣ барояш мушкилӣ надошт.

Соли 2002 унвонҷӯй Отамбек Мастибеков дар мавзӯйи  «Истеъмоли тасаввуф аз «Қуръон»: Муқоисаи Ғаззолӣ бо Румӣ»  зери роҳбарии доктори илмҳои фалсафа  Тоби Мейер рисолаи номзадӣ дифоъ намуд.

Номзади илмҳои фалсафа Отамбек Мастибеков минбаъд ба омӯзиши Ислом ҷиддитар машғул шуда, тадқиқотҳои илмияшро идома дод. Солҳои 2004-2009 дар докторантураи Донишкадаи тадқиқотии Осиё ва Африқо, Донишгоҳи Лондон таҳсил карда, ҳамзамон аз соли 2009 инҷониб китобдори китобхонаи Донишгоҳи Оғохон-Институти тадқиқотии тамаддуни Ислом- ISMC дар шаҳри Лондон мебошад.

Отамбек Мастибеков соли 2010 дар мавзӯйи «Раёсат ва қудрат дар Ҷамоати Исмоилияи Бадахшон дар Тоҷикистон» зери роҳбарии устоди Донишгоҳи Кембриҷ, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Ширин Акинер рисолаи докторияшро низ бомуваффақият ҳимоя намуда, сазовори унвони баланди илмӣ- доктори илмҳои фалсафа гардид.

Баъди ҳимоя роҳбари илмияш, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Ширин Акинер ба унвони сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Лондон Эркин Қосимов мактуби табрикӣ фиристонд:

«Муҳтарам, Ҷаноби Қосимов !

Ман имтинон дорам, ки ин як паёми хуш барои Шумо хоҳад буд, ки Отамбек Мастибеков – донишҷӯйи тоҷик тайи чанд соли охир таҳти роҳбарии банда дар Донишкадаи тадқиқотии Осиё ва Африқо, Донишгоҳи Лондон таҳсил мекард, соҳиби унвони илмии доктори илмҳои фалсафа гардид.

…Ба бисёрии донишҷӯён унвони докториро фавран  тақдим намекунанд – одатан онҳоро муваззаф мекунанд, ки баъзе қисматҳоро аз нав ислоҳ кунанд ва дар баъзе мавридҳо ҳатто талаб карда мешавад, ки қисмати калони рисоларо аз нав бинависанд. Аммо рисолаи Мастибеков бе ягон тардид ва бе ягон ниёз ба ислоҳ фавран қабул гардид. Ин як дастоварди бузург аст! Ин як паёми хубест барои тамоми мардуми тоҷикони муқими Лондон.

Бо эҳтироми самимӣ,

Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, узви Форуми Осиёи Марказӣ дар Кембриҷи Донишгоҳи Кембриҷ

Ширин Акинер

2 феврали соли 2010, шаҳри Лондон».

Доктори илмҳои фалсафа Отамбек Мастибеков  солҳои зиёд боз дар Британияи Кабир  кору зиндагӣ дорад, аммо то ҳанӯз шаҳрвандии Тоҷикистонро нигоҳ доштааст. Ӯ муътақид аст: бигузор ҷаҳониён донанд, ки тоҷикон дорои дониш ва маданияти баланд ҳастанд ва метавонанд дар тамоми дунё аз истеъдодашон дарак диҳанд.

Тиллои НЕКҚАДАМ, «Садои мардум»