Писар, рав қадри модар дон...

Фарзанд амонат аст

№45 (3191) 05.05.2014

Тарбияи дурусти фарзанд яке аз унсурҳои асосии оиладорӣ маҳсуб меёбад.

Замоне ки фарзанд аз тарбия дур монда, сатҳи саводнокиаш коста мегардад, шахсони манфиатдор аз ноогоҳияш истифода бурда, ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷалб мекунанд.

Дар робита, моҳи апрели соли ҷорӣ силсиламулоқоти раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова бо омӯзгорон ва фаъолзанони ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Нақши занон дар пешгирии амалҳои терроризм ва экстремизм» сурат гирифт. Дар ин вохӯрӣ масъалаи гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳаракатҳои экстремистӣ ва ҷалби неруи занону модарон ба муқобили ин падидаи номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифт.

М. Хидирова атрофи пешгирӣ намудани падидаи ифротгароӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ суханронӣ намуда, модаронро даъват намуд, ки дар таҳкими суботи ҷомеа фаъол бошанд, ба тарбияи фарзандонашон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро дар ҳоли идомаи ин тамоюл таъсири он ба фарҳанг ва арзишҳои миллии кишвар хоҳад расид.

Ҷойи пӯшида нест, ки ҳангоме фарзанд аз тарбия дур монда, сатҳи саводнокиаш коста мегардад, шахсони манфиатдор аз ноогоҳияш истифода бурда, ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҷалб мекунанд.

Дар шароити ҳозира рисолати муҳими иҷтимоии падарону модарон дар самти тарбияи фарзанд аз ҳарвақта дида бештар аст. Тибқи мушоҳидаҳо, аксари падарон бо мақсади пайдо намудани даромади оилавӣ роҳ сӯйи Федератсияи Россияро пеш мегиранд. Дар ин ҳолат бо иллати дурии падарон тарбияи фарзанд бештар бар дӯши модарон вогузор мешавад. Алҳол, дар баробари падарон, бештар нақши модарон дар инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзандони солеҳу хушахлоқ ба назар мерасад, зеро дурии шавҳар аз ҳамсар масъулияти тарбияро назди модарон зиёдтар намудааст. Онҳо дар ташкили оилаи солим ва тарбияи фарзандони соҳибмаърифат ва ҷомеаи обод ҳиссаи арзанда доранд. Дар чунин шароит ҷалби бештари духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва саводомӯзии онҳо аз аҳамият холӣ нест.

Пӯшида нест, ки раванди муҳоҷират аллакай ба рӯҳияи бархе наврасону ҷавонон ва модарон асар кардааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар деҳотҷой таваҷҷуҳи фарзандон ба муҳоҷират бештар гардида, сафи муҳоҷирзанон низ тадриҷан рӯ ба афзудан дорад. Ин раванд метавонад барои ҷомеаи шаҳрвандии кишвар паёмадҳои ногувор дошта бошад. Бахусус ба дониши ҷавонон таъсири амиқи худро мегузорад, ки оқибат онҳо аз таълиму тарбия дур шуда, ҳамчун шахси ноогоҳ мустақилияташон зери суол меравад.  Ин зуҳурот боиси афзудани сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон шуда, майли онҳо ба гурӯҳҳои ҷиноӣ бештар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рамҳон дар мулоқот бо ҷавонону наврасони лаёқатманди вилояти Суғд 4 апрели соли 2014 махсусан ба ҳамин нукта ишора намуда, таъкид карданд: «Таҳлилу омӯзиши таҷрибаи кишварҳои ҷаҳон дар чанд соли охир нишон медиҳад, ки маҳз ноогоҳӣ ва сатҳи пасти маърифат ҳувияти миллии ҷавононро коста намуда, ҷалби онҳоро ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ осон мегардонад. Маҳз бо ҳамин сабаб майли наврасону ҷавонон ба арзишҳои бегона афзуда, қисми онҳо аз сабаби паст будани сатҳи маънавиёт ба тарғиби ғояҳои ғайр дода шудаанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ шомил гардидаанд».

Тавре аз омори расмӣ бар меояд, сол аз сол содирнамоии ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон яке аз масъалаҳои ташвишовар дар ҷумҳурӣ боқӣ мондааст. Сардори давлат дар яке аз суханрониҳояш иброз дошт, ки теъдоди вайронкунандагони муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рӯ ба афзоиш буда, соли 2013 нисбат ба 5432 нафар шаҳрвандон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ гардидааст.

Ба инобат гирифтан зарур аст, ки фарзанд дар назди падару модар амонати гаронбаҳо буда, аз ҷониби Худованд ба инсонҳо ато гардидааст. Тавре ба назар мерасад, дар ҷомеаи имрӯза бархе аз шаҳрвандон ба дарки ин ҳадяи илоҳӣ намерасанд.

Ба ин маънӣ мутафаккири барҷастаи Шарқ Муҳаммад Ғазолӣ гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чӣ хоҳад, кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ».

Ба хотири ҳифзи ин амонати бузург волидайнро зарур аст, ки тарбияи дурусти фарзандро бо эҳтироми хоса ба ҷой оваранд.

 Хайруллои АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»