Ба истиқболи соли нави хониш

Донишгоҳ бо азми Сарвари давлат зебову ободтар мегардад

№100 (3246) 28.08.2014

мусоҳиба бо ректори  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои физика-математика Абдулло Табаров

МУАРРИФИНОМА

Табаров А.ХАбдулло Табаров 11 феврали соли 1963 дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст.Соли 1985 факултети математика-физикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дипломи аъло хатм карда, солҳои 1987-1992 дар Донишкадаи математикаи  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Молдова ба сифати коромӯз, аспирант ва ходими илм фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1995 ҳамчун муаллими калони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, солҳои 1996-1999 докторанти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1999-2002 сардори Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён ва хонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2002-2006 ба сифати мудири кафедраи математикаю информатика ва декани факултети ғоибонаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, солҳои 2006-2010 дотсенти кафедраи математикаи олии ДМТ, солҳои 2010-2011 мудири шуъбаи математикаи Донишкадаи тадқиқотии ДМТ ва солҳои 2011-2012 мудири кафедраи математикаи олии ДМТ фаъолият намудааст. Доктори илмҳои физика- математика.

  27 августи соли 2012 бо Қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъин шуд. Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

-Тавре огаҳӣ дорем, бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2015-ум 70 -солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Мувофиқи мақсад мебуд, агар дар ибтидои суҳбат аз таърихи бунёд ва роҳи тайкардаи донишгоҳ изҳори андеша мекардед.

-Воқеан ҳам боиси ифтихор ва саодатмандии бузурги мо хатлониён аст, ки бо дастури Сарвари дурандешу маърифатпарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон 70 -солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил мегардад. Бо таҷлили ин санаи таърихӣ донишгоҳ беш аз пеш зебову ободтар мешавад. Ба ин хотир дар ҳудуди донишгоҳ  сохтмони бинои нав, ки аз ҳафт ошёнаю тарҳи муосири меъморӣ иборат аст, бо суръати дучанд қомат меафзояд.

Акнун рӯ меорем ба таърихи донишгоҳ. Бо дарназардошти бо суръати дучанд афзудани аҳолии қисмати ҷанубии кишвар ва дар ин замина ба миён омадани мактабҳои зиёди ибтидоиву ҳафтсола, 23-юми августи соли 1940 таҳти рақами 724, дар бораи «Таъсиси Институти давлатии муаллимии шаҳри Кӯлоб», Қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон ба тасвиб мерасад. Мутаассифона, амалӣ намудани қарори мазкур бо иллати омилҳои гуногуни воқеӣ, бахусус ба миён омадани хавфи ҷанги нави ҷаҳонӣ, вазъи нохуби молиявӣ ва ба миқдори зарурӣ пайдо нашудани довталабон ба таъхир гузошта мешавад. Ниҳоят, баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 15 августи соли 1945 бо қарори собиқ Вазорати маданияти Иттиҳоди Шӯравӣ дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳр, Институти дусолаи муаллимии шаҳри Кӯлоб таъсис дода мешавад. Он вақт таъсиси ин боргоҳи илм дар миқёси имрӯзаи вилояти Хатлон аввалин ва дар ҷумҳуриамон бошад, чорумин мактаби олӣ маҳсуб меёфт. Сарварии онро омӯзгори сивуяксолаи конибодомӣ Раҳмон Каримов ба уҳда дошт. Соли 1953 донишгоҳ тағйири мақом мекунад, зеро бо фармони Вазорати маорифи Иттиҳоди Шӯравӣ ба худ номи Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлобро мегирад. Соли 1960 мақоми донишгоҳ   дигар мешавад, яъне то 27 июли соли 1962 зертобеъ ё худ филиали Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе мегардад. Баъдан, бо хоҳишу дархостҳои пайвастаи устодону толибилмони он, бахусус сарвари филиал Ниёз Сафаров, донишгоҳ бо қарори Кумитаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон бори дигар мақоми мустақилиятро соҳиб мешавад. Ниҳоят бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз таърихи 24-уми июни соли 1992 «Дар бораи ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб табдил додани Институти давлатии педагогии Кӯлоб» қарор қабул менамояд. 29 апрели соли 2009 донишгоҳ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ мешавад.

-Баёни пайдарпайи ин қадар факту рақамҳо худ далели онанд, ки Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар тӯли фаъолияти 70 -солаи худ пайроҳаи басо пурпечутоберо тай намудааст. Имрӯз аз миёни довталабони муваффақи он киҳо дар мақоми роҳбарӣ ё вазирӣ қарор доранд?

-Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тӯли 70 соли мавҷудияти худ садҳо чеҳраҳои шинохтаи  сиёсию фарҳангӣ  ва илмию адабиро рӯйи кор овард. Акнун лаҳзаи бисёр мувофиқе даст додааст, ки аз қисмате аз он чеҳраҳо ба таври намуна ёдрас шавем. Ходимони намоёни давлатию сиёсии кишвар Нусратулло Абдулҳақов, Султон Мирзошоев, Исмоил Қурбонов, Лақай Қармишев, Абдураҳмон Азимов, Саймуъмин Ятимов, депутатҳои халқи давраҳои гуногуни Совети Олӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Расулов, Рӯзигул Солеҳова, Садбарг Набиева, Савсан Кабирова, Махфират Хидирова, Амирхон Сафаров, хизматчиёни сатҳи баланди давлатӣ Ниёз Сафаров, Қиматгул Рустамова, Исроил Маҳмудов, Раъно Мирзоева, Хӯҷамурод Фазлиддинов, афсарони баландрутба (генералҳо) Нуралӣ Назаров, Давлат Бобоев, Шариф Салимов, шоиру нависандагон Ашӯр Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Муҳаммад Ғоиб, Саидҷон Ҳакимзода, Карим Давлат, Хосият Вализода, олимон, узви Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Раҷабӣ, докторони илм Абдулло Раҳимов, Раҳим Саидов, Тағайбобо Шукуров, Саидқул Сабзаев, Иноят Арабов ва ҳунарманди маъруфи миллат, шодравон Одина Ҳошимов  аз қабили хатмкунандагони солҳои гуногуни ҳамин донишгоҳанд.

-Аз он рӯзе, ки сарварии ин боргоҳи  донишро  ба уҳдаи шумо вогузор намуданд, расо ду сол сипарӣ мешавад. Дар тӯли ин муддат ба чӣ пешравию дастовардҳо шарафёб гаштеду айни ҳол дар пайи рафъи кадом мушкилот  ҷаҳду талош доред?

-Баъди ба ин мақоми пурмасъулият таъин шудан, ҳалли бетаъхири ду мушкили фарогири донишгоҳро мақсади нахустдараҷаи хеш қарор додам, ки яке вазъи заифи хоҷагию заминаи на чандон хуби техникӣ ва дигаре ҳолати ташвишовари кадрҳои омӯзгорию илмии он буд. Намедонам амри тақдир буд ё тасодуф, ки  дар ибтидои талошҳои ҳалли ин мушкилот, Сарвари давлат ба шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб  ташриф оварданд ва дар вохӯрӣ бо  фаъолони вилоят устоди донишгоҳ Куган Иззатуллоев ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи на чандон хуби заминаи техникиамон арз карда, хоҳиши бунёди як бинои иловагиро намуданд. Ин хоҳиш аз ҷониби Президент бо камоли қаноатмандӣ пазируфта шуд. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин бинои нав аз ҷониби сохтмончиёни хитойӣ бо ҷӯшу хурӯш пеш меравад.

Президентамон табиатан марди  маорифпарвар аст. Замоне, ки кишвар дар банди мушкилоти сиёсию иқтисодӣ қарор дошт, ӯ бидуни ин ҳама нобасомониҳои  давр, маорифро дар сиёсати хеш дар мадди аввал гузошт. Бинед, ки имрӯз дар ҳама гӯшаву канори кишвар  агар бинои хуштарҳу зебое қомат афрохтанӣ шавад, ин бино дар навбати аввал мансуби мактабу донишгоҳ аст.

Ҳамин ғамхориву сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсан маро водор намуд, ки ҷиҳати ҳалли ҳамон ду мушкилоти дар боло зикрёфта бештар талош намоям. Мо дар ин самтҳо ба бисёр дастовардҳо ноил шудем. Масалан, баҳори ҳамин сол Маркази барқарорсозии саломатиро, ки даҳсолаҳо аз фаъолият бозмонда буд, барқарор кардем. Алҳол ин муассиса дар хизмати устодону кормандони донишгоҳ аст. Осоишгоҳи «Бешаи сабз»-ро, ки дар яке  аз мавзеъҳои  бисёр хушободу ҳавои ноҳияи Муъминобод қарор дорад,  таъмиру таҷдид карда, фаъол намудем. Ҳоло дар ин осоишгоҳ 50 нафар  фарзандони  кормандони донишгоҳ машғули истироҳатанд. Бинои нимтайёри ғайреро, ки дар ҳудуди донишгоҳ қарор дораду он тибқи Қарори Ҳукумати кишвар  ба тавозуни донишгоҳ гузаронида шуд, таҷдиду тармим карда, саҳни васеи онро гулгашти донишҷӯён намудем. Яке аз хатмкунандагони донишгоҳ дар паҳлуи факултети физика, сохтмони бинои дуошёнаи хушсохтеро ба сифати ошхона ба анҷом расонид. Чор толор пурра таъмир гашта, бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуд. Дар баробари ин, дар шафати бинои таълимии  факултети филология ва журналистикаи тоҷик ҳашт синфхонаи иловагӣ сохта, онҳоро бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти таълимии муосир муҷаҳҳаз намудем. Ду синфхонаи компютерӣ бо 40 адад компютери замонавӣ таъмин шуда,15 адад тахтаҳои электронӣ харидорӣ гардид. Дару тирезаҳои чор бинои таълимии донишгоҳро яклухт бо дару тирезаҳои пластикӣ иваз намудем. Ҳамаи ин тағйироти бахши хоҷагию техникӣ, ки мо аз қисмате аз онҳо ёдрас шудем, бо қувваю маблағҳои худӣ ва  фаъол  гардонидани парки технологӣ ба анҷом расидаанд.

-Хуб мешуд, дар ҳамин радиф аз хусуси ҳалли мушкилоти кадрӣ ҳам изҳори андеша мекардед.

-Табиист, ки кор дар ин самт мушкилтар аст. Мо хуб медонем, ки нуфузу эътибори ҳар донишгоҳ вобаста ба заминаи кадрии он болою поён меравад. Чигунагии сифати дониши хатмкунандагони ҳама гуна донишгоҳу   донишкадаҳо низ аз ҳамин неру вобаста аст. Айни ҳол дар донишгоҳ 427 нафар омӯзгор, аз ҷумла ду академик, 12 профессор, 16 доктор, 37 дотсент, 53 номзади илм ба 7885 нафар донишҷӯён сабақ медиҳанд. Тавассути талошҳои пайгирона шумораи дорандагони унвонҳои илмӣ то қадре афзоиш ёфт. Мо онҳоеро, ки унвони илмӣ доштанду дар дигар ҷо фаъолият мекарданд, ба донишгоҳ даъват намудем. Ҳоло синни устодони унвондори донишгоҳ аз 50 баланд аст. Омӯзгорони унвондоре, ки тӯли солҳои охир бо сабабҳои мухталиф фаъолияташонро дар донишгоҳи мо қатъ карда, ба дигар донишгоҳҳои кишвар ба кор гузашта буданд, бо муҳайё намудани шароити мувофиқ аз нав даъват намудем. Ба он нафароне, ки барои ҳимояи рисолаҳои илмиашон омодагӣ мегиранд, кумакпулӣ муқаррар кардем. Масалан, барои ҳимояи рисолаи номзадӣ 3000 сомонӣ ва барои рисолаи докторӣ 5000 сомонӣ кумакпулӣ дода мешавад. Барои онҳое, ки дар конференсия ва семинарҳои илмӣ ширкат меварзанд, харҷи роҳкирои сафарии онҳо пурра пардохт мегардад. Ҳоло ду нафар олимони донишгоҳ барои ҳимояи рисолаи докторӣ ва 16 нафар омӯзгорон барои ҳимояи рисолаи номзадӣ омодагӣ мегиранд.

Дар самти мустаҳкам намудани заминаи кадрӣ мо дар навбати аввал ба омӯзгорони ҷавонамон такя мекунем. Бо ин мақсад аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба олимони ҷавон як зумра имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Алҳол се нафар аспирантони ҷавони фаъол гирандагони идрорпулии  раиси вилоят мебошанд. Пардохти идрорпулии қисмати дигари онҳоро раёсати донишгоҳ ба уҳда дорад. Имрӯз се нафар омӯзгорони ҷавон дар аспирантура ва магистратураи кишварҳои Федератсияи Россия, Италия ва Испания машғули коромӯзианд.

-Воқеан ҳам соли хониши 2014- 2015 барои устодону донишҷӯёни шумо, аз қабили  он солест, ки дар он як силсила ҷашнҳо таҷлил карда мешаванд.

- Таҷрибаи андӯхта баёнгари он аст, ки ин гуна солҳо барои аҳли ҷомеа бисёр файзбору хотирмон меоянд.Таҷлили санаҳои таърихӣ, бахусус солгарди  бузургони миллат, ин дар навбати аввал, нишонаи  худшиносӣ ва соҳибэҳтиромӣ нисбат ба осору маданияти гузаштагони хеш  аст. Мо метавонем ба  ин васила,  беш аз пеш  дар тору пуди насли ҷавонамон сифати олии инсониро ҷой намоем. Ба ин хотир, мо дар талоши он ҳастем, ки дар баробари таҷлили намунавии 70- солагии донишгоҳ, ҷашнҳои 23-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадониро низ дар сатҳи баланд истиқбол намоем.

 Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»