Маслиҳати мутахассис

Дарахте бипарвар, ки бор оварад

№22 (4605) 08.02.2023

ДарахтпарварДар Тоҷикистон ниҳолнишонӣ ба маъракаи оммавӣ табдил ёфта, бо истифода аз ҳавои мусоид дар шаҳру деҳоти кишвар мардум ниҳолҳои мевадиҳандаю ороишӣ ва гулҳои гуногун шинонда, боғҳои нав бунёд мекунанд. Доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров зимни мусоҳиба бо хабарнигорамон ба боғдорону токпарварон ва ҳама онҳое, ки ба кори хайри ниҳолшинонӣ машғул мешаванд, маслиҳатҳои муфид дод.

- Мавсими ниҳолшинонӣ кадом моҳҳоро дар бар мегирад?

- Дар шароити Тоҷикистон вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо аз сатҳи баҳр муҳлати шинонидани ниҳолҳо гуногун аст. Дар водиҳо ин кор баробари баанҷомрасии хазонрез, охирҳои моҳи ноябр оғоз гардида, ба ғайр аз рӯзҳои сард ва яхбандӣ, то нимаи дуюми моҳи март давом мекунад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наз­дикӯҳӣ (дар баландиҳои аз 1200 метр боло аз сатҳи баҳр) шинонидани ниҳол аз охири моҳи феврал оғоз ёфта, то аввалҳои моҳи апрел идома меёбад.

Иқлими хоки ҷумҳурӣ ба парвариши қариб ҳама нав­ъи дарахтони мевадиҳанда мувофиқ аст. Аз ин хотир имкониятҳои мувофиқ ва қоидаҳои мавҷудаи боғдориро бояд истифода бурд. Пеш аз бунёди боғ интихоби дурусти замин (аҳамият додан ба релефи замин, ба ҳамворӣ, нишебиҳо ва талу теппаҳои он) шарти асосӣ ва муҳим мебошад

Дар замини обӣ обёрикунии онро низ ба назар гирифтан зарур аст. Ниҳолҳоро пеш аз шинонидан дар ҷое, ки аз омехтаи поруи чорво ва хок шарбатоб тайёр шудааст, ба муҳлати на кам аз 3-4 соат нигоҳ медоранд. Шарбатобро чунин тайёр кардан мумкин аст: се ҳисса поруи нави чорво, як ҳисса хок ва панҷ — шаш ҳисса об. Ба назар гирифтан зарур аст, ки баробари аз шарбатоб гирифтани ниҳол он бояд зуд дар чуқурчаҳои тайёркардашуда шинонида шавад, чунки муддати зиёд дар ҳавои кушод нигоҳ доштани онҳо ба хушкшавии шарбати дар реша буда ва мӯякрешачаҳо оварда мерасонад. Риояи чунин амал сабзиши хуби ниҳолҳоро таъмин мекунад. Ниҳолҳоро ба муҳлати як шабонарӯз низ дар шарбатоб нигоҳ доштан мумкин аст. Амали дигаре, ки иҷрои он аз аҳамият холӣ нест, ба назар гирифтани қисми пайвандшудаи гарданаки реша ҳангоми ниҳолшинонӣ мебошад.

Ниҳолро тарзе бояд шинонд, ки қисми пайвандшудаи он аз қабати болоии хок на кам аз 3 — 4 см боло бошад. Дар сурати риоя накардани ин амал ниҳол хушк мешавад. Ҳангоми лой будани замин ва ё аз ҳад баланд будани намии хок шинонидани ниҳолҳо тавсия дода намешавад. Пас аз шинонидани ниҳолҳо навдаҳои онҳоро ба андозаи 60-70 см аз сатҳи хок боло мебуранд.

-Интихоби дурусти ниҳол низ аҳамият дорад?

-Бале. Интихоби ниҳол масъалаи муҳим аст. Ҳангоми интихоб ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ будани он, яъне қади он на кам аз 150 см ва системаи решааш на кам аз 3 поя бо мӯякрешаҳо бояд ба назар гирифта шавад. Дигар ҷузъи муҳиме, ки донистамон зарур аст, интихоби дурусти навъҳои ба минтақа мувофиқ мебошад, зеро ояндаи боғ, ҳосилнокӣ ва нашъунамои он ба шароити маҳал вобастагии зич дорад.

Барои шинондани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда чуқуричаҳо дар андоза ва чуқурии 0,5-0,6 метр тайёр мешаванд. Дар заминҳои, ки зичии хокашон баланд аст, бояд андозаи чуқурчаҳо на кам аз 0,3-0,4 метрро ташкил диҳад. Ин корро бояд дар фасли тирамоҳ анҷом дод. Баробари тайёр кардани чуқуричаҳо дар ҳар яки онҳо нурии органикӣ (поруи куҳна) ба миқдори як кило андохта мешавад. Ҳангоми кандани чуқуричаҳо бояд ба он аҳамият дода шавад, ки қисми ҳосилхези хок алоҳида ва қисми мобайнии он алоҳида дар гирду атрофи чуқуричаҳои кандашуда партофта шаванд ва дар вақти шинонидани ниҳол чуқуричаҳо аввал бо хоки ҳосилхез ва баъд бо қисми мобайнию поёнии хок пур карда шаванд.

 Дар шароити Тоҷикистон истифодаи нуриҳои органикӣ ҳангоми шинонидани ниҳолҳо ба сабзиш ва зуд самар додани онҳо мусоидат мекунад, лекин фаромӯш набояд кард, ки аз меъёр зиёд истифодаи он тавсия дода намешавад, зеро он ба пӯсиши реша оварда мерасонад. Истифодаи поруи нав ҳангоми ниҳолшинонӣ тавсия дода намешавад.

- Дар зимистон ба боғу токзор яхоб мемонанд. Ин амал чӣ аҳамият дорад?

- Таҷрибаҳои гузаронидаи олимон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ нишон дод, ки аз ҳамбастагии яхобмонӣ бо обмонии давраи нашъунамо, ҳосилнокии боғҳои себ 70-100 фоиз, олу-50-60, олуболу 60-80 ва зардолу 90-100 фоиз зиёд мегардад. Дар баробари ин, устуворияти дарахтон ба сардии ҳавои зимистон низ баланд мегардад. Аз тарафи дигар, яхобмонӣ ҳангоми сард омадани зимистон ба маҳвшавии тухмӣ ва зочаи як қатор зараррасонҳои боғу токзор мусоидат мекунад. Яхобро пас аз хазонрезии дарахтон дар моҳҳои декабр — феврал бо меъёри 1000 — 1300м3 ду маротиба додан зарур аст. Меъёр ва миқдори яхобмонӣ ба намнокии хоки майдон, тагпайванди дарахтон, сатҳи обҳои зеризаминӣ, сохтори хок вобаста аст. Пас аз шудгори байни қаторҳо нармкунии бехи ниҳолҳо, дар заминҳои гилхок дар масофаи 1,5-2 метр ва сабуки қумдор 70-100 см аз якдигар ҷӯяк кашида, сипас обро борик сар додан лозим аст. Давомнокии яхобмонӣ ба намгирии хок вобаста аст. Бинобар ин, пеш аз манъ кардани об ҳар ҷо-ҳар ҷо чуқуриҳо канда, намнокшавии хокро бояд санҷид. Дар қитъаҳое, ки оби зеризаминӣ чуқур ҷойгир аст, то ду метр чуқурии намнокии хок то дараҷаи намғунҷоиши камтарин 70-75 фоиз таъмин шавад. Яхобмонӣ низ монанди обмонии баҳорӣ бояд муътадил бошад, чунки аз ҳад зиёд шудани намнокӣ ба косташавии қобилияти обу ҳавогузаронии хок боис мегардад. Аз ин рӯ, дар водиҳо, ки иқлими муътадил доранд, фасли зимистон боғҳо аз оби зиёдатӣ бояд озод бошанд.

Дар заминҳое, ки сатҳи оби зеризаминиашон баланд аст, яхобмонӣ тавсия намешавад. Расидани оби полезӣ ба обҳои зеризаминӣ ба боло баромадани намакҳои мавҷуда боис мегардад, ки дар натиҷа ба хушкшавии дарахтону буттаҳо оварда мерасонад. Аҳамияти яхобмонӣ дар мавзеъҳои камоб дучанд аст. Бо роҳи яхобмонӣ деҳқон метавонад дар давраи зимистон намнокиро дар хок захира кунад ва ин оби захирашударо дарахтон дар фасли тобистон пурра истифода мебаранд. Барои захира кардани намии табиӣ дар заминҳои лалмӣ тавсия дода мешавад, ки байни қаторҳо ва бехи ниҳолҳою буттаҳоро аз нимаи дуюми тирамоҳ, пас аз боришоти аввалин, нарм кунанд. Ба таври уфуқӣ аз бехи дарахтон 50-60 см дуртар ҷӯякҳои чуқуриашон 25-30 см кашида ба бефоида ҷоришавии оби борон роҳ надиҳанд. Ҳангоми риоя кардан ва гузаронидани ин чорабинии агротехникӣ кишоварзон метавонанд самаранокии меҳнаташонро дучанд гардонанд.

- Кадом вақт ба ниҳолҳо пайванд гузаронидан мумкин ва кадом усулҳои пайванди дарахтон мавҷуд аст?

- Пайвандкунии дарахтон дар ду давра гузаронида мешавад: аввали баҳор (март-апрел) ва тобистон (июл-август). Аслан пайванд дар навниҳолҳо гузаронида мешавад. Чунки бофтаҳои танаи растаниҳои дупаллагӣ аз ҷиҳати ботаникӣ бо ҳам наздиканд ва ба туфайли фаъолияти камбия (пардаи байни тана ва пӯст) қобилияти бо якдигар сабзидан доранд. Пайванд ҳамчун усули зиёдкунӣ аз замонҳои қадим маълум аст. То ҳол зиёда аз 150 навъи гуногуни он истифода шудааст, ки онҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст: муғҷапайванд, пайванд бо қаламча ва ҷуфтпайванд.

- Бисёр вақт чунин ҳолатҳое мешавад, ки дарахти зардолу, бодом, чормағз ва ғайра аз таъсири ҳавои гарми охири зимистон ба гулкунӣ сар мекунанд, вале бинобар сардиҳои аввали баҳор, боридани жола ва баъзан барф ҳосилро талаф медиҳанд. Оё барои ҳифзи чунин дарахтон илоҷ ҳаст?

- Чунин ҳолат бисёр мушоҳида мешавад. Бо сабаби тағйир ёфтани иқлим ҳарорати ҳаво дар фасли зимистон баланд шуда, ба барвақт гул кардани дарахтон, алалхусус дарахтони донакдор-зардолу, шафтолу, олу, олуболу, гелос ва чормағз гардида, паст шудани ҳарорати ҳаво то 4-50 С ба талафёбии пурра ё як қисми ҳосил оварда мерасонад. Дар чунин ҳолат боғдоронро зарур аст, ки барои ҳифзи дарахтон ҳамаи имкониятро истифода баранд, аз ҷумла ҳангоми хушк омадани фасли тирамоҳ бо оби захиравӣ таъмин намудани дарахтон ва дар фасли зимис­тон фурсати муносибро истифода бурда, яхобмониро ба роҳ мондан. Дар чунин ҳолатҳо дуд додани дарахтон низ аз тадбирҳое мебошанд, ки барои ҳифзи ҳосили дарахтон мусоидат мекунанд.

- Баҳор наздик аст. Дар рӯзҳои баҳорӣ кадом тадбирҳоро, бояд амалӣ кард?

- Коркарди баҳории боғу токзор идомаи коркарди зимистонаи онҳо мебошад. Он корҳое, ки дар давраи охири тирамоҳу зимистон анҷом дода нашуданд, ҳатман дар аввали баҳор, то кушодашавии муғҷаҳо бояд иҷро карда шаванд. Бо фарорасии фасли баҳор ҳаёти фаъолонаи ҳашароти зараррасон ва ангезандаҳои касалиҳои гуногун оғоз гардида, осебрасонии онҳо ба зироатҳои кишоварзӣ аён мегардад. То ба ҳол дар боғоти ҷумҳурӣ зиёда аз 60 навъи ҳашароти зараррасон ва 20 навъи касалиҳо ба қайд гирифта шудааст. Кирми меваи себ, тиллодумаки туркистонӣ, кирми шапалаки ноҷуфт, кирми шапалаки ҳалқагузор, гамбусаки почағафси зардолу, кирми мевахӯри олу, муғҷапечонак, ширинчаи сабз, ширинчаи хунин, сипарболаки калифорнӣ, сипарболаки бунафш, сипорболаки камоншакл, сипарболаки қалбакии ақоқиё (акатсия), канаҳо, кӯяи себ, гулхӯракҳо, пӯстлоххӯракҳо ва ғайра. Аз касалиҳои замбурӯғӣ — қутураки себ ва нок, обсӯзу пӯсиши мева (монолиоз), ордаки себ, саратони сиёҳ, саратони бактериявӣ, паҷмурдашавӣ ва ғайра аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Чорабиниҳо оид ба муҳофизати дарахтони мевадиҳанда аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо бояд маҷмуӣ бошанд, яъне ҳама омили ташкилӣ, агротехникӣ, механикӣ, биологӣ ва кимиёвӣ дар пайвас­тагӣ истифода гарданд, то ки инкишофи самараноки дарахтонро беҳтар кунанд, афзоиши зараррасонҳою ангезандаи касалиҳоро маҳдуд гардонанд.

- Боғу токзорро чӣ тавр бояд аз касалиҳо ва ҳашароти зараррасон эмин дошт?

- Пешгирии хисороти касалию зараррасонҳои дарахтони мевадиҳанда дар баҳор низ шакли маҷмӯӣ дошта, аз чорабиниҳои агротехникӣ, механикӣ ва кимиёвӣ иборат аст. Дар фасли баҳор, агар пас аз давраи ҷамъоварии ҳосил меваҳо пурра ҷамъ карда нашуда бошанд, баргҳо низ боқӣ монда ё баргҳои касал дар ягон ҷойи берун аз боғ сӯзонида нашуда бошад, ҳатман ин корҳоро ба анҷом бояд расонд. Сипас, байни қаторҳоро шудгор ва бехи ниҳолҳоро нарм кардан лозим. Шохабурии санитариро низ сари вақт гузаронидан ба манфиати кор аст. Дар ин давра бар зидди ҳашароти зараррасон, ки дар тарқиши пӯстлохи дарахтон, қисман дар навдаҳо (кирми шапалакӣ, абрешимресаки ҳалқагузор), баргҳо, зери хок тухм мегузорад ва зочаашон ҷойгир аст, истифодаи маводи химиявии «Актелик» 50 фоиз, «Апполо» 50, «Димилин» тавсия дода мешавад. Бар зидди касалиҳои замбурӯғӣ истифодаи фунгисидҳои «Браво 500 SC», «Квадрис 250 SC», «Курзат R 42 г/кг» самаранок аст.

Ҳама навъи заҳрдоруҳоро пеш аз кушодашавии муғҷаҳо ва пас аз гулшукуфӣ истифода бурдан мумкин аст. Пас аз гулшукуфӣ вобаста ба сатҳи афзоиши зараррасонҳо инсектасидҳо: «Актелик» 50 фоиз, «Апполо» 50 фоиз ва «Димилин»- ро баъди коркарди якум 15-20 рӯз такроран то 25-30 рӯз пеш аз пухтани мева истифода бояд кард.

Ҳангоми кор кардан бо заҳрхимикатҳо бояд либосҳои алоҳидаи муҳофизатӣ — халат, комбизон, респераторҳо ё бинимаҳкамкунакҳои аз пахтаю дока тайёркардашуда, дастпӯшакҳои резиниро истифода бурда, пагоҳӣ ва бегоҳӣ маҳсулоти шириро истеъмол кардан зарур аст.

Барои маҳв кардани замбурӯғҳо, баъзе ҳашароти зараррасон ва пешгирӣ кардани касалии офтобсӯз дар аввали баҳор бо оҳак сафедкунии танаи дарахтон тавсия мешавад. Агар зимни сафед кардани пояи дарахтон ва қисми поёнии шохҳои асосӣ якчанд маротиба бо оҳакоб даҳани фаранг илова карда шавад, чӯбхӯракҳо ва ҳашароти дигари хоянда нест мешаванд. Дар бехи танаи дарахтон поруи гӯсфанд рехтан лозим, бо ин роҳ мушҳо метарсанд. Барои тарсондани заргӯш дар танаи дарахт молидани омехтаи нафтали-30 грамм, собун-350, равғани растанӣ-200, скипидар — 40 ва даҳани фаранг 10 грамм (дар 1 л об) тавсия мешавад.

Ба муқобили сипарболакҳо, кирми шапалаки ҳалқагузор, ширинчаҳо, асалак истифодабарии эмулсияи равғани керосинӣ дар аввали баҳор пеш аз кушодашавии муғҷаҳо самаранок аст. Маҳлул аз 400 г собун, 800 г керосин дар 10 л оби борон тайёр мешавад. Тарзи тайёр кардани ин маҳлул чунин аст: аввал собунро дар камтар оби ҷӯш маҳлул карда, сипас бо он керосин рехта, хуб омехта менамоянд, вақте ки ранги маҳлул сафед мешавад, боқимонда обро ба он ҳамроҳ мекунанд. Маҳлули дуруст тайёркардашуда ранги ширро мегирад ва дар муддати якчанд соат ба қабатҳо ҷудо намешавад.

Мусоҳиб Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

 «Садои мардум»