Дастовардҳои омӯзгорон

Эҳсоси масъулият гарави пешравист

№18 (3164) 21.02.2014

Соли 2013 барои соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар бобарор буд. Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз пешравиҳои маорифчиёни ноҳияи Спитамен ба мудири шуъбаи маорифи ин ноҳия Муаттара Убайдуллоева муроҷиат кардем. Муаттара Убайдуллоева, аз ҷумла чунин гуфт:

-Соли сипаригашта барои маорифчиёни ноҳия хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд. Мо дар соҳаи таълиму тарбия ба як қатор дастовардҳои чашмрас ноил шудем. Пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва кӯдакистонҳо беҳтар ва биною синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Моҳи сентябри соли сипаригашта Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияамон омада, аз парваришгоҳ боздид ба амал оварданд. Барои мо -маорифчиён ин шарафи бузург буд. Воқеаи дигари хурсандибахш моҳи октябри соли гузашта  сурат гирифт, ки ин ифтитоҳи мактаби нави таҳсилоти миёнаи умумии №20 мебошад. Таълимгоҳи мазкур бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта шуд ва мавриди баҳрабардории фарзандони меҳнаткашони деҳаи Хуррамзамин қарор гирифт. Ҳоло таъмири мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №28, ки аз ҷониби Сафорати Япония дар Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад, идома дорад.

Дар дигар самтҳо низ пешравиҳо доштем. Соли 2013 ба донишгоҳҳои олии мамлакат 370 нафар ва ба коллеҷҳо 126 нафар хатмкунандагони мактабҳои ноҳия дохил шуданд, ки натиҷаи хуб аст. Дар олимпиадаи байналхалқии фосилавӣ хонандагон соҳиби 58 медали тилло, нуҳ медали нуқра ва нуҳ медали биринҷӣ шуданд. Дар олимпиадаи фаннии вилоятӣ се нафар хонандагони синфи ёздаҳ соҳиби мақоми ифтихорӣ ва ду нафар сазовори Ифтихорномаи Раёсати маорифи вилоят шуданд.

Хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 Заррина Назирбобоева, хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №22 Рухсора Раҳматова ва хонандаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии  №3 Сарвиноз Зокирова дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол карда, ба донишгоҳҳои олии кишвар ба тарзи  имтиёзнок дохил шуданд. Ҳамчунин даҳ нафар хонандагони синфи даҳум дар олимпиадаи вилоятӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Ҳамаи ин гувоҳ аз он аст, ки омӯзгорони мактабҳоямон ба кори худ бо ҳисси масъулият назар карда, таълиму тарбияро дар сатҳи матлуб ба роҳ мондаанд.

Мо умед бар он мебандем, ки комёбиҳои меҳнатии худро имсол низ афзун намуда, ба нишондиҳандаҳои боз ҳам баланди таълиму тарбия муваффақ мегардем.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»