Аниси кунҷи танҳоӣ...

Даргоҳи илму маърифат

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Китобхона

Дар шароити кунунии рушди ҷомеаи башарӣ, ки раванди ҷаҳонишавӣ фарогири тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқу миллатҳои олам гардидааст, масъалаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд   моҳият ва мазмуни тоза касб намуда, ба яке аз мушкилоти мураккабу гуногунҷабҳаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Бо дарназардошти вазъи доимотағйирёбанда ва пуртазоди ҷаҳони муосир ҳар як кишвари олам бо истифода аз суннатҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои волои ҳуқуқии умумибашарӣ дар самти ҳалли ин мушкилот саҳм мегузорад.

Дар ин радиф китобхонаҳо (дар маҷмӯъ фаъолияти китобдорӣ) ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеа ва ниҳоди муҳими иҷтимоӣ, ки фаъолияти он тавассути меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузории амалкунандаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди байналмилалӣ муназзам мегардад, ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар самти иҷрои дастёбии озодона ба иттилоот масъулияти бузургро ба зимма доранд. Аз ин рӯ, тамоми таҳаввулоти  сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию идеологии ҷомеа  ба китобхона ва фаъолияти рӯзмарраи он таъсири амиқ мерасонанд. Дар шароити ташаккули ҷомеаи ҳуқуқии шаҳрвандӣ, ки яке аз арзишҳои бунёдии он озодии сухан ва иттилоот аст, китобхонаҳо ба мисли даврони  шӯравӣ дигар муассисаи идеологӣ буда наметавонанд. Дар чунин шароит рисолати он дар ҷомеа тағйир меёбад, он ба муҳимтарин  воситаи дастёбии озодонаи  истифодабарандагон (хонандагон) ба иттилоот табдил ёфта, дар фаъолияти он қонеъгардонии ниёзҳои иттилоотӣ ва фарҳангии  истифодабарандагон  афзалияти бештар  пайдо мекунад.

Муҳимтарин пайомадҳои истиқлолияти миллӣ дар соҳаи  китобдорӣ ин қабули як силсила асноди меъёрии ҳуқуқии миллӣ -  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр» (27 декабри соли 1993),  «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма»  (27 декабри соли 1993), «Дар бораи фарҳанг» (13 декабри соли 1997), «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» (13 ноябри соли 1998), «Дар бораи иттилоот» (10 майи соли 2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (2 декабри соли 2002), «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (1 августи соли 2003), «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» (26 декабри соли 2011), Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи беҳтар намудани вазъи Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Фирдавсӣ» (14 августи соли 2003 №361) ва ғайра ба шумор мераванд.

Дар ин радиф қабули се Барномаи давлатии  рушди соҳаи китобдорӣ – «Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ барои солҳои 2006-2015», «Барномаи давлатии компютеркунонии китобхонаҳои давлатию оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013»  ба маблағи умумии  беш аз 13 млн. сомонӣ, эълон гардидани «Рӯзи китоб» (соли 2007), бунёди бинои муҳташами Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон номбар  намуд.

Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи фарҳангию маърифатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус саҳми беандозаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, китобдорони Тоҷикистон  соҳиби иди касбӣ «Рӯзи китоб» ва бинои боҳашамати зебою замонавии нуҳошёнаи «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки зоҳиран шакли китоби кушодаро дорад, гардиданд. Дар намои бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бахшида ба мероси пурғановати  ниёгон  ва зиндасозию абадигардонии хотираи неки таърихӣ  22 нимпайкараи  чеҳраҳои намоёни илму адаб ва фарҳанги миллати тоҷик, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯалӣ  ибни Сино, Носири Хусрав, Умари Хайём, Саъдии Шерозӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯбакри Розӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Ибни Муқаффаъ (Рӯзбеҳ), Робияи Балхӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ҷойгир шудаанд.

Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», ки дорои 25 толори хониш бо якуним ҳазор ҷойи нишаст, 28 махзани нигаҳдории китобу санадҳо ва даҳ толори маҷлис аст, барои нигаҳдории даҳ миллион нусха китоб пешбинӣ шудааст. Имрӯз  фонди умумии  Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дорои зиёда аз 6 миллион  нусха  маводи  чопию электронӣ аст. Дар толори  калони хониши  электронии  китобхона, ки 170 ҷойи нишаст  дорад, 500 ҳазор китоби электронӣ мавҷуд аст. Ғайр аз ин, тамоми толори хониши электронӣ тавассути шабакаи интернет бо беҳтарин китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита доранд, ки аз афзалиятҳои муҳими ин муассисаи бузург аст.

Китобхона дорои толорҳои гуногуни хониш, маҳфузгоҳҳо барои нигоҳдории китоб ва дигар асноди иттилоотӣ, ҳуҷраҳои маъмурӣ, маҷлисгоҳҳо ва толорҳои баргузории ҷаласаҳо, симпозиуму конфронсҳо, чопхонаву лабораторияҳои тармими китобҳо, бахшу шуъбаҳои корӣ ва дигар шабакаҳои хадамотӣ аст, ки ҳама ҷавобгӯйи талаботи стандарти ҷаҳонӣ мебошанд. Аксари толорҳои хониш соҳавианд ва китобҳои зарурӣ дар худи толорҳои хониш нигоҳ дошта мешаванд, ки барои хонандагон басо мусоид аст. Бисёр намуди хизматрасониҳо ба таври электронӣ анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла хонанда аз ҷойи нишасташ метавонад китоби зарурии худро тавассути  шабакаи дохилии электронӣ дархост кунад ва дар муддати кӯтоҳ маводи фармудааш ба ӯ дастрас гардад. Толорҳо барои чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз ҷумла конфронсу симпозиумҳо тарзе бино ёфтаанд, ки дар онҳо ҳатто имкони баргузории ҳамоишҳои сарони давлатҳо ҷой дорад.

Илова  бар ин, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сомонаи худро (www. kmt.tj)  созмон додаст, ки тавассути он дар радифи маълумоти мушаххас оид ба таърих, фаъолияти кунунии бахшу шуъбаҳои он, суроға ва реҷаи корӣ, боз матни электронии нашрияҳо пешниҳод шудаанд. Инчунин тавассути  сомонаи  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» хонандагони ватанӣ ва хориҷӣ метавонанд бе ягон мамоният  фонди электронии онро мавриди истифода қарор диҳанд. Истифодаи ин манбаъ имкон медиҳад, ки дар радифи хонандагони анъанавӣ, хонандагони ғоибхон (виртуалӣ) низ номнавис  шаванд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо давлатҳои  Ҷумҳурии Халқии Хитой, Франсия, Беларус, Федератсияи Россия,Корея,  Ҷумҳурии Исломии Покистон созишномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар китобхона гӯшаҳои Ҷумҳурии Халқии Хитой,  ИМА, Арабистони Саудӣ, Корея ва созмони байналмилалии ЮНЕСКО  ташкил карда шудаанд. Айни замон Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо 25 китобхона ва марказҳои китобдории Федератсияи Россия, Беларус, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Арманистон, Қазоқистон, Англия, Венгрия, Ветнам, Ҷумҳурии Федеративии Германия,  Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Туркия,  Япония, Кореяи шимолӣ, Словакия, Булғория  оид ба мубодилаи байналмилалии китоб созишномаҳо ба имзо расонидааст. Давоми солҳои 2012-2014 аз китобхонаҳои кишварҳои номбурда ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 450 нусха адабиёти соҳаҳои гуногун ворид гардид. Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бошад, аз фонди хеш ба ин кишварҳо 277 нусха адабиёт ирсол  намудааст. Ҳамаи ин дастовардҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо шарофати фазои сулҳу суботи кишвари тозаистиқлол ба мо даст додааст.

Саидҷаъфар САФАРОВ, муовини сардори  шуъбаи илмӣ-таҳқиқотии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон»-и Дастгоҳи  иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон