Дар партави Паём

Эҳтироми хоса масъулиятамонро афзудааст

№61 (3362) 28.04.2015

Баъд аз шунидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 23 январи соли 2015) муътақид гардидем, ки фикру андешаҳо ва пешниҳоду эродҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сол то сол пурратару мукаммалтар, саҳеҳтару ғамхорона садо медиҳанд.

Паёми имсоларо метавон чун як ҳуҷҷати роҳнамо ва сарнавиштсоз арзёбӣ кард. Пас аз мутолиаи матни пурраи Паём бори дигар бовариам комилтар гардид, ки Президенти кишварамон дар баробари дигар соҳаҳои муҳими зиндагӣ ба соҳаи маориф, тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва равнақу ривоҷ додани соҳаи варзиш, ҳамчунин баландтар бардоштани мавқею манзалати зан дар ҷомеа сол то сол бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, фикру андеша ва пешниҳодҳои арзишманду ҷолибро баён менамояд.

Аз рӯзҳои нахустини ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов — доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шодӣ Сафаров як силсила чорабиниҳо рӯи нақша омаданд.

Сароғоз, ҳангоми қироати Паёми имсола, бо супориши ректори донишкада ба устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёни  донишкада имконият фароҳам омад, ки суханҳои пурмуҳтаво ва илҳомбахши Сарвари давлатамонро аз тариқи мониторҳои калони телевизион тамошо кунанд.

Сониян, ҳамаи деканҳо, мудирони кафедраҳо, омӯзгорон, тренерон ва донишҷӯёни фаъол муваззаф шуданд, ки пеш аз оғози дарсу машғулиятҳои варзишӣ нуктаҳои асосии Паёмро ҳаматарафа таҳлил намуда, ба омӯзгорону донишҷӯён фаҳмонанд.

Дар баробари ин, дар донишкада вохӯриву мулоқоти олимон, адибон, санъаткорон ва кормандони сохторҳои қудратӣ бо устодону донишҷӯён доир гардид, ки ҳар вохӯриву мулоқот ва суҳбат самти муайяни худро дошт.

Албатта, ин гуна вохӯрӣ ва мулоқотҳо бенатиҷа нахоҳанд монд. Минбаъд низ роҳбарият, ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ оиди Паём суханронӣ намуда, фикру андешаҳояшонро баён хоҳанд дошт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола вобаста ба ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш чунин изҳор намуданд: «Барои рушди солими ҷомеаи кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш тайи панҷ соли охир 19 варзишгоҳ, 621 майдонча ва 110 толори варзишӣ, 11 ҳавзи шиноварӣ ва нуҳ маҷмааи варзишӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин 2700 майдонча ва 635 толори варзишӣ, 14 ҳавзи шиноварӣ ва панҷ маҷмааи варзишӣ таъмиру азнавсозӣ гардидааст.

Вобаста ба ин, таъкид менамоям, ки бо мақсади оммавигардонии варзиш ва таблиғу ташвиқи тарзи ҳаёти солим иншооти зикршудаи варзишӣ дар ҳолати хуб нигоҳ дошта, самараноку мақсаднок истифода бурда шаванд».

Бо тақозои касб ва зарурат ба шаҳру навоҳии кишварамон сафари корӣ доштам ва бори дигар боварӣ ҳосил намудам, ки пас аз таъкиду пешниҳодҳои  Президенти кишвар  дар шаҳру навоҳӣ ва деҳаҳо ҳақиқатан ҳам шумораи варзишгоҳҳо, толорҳои замонавии варзишӣ ва ҳавзҳои шиноварӣ хеле зиёд шудааст. Ин имконият дод, ки ҷавонону наврасон аз корҳои номатлуб  ва ношоям дар канор бошанду саломатии худро обутоб диҳанд.

Боиси хушнудист, ки мутасаддиёне, ки варзишгоҳ ё қасру майдончаҳои варзишӣ сохтаанд, кӯшиш мекунанд, ки онро дар ҳолати хуб нигоҳ доранд.

Аҳли кафедраи баскетбол, ки ман роҳбарии онҳоро бар уҳда дорам, дар баробари омӯзиш тасмим гирифтаем, ки ҷиҳати иҷрои нуктаҳои дахлдори ин ҳуҷҷати муҳим, вобаста ба тарбияи маънавӣ ва ҷисмонии духтарони донишҷӯ, ҷиддитар машғул шавем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хешро дар Паём нисбат ба занону бонувон чунин изҳор намудааст:

«Ҳукумати кишвар ба занону бонувон эҳтироми хоса зоҳир менамояд ва дар якчанд барномаи давлатӣ, стратегия ва консепсияҳо дурнамои фаъолияти занон ва нақши онҳоро дар мақоми роҳбарӣ, таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдориву устувории оила таъкид намудааст. Мо ин сиёсатро дар оянда низ давом дода, занонро ҳамчун чароғи оила, неруи созандаи ҷомеа  ва ҳимоятгару идомабахши беҳтарин анъанаҳои миллӣ дастгирӣ менамоем ва дар сохтору мақомоти давлатӣ сафи онҳоро бештар мегардонем».

Мо, занҳо-омӯзгорон ва духтарони донишҷӯйи донишкада, ки шумораи онҳо сол то сол зиёд мешавад, аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти арҷманди кишварамон хеле сарфароз ва сарбаланд гардида, кӯшиш менамоем, ки сафи духтарони варзишгари тоҷик аз ҳисоби дастпарварони донишкада боз ҳам зиёдтар гардад.

Алҳол барои духтарони донишҷӯй дар донишкада тамоми шароит муҳайё карда шудааст. Донишҷӯдухтарони  мо модарон ва тарбиятгарони наслҳои баъдина хоҳанд шуд. Аз ин рӯ, мо нисбати тақдири онҳо бетараф нахоҳем буд. Мо бояд омӯзгорону мураббиҳои аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ақлонӣ солимро тарбия ва тайёр намоем. Ин аст, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» на танҳо ба волидайн, балки ба мо — омӯзгорон низ дахл дорад. Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ минҷумла чунин гуфтаанд:

«Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон  ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад.

Бо назардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад».

Албатта, таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба манфиати кор ва ҷомеа хоҳад буд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки он духтароне, ки аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон ба донишкадаи мо дохил шуда,  таҳсил доранд, аз нозуктарин маърифату заруриёти зиндагии занона огоҳӣ надоранд. Аз ин лиҳоз, ман, шахсан чун раиси занони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, дар маърифатнокӣ ва тарбияи духтарони донишҷӯ барои ҳаёти ояндаи мустақилона саҳми бештар хоҳам гузошт.

Чун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро «Соли оила» эълон кардааст, мо — омӯзгорон ва донишҷӯён низ аз пайи он хоҳем шуд, ки саҳми хоксоронаамонро дар амалӣ намудани Паёми имсола ва бошукӯҳ  таҷлил гардидани «Соли оила» гузорем.

Б. ҚАЛАНДАРБЕКОВА, мудири кафедраи баскетболи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Корманди шоистаи варзиши Тоҷикистон