Ҷавонон ва ҷомеа

Геологдухтари чаканпӯш дар кишвари афсонаҳо

№44 (3190) 01.05.2014

Менсч

Шаҳлои Муҳаммадзода, мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ — техникии Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун геологзан дар байни ҳамкорон, махсусан мардон, сазовори эҳтиром аст. Ӯ давраи таҳсили илм дар донишгоҳ ва ҷараёни корро пеши назар оварда, ифтихор дорад, ки маҳз иродаи қавӣ вайро ба ин касб дилгарм кард.        

Роҳи тайкардаи Шаҳло чандон тӯлонӣ нест, вале аз фарози он ба қафо нигоҳ карда, ифтихор дорад, ки ба ҳар коре ноил шудааст, бо кӯшишу ғайрати хеш ва кумаку мусоидати устодону ҳамкорон сазовор гардидааст. Хушбахтона, бо шарофати сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи бонувони хушбахт дар ҷомеаи мо хеле баланд аст.

Шаҳло дар ноҳияи Шаҳритуз дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ӯ баъд аз хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1-и ноҳия,  соли 2007, ба факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон   дохил гардид. Вай аз он фахр мекард, ки ба унвони баланди донишҷӯйӣ, маҳз дар ин факулта соҳиб шудааст, зеро на ҳама духтарони маҳаллӣ касби геологиро пеша мекунанд. Завқи хондану дониш андӯхтан дар қалбаш ҷӯш мезад, бо баҳои хубу аъло таҳсил дошт. Устодони донишгоҳ Рустам Талбонов, Ҷаҳоншо Фозилов, Светлана Ғарибмамадова дар таълиму тарбияи шогирди худ саҳми калон доранд ва ӯро ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудаанд. Саҳми сазовори устодонро Шаҳло доимо ёдовар мешавад ва аз таълиму тарбияи додаи онҳо миннатдор аст.

Баъди хатми донишгоҳ Шаҳло Муҳаммадзодаро барои кори минбаъда ба Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристоданд ва ӯ тариқи озмун ба вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи истеҳсолӣ – техникии ин идора таъин гардид. Алҳол ӯ дар ин вазифа кор карда, супоришҳои ба зиммааш гузошташударо бомуваффақият иҷро намуда истодааст.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо робитаҳои тарафайни кишварҳои Тоҷикистону Ҳиндустон инкишоф ва тақвият меёбад. Аз ин ҷост, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон тавассути Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо ҷавонон баҳри такмили ихтисос ва таҳсил ба шаҳрҳои гуногуни ин кишвари афсонавӣ фиристонида мешаванд.

Роҳбарияти Саридора дониши хуб, рафтор ва фаъолияти намунавии Шаҳло Муҳаммадзодаро ба назар гирифта, соли 2013  ӯро баҳри омӯзиши техникаи муосири ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани савияи дониш ба шаҳри Муҳалии вилояти Панҷоби Ҳиндустон фиристониданд. Ӯ дар шаҳри зебою таърихӣ ва афсонавии Муҳалии Ҳиндустон то 24 январи соли 2014 таҳсили илм карда, кор бо техникаи муосирро низ аз худ намуд. Вай Ҳиндустонро аз рӯйи тамошои филмҳои ҳунарии ҳиндӣ, манзараҳои зебои ин диёр, актёрону сарояндаҳои хушовоз, духтарони гулчеҳраи ҳиндӣ, рақсҳои ҷаззоби онҳо, шаҳрҳои қадимаи зебо, иморатҳои боҳашамат ва пурнақшу нигораш дӯст медошт. Дер боз орзу мекард, ки ба ин мамлакати афсонавӣ сафар карда, аз наздик шинос шавад, дар рӯйи замини он қадам зада, сайругашт намояд. Ӯ ба орзуи ҷавонии худ расид.

Шаҳло бо ҷавонписарону духтароне, ки аз 86 мамлакати ҷаҳон, аз ҷумла Колумбия, Яман, Қазоқистон, Афғонистон, Шри Ланка, Уганда, Сербия ва ғайра барои таҳсил ҷамъ омада буданд, бо зудӣ унс гирифт.

- Барои мо, ки тӯли се моҳ маскуни ин кишвари афсонавӣ будем, имкон фароҳам омад, то аз ҷойҳои таърихӣ ва машҳури Ҳиндустон, ба монанди Тоҷмаҳал, Ҷайпур, Агра, Ҷандигарх, Амбала, шаҳрҳои наздисарҳадии Покистон- Амритсар, Шимла, Харияна, Панҷоб ва ғайра дидан намуда, як ҷаҳон таассурот бардорем. Вале бештар аз он шод будам, ки кор бо дастгоҳу техникаи муосир, ба монанди дастгоҳи видеоӣ, компютер, дастгоҳи аккосии рақамӣ ва ғайраро омӯхтам. Ҳам омӯзиш ва ҳам дидану дӯстӣ бо ҷавонони гуногунмиллат хеле аҷибу фаромӯшнашаванда буд. Ҳаргиз аспсаворию уштурсаворӣ  дар Шимла, саёҳат тавассути  фил дар Ҷайпур аз хотирам дур намегардад.

Воқеан ҳам ҷаҳони афсонавии ин диёри куҳанбунёд таваҷҷуҳи ҳамаи мо- донишҷӯёнро ба худ ҷалб  намуда буд. -То ҳанӯз пероҳанҳои рангину заррини бонувони моҳлиқои Панҷоб ва Тоҷмаҳали афсонавии  бузургро аз пеши назарам дур сохта наметавонам,- мегӯяд Шаҳло Муҳаммадзода.

Шаҳло ба ҳамсабақони гуногунмиллаташ Тоҷикистони азизро чун ҷумҳурии соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона бо забони англисӣ муаррифӣ намуд. Чун геолог иброз намуд, ки 93 фоизи сарзамини кишвари тоҷиконро кӯҳҳо ташкил мекунанд. Кӯҳҳои Помир дар ҷаҳон баландтарин ба ҳисоб мераванд. Аз ин сабаб Помирро Боми ҷаҳон низ ном мегиранд. Қуллаи баландтарини ин кӯҳҳо ба исми шоҳ Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шуда, баландии он ба 7495 метр баробар аст. Ӯ бо пероҳани атласу чакан, тоқиҳои чоргули зебои миллӣ дар ҷамъомадҳои фарҳангӣ баромад карда, диққати ҳозиринро ба Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҷалб месохт ва ба саволҳои бешумори онҳо ҷавобҳои мушаххас медод.

Ҳамзамон, вай ҳангоми ҷамъомаду вохӯриҳо дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хондану донишомӯзии духтарон ва наврасони лаёқатманд ғамхории зиёд зоҳир менамояд, ҳикоя мекард. Чанде пеш (4 апрели соли 2014) Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонону наврасони лаёқатманди вилояти Суғд мулоқот дошт. Шаҳло суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мароқи том гӯш кард, ки гуфта буд: «Ҷавононе, ки Ватани худро воқеан дӯст медоранд ва ободиву тараққии онро мехоҳанд, бояд аз дастовардҳои илму техникаи муосир, аз таҷрибаи ҷаҳонии  пешбурди иқтисодиёт воқиф бошанд ва ҳамеша ба хотири ҳифзи манфиатҳои давлату миллати хеш кӯшишу талош намоянд».

Ин суханони пурмуҳтаво дар назди Шаҳло барин мутахассисони ҷавон масъулияти бештар мегузорад. Ӯ хеле шод аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сол то сол ба нақши занону ҷавонон ва мавқеи онҳо дар ҷамъият диққати  бештаре медиҳад. Дар ин радиф ӯ як силсила фармону қонунҳоро ном бурд, ки тайи чанд соли охир баҳри беҳбудӣ ва мавқеу рӯзгори зани тоҷик қабул шудаанд.

Ӯ ба ҳамсабақони гуногунмиллаташ  оид ба соҳаи геология, конҳои ҷумҳурӣ  маълумот дод, ки ҳоло аз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон сармоягузорон бо мутахассисону кормандони кишвар паҳлу ба паҳлу фаъолият мекунанд.

Шаҳло зимни суҳбату мулоқотҳо бо ҳамсабақонаш онҳоро ба Тоҷикистони азиз даъват кард, то аз манзараҳои дилфиреби он баҳраманд гарданд, бо мардуми меҳмоннавози тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Геологдухтар, муҳандиси кӯҳӣ Шаҳло Муҳаммадзода бо як ҷаҳон таассуроти нек ба Ватан баргашт ва имрӯз дониши андӯхтаашро дар амал татбиқ менамояд. Вай тарзи кор кардани техникаи муосирро ба кормандон ва ҳамкоронаш меомӯзонад. Ҷавонписарону духтаронро даъват мекунад, ки баҳри баланд бардоштани савияи дониш ба мамлакатҳои пешқадами хориҷи кишвар сафар карда, дониш ва таҷриба гиранд, то дар оянда барои халқу ватани хеш хизмат намоянд.

Шаҳло аз сафари омӯзишии худ ба Ҳиндустон бениҳоят хурсанд буда, барои чунин ғамхорӣ ба роҳбарияти Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон  Аситҳ Бҳата Ҷарчи миннатдорӣ баён менамояд. Ӯ бисёр мехоҳад, ки робитаҳои бисёрҷабҳаи кишварҳои дӯсту бародар -Тоҷикистону Ҳиндустон боз ҳам рушд ва такомул ёбанд.

Ҳоким КАРИМОВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон