Дар мавзӯи муҳим

Гирифтани ҳосили баланд аз тухмӣ вобастагӣ дорад

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

Бо шарофати Истиқлолият давлатии Тоҷикистон ва меҳнати софдилонаи деҳқонону мутахассисон, ғайрати эҷодии олимони диёр солҳои охир соҳаи кишоварзӣ хеле рушд кардааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 дар бораи рушди соҳаи кишоварзӣ омадааст: «Ҳоло 46 фоизи аҳолии мамлакат дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолоти соҳа соли 2013 ба 17 миллиард сомонӣ ва ҳиссаи он  дар  Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ беш аз 21 фоизро ташкил кардааст.   Барои таъмини рушди ин соҳа мо ният дорем, ки дар ҳафт соли оянда беш аз 3 миллиард сомонӣ равона намоем». Аз ин ҷост, ки рӯз то рӯз майдони боғу токзорҳои нав мувофиқи иқлими кишварамон васеъ мегардад ва барои мунтазам тараққӣ додани  бахши тухмипарварӣ тадбирҳои зиёде амалӣ мешавад. Аммо масъалаи бо тухмии хушсифат сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳои ҷумҳурӣ ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯй нест.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ низ соҳаи кишоварзӣ яке аз бахшҳои муҳимтарину асосии иқтисодиро ташкил медод ва ба тараққиёти илму техникаи кишоварзӣ, агротехникаи парвариши зироатҳо, истифодаи самараноки замин ва нури менералӣ, сари вақт мубориза бурдан бар зидди ҳашароту касалиҳои зараровар, обёрии дурусти растаниҳо, дар асоси тавсияҳои илмӣ ба роҳ мондани тухмипарварӣ ва усулҳои дурусти киштгардони замин аҳамияти ҷиддӣ дода мешуд.

Академикҳо, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ В.П. Красичков ва селексионери боистеъдод Бобо Сангинов чандин навъҳои аълосифати пахтаи маҳиннахро ихтироъ карда буданд, ки ифтихори Тоҷикистон аст.

То имрӯз зироате нест, ки ҷойи пахтаро иваз карда тавонад. Аз ашёи хоми пахта то 150 намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад.

Бурди дигари мо дар ин аст, ҳар як деҳқони одии тоҷик бо нозукиҳои парвариши пахта  хуб ошно аст ва дар ҳама гуна шароит аз он ҳосили дилхоҳ гирифта метавонад. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ ҳосилнокии миёнаи пахта соли 1980 то ба 32,8 сентнерӣ аз ҳар гектар расида буд. Ҷамъоварии умумии ҳосили пахта ҳамон сол 1010,7 ҳазор тоннаро ташкил дод. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ равобити иқтисодӣ канда шуд ва фонди мутамарказонидашудаи моддӣ-техникии кишоварзӣ аз байн рафт. Аз ин рӯ, пастравии бемайлони ҳосилнокии ҳамаи зироатҳои соҳаи хоҷагии қишлоқ шурӯъ аз соли 1990 то соли 1997 ба мушоҳида расид.

Бояд гуфт, ки беҳтар гаштани навъи зироатҳои кишоварзӣ ба тухмипарварӣ ниҳоят алоқамандии устувор дорад, зеро сифатнокии тухмии зироатҳо яке аз омилҳои муҳимтарини ҳосилнокӣ ба ҳисоб меравад. Аммо аз мамлакатҳои дигар овардани тухмӣ маблағи зиёдеро талаб менамояд ва тухмиҳои хориҷӣ касалиҳои зиёд доранд, ки дар заминҳо паҳн мешаванд. Аз ин хотир, бояд мо дар шароити иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият бозорҳои дохилиро бо тухмиҳои хушсифати худӣ таъмин ва ба хориҷ аз мамлакатамон содирот намоем. Иқлими Тоҷикистон ба ин кор мусоидат мекунад.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2009 таҳти №297 оид ба «Барномаи рушди соҳаи тухмипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» тасдиқ карда шудааст, ки он ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, имконият медиҳад, ки аз ҳамаи воситаҳо истифода бурда, соҳаи тухмипарвариро тараққӣ диҳанд. Мувофиқи маълумотҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 48 адад хоҷагии махсуси тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ ташкил карда шудааст, ки 30-тои он бевосита ба парвариши чигити аълосифати пахта машғул мебошад. Инчунин дар нуҳ хоҷагӣ тухмии картошка, шаш хоҷагӣ ғалладонагиҳо, ду хоҷагӣ сабзавот ва як хоҷагӣ тухмии юнучқа истеҳсол карда мешавад.

Соли 2013-ум дар ҷумҳурӣ истеҳсоли тухмии пахта 13234 тонна, гандум 5787 тонна, картошка 4996,5 тоннаро ташкил намудааст. Ояндаи кишоварзиро бе татбиқи ҳамаҷонибаи ихтирооти нави илмӣ, технологияи инноватсионӣ тасаввур кардан амри маҳол мебошад. Аз ин рӯ, ба андешаи мо, масъулони бахши тухмипарварӣ бо ихтироъ намудани тухмии баландсифат бояд хосиятҳои хуби биологӣ ва хислатҳои беҳтарини навъро дар истеҳсолот нигоҳ дошта тавонанд. Вазифаи ҷонии онҳо аз он иборат аст, ки тухмиҳои беҳтарину гибридҳои ояндадорро ба миқдори муайян парвариш кунанд. Айни замон Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои илмии селексия ва тухмипарварӣ диққати зарурӣ дода истодааст.

Бо кушишу ғайрати якҷояи олимону мутахассисони Институти зироаткории ба номи академик А. Махсумови Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир як қатор навъҳои нави пахта ихтироъ шуд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кишт тавсия шудаанд. Онҳо бо ҳосилнокии баланд ва сифати хуби нахашон фарқ мекунанд. Хусусан, истифодаи навъҳои миёнанахи пахтаи тоҷик, навъҳои пешпазаку ба вилт тобовари «Гулистон», «Гулистон-2», «Меҳргон», «Ҳисор», «Сорбон», «Зарнигор», «Хуҷанд-67», навъҳои маҳиннахи 9326-В, 8809-В, 750-В, Хуҷанд -01м мувофиқи матлаб аст. Ҳоло олимони тоҷик М.Неъматов, Б.Неъматов, Р.Абдуллоев, С.Орипов пахтаи маҳиннахи навъи гулаш пӯшидаи (клестогамӣ) «Авесто» ва М.Неъматов, С.Саидов, Ҳ.Аҳмадов, Б.Неъматов. Х. Абдуллоев бошанд, пахтаи навъи гулаш пӯшидаи миёнанахи «20-солагии Истиқлолият»-ро ихтироъ кардаанд, ки дар сатҳи байналмилалӣ назир надоранд. Тухмиҳое, ки ба кишт омода мегарданд, мувофиқи тавсияномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобилияту энергияи сабзиши онҳо аз 85 то 95 фоиз бояд бошад, тозагии навъ 98-100 фоизро ташкил кунад. Танҳо ҳамон вақт аз ин гуна тухмиҳо ҳосили баланд рӯёнидан имконпазир аст. Қитъаҳои беҳтарини заминро бояд дар давраи кишт барои тухмипарварӣ ҷудо намуда, аз кишт то ғунучини ҳосил ба тамоми қоидаҳои агротехникӣ риоя намоем.

Тухмӣ дар майдони дамдодашуда кошта мешавад. Муҳлати шудгори  тирамоҳиро ба таъхир  андохтан  мумкин нест. Пеш аз ин кишти тирамоҳиро дар чуқурии 35-40 см, бо андохтани нуриҳо то 500 кг суперфосфат дар 1 гектар гузаронидан лозим аст. Хоҷагиҳои тухмипарвар бояд ба омехташавии навъҳо роҳ надиҳанд. Ҳар кадом навъи тухмӣ дар қитъаи алоҳида кишт карда шавад.

Инчунин заводҳои пахтатозакунӣ набояд тухмиҳоро омехта кунанд. Ба репродуксияҳои якуму дуюм ҷудо карда, онҳоро ба хоҷагиҳои тухмипарварии махсусгардонидашуда барои кишт тавсия диҳанд. Тибқи таҷрибаҳои илмӣ тухме, ки дар шароити хуби агротехникӣ нигоҳ дошта мешавад, ҳосилнокиро 3-4 сентнерӣ ва даромаднокии хоҷагиҳоро 15-20 фоиз меафзояд ва чигити он барои тайёр намудани тухмиҳои навъи элита ва репродуксияи якум истифода мешаванд.

Тухмиҳои ба кишт тайёркардашуда дар анборҳои махсус ва дар ҳарорати муайян бояд нигоҳ дошта шаванд.

Имрӯз маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (КМУ), ки маҳсули тадқиқотҳои илмии кормандони Иттиҳодияи илмию истеҳсолии «Восток»-и шаҳри Иркутскии Федератсияи Россия мебошад, аз тарафи 127 мамлакати ҷаҳон дастгирӣ ёфтааст. Дар Тоҷикистон ин нуриро дар хоҷагиҳои ноҳияҳои Данғара, Вахш, Қумсангир, Қубодиён, Б.Ғафуров, Рӯдакӣ, Ашт ва шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Конибодом истифода бурда, ҳосилнокии зироатҳоро зиёд карда, фосилаи пухта расидани ҳосилро 10-15 рӯз тезониданд. КМУ нурии тозаи экологӣ буда, ба инсон ва муҳити зист зарар надорад. Инчунин Корхонаи дорои масъулияташ маҳдуди «Наврӯз»-и шаҳри Душанбе дар маҳаллаи «Ховарон» коркарди партовҳои солҳои 40-50-уми асри гузаштаро, ки қариб 80 ҳиссаашон ба нуриҳои органикӣ табдил гаштаанд, бо технологияи нав ба роҳ мондааст. Таҳлилҳои Пажӯҳишгоҳи илмӣ –тадқиқотии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки нуриҳои «биокомпости»-и партовҳои пӯсидаи порушуда дар таркибашон моддаҳои асосии химиявии азот, фосфор, калий ва гумусӣ, ки аз пӯсиши партовҳо пайдо гаштаанд, бой буда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба муҳиту  инсон ягон зарар намерасонанд. Тадқиқотҳои илмӣ ва истеҳсолии дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Вахш, Бохтар гузаронидашуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки истифодаи биокомпости аз партовҳо ҳосилгардида барои нашъунамою гирифтани ҳосили тухмии зироатҳои сабзавоту ғаллагиҳо, мевагӣ, гул ва кабудизоркунии майдончаҳо фоидаи калони иқтисодӣ овардааст.

Бояд иқрор шуд, ки хоҷагиҳои ба тухмипарварӣ машғулбуда, дурнамои муайянкардаро аксар вақт дуруст иҷро намекунанд, ки ин як қатор сабабҳо дорад. Ба фикри мо, дар соҳаи тухмипарварӣ гузаронидани ислоҳот мувофиқи матлаби иқтисоди бозорӣ мебошад. Чунки ҳанӯз байни илму истеҳсолот алоқаи мустаҳкам барқарор нашуда, ҳавасмандии муштарак мавҷуд нест. Ба меҳнати олимон баҳои дуруст намедиҳем. Агар мо хоҳем, ки пешрафти соҳаи тухмипарвариро таъмин кунем, бояд қадру эътибори воқеии тадқиқот ва дастовардхои илмро барқарор созем ва ба он аз рӯйи манфиатҳои навъҳои бароварда баҳои лозимӣ диҳем. Ҳамчунин зарур аст, ки дар Институти зироаткорӣ ва филиалҳою озмоишгоҳҳояш базаи мустаҳками моддӣ-техникии муҷаҳҳаз бо технологияи навин ташкил карда шавад.

Дар соҳаи тухмипарварӣ шаклҳои нави фаъолият ҷорӣ карда, аз таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои ИДМ ва Аврупо истифода бурдан лозим аст. Дар мамлакатҳои мутараққии дунё ба соҳаи кишоварзӣ аз тарафи давлат дотатсия дода мешавад. Аз ҷумла ИМА, Канада, Голландия, Швейтсария, Исроил, Япония ва ғайраҳо аз ҳисоби дотатсия истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва тухмиҳои босифатро афзун менамоянд.

Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), алалхусус институтҳои тадқиқотҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой аз андоз озоданд. Дар Ҳиндустон фермерҳо ва хоҷагиҳои деҳқоние, ки илму истеҳсолотро ба ҳам пайвастаанд, аз андоз озод гардидаанд. Аз ин сабаб дар ин кишварҳо иқтисодиёт ва илм рӯ ба тараққӣ овардааст.

Аз ин лиҳоз, фаъолияти якҷояи илмии мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи кишоварзиро дар хоҷагиҳои шаклҳои гуногун ҷорӣ кардану барномаҳои мақсаднокро якҷоя тартиб дода, бо ҳамин роҳ навъҳои нави растании ба шароити иқлимии ин ё он маҳал мувофиқбударо ихтироъ намудан, талаби замон аст. Бояд ба хоҷагиҳои тухмипарварӣ мустақилияти комил дода, онҳо аз ҳама гуна намудҳои андоз озод ва алоқаи мустаҳками онҳо бо стансияҳои навъсанҷӣ ҷорӣ карда шавад. Ба ақидаи мо, дар соҳаи тухмипарварӣ шаклҳои нави хоҷагидорӣ (хоҷагиҳои деҳқонӣ), иҷоравӣ, корхонаҳои  хусусӣ ё саҳомии пахтаро ривоҷ ва таҳти назорати давлат қарор додан зарур аст.

Инчунин олимони соҳаи селексия ва тухмипарварӣ барои самараи тадқиқоти илмии худ бояд ҳавасманд шуда, 15-20 фоизи даромади хоҷагиҳои тухмипарварӣ ба ҳисоби институтҳои илмӣ гузаронида шавад. Дар робита ба ин, ба тайёр кардани кадрҳои ихтисосноки соҳаи тухмипарварӣ -агроном-тухмипарвар таваҷҷуҳи хос зоҳир кардан зарур аст. Ба муассисаҳои илмию истеҳсолӣ барои ҳавасманд шуданашон таври имтиёзнок замину об, нурӣ, техника ва технологияи ҳозиразамон ҷудо кардан ба манфиати кор мебошад. Ба масъалаи ҷобаҷогузории зироатҳо, киштгардон, ки яке аз омилҳои муҳими фаровонҳосилӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ дода, барои беҳтаршавии ҳолати мелиоративии замин тадбирҳои судманд пешбинӣ карда шавад.

С. САДРИДДИНОВ, номзади илмҳои кишоварзӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон