Донишгоҳе, ки ҳамқадами замон аст

№156 (3141) 14.12.2013

Масъалаи таълиму тарбияи ҷавонон аз масъалаҳои ниҳоят доғи рӯз аст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар асри XXI хусусан ба азхудкунии техникаву технология диққати асосӣ равона гардидааст. Бе донистани ин илм ҷомеа пеш нахоҳад рафт. Дар иртибот ба ин масъала суҳбате доштем бо ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шоев Нуралӣ Наботович.

-Асри XXI замони имкониятҳои васеъ барои ҳар як сокини сайёра мебошад. Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама гуна шароити созгорро барои шаҳрвандон, аз ҷумла барои ҷавонон,  муҳайё намудааст, -оғоз намуд Нуралӣ Шоев ва идома дод: — Дар суханронии Президенти тозаинтихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни маросими савгандёдкуниашон 16 ноябри соли 2013 ин маънӣ бори дигар садо дод:

«…Стартегияи «Рӯ овардан ба ҷавонон» дар солҳои оянда низ дар маркази таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор хоҳад дошт, зеро ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳаёти ҷавонон, яъне насли ояндасози миллат ва умеду орзуи мардуми кишвар- ғамхорӣ нисбат ба ояндаи ободу осудаи ҷомеа ва пешрафти минбаъдаи давлат мебошад».

Дар ҳафт соли охири соҳибистиқлолӣ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ташкили пурсамари фаъолияти таълимӣ-тарбиявӣ, илмӣ- инноватсионӣ, иҷтимоӣ ва рушди ҳамкориҳои  судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои узви  ИДМ, созмонҳои АвроАзЭС, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба як қатор дастовардҳо ноил гардидааст.

Дар ин муддат донишгоҳ бо зиёда аз 60  муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷи дуру наздик шартнома ва созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Мақсад аз ин тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси рақобатпазир, такмили ихтисос ва маҳорати касбӣ, омода намудани кормандони илмӣ дар асоси аспирантура ва докторантура, мубодилаи афкор оид ба  адабиёти таълимӣ иборат мебошад.

Донишгоҳ дар ин раванд тибқи қонунгузории соҳаи маориф фаъолияташро мунтазам амалӣ намуда истодааст. Дар ҳамкорӣ бо барномаҳои созмонҳои байналмилалии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ донишгоҳ ва ҷузъҳои сохтории он тайёр намудани мутахассисонро дар асоси принсипҳои Болонӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин ҳуҷҷат имзо гузоштааст, ба роҳ мондааст. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҷрибаи пешқадами  мактабҳои олии Аврупоро омӯхта, онро мунтазам дар раванди таълиму тарбия татбиқ менамояд.

Ташкил намудани марказҳои таълимии муштарак ва барномаҳои ҳамгироии судманд бо давлатҳои узви ИДМ, АвроАзЭС ва ғайра дар раванди тайёр намудани мутахассисисони  рақобатпазир дар асоси созишномаҳои баимзорасонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин давлатҳо роҳандозӣ шудааст. Фаъолияти ин марказҳо, пеш аз ҳама, барои тайёр намудани мутахассисони соҳибтаҷриба ва дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ  равона гардидааст. Дар ин раванд, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ ва дар филиали донишгоҳ дар шаҳри Кӯлоб факултетҳои муштараки тоҷикӣ-россиягӣ таъсис шудаанд, ки дар доираи онҳо ҳоло он мутахассисоне, ки дар таълимгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр карда намешаванд ва ё хусусияти ҳамбастагии барномаҳои таълимиро доранд (агроинженерия, агротехнология, технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, заминсозӣ, механиконии хоҷагии қишлоқ, байторӣ, ташхиси санитарӣ–байторӣ, технологияи маснуоти нассоҷӣ, тарҳрезии бадеии маснуоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, технологияи маводи хӯрока, электротехнология дар кишоварзӣ, сохтмони саноатӣ  ва гражданӣ ва ғайраҳо) тарбия меёбанд.

Татбиқи созишномаҳои ҳамкории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар  шаҳри  Кӯлоб бо  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  Федератсияи Россия, аз ҷумла бо Академияи давлатии  кишоварзии шаҳри Иваново,  Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Кострома, Академияи давлатии кишоварзии шаҳри Кострома, Академияи давлатии технологии шаҳри Воронеж, Донишгоҳи давлатии техникии Ярославл, Донишгоҳи давлатии технология ва идораи шаҳри Москва ва ғайраҳо имконият фароҳам овард, ки  имрӯз  зиёда аз 900  нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ аз ҳисоби буҷети ин таълимгоҳҳои олии касбӣ таҳсили касб намоянд. Ҳамкориҳои тарафайн ба масъалаи ба роҳ мондани  мубодилаи донишҷӯён, устодон баҳри таҷрибаомӯзӣ ва иштирок дар симпозиуму конфронсҳои муштарак, чопи мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии ин кишварҳо низ самарабахш мусоидат  менамояд.

- Дар ин давра барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо таълимгоҳҳои олии ин кишварҳои хориҷӣ дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионии таълим, мубодилаи омӯзгорону донишҷӯён, амалӣ гардонидани барномаҳои муштараки иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ тавассути мактабҳои илмӣ (аз ҷумла дар таҳияи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ) заминаҳои нав гузошта шуданд. Махсусан, барномаи ҳамкории байналмилалии донишгоҳ бо Ҷамъияти байналмилалии техникии Олмон (ГИС) дар мавриди ҷиҳозонидани озмоишгоҳи замонавӣ дар донишгоҳ қобили зикр аст.

Донишгоҳ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «ТЕМПУС» ва  «Эразмус Мундус»-и Комиссияи Аврупоӣ равобити хуб дорад. Ҳоло донишгоҳи зикршуда дар иҷрои нуҳ лоиҳаи байналмилалӣ -«Татбиқи принсипҳои Болонӣ дар Тоҷикистон таваcсути дигаргунсозии фаъолияти шуъбаҳои равобити хориҷӣ», «PERSEUS», «CIBELES», «DOQUP», «МАНЕКА», «СЕНТАУРИ», «МАРКО 21», «МАРКО» ва ғайра, ки аз ҷониби «ТЕМПУС» ва «Эразмус Мундус» маблағгузорӣ  мешаванд, фаъолона саҳмгузор аст.

Ҳамин тариқ, тавассути пешниҳоди лоиҳа ширкат варзидани донишгоҳ дар барномаҳои байналмилалии соҳаи маориф ба рушди соҳа такони нав бахшида, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ шудани онро таъмин менамояд.

Фоидае, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаҳои барномаҳои «ТЕМПУС» ва «Эразмус Мундус» ба даст омадааст, зиёда аз 100.000 евро ё эквивалент ба 650.000 сомониро ташкил медиҳад. Аз ҳисоби маблағи номбаршуда имкон ба даст омад, ки барои донишгоҳ ва филиали он дар шаҳри Кӯлоб таҷҳизоти гуногуни таълимӣ харидорӣ шавад.

Ғайр аз ин, тавассути барномаи «Эразмус Мундус» даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон имкон пайдо карданд, ки дар зинаҳои бакалавратура ва магистратура, ду нафар дар аспирантура, як нафар дар пост-докторантура ва се нафар дар курсҳои бозомӯзии касбӣ таҳсили худро дар давлатҳои Аврупо бе маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва шахсӣ идома диҳанд. Дар доираи лоиҳаҳои «ТЕМПУС» бошад, 27 нафар омӯзгорони донишгоҳ ва филиали он дар шаҳри Кӯлоб зиёда аз 40 сафари хориҷа ҷиҳати иштирок дар семинарҳои корӣ, конфронс ва форумҳои байналмилалӣ доштанд.

Дар натиҷаи самаранок ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо Ҷамъияти байналмилалии техникии Олмон (ГИС) ба муҳлати се сол барои амалӣ намудани барномаи «Таҳсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ» дар соҳаи «Технологияи коркарди меваю сабзавот» дар заминаи факултети муҳандисӣ-технологӣ  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Дар ин раванд ду озмоишгоҳи факултети мазкур ва ду озмоишгоҳи Коллеҷи технологии Исфара аз таъмири баландсифат бароварда шуда, бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ (мебел ва техникаи компютерӣ) муҷаҳҳаз мегарданд.

Тибқи маълумоти Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таҳсили як донишҷӯ дар давлатҳои ИДМ ба ҳисоби миёна дар як сол аз 3000 то 5000 доллари ИМА сарф карда мешавад. Агар хароҷоти таҳсили як донишҷӯро дар як сол баробар ба 4.000 доллари ИМА қабул намоем, он гоҳ самаранокии эквивалентии  истифода набурдан аз  маблағҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассис дар хориҷи кишвар (ИДМ) барои як сол 16.2 млн. сомонӣ ва дар чор сол 64,8 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми умумии маблағҳое, ки барои тадқиқоти илмӣ дар асоси озмуни озод Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз рӯйи даҳ мавзӯи илмӣ-тадқиқотӣ соҳиб шудааст, 112.475 сомониро ташкил мекунад.

Инчунин барномаҳои ҳамкорӣ имконият доданд, ки бе истифода аз маблағҳои донишгоҳ зиёда аз 50 нафар омӯзгорон аз курсҳои бозомӯзии касбӣ гузашта, соҳиби сертификатҳои байналмилалӣ гарданд.

Дар раванди истифодаи имкониятҳои барномаи «Эразмус-Мундус» донишгоҳ тавонист, ки ба пешқадамтарин давлатҳои Аврупо 13 нафар донишҷӯёнро барои таҳсил фиристад, ки соҳиби сертификатҳои махсус мегарданд.

Дар раванди иҷрои Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ низ дар ин давра донишгоҳ ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст, аз ҷумла шаш нафар рисолаи докторӣ ва зиёда аз 30 нафар рисолаҳои номзадиро ҳимоя намуданд.

Бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар донишгоҳ таҳти сарварии олимони варзида ва пурмаҳсул беш аз 15 мактаби илмӣ ва семинари илмӣ таъсис дода шуд.

Дар ин давра инчунин ду нафар олимони ҷавон — Муҳиддин Акобиршоев  ва Файзигул Раҳимова ба гирифтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (мувофиқан дар соли 2012 ва 2013) барои дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Тайи ҳафт сол омӯзгорони донишгоҳ ба гирифтани зиёда аз 40 патент оид ба ихтироот сазовор гаштанд. Дар қатори патентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин се патенти Федератсияи Россия низ ба даст омадааст.

Дар ин давра инчунин зиёда аз 50 номгуй монографияҳои илмӣ ва зиёда аз 60 номгуй китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методии олимони донишгоҳ аз нашр бароварда шуд.

Дар давоми ҳафт сол аз ҷониби ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ беш аз 2000 мақолаи илмӣ ба нашр расид, ки зиёда аз 350 мақолаи он дар маҷаллаҳои аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия пазируфта, чоп карда шудаанд. Дар ин муддат толибилмони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар озмунҳои ихтироъкорон ва олимпиадаҳои фаннии байни донишҷӯён муттасил иштирок намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардиданд. Дар соли 2013 донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби ду ҷойи аввал, як ҷойи дуюм, ду ҷойи сеюм ва ду ҷойи ифтихории олимпиадаҳои фаннӣ гардиданд.

Моҳи июни соли 2013 дар донишгоҳ Маркази мониторинги рақобатпазирии донишҷӯйи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар бозори озоди меҳнат таъсис дода шуд. Ин марказ дорои сомонаи махсус мебошад, ки дар он ному насаби беҳтарин донишҷӯён вобаста аз дараҷаи рақобатпазириашон дарҷ мегардад ва тавассути ин сомона толибилмони донишгоҳ ба корфармояндагони оянда муаррифӣ карда мешаванд. Ҳамзамон донишгоҳ дорои китобхонаи замонавӣ бо маҷмӯи зиёди китобҳои муосири тахассусӣ мебошад. Маркази компютерии донишгоҳ бо китобхонаи электронӣ, 14 синфхонаи компютерӣ ва 28 синфхонаи муҷаҳҳаз бо технологияи мултимедиявӣ барои гузаронидани машғулиятҳо ва корҳои инфиродии донишҷӯён  омода мебошад.

Дар донишгоҳ Парки инноватсионӣ-технологии «Фановар» ташкил гардидааст, ки дар як вақт метавонад ҳамчун маркази тадқиқотҳои илмӣ ва инчунин ба сифати озмоишгоҳ мавриди истифода қарор гирад. Инчунин Маркази эҷодиёт ва ихтирооти техникии донишҷӯён таъсис дода шудааст, ки дар доираи он зиёда аз 30 нафар донишҷӯён дар чаҳорчӯбаи барномаи ҷустуҷӯ ва дастгирии истеъдодҳо ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб гардидаанд.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар самти таҳия ва муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии тахассусӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Дастаи эҷодии «Фановар»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар озмуни «Наврӯзи донишҷӯён», ки моҳи марти соли 2013 бо ташаббуси Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 18 таълимгоҳи олии кишвар доир шуд, ҷойи дуюмро соҳиб гардид.

-Ҳамин тавр, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба он ноил шуданд, ки фаъолияти донишгоҳ ривоҷ ёфта, сатҳи таълим пайваста боло равад, — гуфт  дар поёни суҳбат ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Нуралӣ Шоев.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»