Фестивал завқи зебоипарастиро боло мебарад

№19 - 20 (3449 - 3500) 13.02.2016

 «Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст».

                Эмомалӣ Раҳмон

_DSC0088Чанде пеш дар Мактаб — интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоеви шаҳри Душанбе бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид, ки дар он намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар, хонандагону омӯзгорон ва падару модарон ширкат намуданд.

Фестивал  тибқи барнома то 5 апрели соли 2016 давра ба давра дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд, ноҳияҳои минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории фестивал тарғиб ва оммавигардонии хониш байни кӯдакону наврасон, ҷалби ҳар чи бештари онҳо ба китобхона, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ ва мусоидат ба дарки неруи бузурги китобу мусиқӣ дар тараннуми ҳаёти насли наврас ба шумор меравад.

Ҳамчунин, баргузории чорабиниҳои гуногуни шавқовар барои кӯдакону наврасон бо иштироки олимону адибон, бастакорон, ҳунармандон, падару модарон, омӯзгорону мураббиён, муаррифии китобҳои тозанашри илмӣ — оммавӣ, адабӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо, маҳфилҳои «Синфи китобдӯст», «Навоҳои дилангези кӯдакона», «Ромишгари наврас» дар назар дошта шудааст.

Рӯзи оғози фестивал ба ҳозирин намоиши китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Адабиёти бачагона» ва Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб» пешкаш шуд.

Сипас, ҳунармандони Маркази эстетикии  кӯдакон ва наврасони ҷумҳурӣ ва кормандони Сирки давлатии Тоҷикистон табъи ҳозиринро бо барномаи ҷолиб болида намуданд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»