Ахлоқу маънавиёт

Дар таълиму тарбияи фарзанд таъхир набояд

№7-8 (3308-3309) 16.01.2015

Тайи даҳсолаҳои охир бо пешрафт ва инкишофи босуръати илму техника ва технологияи муосир шароит фароҳам омад, ки аз навтарин дастовардҳои илмӣ ва ахбори ҷаҳон огаҳ гардида, оид ба ҳаводиси ҳама манотиқи гуногуни олам маводи заруриро дастрас ва мавриди истифода қарор диҳем.

Ин раванд дар ҷаҳони муосир ба одати ҳамешагии ҳар як фард ва хусусан насли наврас табдил ёфта истодааст, ки аз рукнҳои асосии ҷаҳонишавӣ буда, пешгирии он ғайриимкон аст. Дар ин самт иттилоъ ва маводе низ дастрас мешаванд, ки ба арзишҳои милливу фарҳангии мо бегона буда, заминаи паст шудани ахлоқу одоб ва маънавиёти насли ҷавон гардида, сабабгори амалҳои зӯроварӣ, фисқу фасод, ҷиноёти гуногун ва коста гардидани шавқу рағбати онҳо ба донишандӯзӣ гаштаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти ин омилҳо масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ эълон намудаст. Дар вохӯриву мулоқотҳои худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд, ки дар қатори масъулияти давлат, волидон низ бояд ҳамеша дар фикри таълиму тарбияи фарзандони худ бошанд.

Донишманди маъруф Унсуралмаолии Кайковус дар асараш «Қобуснома» андар боби фарзанд парваридан ва оини он овардааст: «Бидон, эй азизи ман, ки агар Худо туро писаре диҳад аввал номи нек ба вай неҳ, ки аз ҷумлаи ҳақҳои падарон яке ин аст, баъдан ба доягони меҳрубон супор ва вақти хатна кардан суннат ба ҷой овар ва бо ҳасби тоқати хеш шодмонӣ кун ва чун бузург шавад, вайро пешае биомӯзӣ».

Дар такя ба ин гуфтаҳо, дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омада буд, ки дар ҳамаи зинаҳои таълиму тарбия ва такмили ахлоқу маънавиёт масъулияти асосӣ ба дӯши падару модар аст, зеро падару модар дар саргаҳи ташаккули андешаву эҳсос ва рушди ҷаҳонбинии фарзанд қарор доранд. Онҳо дунёро бо чашму дили волидайн дарк карда, муносибати худро ба олами атроф, қабл аз ҳама, аз дидгоҳи онҳо муайян менамоянд.

Аз ин рӯ, мавқеъ пайдо кардани оила дар ҷомеа, муносибати хуб ва хайрхоҳона доштани аҳли оила бо хешу пайвандон ва ҳамсоягон, аз тарафи фарзандон эҳтиром ва қадр кардани падару модар аз масъалаҳоеанд, ки ба фарҳанги оиладорӣ дахл дорад. Метавон гуфт, ки падару модар сутуни хонадон маҳсуб ёфта, бояд дар таълиму тарбияи фарзандон диққати доимӣ зоҳир намуда, масъулияти бештаре дошта бошанд. Боиси таассуф аст, ки то ҳол на ҳама волидайн ин масъулияти мутобиқи қонун ба уҳдагирифтаи худро ҷиддӣ эҳсос менамоянд.

Доир ба парвариш ва одоби фарзандон дар асари «Кимиёи саодат»-и мутафаккири барҷаста Муҳаммад Ғаззолӣ омадааст, ки «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар ва дилаш чун об соф асту чун гавҳар нафис ва нақшпазир чун мум, аз ҳамаи нақшҳо холист. Чун замин пок аст ҳар тухме, ки дар он афканӣ, бирӯяд, агар тухми хайр афканӣ ба саодати дин ва дунё расад. Агар бар хилофи он кунанд, бадбахт шавад ва аз ӯ корҳои ношоиста ба вуҷуд ояд, дар дунё ва қиёмат дар азоби он фарзанд падару модар низ шарик бошанд».

Дар ҳамин радиф, гуфтаҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ёд меоянд, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» изҳор дошта буданд, ки  фарзанд меваи умри  одамизод аст. То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ӯ аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷӯӣ кунад. Ёдовар шуда  буданд, ки  таҳлилҳои мутахассисон нишон медиҳанд, ки  солҳои охир сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст, ки баъзе падару модарон ба ин масъалаи муҳим беэътиноӣ зоҳир мекунанд ва ин боиси он мегардад, ки онҳо бе назорат монда, субҳу шом дар кӯчаю хиёбонҳо, марказҳои дилхушӣ, бозиҳои компютерӣ вақти худро гузаронида, ҳатто ба мактаб намераванд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободиву пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд. Бояд ҳар як аъзои ҷомеа нисбат ба тавлид ва тарбияи дурусти фарзанд дар назди ҷомеа, миллат, оила ва фарзанд масъулияти бештарро ҳис намуда, барои иҷрои талаботи он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Миҷгони Сорбон, ноиби директор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон